Пул кор кардан дар интернет Осон
Hi, Guest!
Home
Login
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Аз кӯҳансол мапурс, аз корафтода пурс.
НАШ Viber Чат OKTJ.RU
Мо дар TELEGRAMM
Канали мо дар YOUTUBE
Library | Тестхо Саволу чавоб,Тесты,Вопросы и ответы
1 2 3 ... 6 >>

Тест аз фанни Варзиш 2018 3

Tags:тест аз фанни варзиш 2018 | тестхо | тести варзиш | тест аз варзиш 2018 | соли 2018 | 2018 | варзиш тест бо калид | тести варзиш бо ҷавобҳо
Added:Admin (18.07.2018 / 13:19)
Rating:rating 438 article (0)
Reads:4907
Comments:0
1. Тести оддӣ
Саҳми халқи тоҷик дар соҳаи варзиш?
A) урфу одатро дигаргун намекард
B) шаклҳо, воситаҳо, усулҳои қадимаро такмил медод
C) ҷавоби дуруст нест
D) фарҳанги тағйирёбандаро пеша мекард
2. Тести оддӣ
Дар ҳудуди Тоҷикистон то Инқилоби октябр тарбияи ҷисмонӣ мавҷуд буд?
A) мавҷудияти онро омма намехостанд
B) дар арафаи ташаккулёбӣ буд
C) мардум хоҳиши аз худ кардани онро надошт
D) дар байни оммаи васеи халқ мавҷуд набуд
3. Тести оддӣ
Мардуми сарватманд ба фарзандони худ аз соҳаи тарбияи ҷисмонӣ чиро меомӯзониданд?
A) чиллакбозӣ
B) аспсаворӣ, тирпаронӣ аз камон, гӯштингирӣ, шатранҷбозӣ
C) ҷаҳиш ба баландӣ
D) тениси рӯимизӣ
4. Тести оддӣ
Аз синни чанд солагӣ тарбияи ҷисмонии кӯдак дар фаъолияти меҳнатӣ амалӣ мегашт?
A) 13-14
B) 7-9
C) 21-22
D) 3-4
5. Тести оддӣ
Аз қадимулайём тоҷикон кадом бозиҳоро васеъ истифода мебурданд.
A) мусобиқа ба ҳавзҳои шиноварӣ
B) тениси рӯи мизӣ
C) футбол
D) бандкашӣ, чиллакбозӣ, давр задании рӯймол ва ғайра
6. Тести оддӣ
Аз соли чанд ба рушди минбаъдаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш таъсири назаррас расонид
A) 1938
B) 1949
C) 1989
D) 1929
7. Тести оддӣ
Дар Анҷумани 2-юми умумихалқии тоҷикон соли 1929 кадом шаҳрҳо дар қувваозмоӣ иштирок намуданд?
A) Бухоро, Самарқанд
B) Хуҷанд, Уротеппа, Ашт
C) Душанбе, Тирмиз, Кӯлоб
D) Мовароуннаҳр, Балх
8. Тести оддӣ
Баъди вусъати ҳаракати тарбияи ҷисмонӣ кадом номгӯи чорабиниҳо инкишоф меёбад.
A) иди меҳнаткашон
B) ҳафтаи мудофиа, сафи пионерӣ, рӯзи байналмиллалии сурх
C) ҳафтаи ҷавонон
D) иди омӯзгорон
9. Тести оддӣ
Соли 1929 дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд намуди нави варзиш арзи ҳастӣ кард.
A) чиллакбозӣ
B) футбол
C) сақозанӣ дар рӯи миз
D) тенис
10. Тести оддӣ
Дар шаҳри Душанбе соли 1929 бо роҳбарии кӣ машғулиятҳои тенисбозӣ мегузашт.
A) М.Ҷӯлиева
B) З.Рустамова
C) А.Абрамович
D) С.Раҳимов
11. Тести оддӣ
8 майи соли 1931 дар шаҳри Душанбе оид ба варзиши сабук чорабинӣ гузаронида шуд.
A) гимнастика
B) ҷаҳидан ба дарозӣ, давидан ба 60 м, ҷаҳидан аз ҷой
C) чиллакбозӣ
D) машки бадан
12. Тести оддӣ
Соли чанд маҷмӯи умумииттифоқии тарбияи ҷисмонӣ таҳия ва ҷорӣ карда шуд.
