Кор барои мактаббача $$$
Реальный заработок в интернете.
Hi, Guest!
Home
Login
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Кам гӯю, бисёр кун.
НАШ Viber Чат OKTJ.RU
Наш TELEGRAMM Канал
Library | Медицина / Тандурусти канзи шифо

Канзи шифо Сафедчор Сафедор

Tags:давоҳои набогӣ растанй | фоидаи растани | гиёххои шифобахш | гиёххои кух | гиёххо барои шифо ефтан аз касалии | китоби гиёххои шифобахш | скачат | точикистон | канзи шифо | канзи шифо точики | скачать книгу канзи шифо | китоби канзи шифо | канзи шифо pdf | электронная книга канзи шифо | канзи шифо читать | китоби канзи шифо скачать | гиёххои шифобахш | 2017 | канзи шифо онлайн | китоби канзи шифо сайт |
Added:Admin (24.05.2017 / 17:34)
Rating:rating 293 article (0)
Reads:1019
Comments:2
screenСафедчор — асли ин калима сафедор, яъне сафеддарахт буд, ки ин дарахти маълум аст ва дар ҷоҳои салқин хубтар ва бисёртар нашъунамо меёбад. Чӯби он дар иморатҳо истифода мешавад. Мизоҷаш дар дараҷаи якум сард ва хушк аст.

Хислатҳои шифобахши сафедор: оби баргашро дар офтоб ғафс гардонанд, инро усораи барги сафедор меноманд.

Усораи сафедорро бо асал даромехта, ба чашм кашанд, торикии чашмро дафъ мекунад. Оби барги онро нимгарм дар гӯш чаконанд, варами даруни гӯшро таҳлил медиҳад.

Чӯби решаи тари онро дар вақти сухтан аз як сари берун аз оташ будааш об бармеояд, ҳамин обро дар гӯш чаконанд, кари гӯшро, ки дар натиҷаи бемории дуру дароз ҳодис шуда бошад, ба ибро меоварад.

Барги тару тозаи сафедчорро бихоянд, дандонро қувват мебахшад, инчунин милки дандонро ҳам мустаҳкам месозад; агар бихӯранд, исҳолро мебандад. Агар инро пухта бихӯранд, дарунро мулоим мегардонад.

bargi_safedorБарги тари инро кӯфта гузошта банданд, ҷароҳати навро ба ҳам мечаспонад, устухони шикастаро ба ҳамдигар мечаспонад; агар инро бо сирко хамир карда бибанданд, қӯтури тарро шифо мебахшад.

Пӯсти сафедор назар ба қисмҳои дигараш қавитар мебошад. Агар 4,5 граммашро кӯфта, бо шароб ё бо об бихӯранд, балғамро аз бадан бо оҳистагӣ дафъ месозад. Ва агар кӯфтаи инро бо сирко хамир карда бимоланд, ранги песро дигар мегардонад.

Рутубати самараи сафедчорро бимоланд, пӯсти башараро пок мегардонад. Ва агар инро бихӯранд, таби диқ (лоғаркунанда) ва сурфаи кӯҳнаро дафъ мекунад. Инро як шабонарӯз дар об тар карда, баъд он обро бинӯшанд, низ таъсири рутубаташро мекунад.

Вале истеъмоли ин ба дарун хунро месӯзонад, дар бадан моддаи савдо пайдо менамояд. Дар ин ҳолат шакар бихӯранд, кифоя аст, ки ислоҳи ин зарар намояд. Миқдори як бор хӯрдан аз ҳар кисми сафедор дар як рӯз то 4, 5 грамм аст.
Download txt | fb2
Home
0 / 16

OkTj.ru тестхо саволу чавоб калиди тестхо шеърхо китобхои Точики tj 2021 Таджикистан Точикистон скачать mp3 сайти точики Хуҷанд Душанбе

Statok.net Яндекс.Метрика
© oktj.ru 2014-2020 Соглашения сайта