Пул кор кардан дар интернет Осон
Hi, Guest!
Home
Login
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Худситоӣ машғулияти бекорчӣ аст.
НАШ Viber Чат OKTJ.RU
Мо дар TELEGRAMM
Канали мо дар YOUTUBE
Library | Намунаи тест ММТ
1 2 3 ... 16 >>

НАМУНАИ саволу масъалаҳои тест аз фанни География барои ИМД-2022

Tags:таърих | тест аз фанни таърих | тести таърих | тарих | тест аз фанни таърих 2022 | 2022 | тести идм 2022 | тести ммт | тести маркази милли | тест аз фанни география скачать мачмуи саволхои тести аз фанни география 2022 | тест аз фанни география синфи 8 | тест аз фанни география синфи 6 | саволу чавоб аз фанни география | саволхои тести аз фанни география синфи 7 | саволу чавоб аз фанни география синфи 8 | саволу чавоб аз фанни география синфи 7 | маркази миллии тести 2022 кластери 5 | маркази миллии тести 2023 кластери 5 | балхои маркази миллии тести | маркази миллии тести 2022 кластери 5 биология | маркази миллии тести чавобхо 2021 | маркази миллии тести 2022 кластери 3 | маркази миллии тести 2022 кластери 2 | маркази миллии тести чавобхо кластери 5 |
Added:Admin (22.02.2022 / 11:28)
Rating:rating 507 article (0)
Reads:2940
Comments:0
НАМУНАИ
саволу масъалаҳои тест аз фанни география (имтиҳони қисми А барои ИМД-2022)
САВОЛУ МАСЪАЛАҲО БО ИНТИХОБИ ЯК ҶАВОБИ ДУРУСТ


ГЕОГРАФИЯИ ТАБИИИ УМУМӢ


1 Асосгузори илми география кист?
А) М. Бехайм В) Эратосфен С) Арасту D) Архимед


2 Кадом сайёҳ бори аввал ягонагии Уқёнуси Оламро исбот кардааст?
А) Фернан Магелан С) Васко да Гама
В) Христофор Колумб D) Абел Тасман


3 Кадом сайёҳон Антарктидаро кашф кардаанд?
А) Христофор Колумб ва Мартин Бехайм
В) Абел Тасман ва Фернан Магеллан
С) М. П. Лазарев ва Ф. Ф. Беллинсгаузен
D) Арасту ва Эратосфен


4 Кадом олими тоҷик соли 1895 глобус сохтааст?
А) Абузубайди Балхӣ С) Мирзо Ҳасани Шерозӣ
В) Ҳоҷӣ Юсуф D) Абдураззоқи Самарқандӣ


5 Кадом олими немис дар асри XV глобус сохтааст?
А) Абел Тасман С) Александр Гумболдт
В) Руал Амундсен D) Мартин Бехайм


6 Кадом сайёҳи тоҷик 56 сол пештар аз Васко да Гама тавассути
халиҷи Ҳурмуз ва уқёнуси Ҳинд ба Ҳиндустон ворид шудааст?
А) Ҳоҷӣ Юсуф С) Абдураззоқи Самарқандӣ
В) Носири Хусрав D) Халифа Ҳасан


7 Кадом баҳрнавард аввалин маротиба дар қаъри фурӯхамидаи
Мариана таҳқиқот гузаронидааст?
А) Ҷеймс Кук С) Жак Пикар
В) Фернан Магеллан D) Абел Тасман


8 Ғояи баробарии нажодҳоро кӣ исбот кардааст?
А) О. Ю. Шмидт С) Н. Н. Миклухо-Маклай
В) Алфред Вегенер D) Фернан Магеллан

География (имтиҳони қисми А барои ИМД-2022) Саҳифаи 2
9 Ба ақидаи кадом олим сайёраи Замин аз абрҳои газу чангноки хунук пайдо шудааст?
А) А. Вегенер С) М. Л. Ломоносов
В) О. Ю. Шмидт D) Н. Е. Ферсман


10 Қабати сангини Заминро чӣ меноманд?
А) тектоника В) метаморфоза С) стратосфера D) литосфера


11 Қабати ҳавоии Заминро чӣ меноманд?
А) литосфера В) атмосфера С) гидросфера D) биосфера


12 Қабати обии Заминро чӣ меноманд?
А) гидросфера В) стратосфера С) биосфера D) атмосфера


13 Миқёси аз ҳама калонтарро муайян кунед.
А) 1:1 700 В) 1:3 100 С) 1:25 000 D) 1:40 0000


14 Кадом миқёс калонтар аст?
А) 1:6 000 В) 1:60 000 С) 1:600 000 D) 1:600


15 Дар кадом миқёси нақшаи маҳал ҳудудро муфассал тасвир кардан
мумкин аст?
А) 1:500 В) 1:1 000 С) 1:2 000 D) 1:5 000


16 1 сантиметри нақшаи миқёси 1:2 000 дар маҳал ба чанд метр
баробар аст?
А) 2 м В) 20 м С) 200 м D) 2 000 м