A) 27 июни соли 1997
B) 21 июни соли 1936
C) 25 октябри соли 1945
D) 9 сентябри соли 1992
13. Тести оддӣ
Намудҳои дигари варзиш дар солҳои 1939-1940 дар курсҳои тайёркунии мураббиёни тарбияи ҷисмонӣ.
A) тирпаронӣ
B) футбол, велосипедронӣ, кӯҳнавардӣ, шоҳмон, шашка
C) арғамчинбозӣ
D) шамшерзанӣ
14. Тести оддӣ
Дар рушди варзиш Спартакиадаи нахустинни мактаббачагон воқеаи муҳим буд ва он дар кадом шаҳр шуда гузашт
A) Душанбе
B) Овчиқалъача
C) Гулистон
D) Бӯстон
15. Тести оддӣ
Сабаби рушди минбаъдаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш
A) Истиқлолият
B) Fалаба
C) Аз байн нарафтани фарҳанг
D) Ҷанги Бузурги Ватанӣ
16. Тести оддӣ
Номгӯи ҷамъиятҳои варзишӣ ба ситоди ҷанговари таълимӣ-ҳамагонӣ табдил ёфт
A) «Дастани наврасон»
B) «Хуҷанд»
C) «Ситоди пионерон»
D) «Спартак» ва «Динамо»
17. Тести оддӣ
Дар мактабу муассисаҳои таълимӣ гурӯҳҳои омӯзиши корӣ-ҳарбӣ кадом маҳфилҳо ташкил карда шуд.
A) маҳфили адибон
B) маҳфили саворагонӣ ворошиловӣ, тирандозӣ, санитарӣ
C) маҳфили занон
D) маҳфили ҷавонон
18. Тести оддӣ
Соли 1941 дар вилояти Ленинобод (ҳоло вилояти Суғд) чанд ҳайати варзишӣ ташкил ёфт.
A) 136 ҳайати варзишӣ
B) 40 ҳайати варзишӣ
C) ягон ҳайат арзӣ ҳастӣ накард
D) 4 ҳайати варзишӣ
19. Тести оддӣ
Дар кадом ноҳияҳои кӯҳӣ «Тирандози ворошиловӣ»-и дараҷаҳои 1 ва 2 омода карда мешуд.
A) дар ноҳияҳову шахрҳо
B) кӯҳистони Помир
C) кӯҳистони Бадахшон
D) дар водиҳои истиқоматӣ
20. Тести оддӣ
Ташкилотҳои тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон таҳти кадом шиор амал мекард.
A) дар ҳамон давру замон шиор вуҷуд дошт
B) «Имрӯз-варзишгар, фардо-ҷанговар!»
C) «Хонед, хонед боз хонед!»
D) «Пролетариати ҳамаи мамлакатҳо як шавед!»
21. Тести оддӣ
Дар солҳои ҷанг дар Тоҷикистон аз рӯи намудҳои варзиши ҳарбӣ-амалӣ чанд нафар тайёр карда мешуд.
A) 50 нафар
B) 100 нафар
C) 10 нафар
D) 50 000 нафар
22. Тести оддӣ
Воситаи асосии варзиш.
A) фаъолияти маҷбурӣ
B) афзоиши фаъолияти корӣ-истеҳсолӣ, ҳифз ва мустаҳкамкунии саломатӣ
C) сабаби обрӯю нуфуз пайдо намудан
D) майлу рағбати шахсӣ
23. Тести оддӣ
Саидмӯъмин Раҳимов муҳорибаи нахустини худро дар кадом намуди варзиш ғолиб омад?
A) футбол
B) зӯрозмоии гӯштингирӣ
C) тирпаронӣ
D) чавгонбозӣ
24. Тести оддӣ
С.Раҳимов барои комёбиҳои калон дар варзиш ба кадом унвон мушарраф гардид.
A) сипосномаҳо
B) қаҳрамони чаҳон
C) устоди варзишӣ дар муассисаҳо
D) тӯҳфаҳои ҳукуматӣ
25. Тести оддӣ
Иброҳим Ҳасанов дар кадом намуди варзиш муваффақ шуд?
