Пул кор кардан дар интернет Осон
Hi, Guest!
Home
Login
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Сер бо гурусна бозӣ намекунад.
НАШ Viber Чат OKTJ.RU
Мо дар TELEGRAMM
Канали мо дар YOUTUBE
Library | Тестхо Саволу чавоб,Тесты,Вопросы и ответы
1 2 3 ... 17 >>

Тест аз фанни ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК 2018 19

Tags:тест аз фанни таърихи халқи тоҷик 2018 | тестхо | тести таърихи халқи тоҷик | тест аз паразитология 2018 | соли 2018 | 2018 | таърихи халқи тоҷик тест бо калид | тести таърихи халқи тоҷик бо ҷавобҳо | одди | бисёрҷавоба | ҳа не | мувофиқовари
Added:Admin (18.07.2018 / 13:32)
Rating:rating 443 article (0)
Reads:9759
Comments:0
ТЕСТИ ОДДӢ
1. Тести оддӣ
Фанҳои ёрирасони таърих кадомхоянд?
фалсафа, хуқуқ, сиёсатшиносӣ, археология, антропология, нумизматика, этнография
сиёсатшиносӣ, биология, фархангшиносӣ
забони тоҷикӣ, забони русӣ, нумизматика
2. Тести оддӣ
Се давраи археологии сохти ҷомеаи ибтидоиро бо тартиб номбар кунед?

Асри биринҷӣ, асри санг, асри оҳан Асри санг, асри биринҷӣ, асри оҳан
Асри санг, асри оҳан, асри биринҷӣ
Асри оҳан, асри санг, асри биринҷӣ
3. Тести оддӣ
Қадимтарин олотҳои меҳнати одамони ибтидоӣ асосан аз чӣ сохта мешуд?
аз устахон аз санг
аз оҳан
аз мис
4. Тести оддӣ
Давраҳои асри сангро ба тартиб номбар кунед?
мезолит, неолит, палеолит
палеолит, мезолит, неолит
неолит, палеолит, мезолит
мезолит, палеолит, неолит
5. Тести оддӣ
Ёдгориҳои маданияти Ҳисор ба кадом давраи асри санг тааллуқ дорад?
мезолит неолит
энеолит
палеолит
6. Тести оддӣ
Олимони бостоншинос киҳо буданд?
Б.Ғафуров, А. Мухторов, С.Абдуллоев, М. Набиева А.П. Окладников, Б.А. Литвинский, В.А. Ранов, Н.Н. Негматов
М.Бобохонов, Р. Масов, Х. Пиримшоев, Ғ. Ҳайдаров
Н.Турсунов, Н.Негматов, Б.Ғафуров, А. Мухторов
7. Тести оддӣ
Аз ғори Тешиктош устухони ҷасади кадом типи одам ёфта шудааст?
синантроп неандертал
питекантроп
хомосапенс
8. Тести оддӣ
Ёдгории археологии Саразм дар кадом ноҳия воқеъ аст?
Истаравшан Панҷакент
Кӯҳистони Масчоҳ
Кӯлоб
9. Тести оддӣ
Давраи асри санги нав - неолит кай оғоз шуд?
тахминан 6- 4 ҳазор сол пеш тахминан 9 - 6 ҳазор сол пеш

тахминан 7-3 ҳазор сол пеш
15 - 14 ҳазор сол пеш
10. Тести оддӣ
Бошишгоҳи қадимтарини одамонро дар Осиёи Миёна муайян кунед?

Айвон Ғор
Чайла
Хона
11. Тести оддӣ
Таърихи сохти ҷомеаи ибтидоӣ аз рӯи кадом сарчашмаҳои асосӣ омӯхта мешавад?

Сарчашмаҳои лингвистӣ Сарчашмаҳои археологӣ
Сарчашмаҳои эҷодиёти даҳонии халқ
Сарчашмаҳои хаттӣ
12. Тести оддӣ
Аввалин кишоварзони Тоҷикистон киҳоянд?
хуҷандиҳо ҳисориҳо


суғдиҳо
истаравшаниҳо
13. Тести оддӣ
Асоси ҷамъияти ғуломдориро чӣ ташкил медиҳад?

