Кор барои мактаббача $$$
Регистрируйся и Заработай денег
Hi, Guest!
Home
Login
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Чашмгурӯснагон аз баҳри фарзанд мегузаранд, вале аз баҳри пул не!
НАШ Viber Чат OKTJ.RU
Наш TELEGRAMM Канал
Library | Медицина / Тандурусти канзи шифо

Канзи шифо ЮНУЧҚА

Tags:давоҳои набогӣ растанй | фоидаи растани | гиёххои шифобахш | гиёххои кух | гиёххо барои шифо ефтан аз касалии | китоби гиёххои шифобахш | скачат | точикистон | канзи шифо | канзи шифо точики | скачать книгу канзи шифо | китоби канзи шифо | канзи шифо pdf | электронная книга канзи шифо | канзи шифо читать | китоби канзи шифо скачать | гиёххои шифобахш | 2017 | канзи шифо онлайн | китоби канзи шифо сайт |
Added:Admin (24.05.2017 / 17:30)
Rating:rating 291 article (0)
Reads:1030
Comments:0
screenЮнучқа — инро дар як қатор маҳалҳои тоҷикон ришқа меноманд, ки шакли адабии тоҷикиаш ҳамин асл, вале «юнучқ» аз туркӣ дохил шудааст. Ин растанӣ ба ҳама маълум мебошад, зироат мекунандаш. Мизоҷаш дар дараҷаи якум гарм ва тар аст. Баъзеҳо дар дарачаи дувум гарм ва хушк низ гуфтаанд. Хислатҳои шифобахши он: агар инро бихӯранд, дарунро мулоим мекунад, қуввати боҳ мебахшад, вале шикамро дам низ менамояд. Агар бо шакар бо мудовамат бихӯранд, баданро фарбеҳ менамояд, хуни солим аз он пайдо мешавад.

Инро кӯфта, бо асал хамир сохта гузошта банданд, варами хунукро тахлил медиҳад; бо сирко сиришта гузошта банданд, варами гармро мегардонад. Агар юнучқаро пухта, рӯзе ду бор ба мабдоъи асабҳо гузошта банданд, иллати ларзакро дафъ мекунад.

Тухмаш дар давогӣ назар ба қисмҳои дигари он қавитар аст, вале хислати қабзкунандагӣ дорад. Агар инро бихӯранд, манӣ ва шир пайдо мекунад, баданро фарбеҳ мегардонад, ҳайзро равон месозад, хусусан дар ҳаммом ва ё баъд аз ҳаммом кардан тановул намоянд, дар ин амал қавитар аст; барои дагалии узвҳои даруни сина ва сурфа дору мешавад. Қувваташ то панҷ сол бокӣ мемонад.

Микдори як бор хӯрдан аз тухмаш дар як рӯз аз 7 то17,5 грамм аст. Аз юнучқа равған ҳам тайёр мекунанд ба ин тариқ:

Тухмашро кӯфта, камтар оби гарм бар он пошида нам гиронда, баъд ба воситаи фишор додан равғанашро меситонанд.
Оби барги тару тозаашро гирифта, баробари он об аз болояш равғани зайтун андохта, дар зарфе бо оташи мулоим меҷӯшонанд. Ҷӯшишаш басанда гардад, зуд аз оташ фуруд меоваранд — ин равғани юнучқа ҳисоб меёбад.
ЮнучкаМолидан ва хӯрданаш каҷ шудани рӯй ва ларзакро шифо мебахшад. Агар юнучқаи хушкро бихӯранд, дарунро мебандад. Гулаш дар давогӣ назар ба тухмаш зиёдтар мебошад. Агар дуди инро бардавом бигиранд, каҷ шудани рӯйро ба ибро меоварад.
Download txt | fb2
Home
0 / 55

OkTj.ru тестхо саволу чавоб калиди тестхо шеърхо китобхои Точики tj 2021 Таджикистан Точикистон скачать mp3 сайти точики Хуҷанд Душанбе

Statok.net Яндекс.Метрика
© oktj.ru 2014-2020 Соглашения сайта