A) ҷаҳиш ба баландӣ
B) байдаркаронӣ
C) давидан ба 60 м
D) арғамчинкашӣ
26. Тести оддӣ
Ба Иброҳим Ҳасанов соли чанд медали аввалини чемпиони мамлакат насиб гардид.
A) 2000
B) 1959
C) 1939
D) 1859
27. Тести оддӣ
Мукофоти нахустини Юрий Лобанов дар синни чандсолагӣ насиби ӯ гардид.
A) 10-солагӣ
B) 29-солагӣ
C) 49-солагӣ
D) 19-солагӣ
28. Тести оддӣ
Юрий Лобанов….
A) Аълочии маорифи ҶТ мебошад
B) устоди хизматнишондодаи варзиш, довари хизматнишондодаи ҶТ мебошад.
C) роҳбари пешбарандаи фабрика буд
D) устоди коллеҷи санъат мебошад
29. Тести оддӣ
Зан, модар, ифтихори варзишгарони тоҷик.
A) Биҳоҷал Раҳимова
B) Зебунисо Рустамова
C) Гулрухсор Сафиева
D) Мария Шараповой
30. Тести оддӣ
Барои хизматҳои шоён ба З.Рустамова дар ривоҷу равнақи варзиши тоҷик ….
A) бо медали меҳнаткашон
B) бо ордени қаҳрамонӣ
C) бо ордени «Нишони фахрӣ» ва медали «Барои меҳнати шуҷоатнок» сарфароз шудааст.
D) сипоснома барои корҳои ҷамъиятӣ
31. Тести оддӣ
Намуди асосии камон дар давлатхои мутаракки
A) аз чӯби нимдоираи қатшудае иборат аст, ки нӯгҳояш бо зеҳ баста мешавад.
B) навдаи қаткардашуда
C) ҳар шахс бо завқи худ месозад
D) нимдаврае, ки аз маҳсулоти металӣ сохта шудааст
32. Тести оддӣ
Анатолий Старостин Қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи варзиши …
A) панҷҳарба
B) духарба
C) теквандо
D) сеҳарба
33. Тести оддӣ
Андрей Абдувалиев, аввалин қаҳрамони бозиҳои Осиёи Марказӣ дар риштаи ….
A) камонкашӣ
B) гулӯлапартоӣ
C) ҷаҳиш
D) футбол
34. Тести оддӣ
Расул Боқиев соли 2008 дар Пекин бо кадом намуди варзиш машҳур гашт.
A) чаҳиш ба 60 м
B) тениси рӯйи мизӣ
C) камонкашӣ
D) гӯштини дзюдо
35. Тести оддӣ
Таҷлили рӯзи Дави миллӣ дар Тоҷикистон
A) дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ
B) аз қадимулайём
C) дар замони феодалӣ
D) баъди Истиқлолият ба даст овардан
36. Тести оддӣ
Аз рӯи анъана марафонро дар рӯзи Дави миллӣ кӣ сарварӣ мекунад.
A) сарварони ҳарактҳои оммавӣ
B) сарвароти ташкилотҳои варзишӣ
C) қаҳрамонони варзиш
D) сарвари давлат
37. Тести оддӣ
Аз соли чанд рӯзи Дави миллӣ ташкил карда шуд?
A) 2011
B) 1999
C) 2006
D) 1989
38. Тести оддӣ
Тарбияи ҷисмонӣ як қисми ….. умумии инсон аст.
A) кори сиёсии
B) машғулияти ҳаррӯзаи
C) фарҳанги
D) харакати
39. Тести оддӣ
Дар ҷамъияти ибтидоӣ тарбияи ҷисмонӣ бо кадом фаъолияти инсон зич алоқаманд буд.
A) забт кардани қавмҳо
B) сохтани объектҳо
C) захираҳои моликияти хусусӣ
D) ҷамъоварии меваҳо, гиёҳҳо, шикорчигӣ
Download txt | fb2
1 2 3 ... 6 >>
Home
0 / 14

OkTj.ru durahshon.tj тестхо саволу чавоб калиди тестхо шеърхо китобхои Точики tj 2022 Таджикистан Точикистон скачать mp3 сайти точики Хуҷанд Душанбе

Яндекс.Метрика
© oktj.ru 2014-2022 Соглашения сайта