Кор барои мактаббача $$$
Hi, Guest!
Home
Login
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Марди дунё ва ҳам марди охират бош!
НАШ Viber Чат OKTJ.RU
Наш TELEGRAMM Канал
Канали мо дар YOUTUBE
Library | Тестхо Саволу чавоб,Тесты,Вопросы и ответы
1 2 3 ... 11 >>

Тест аз фанни Мантиқ 2018 2

Tags:тест аз фанни мантиқ 2018 | тестхо | тести мантиқ | тест аз мантиқ 2018 | соли 2018 | 2018 | мантиқ тест бо калид | тести мантиқ бо ҷавобҳо
Added:Admin (18.07.2018 / 12:51)
Rating:rating 434 article (0)
Reads:5915
Comments:0
Тестҳои оддӣ (160)
Мавзӯи 1
1.Мантиқ чист?
1.Мантиқ, ҷаҳонбинӣ, таълимот ва илм аст
2.Мантиқ таълимот аст
3. Мантиқ ҷаҳонбинӣ аст
4. Мантиқ тафаккур аст
2.Мавзӯи асосии омӯзиши мантиқ чист?
1. Мантиқ ҳамчун ҷаҳонбинӣ, таълимот ва илми мустақил қонун ва қоидаҳои асосии ташаккулёбии фикрҳои дуруст ва ҷараёни дурусти фикррониро меомӯзад.
2. Мантиқ ин тарозуи ақл аст
3. Мантиқ ин санъати баланди ба даст овардани ҳақиқат аст
4. Мантиқ ҷаҳонбинӣ аст
3.Шаклҳои тафаккур кадомҳоянд?
1. Мафҳум, муҳокима, хулосабарорӣ
2. Мафҳум, муҳокима
3. Муҳокима, хулосабарорӣ
4. Айният, зиддият
4. Кадом шакли мантиқ таълимотро рочеъ ба қонун ва шаклҳои пайдоишу инкишофи донишҳои илми тафаккурро мавриди омӯзиш қарор медиҳад?
1.Мантиқи диалектикӣ
2. Мантиқи шаклӣ
3. Мантиқи математикӣ
4. Мантиқи амалии ҳаётӣ
5. Шаклҳои таърихии мантиқ кадомҳоянд?
1. Мантиқи шаклӣ, диалектикӣ, рамзӣ ва илмӣ
2. Мантиқи шаклӣ ва диалектикӣ
3. Мантиқи шаклӣ
4. Мантиқи диалектикӣ
6. Асосгузори мантиқ ҳамчун илм кист?
1. Арасту
2. Форобӣ
3.Ибни Сино
4.Демокрит
7. Зинаи аввалини маърифат
1. Маърифати ҳиссӣ
2. Маърифати ақлӣ
3. Маърифати эҷодӣ
4. Маърифати экологӣ
8.Зинаи дуюми маърифат?
1. Маърифати ақлӣ
2. Маърифати ҳиссӣ
3. Маърифати эҷодӣ
4. Маърифати экологӣ
9. Мантиқ калимаи арабӣ буда, маънояш
1.Нутқ, забон
2.Тафаккур
3.Ҷаҳонбинӣ
4.Асотир
10. Мавзуи таҳқиқи мантиқи диалектикиро
1. Шаклҳо ва қонуниятҳои инкишофи дониш ташкил медиҳанд
2.Маърифат ташкил медиҳанд
3.Маданият ташкил медиҳанд
4.Фалсафа ташкил медиҳанд

