Кор барои мактаббача $$$
Hi, Guest!
Home
Login
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Агар ба меҳмонии гург меравӣ саг ба ҳамроҳат бубар.
НАШ Viber Чат OKTJ.RU
Наш TELEGRAMM Канал
Library | Ислом / Ислам

РӮЗИ иди Қурбон «АРАФА» ЧӢ БОЯД КАРД?

Tags:иди курбон | иди арафа | табрикоти иди саиди курбон | ид муборак | иди саиди арафа муборак | рӯзи арафа чӣ бояд кард
Added:Admin (19.07.2021 / 07:20)
Rating:rating 491 article (0)
Reads:1208
Comments:0
Беҳтарин ҷадвалро барои Рӯзи Арафа ба Шумо ирсол намуда, бароятон наздикшавии Иди саиди Қурбонро сидқан шодбош мегӯям ва ба кулли дӯстону пайвандон дар иҷрои амалҳои солеҳу ибодатҳои содиқона, қуввату матонати бузургро таманно дорам.

1. Шаби рӯзи арафа барвақтар хоб кунед, то барои ибодати Худованд қувват бигиред.

2. Чанд соат пеш аз намози бомдод аз хоб бихезед, то барои рӯза гирифтан чизе бихӯред.

3. Сипас ҳадди ақал, 4- ракаат намоз бихонед ва дар саҷда аз Худованд хайри ин дунё ва охиратро талаб кунед ва дуо кунед то ин
рӯзи нузули раҳмату мағфиратро бароятон муяссар гардонад.

4. Пеш аз намози бомдод, вақтеро барои гуфтани истиғфор ҷудо кунед, то
аз ҷумлаи навиштагон шавед.

5. Панҷ дақиқа пеш аз азон, барои намози бомдод омодагӣ бубинед ва эҳсос кунед, ки гӯё гуноҳоятон ба мисли қатраҳои обе, ки ҳангоми вузӯъ аз тамоми узвҳои баданатон мерезад, аз Шумо хориҷ мешаванд.

6. Дуои баъди вузӯъро бигӯед.

7. Намозатонро бихонед ва то 15 - дақиқа баъд аз баромадани офтоб бедор бошед.

8. Баъд аз салом додан зуд такбирро бигӯед:
"АЛЛОҲУ АКБАР,
АЛЛОҲУ АКБАР,
ЛО ИЛОҲА ИЛЛАЛЛОҲУ ВАЛЛОҲУ АКБАР, АЛЛОҲУ АКБАР ВА ЛИЛЛОҲИЛ
ҲАМД !".

9. Шумо акнун то баромадани офтоб бедоред ва метавонед Қуръон тиловат кунед, тасбеҳ гардонед, шукр гӯед.
Азкори субҳ аз ёдатон наравад.

10. Ду ракаат намози ишроқ бихонед, то ки аз ҷумлаи онҳое навишта шавед, ки гӯё ҳаҷ ва ҳаҷҷи умраро бо Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам кардаанд. Кӯшиш кунед онро аз даст надиҳед.

11. Акнун Шумо метавонед тамоми рӯз бедор бошед ва ба зикру дуо машғул шавед, яқин бидонед, ки дуоҳоятон беҷавоб намемонад.

12. Ё инки соате хоб кунед ва бо нияти қувват гирифтан барои идомаи ибодати Худованд бошед.

13. Сипас аз хобатон бихезеду вузӯъ бигиред
ва 4 - ракаат намоз бигузоред, бо дигар ибодатҳо машғул шавед, кӯшиш кунед ибодатҳоятон якхела набошанд, то хаста нашавед.

Такбир бигӯед, зикр бикунед ва бисёртар инро бигӯед: "Ло-илоҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ло шарикалаҳ. Лаҳул мулку ва лаҳул ҳамд ва ҳува ъало кулли шайин қадир ".

14. Намози пешинро бигузоред, такбир гӯед, тасбеҳ бигӯед ва каме аз Қуръон тиловат бикунед.

15. Намози асрро бигузоред, такбирро фаромӯш накунед ва азкори шомро бихонед.

16. Як соат пеш аз намози шом Қуръонро тиловат бикунед ва бо тамоми фурутанӣ худро дар пеши Худованд қарор дода, дуо бикунед ва дар дуоҳоятон тамоми мусулмононро фаромӯш насозед.

17.То нишастани офтоби рӯзи арафа дар дуо бошед, то аз зумраи наҷотёфтагон гардед.

18. Худованд дар анҷом додани амалҳои солеҳ муваффақатон бигардонад ва аз даргоҳи Яздони пок мехоҳам, то ин амалҳоро аз Шумо қабул кунад.

Ва дар шомгоҳ бештар ёди Худо бикунед .

19. Ҳангоме, ки азони шомро гуфтанд, бо обу меваҷот ифторро оғоз бикунед ва дуоҳои некатонро фаромӯш масозед, зеро дар ин шомгоҳ дуои банда мустаҷоб аст ва рад карда намешавад.

Аҳли оилаатонро аз ин огоҳ бикунед ва ба ҳар фарде, ки дӯсташ медоред, ин паёмакро равон бикунед.

20. Аз Худованди мутаол талаб кунед, то он рӯзро барои мову Шумо ва барои тамоми касоне, ки ин рисола ба ӯ мерасад, насиб бигардонад.



Имсол, бинобар мавҷуд будани хатари вабои аср - бемории сироятии коронавирус, намози иди Қурбонро бо риояи қатъии тадбирҳои беҳдоштӣ бояд хонем ва ҳангоми ибодатҳои ҳаррӯзаю намози идона аз Аллоҳи меҳрубон талаб намоем, ки кулли сокинони сайёраро аз ин офату балоҳо тезтар наҷот дода, дар хонадони бандагонаш тинҷию оромиро барқарор намояд ва ҳамаи моро ба қуллаҳои баланди муродамон бирасонад.


ФАРОРАСИИ
РӮЗИ АРАФА ВА
ИДИ ҚУРБОН МУБОРАКАТОН БОД, АЗИЗОН !!!
Download txt | fb2
Home
0 / 39

OkTj.ru тестхо саволу чавоб калиди тестхо шеърхо китобхои Точики tj 2021 Таджикистан Точикистон скачать mp3 сайти точики Хуҷанд Душанбе durakhshon.tj

Яндекс.Метрика
© oktj.ru 2014-2020 Соглашения сайта