Пул кор кардан дар интернет Осон
регистрация кун ва пул кор кун
Hi, Guest!
Home
Login
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Зоҳирро дигар кардан мумкин аст, аммо хислатро ба гӯр мебаранд.
НАШ Viber Чат OKTJ.RU
Наш TELEGRAMM Канал
Library | Медицина / Тандурусти канзи шифо

Канзи шифо Чинор

Tags:давоҳои набогӣ растанй | фоидаи растани | гиёххои шифобахш | гиёххои кух | гиёххо барои шифо ефтан аз касалии | китоби гиёххои шифобахш | скачат | точикистон | канзи шифо | канзи шифо точики | скачать книгу канзи шифо | китоби канзи шифо | канзи шифо pdf | электронная книга канзи шифо | канзи шифо читать | китоби канзи шифо скачать | гиёххои шифобахш | 2017 | канзи шифо онлайн | китоби канзи шифо сайт |
Added:Admin (24.05.2017 / 17:35)
Rating:rating 294 article (0)
Reads:1058
Comments:0
screenЧинор (чанор) — ин дарахти машҳур аст, самараш кулӯлаи хорнок, баргаш паҳн. Мизоҷаш сард ва тар аст, мизоҷи самар ва пӯсти он бисер сард ва хушк мебошад.

Хислатҳои шифобахпш он: баргашро пухта, нав ба нав гузошта банданд, варами чашмро таҳлил медиҳад ва ба чашм рехта шудани моддаҳои тармизоҷ ва обравии чашмро манъ месозад; варамҳои сарди мулоим, варами зону ва варамҳои ҳар як узвро, ки бошад, таҳлил медиҳад, инчунин варамҳои гармро низ дафъ мекунад. Барги тарашро наҷӯшонида кӯфта гузошта банданд, дарди зону ва варамҳои гарммизоҷро дафъ менамояд.

Пӯсти танаши чанорро дар сирко ҷӯшонида, он сиркоро дар даҳан бигардонанд, дарди дандонро таскин медиҳад.Барги хушкашро кӯфта бипошанд, реш, захм ва ҷароҳатҳоро хушк мекунад, ба сӯхтагии оташ даво мешавад.

bargi_chanor
Сурати самар ва барги Чанор
Пӯсташро сӯхта гузошта банданд, бисёр поккунанда ва хушккунанда аст, барои пес, дур кардани рутубати бадбӯйи захмҳо доруи хубест; агар инро бо об хамир карда гузошта банданд, иллати пӯстхезак (пӯстпартоӣ)-ро шифо мебахшад.

Самари чинорро дар об ҷӯшонида, он обро бо шароб якҷо карда бинӯшанд, заҳри ҷонварони газидаро аз бадан дафъ мекунад.Барг ва самарашро кӯфта, бо равған хамира сохта гузошта банданд, сӯхтагии оташро шифо мебахшад.

Инчунин барг ва самари онро дар хона дуд кунанд, гамбуски саргинро аз он ҷо мегурезонад, инчунин онро дар об ҷӯшонида, он обро муттасил бипошанд, низ ҳамин асарро дорад.

Ғуборе, ки бар рӯйи барги он менишинад, ба қасабаи шуш, овоз, гӯш ва чашм хеле зарарнок аст, агар ба онҳо бирасад. Дар ин ҳолат шири тозадӯшидаро бихӯранд ва бичаконанд, ислоҳи зарар мекунад.
Download txt | fb2
Home
0 / 54

OkTj.ru тестхо саволу чавоб калиди тестхо шеърхо китобхои Точики tj 2021 Таджикистан Точикистон скачать mp3 сайти точики Хуҷанд Душанбе

Statok.net Яндекс.Метрика
© oktj.ru 2014-2020 Соглашения сайта