Пул кор кардан дар интернет Осон
Hi, Guest!
Home
Login
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Устодатро ҳамчун падар дӯст бидор!
НАШ Viber Чат OKTJ.RU
Мо дар TELEGRAMM
Канали мо дар YOUTUBE
Library | Намунаи тест ММТ
1 2 3 ... 22 >>

НАМУНАИ саволу масъалаҳои тест аз фанни Таърих барои ИМД-2022

Tags:таърих | тест аз фанни таърих | тести таърих | тарих | тест аз фанни таърих 2022 | 2022 | тести идм 2022 | тести ммт | тести маркази милли
Added:Admin (22.02.2022 / 11:19)
Rating:rating 506 article (0)
Reads:3250
Comments:0
НАМУНАИ
саволу масъалаҳои тест аз фанни таърих (имтиҳони қисми А барои ИМД-2022)
САВОЛУ МАСЪАЛАҲО БО ИНТИХОБИ ЯК ҶАВОБИ ДУРУСТ


1 Кадом соҳаи илми таърих дар асоси ёдгориҳои маданияти моддӣ
таърихи қадими ҷамъияти инсониро меомӯзад?
А) мардумшиносӣ С) бостоншиносӣ
В) забоншиносӣ D) гиёҳшиносӣ


2 Бошишгоҳҳои қадимтарине, ки дар ҳазораҳои 6-3 то милод дар
соҳилҳои рӯдхонаҳои Кофарниҳон, Яхсу, Сурхоб, Вахш ва Ёвон
сохта шудаанд, бо кадом ном машҳуранд?
А) Маданияти Хатлон С) Маданияти Помир
В) Маданияти Суғд D) Маданияти Ҳисор


3 Маҳсули меҳнати кулолгарро муайян намоед.
А) зарф В) коғаз С) матоъ D) қанд


4 Кадом шоҳи ориёӣ асосгузори ҷашни Наврӯз эътироф шудааст?
А) Кайковус В) Ҷамшед С) Фаридун D) Анушервони Сосонӣ


5 Аз рӯи ривоятҳо шоҳ Ҷамшед ба кадом ҷашн асос гузоштааст?
А) Сада В) Меҳргон С) Наврӯз D) Тиргон


6 Маънои номи Зардушт чист?
А) сарвари ойини нек С) нигаҳбони маъбади оташ
В) соҳиби аспи зард D) дорандаи шутури зард


7 Мутобиқи ойини маздоясно ОТАШ рамзи чист?
А) ганҷинаю ҳокимият С) абадияти торикиву зулмот
В) покӣ, ҳаёт, рӯшноӣ D) рӯзи растохез


8 Дар кадом дин ЗАМИН, ОБУ ҲАВО ва ОТАШ муқаддас дониста
мешавад?
А) насронӣ В) буддоӣ С) ислом D) маздоясно


9 Кӣ мутобиқи ойини маздоясно офарандаи Замину Осмон,
Моҳу ситораҳо аст?
А) Аҳуро Маздо В) Аша Ваҳишта С) Ваҳу Мана D) Аҳриман



Таърих (имтиҳони қисми А барои ИМД-2022) Саҳифаи 2
10 Кадом давлат аз рӯи тартиби хронологӣ ПЕШТАР вуҷуд дошт?
А) Селевкиён В) Ашкониён С) Модҳо D) Ҳахоманишиён


11 Кадом маълумот доир ба давлати Мод НОДУРУСТ аст?
А) Соли 760-и то милод Мод зидди Ошур шӯриш бардошт.
В) Фароатас солҳои 646-624-и то милод шоҳи давлати Мод буд.
С) Шоҳи охирини Мод Яздигурд буд.
D) Экбатан (Ҳамадони имрӯза) пойтахти давлати Мод буд.


12 Сухан дар бораи кадом давлат меравад: “... аввалин империяи
ҷаҳонӣ буд, ки беш аз 70 халқҳои дорои забону дини гуногунро дар
бар мегирифт”?
А) Хахоманишиён В) Сосониён С) Модҳо D) Кушониён


13 Сухан дар бораи кадом воқеа меравад: “Дар шаҳр асирони зиёде
аз ҳар гӯшаву канори Осиёи Наздик нигоҳ дошта мешуданд. Онҳо
тайёр буданд, ки ба қувваҳои зидди Набонид ёрӣ диҳанд”?
А) тасхири Лидия С) лашкаркашӣ ба Миср
В) ҷанг бо юнониҳо D) фатҳи Бобул


14 Кӣ соли 539 то милод Бобулро фатҳ кард?
А) Астиаг В) Томирис С) Набонид D) Куруши Кабир


15 Соли 539 то милод кадом давлат ба мавҷудияти давлати Бобул
хотима гузошт?
А) Ҳахоманишиён В) Модҳо С) Лидия D) Миср


16 Соҳиби унвони “шоҳи Бобул ва мамлакат”-ро муайян кунед.
А) Набонид В) Астиаг С) Куруши Кабир D) Томирис


17 Куруш дар ҷанг бо кадом қабила ҳалок гардид?
А) йуҷиҳо В) киммериҳо С) сайрамиҳо D) массагетҳо