Муносибатҳои пулию молӣ, синфи коргар ва буржуазия Моликияти хусусӣ ба воситаҳои истеҳсолот, ғуломдорон ва ғуломон
Колективи будани воситаҳои истеҳсолот
Заминдории хусусӣ, деҳқонон ва помешикон
14. Тести оддӣ
Дар ватани ачдодии тоҷикон кай сохти ғуломдорӣ ба вучуд омад?
дар асрҳои ХІІ-Х пеш аз милод дар асрҳои VІІІ-VІІ пеш аз милод
дар асрҳои ХІV-ХІІІ пеш аз милод
дар асрҳои ІV-ІІІ пеш аз милод
15. Тести оддӣ
Китоби муқаддаси дини зардуштиро муайян кунед.
Қуръон Авесто
Таврот
Инҷил
16. Тести оддӣ
Дар «Авесто» кадом касбҳо бошараф ҳисоб меёфтанд?
Оҳангари ва чармгарӣ Деҳқонӣ ва чорводорӣ
Косибӣ ва тиҷорат
Дуредгарӣ ва заргарӣ
17. Тести оддӣ
Аввалин давлатҳои ғуломдории Осиёи Миёна кадомҳоянд?
Сосониён, Ғуриён, Салҷуқиён, Хоразмшоҳиён Суғд, Бохтар, Хоразм, Марғиён
Ҳахоманишинҳо, Селевкиён, Порти Бузург,Юнону Бохтар
Даван, Уструшана, Кушон, Кангюй
18. Тести оддӣ
Ба ҳайати давлати Бохтар кадом ҳудудҳо дохил мешуданд?
Ноҳияҳои ҳозираи Бадахшони кӯҳӣ, Туркистони шарқӣ Ноҳияи ҳозираи Тоҷикистони ҷанубӣ, водии дарёи Сурхон ва Афғонистони шимолӣ
Ҳудудҳои Афғонистон, Ҳиндустони шимолӣ, Эрони шарқӣ
Вилояти Сурхондарё ва Қашқадарёи ҳозира
19. Тести оддӣ
Давлати Ҳахоманишиҳо кай ва дар куҷо таъсис ёфта аст?
Дар миёнаи асри VІ дар Осиёи Миёна Дар миёнаи асри VІ пеш аз милод дар Эрон
Дар аввали асри VІ пеш аз милод дар Бобул
Дар нимаи асри VІІ пеш аз милод дар Афғонистон
20. Тести оддӣ
Томирис кӣ буд?
Ҳамсари Спитамен Маликаи қабилаи массагетҳо
Асосгузори давлати Кушон
Шоири аҳди қадим
21. Тести оддӣ
Шӯриш бо сардори Фрада кай ва дар куҷо сар зад?
Соли 524 пеш аз милд дар Парфия Соли 522 пеш аз милод дар Марғиён
Соли 526 пеш аз милод дар Бохтар
Соли 527 пеш аз милод дар Хоразм
22. Тести оддӣ
Навиштаҷоти Бесутун бо фармони кадом шоҳи Ҳахоманишиҳо бунёд гаштааст?
Куруши кабир Дорои 1
Канишка
Аршак
23. Тести оддӣ
Охирин подшоҳи Ҳахоманишиҳо кӣ буд?
Искандари Мақдунӣ Дорои 3
Спитамен
Куруш
24. Тести оддӣ
Ба муқобили юнону Мақдунӣ ҳо дар Осиёи Миёна бо роҳбарии кӣ мубориза бурданд?
Фрада Спитамен
Шерак
Зардушт
25. Тести оддӣ
Шӯриш бо роҳбарии Абӯмуслим ба муқобили кӣ буд?
юнону мақдуниҳо хилофати Уммавиён
форсхо
йӯҷиҳо
26. Тести оддӣ
Фоҷеаи хонадони Бармакиён кай ва дар давраи ҳукмронии кадом халифа рух дод?
соли 774, дар давраи Маъмун соли 803, дар давраи халифа Ҳоруннаррашид
соли 754 , дар давраи Мансур
соли 632, дар давраи Абӯбакр
27. Тести оддӣ
Бухоро аз тарафи арабҳо кай истило гардид?
соли 701 соли 709
соли 673
соли 676
28. Тести оддӣ
Қутайба ибни Муслим кай ва дар куҷо кушта шуд?
соли 709 дар Бухоро соли 715, дар Фарғона
соли 750 дар Бағдод
соли 722 дар Самарқанд
29. Тести оддӣ
Деваштич кӣ буд ва чӣ кор кардааст?
Деваштич шӯриши халқиро пахш кардааст. Деваштич ҳокими Панҷакент буд ва солҳои 720-722 ба муқобили арабҳо каҳрамонона мубориза бурдааст
Халифаи араб буд
Подшоҳи давлати Ҳахоманишиҳо буд
30. Тести оддӣ
Асосгузори дини Ислом кист?
Нӯмон ибни Собит Муҳаммад пайғомбар
Халифа Усмон
Абӯмуслим
31. Тести оддӣ
Давлати Сосониён кай ва аз тарафи кӣ барҳам дода шуд?
соли 750 аз тарафи Абӯмуслим соли 651 аз тарафи арабҳо
соли 810 аз тарафи Рофеъ ибни Лайс
соли 1598, аз тарафи Шайбониён
32. Тести оддӣ
Давлати Тоҳириён кай ва дар куҷо таъсис ёфтааст?
соли 822 дар Мовароуннаҳр соли 821 дар Хуросон
соли 750 дар Бағдод
соли 821 дар Афғонистон
33. Тести оддӣ
Давлати Саффориён кай таъсис ёфтааст ва асосгузораш кист?
соли 715, асосгузораш Қутайба ибни Муслим соли 773, асосгузораш Яъқуб ибни Лайс
соли 803, асосгузораш хонадони Бармакиҳо
соли 821 асосгузораш Тоҳир ибни Ҳусайн
34. Тести оддӣ
Амр ибни Лайси саффорӣ кай ва аз тарафи кӣ шикаст дода шуд?
соли 876 аз тарафи халифаи араб соли 900, аз тарафи Исмоили Сомонӣ
соли 903 аз тарафи Насри Сомонӣ
соли 892 аз тарафи вазирони Сомонӣ
35. Тести оддӣ
Яъқуб ибни Лайс кай ба Бағдод лашкар кашид?
соли 873 соли 876
соли 900
соли 903
36. Тести оддӣ
Шӯриши Муқаннаъ кай ба амал омадааст?
солҳои 720-722 солҳои 776-783
Солҳои 747-750
соли 755
37. Тести оддӣ
Солҳои мавҷудияти давлати Сомониён
874-907 875-999
892-907
907-914