Мавзӯи 2
1.Шаклӣ мантиқӣ
1.Таркиби фикрест, ки ҳангоми аз маънои истилоҳоти ғайримантиқӣ сарфи назар намудан пайдо мешавад
2.Таркиби нутқ
3.Таркиби забон
4.Таркиби фалсафа
2. Таснифи шаклҳои мантиқӣ
1.Гуногун мебошад
2.Як хел мебошад
3.Ду хел мебошад
4.Гуногун намебошад
3. Навъҳои асоситарини шаклҳои мантиқии фикр:
1. Мафҳум, муҳокима ва хулосабарорӣ
2.Донишҳои ҳиссӣ
3.Донишҳои ақлӣ
4.Тасаввур
4. Фикр дар бораи ашёест, ки тавассути маҷмуи нишонаҳои муҳим чудо шуда, таъмим гардиданот, ин
1.Мафҳум
2.Муҳокима
3.Хулосабарорӣ
4.Қонун
5. Фикре, ки дар он ба ашё хос будан ё набудани ягон нишона тасдиқ ё рад мегардад
1.Қазия номида мешавад
2.Мафҳум номида мешавад
3. Хулосабарорӣ номида мешавад
4.Айният номида мешавад
6. Ҷараёни ҳосил намудан ва шаклӣ инкишофи дониш аст, ки ҳангоми он аз қазияи маълум дониши нав гирифта мешавад, ин
1. Хулосабарорӣ аст
2.Мафҳум аст
3.Муҳокима аст
4.Қонун аст
7. Низ тавассути қазия ифода меёбад
1.Дониши нав
2.Маърифат
3.Қонун
4.Қонуни зиддият
8. Робитаи байни фикрҳо, ки тавассути он ҳақ будани як фикр боиси ҳақ будани фикри дигар мегардад
1. Қонуни мантиқ номида мешавад
2. Қонуни диалектика номида мешавад
3. Қонуни математика номида мешавад
4. Қонуни фалсафа номида мешавад
9. Илмест, ки дар бораи шаклҳо ва қонунҳои тафаккур баҳс намуда, робитаи фикрҳоро аз ҷиҳати шаклашон меомузад
1. Мантиқӣ шаклӣ
2. Мантиқӣ диалектикӣ
3. Мантиқӣ математикӣ
4. Мантиқӣ анъанавӣ
10. Шаклҳои таърихии мантиқ
1.Ҳамчун ҷаҳонбинӣ, таълимот, илм
2.Ҳамчун таълимот
3.Ҳамчун илм
4. Ҳамчун ҷаҳонбинӣ
Мавзӯи 3.
1.Дар адабиётҳои Ғарб ҳамчун асосгузори мантиқи диалектикӣ кист?
1. Гегел
2.Лейбнитс
3.Кант
4.Бэкон
2. Дар Ғарб ҳамчун асосгузори мантиқи риёзӣ кист?
1. Лебнитс
2. Ф.Энгелс
3.Ленин
4.Маркс
3. «Қатраҳои мантиқ» асари кист?
1.Дармакирти
2.Арасту
3.Афлотун
4.Эпикур
4. Асари Арастуи «Органон» аз чанд асар ташаккул ёфтааст?
1.6
2.5
3.4
4.2
5. «Органони Нав» асари кист?
1.Бэкон
2.Арасту
3.Лейбнитс
4.Кант
6. «Донишнома» асари кист?
1.Ибни Сино
2.Форобӣ
3.Хайём
4.Давонӣ
7. Кадоме аз бузургони Шарқ (тоҷик) дар инкишофи таълимот оиди хулосабарорӣ саҳмгузорӣ кардааст?
1. Форобӣ, Берунӣ, Сино, Насриддини Тусӣ, Хайём, Носири Хисрав
2. Исмоили Сомонӣ, Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҷомӣ
3. Рудакӣ, Форобӣ, Фирдавсй, Аҳмади Дониш
4. Рудакӣ, Арасту, Афлотун, Аҳмади Дониш
8. Форобӣ доир ба илми мантиқ чанд асар навиштааст?
1.12
2.6
3.8
4.10
9. «Мантиқ, илмест, ки зеҳнро дар ҳар тасаввур ва тасдиқ, аз ҳар гуна иштибоҳот ҳифз менамояд»-таърифи кист?
1.Ибни Сино
2.Форобӣ
3.Хайём
4.Н.Хисрав
10. «Рисола оид ба вуҷудият» асари кист?
1. Хайём
2. Ибни Сино
3. Форобӣ
4. Н.Хисрав
Мавзӯи 4
1.Забон кай ва чӣ тавр пайдо шуд?
1.Баробари пайдоиши ҷамъияти инсонӣ ҳамчун маҳсули муносибатҳои меҳнатӣ ва иҷтимоии одамон ба вуҷуд омада, бо баробари инкишофи ҷамъият инкишоф ёфтааст