17 1 сантиметри нақшаи миқёси 1:2 500 дар маҳал ба чанд метр
баробар аст?
А) 2 500 м В) 250 м С) 25 м D) 2,5 м


18 Як сантиметри харитаи миқёсаш 1:25 000 000 ба чанд километр
баробар аст?
А) 2 500 км В) 250 км С) 25 км D) 2,5 км


19 Масофаи як сантиметри харита ба 5 км дар маҳал баробар аст.
Миқёси ададии харитаро муайян кунед.
А) 1:5 000 000 В) 1:500 000 С) 1:5 000 D) 1:500


География (имтиҳони қисми А барои ИМД-2022) Саҳифаи 3
20 Масофаи як сантиметри харита ба 7 км дар маҳал баробар аст.
Миқёси ададии харитаро муайян кунед.
А) 1:700 В) 1:7 000 С) 1:700 000 D) 1:7 000 000


21 Масофаи як сантиметри харита ба 9 км дар маҳал баробар аст.
Миқёси ададии харитаро муайян кунед.
А) 1:900 В) 1:9 000 С) 1:900 000 D) 1:9 000 000


22 Миқёси номии харита дар 1 сантиметр 20 километр аст. Миқёси
ададии онро муайян кунед.
А) 1:2 000 В) 1:20 000 С) 1:200 000 D) 1:2 000 000


23 Миқёси номии харита дар 1 сантиметр 40 километр аст. Миқёси
ададии онро муайян кунед.
А) 1:4 000 000 В) 1:400 000 С) 1:40 000 D) 1:4 000


24 Миқёси номии харита дар 1 сантиметр 60 километр аст. Миқёси
ададии онро муайян кунед.
А) 1:6 000 В) 1:60 000 С) 1:600 000 D) 1:6 000 000


25 Масоҳати умумии сатҳи сайёраи Замин чӣ қадар аст?
А) 510 млн. км2 В) 310 млн. км2 С) 149 млн. км2 D) 361 млн. км2


26 Масоҳати тамоми хушкии кураи Замин чӣ қадар аст?
А) 510 млн. км2 В) 310 млн. км2 С) 149 млн. км2 D) 361 млн. км2


27 Масоҳати умумии сатҳи обии Замин чӣ қадар аст?
А) 149 млн. км2 В) 510 млн. км2 С) 361 млн. км2 D) 179 млн. км2


28 Дарозии хатти экватор (истиво) чанд километр аст?
А) 150 млн. км В) 149 ҳаз. км С) 400 млн. км D) 40 ҳаз. км


29 Радиуси қутбии Замин ба чанд километр баробар аст?
А) 6 378 км В) 11 022 км С) 6 356 км D) 8 848 км


30 Радиуси экватории Замин ба чанд километр баробар аст?
А) 6 378 км В) 11 022 км С) 6 356 км D) 8 848 км


География (имтиҳони қисми А барои ИМД-2022) Саҳифаи 4
31 Дарозии камони 1° хати истиво (экватор) ба чанд километр баробар аст?
А) 100,3 км В) 103,1 км С) 105, 3 км D) 111,3 км


32 Дарозии камони 1° дар тӯли 90° шарқӣ ба чанд километр баробар
аст?
А) 56,3 км В) 90 км С) 76,3 км D) 111,1 км


33 Дарозии камони 1° дар тӯли 90° ғарбӣ ба чанд километр баробар
аст?
А) 111,1 км В) 90 км С) 76,3 км D) 56,3 км


34 Азимути 136 дараҷа кадом самти уфуқиро нишон медиҳад?
А) Шарқ В) Шимолу Шарқ С) Ҷануб D) Ҷанубу Шарқ


35 Азимути 211 дараҷа кадом самти уфуқиро нишон медиҳад?
А) Ҷануб В) Ҷанубу Ғарб С) Шимолу Ғарб D) Шимол


36 Азимути 90 дараҷа кадом самти уфуқиро нишон медиҳад?
А) Ҷануб В) Шимол С) Шарқ D) Ғарб


37 Кадом намуди ҷинсҳои кӯҳӣ аз ҷиҳати пайдоиш ба се гурӯҳ ҷудо
мешаванд?
А) магматикӣ В) вулқонӣ С) таҳшинӣ D) метаморфӣ


38 Кадоме аз ин ҷинсҳои кӯҳӣ аз ҷиҳати пайдоиш магматикӣ аст?
А) оҳаксанг В) санги хоро С) ангиштсанг D) мармар


39 Аз ҷиҳати пайдоиш гнейс ба кадом гурӯҳи ҷинсҳои кӯҳӣ дохил
мешавад?
А) магматикӣ В) метаморфӣ С) таҳшинӣ D) химиявӣ


40 Ҷинси кӯҳиеро, ки пайдоиши магматикӣ дорад,
Download txt | fb2
1 2 3 ... 16 >>
Home
0 / 24

OkTj.ru durahshon.tj тестхо саволу чавоб калиди тестхо шеърхо китобхои Точики tj 2022 Таджикистан Точикистон скачать mp3 сайти точики Хуҷанд Душанбе

Яндекс.Метрика
© oktj.ru 2014-2022 Соглашения сайта