38. Тести оддӣ
Исмоили Сомонӣ кадом солҳо амири давлати Сомониён буд?
874-907 892-907
875-999
914-943
39. Тести оддӣ
Забони расмӣ-давлатии Сомониён кадом забон буд?
арабӣ тоҷикӣ
юнонӣ
римӣ
40. Тести оддӣ
Муаллифи романи таърихии "Фирдавсӣ" кист?
Ҷалол Икромӣ Сотим Улуғзода
Лоиқ Шералӣ
Фотеҳ Ниёзӣ
41. Тести оддӣ
Исмоили Сомонӣ бо бародараш Насри Сомонӣ кай ва ба кадом мақсад ҷанг кардааст?
соли 892 барои ба даст овардани тоҷу тахти шоҳӣ солҳои 885-886, 888, барои насупоридани андоз
соли 888 барои сарнагун сохтани бародари худ
соли 907 барои ҳокимият
42. Тести оддӣ
Девони вазир ё ҳоҷиби бузург кадом вазифаро иҷро менамуд?
сардори муносибатҳои дипломатӣ сардори муассисаҳои маъмурӣ, сиесӣ ва иқтисодӣ
рохбарӣ аз болои кормандони бозор
рохбарӣ
Download txt | fb2
1 2 3 ... 17 >>
Home
0 / 8

OkTj.ru durahshon.tj тестхо саволу чавоб калиди тестхо шеърхо китобхои Точики tj 2022 Таджикистан Точикистон скачать mp3 сайти точики Хуҷанд Душанбе

Яндекс.Метрика
© oktj.ru 2014-2022 Соглашения сайта