Кор барои мактаббача $$$
регистрация кун ва пул кор кун
Hi, Guest!
Home
Login
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Зарфи дарунхолӣ, овози баланд дорад
НАШ Viber Чат OKTJ.RU
Наш TELEGRAMM Канал
Library | Калиди тестхо чавоби дурусти тестхои ММТ | ТАДЖИКСКИЙ ЯЗЫК 2015
<< 1 2 3 4 5 >>
нав,
Бодаи дилкушо биҷӯ, тоза ба тоза, нав ба нав. (Ҳофизи Шерозӣ)
Ҷавоб:
навозанда ва сароянда

46. Ҷумларо пурра кунед, ки як зарбулмасали машҳури тоҷикӣ ҳосил шавад:
Дили нохоҳам – ... .
Ҷавоб:
узри бисёр

47. Ҷумлаи содаи хулласро нишон диҳед:
Ҷавоб:
Падарам хатту савод дошт. (С. Айнӣ)

48. Ҷонишинҳои “кадом”, “ким-кадом”, “ким-кӣ”, “ким-чӣ”, “ягон” ба кадом гурӯҳ
дохиланд?
Ҷавоб:
номуайянӣ

49. Ба ҷои сенуқта истилоҳи мувофиқро гузоред: “Мавриди истифодаи услуби
забони ... муҳити кору зиндагии рӯзмарраи одамон аст.”
Ҷавоб:
муошират

50. Ҳаммаънои зарбулмасали “Дарро задам, девор кафид”-ро ишора кунед.
Ҷавоб:
Ман тут гӯям, ту мегӯйӣ – бед.

51. Ибораи “сояи касеро аз девор тарошидан” чӣ маъно дорад?
Ҷавоб:
касеро аз ҳад зиёд бад дидан

52.
Калимаҳои зидмаъно (антонимҳо)-ро дар дар ҷойяшон дуруст гузоред:
Дар ... беҳтар аз ... бош! (Абдуллоҳи Ансорӣ)
Ҷавоб:
ниҳон, ошкор
53.
Услуби баёни матни зеринро муайян намоед:
Ман, Карими Собир, 5-уми ноябри соли 1988 дар шаҳри Душанбе, дар оилаи хизматчӣ
таваллуд шудаам. Пас аз хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи рақами 54 соли 2005 ба
факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил гардидам. Соли 2009
Донишгоҳро бо дипломи аъло хатм намудам...
Ҷавоб:
расмӣ (коргузорӣ)

54.
Ба ҷойи нуқтаҳо масдарҳои мувофиқ гузошта, зарбулмасалро пурра кунед:
Биҳишт ... дораду ... надорад.
Ҷавоб:
шунидан, дидан

55. Ҷумларо пурра кунед:
Парандаи сиёҳак, ки ҳоло хеле камшумор аст, ...
Ҷавоб:
ба “Китоби сурхи Тоҷикистон” дохил шудааст.

56. Ба ҷойи сенуқта хабари ҷумларо интихоб намоед, ки ба мубтадо мувофиқат
кунад:
Соли 1978 бо қарори ЮНЕСКО 100-солагии сардафтари адабиёти муосири
тоҷик устод Садриддин Айнӣ ...
Ҷавоб:
ҷашн гирифта шуд

57. Бозор Собир дар байти зерин ба кадом масъала ишора кардааст?
Ҳар куҷое буд Турсунзода Мирзо, халқ буд,
Ҳар куҷое халқ буд, Мирзои Турсунзода буд.
Ҷавоб:
Мирзо Турсунзода ҳамеша бо халқ буд, ҳама ӯро дӯст медоштанд.