2.Забон яке аз сифатҳои инсонист, ки Худованд ба инсон додааст
3.Баъди ба вуҷуд омадани инсон забон ҳамчун воситаи табодули афкор ба вуҷуд омадаааст
4.Баъди ба вуҷуд омадани давлат
2. Шаклҳои асосии забон кадомҳоянд?
1. Забонҳои даҳонӣ ва хаттӣ, дохилӣ ва берунӣ
2. Забонҳои модарӣ ва ғайримодарӣ
3. Забонҳои даҳонӣ, хаттӣ
4.Забони табиӣ
3. Аломат чист?
1. Аломат ашё, ҷараён ва воқеаҳои материалиро ифода мекунад, ки ба сифати далолаткунандаи дигар предметҳо ё хосиятҳои онҳо амал мекунад
2. Аломат ин рамз аст
3. Аломат ин сигнал аст
4. Аломат ин сифр аст
4. Ном чист?
1. Ном - ин калима ё маҷмӯи калимаҳост, ки ба воситаи онҳо предмети муайян ифода мегардад
2. Ном ин мафҳум, ки ба инсон ё предмет гузошта мешавад
3. Ном ин ифодагари шахс
4.Ном ин аломат аст
5. Семантика чист?
1. Илм дар бораи аломат ва назарияи умумии аломатҳо
2. Илм дар бораи номҳо
3. Илм дар бораи рамзҳо
4. Илм дар бораи аломатҳо
6. Дар асоси забонҳои табиӣ ба вуҷуд омадаанд
1. Забонҳои сунъии илмӣ
2. Забонҳои илмӣ
3. Забонҳои математикӣ
4. Забонҳои гуногун
7. Аломатҳо чанд хел мешаванд?
1. 2
2. 4
3. 5
4. 3
8. Номҳо аз лиҳози сохт чанд хел мешаванд?
1. 2
2. 5
3. 4
4. 3
9. Калима ва маҷмӯи калимоти забонҳои табиӣ, ки маънои мустақил доранд
1. Категорияҳои семантикӣ номида мешаванд
2. Категорияҳои диалектикӣ номида мешаванд
3. Категорияҳои математикӣ номида мешаванд
4. Категорияҳои фалсафа номида мешаванд
10. Дар муҳокимаи «Енисей - дарёи Сибир» чанд номи предмет ба назар мерасад?
1. 3 номи предмет ба назар мерасад
2. 5 номи предмет ба назар мерасад
3. 2 номи предмет ба назар мерасад
4.6 номи предмет ба назар мерасад
Мавзӯи 5
1.Мафҳум чист?
1. Мафҳум чун шаклӣ тафаккур маҷмӯи аломатҳои муҳим ва фарқкунандаи предмет ва ҳодисаҳоро ифода карда, онҳоро аз маҷмӯи дигар предмет ва ҳодисаҳо комилан фарқ мекунонад
2. Мафҳум ин ифодагари предметҳо аст
3. Мафҳум ин тафаккур аст
4. Мафҳум ин калима аст
2. Намудҳои асосии нишона кадомҳоянд?
1. Нишонаҳои муҳим, ғайримуҳим, фарқкунанда, фарқнакунанда
2. Нишонаҳои махсус ва ғайримахсус
3. Нишонаҳои предметӣ ва ғайрипредметӣ
4. Таҳлил, таркиб
3. Заминаи ташаккули муҳокима ва хулосабарорӣ маҳсуб меёбад
1.Мафҳум
2.Хулосабарорӣ
3.Муҳокима
4.Аналогия
4. Нишонаҳо аз рӯи мансубияташон ба предмет ва ҳодисаҳо дорои чанд намуд мебошанд?
1. 4
2. 6
3. 5
4. 2
5. Мафҳумҳо асосан дар заминаи чанд амалҳои мантиқӣ ташаккул меёбанд?
1. 5
2. 6
3. 4
4. 2
6. Дар он предмет ва ҳодисаҳо фикран ба қисмҳо ҷудо карда омӯхта мешавад, ки дар натиҷа нишонаҳои асосии
Download txt | fb2
1 2 3 ... 11 >>
Home
0 / 12

OkTj.ru durahshon.tj тестхо саволу чавоб калиди тестхо шеърхо китобхои Точики tj 2022 Таджикистан Точикистон скачать mp3 сайти точики Хуҷанд Душанбе

Яндекс.Метрика
© oktj.ru 2014-2022 Соглашения сайта