18 Баъди марги Куруши Кабир давлати Ҳахоманишиёнро кӣ
идора карда буд?
А) Ҳушёршоҳ В) Дориюши Кабир С) Камбуҷӣ D) Гавмати Муғ



Таърих (имтиҳони қисми А барои ИМД-2022) Саҳифаи 3
19 Камбуҷӣ кӣ буд?
А) фармондеҳи лашкари Бобул С) шоҳи Ҳахоманишиён
В) халифаи Араб D) сарвари қабилаи сакоиҳо


20 Кадом шоҳи Ҳахоманишиён Мисрро фатҳ намуд?
А) Камбуҷӣ В) Куруши Кабир С) Ҳушёршоҳ D) Дорои I


21 Шӯриши Бардии дурӯғин дар кадом давлат сар зада буд?
А) Ҳахоманишиён В) Суғд С) Бобул D) Миср


22 Шӯриши Бардии дурӯғин дар давраи ҳукмронии кадом шоҳан-
шоҳи ҳахоманишӣ сар зада буд?
А) Куруши Кабир В) Ардашери I С) Дорои I D) Камбуҷӣ


23 Кадом маълумот доир ба давлати Ҳахоманишиён НОДУРУСТ аст?
А) Соли 550 то милод Куруш пойтахти Модро забт кард.
В) Камбуҷӣ фиръавни Миср Псаметихро асир кард.
С) Бухоро пойтахти давлати Ҳахоманишиён буд.
D) Соли 522 то милод Говмат худро шоҳ эълон кард.


24 Кадом шоҳаншоҳи Ҳахоманишиён ислоҳоти пулӣ гузаронида буд?
А) Камбуҷӣ В) Куруши Кабир С) Дориюши Кабир D) Арсес


25 Ёдгории Тахти Сангин дар кадом ноҳия ҷойгир аст?
А) Рӯшон В) Ҳамадонӣ С) Қубодиён D) Спитамен


26 Кадом ёдгорӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ҷойгир аст?
А) Тахти Сангин С) Нақши Рустам
В) Кӯҳи Бесутун D) Мақбараи Куруш


27 Зодгоҳи сулолаи Ҳахоманишиён кадом сарзамин буд?
А) Бохтар В) Форс С) Хоразм D) Суғд


28 Муҳорибаи Гавгамел чӣ пайомад дошт?
А) Ашкониён лашкари Римро шикаст доданд.
В) Сосониён аз Ҳайтолиён шикаст хӯрданд.
С) Арабҳо Хатлонро ба даст оварданд.
D) Давлати Ҳахоманишиён аз байн рафт.


Таърих (имтиҳони қисми А барои ИМД-2022) Саҳифаи 4
29 Сухан дар бораи кадом сол меравад: “... замоне ба ӯ хабар доданд, ки Искандар хеле наздик аст, вай аз дарёи Ому гузашта, киштиҳоро сӯзонд ва ба сарзамини Суғд, ба Навитак рафт. Аз қафои вай Спитамен, Оксиарт бо ҷанговарони суғдӣ ва ҷанговарон аз Танаис раҳсипор гардиданд...”?
А) соли 522 то милод С) соли 329 то милод
В) соли 334 то милод D) соли 250 то милод


30 Пас аз кадом воқеа Бесс Хашёршоҳи Осиё эълон гардид?
А) фатҳи Бобул С) ғалаба дар набарди Марафон
В) кушта шудани Дорои III D) лашкаркашӣ ба Миср


31 Кӣ дар ҷанг бо Искандари Мақдунӣ ба беғайратӣ айбдор гардида
буд?
А) Спитамен В) Бесс С) Птоломей D) Сатирбарзан


32 Сарлашкари Суғдро муайян намоед.
А) Птоломей В) Бесс С) Спитамен D) Сатирбарзан


33 Муҳорибаи Куркат (Курукада) дар рафти кадом истилогарӣ ба
амал омада буд?
А) юнону мақдуниҳо В) туркҳои салҷуқӣ С) муғулҳо D) арабҳо


34 Катан ва Овсен ба муқобили кадом истилогарон мубориза
бурдаанд?
А) туркҳо В) муғулҳо С) юнону мақдуниҳо D) арабҳо


35 Кадом ёдгории замони Юнону Бохтар дар ноҳияи Фархор
кашф гардидааст?
А) Аҷинатеппа В) Ойхонум С) Саксанохур D) Тахти Сангин


36 Ёдгории Саксанохур дар кадом ноҳия ҷойгир аст?
А) Спитамен В) Фархор С) Восеъ D) Шуғнон


37 Кӣ ба давлати Юнонии Бохтар асос гузошта буд?
А) Спитамен В) Диодот С) Куҷула Кадфиз D) Бесс


38 Давлати
Download txt | fb2
1 2 3 ... 22 >>
Home
0 / 12

OkTj.ru durahshon.tj тестхо саволу чавоб калиди тестхо шеърхо китобхои Точики tj 2022 Таджикистан Точикистон скачать mp3 сайти точики Хуҷанд Душанбе

Яндекс.Метрика
© oktj.ru 2014-2022 Соглашения сайта