58. Услуби баёни матни зеринро муайян намоед:
Моддаи 6. Кафолати давлатии ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар
соҳаи маориф
Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон,
эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ ва молу мулк, ҳуқуқи таҳсил кафолат дода
мешавад...
Ҷавоб:
расмӣ
59. Ҷумлаи умумишахс кадом аст?
Ҷавоб:
Дар муомила бо мардум ҳамеша эҳтиёткор бош.
60. Муродифҳо (синонимҳо)-и калимаи “осмон”-ро муайян кунед:
Ҷавоб:
сипеҳр, фалак, гардун

61. Таъбир (ибораи фразеологӣ)-и “дандон тез кардан” чӣ маъно дорад?
Ҷавоб:
кина варзидан; тамаъ ҷустан

62. Ҷумларо хонда, муайян намоед, ки кадоме аз ин калимаҳо ҳамсадои
талаффузнашаванда дорад?
Лаклаки сиёҳ нисбат ба лаклаки сафед хурдтар аст. (И. Абдусаломов)
Ҷавоб:
хурдтар

63. Чанде аз калимаҳои зерин ғалат навишта шудаанд: амбор, амбӯр, замбур,
самбӯса?
Ҷавоб:
се калима

64. Ба ҷойи нуқтаҳо кадом феълҳоро гузоштан дуруст аст?
Андаке ... аз бисёр ... хуштар аст.
Ҷавоб:
фаҳмидан, гуфтан

65. Калимаҳои зерин ба кадом гурӯҳи шумораҳо дохил мешаванд?
як-ду, ду-се, се-чор, даҳ-бист
Ҷавоб:
тахминӣ
66. Ҳолат, замон, маҳаллу макон, сабабу мақсади амал-ро кадом ҳиссаи нутқ
мефаҳмонад?
Ҷавоб:
зарф

67. Имлои кадоме аз ин навиштаҳо дуруст аст?
Ҷавоб:
бечунучаро

68. Калимаи “Сайёра” аз чанд ҳарфу чанд овоз иборат аст?
Ҷавоб:
аз 6 ҳарфу 7 овоз

69. Дар кадом қатор калимаҳо аз рӯйи луғатнигорӣ – тартиби алифбо ҷобаҷо
карда шудаанд?
Ҷавоб:
бародар, додар, додарак, духтар, модар, падар, писар, хоҳар, шавҳар

70. Муродифҳои луғавиро истифода бурда, ҷумларо пурра кунед:
Одина ягон-ягон рамаро ... дид, ки як буз бо як гўсфанд дар миён нест. (С. Айнӣ)
Ҷавоб:
аз назар гузаронида

71. Ба ҷойи сенуқта хабари ҷумларо чунон гузоред, ки ба мубтадо мувофиқат
кунад.
Бо забони форсии тоҷикӣ Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ,
Носири Хусрав, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ барин
адибони машҳури дунё асарҳои гаронбаҳо ...
Ҷавоб:
эҷод кардаанд

72. Кадом хулоса ба эҷодиёти Лоиқ Шералӣ мувофиқ аст?
Ҷавоб:
Дар осори ҷовидонаи Лоиқ мавз
ӯи Ватан-Модар мақоми хосса дорад.
73. Дар калимаҳои “хонӣ”, “равӣ” ва “давӣ” садоноки ӣ кадом вазифаро иҷро
намудааст?
Ҷавоб:
бандаки феълӣ

74. Бо афтидани ҳарфи ъ маънои кадом калима тағйир меёбад?
Ҷавоб:
табъ

75. Дар ҷумлаи зерин ибораи (таъбири) “сухан дониста гуфтан” ба кадом маънӣ
омадааст?
Барои боодоб шудан ту бояд бо дӯстат сухан дониста гӯйӣ.
Ҷавоб:
фикр карда гап задан

76. Имлои шумора бо нумератив дар кадом сатр дуруст аст?
Ҷавоб:
ду даста гул

77. Дар ҷумлаи зерин феълҳои “рафт” ва “пазируфт” кадом шахс ва шумораро
нишон медиҳанд?
Сумбоди Муғ ба назди халифа рафт, халифа ӯро хуш пазируфт.
Ҷавоб:
шахси сеюм, шумораи танҳо

78.
Дар кадом банд ибораҳо бо алоқаи вобастагии пешояндӣ сохта шудаанд?
Ҷавоб:
дар омади гап, аз р
ӯйи виҷдон






79.
Кадом ибораҳо бо тарзи алоқаи ҳамроҳӣ сохта шудаанд?
Ҷавоб:
садҳо коргар, аввалин зан
80.
Мисраи зерини Устод Рӯдакӣ аз рӯйи оҳанги талаффуз кадом хели ҷумлаи сода аст?
Бирав, зи таҷрибаи рўзгор ба
ҳра бигир, …
Ҷавоб:
амрӣ
81.
Шумораҳои касрӣ чиро ифода мекунанд?
Ҷавоб:
ҳиссае аз адади бутунро
82.
Дар байти зерин феълҳо дар кадом замон ифода ёфтаанд?
Нишастам дар канораш, шеър гуфтам,
Ҳамеша аз насимаш табъ суфтам. (Мирзо Турсунзода)
Ҷавоб:
замони гузаштаи наздик
83.
Дар кадом сатр исмҳо дар шакли ҷамъ нодуруст дода шудаанд?
Ҷавоб:
бо
ғон, гулон, макотибҳо
84.
Сифа
тҳое, ки маънои камию зиёдӣ ва навозишро нишон медиҳанд, дар кадом сатр ҷой
доранд?
Ҷавоб:
зардча
, суп-сурх, нағзакак, ширинак
85.
Кадом рӯйдод сабаб шуд, ки Садриддин Айнӣ аз Самарқанд ба Сталинобод
(Душанбе) омад ва минбаъд ин шаҳрро ҷойи истиқомат қарор дод?
Ҷавоб:
таъсиси Академияи илмҳои То
ҷикистон ва президенти он интихоб
гардидани устод Айнӣ


86.
Ин чӣ гуна ҷумла аст?
Агар шумо як рӯзи дароз дар ин боғ сайр кунед ҳам, аз тамошои дарахтони
гуногуни он сер намешавед.
Ҷавоб:
ҷ
умлаи мураккаби бо пайрави шарт

87.
Дар ҷумлаи зерин ба ҷойи сенуқта аъзои туфайлии мувофиқро гузоред:
“Дар баста нест, ...,” – садо доданд устод. (У. Раҷаб)
Ҷавоб:
марҳамат, бифармоед

88.
Аз ин ҷумла ҳиссачаро нишон диҳед:
Ана, ҳафт-ҳашт рӯз аст, ки мо дар хонаи Шарофатхола ҳастем.
Ҷавоб:
ана

89.
Кадоме аз ин ҷумлаҳо содаи яктаркиба аст?
Ҷавоб:
Субҳи имрӯз меҳмононро пешвоз мегирем.

90. Асоси замони гузаштаи феълҳои “бин”, “афрӯз”, “шӯй”ва “о/биё” кадомҳоянд?
Ҷавоб:
дид, афрӯхт, шуст, омад

91. Қатори исмҳоро нишон диҳед, ки ҳамагӣ дар шумораи ҷамъ омадаанд:
Ҷавоб:
бачагон, оҳувон, меҳон

92. Шакли таърихии феълҳои таркибии зеринро муайян намоед:
суруд хондан, нигоҳ кардан, навозиш кардан
Ҷавоб:
сурудан, нигаристан, навохтан

93. Ибораи “чароғи оламафрӯз” дар байти зерин чӣ маъно дорад?
Бе рӯйи ту Хуршеди ҷаҳонсӯз мабод,
Ҳам бе ту
Download txt | fb2
<< 1 2 3 4 5 >>
Home
Loading...
0 / 15

OkTj.ru тестхо саволу чавоб калиди тестхо шеърхо китобхои Точики tj 2021 Таджикистан Точикистон скачать mp3 сайти точики Хуҷанд Душанбе

Statok.net Яндекс.Метрика
© oktj.ru 2014-2020 Соглашения сайта