Пул кор кардан дар интернет Осон
Hi, Guest!
Home
Login
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Зебоӣ дар сухан аст, на дар чеҳра.
НАШ Viber Чат OKTJ.RU
Наш TELEGRAMM Канал
Канали мо дар YOUTUBE
Library | Диктанты и Изложении / Диктантхо

ФАРЗАНД АЗИЗ, ОДОБАШ АЗ Ӯ АЗИЗТАР

Tags:фарзанд | одоб
Added:Admin (21.02.2022 / 16:36)
Rating:rating 501 article (0)
Reads:1136
Comments:0
ФАРЗАНД АЗИЗ, ОДОБАШ АЗ Ӯ АЗИЗТАР
Фарзанд ин меваи умри инсон мебошад. Набояд нисбати кӯдак дар ин айёми наврасию тифли беаҳмияти зоҳир намуд. Фарзанд вақте ки ба дунё меояд, аз ҳамон лаҳзаи таваллуд шуданаш ба тарбия ниёз дорад, агар аз ҳамон лаҳза шурӯъ нанамоем, пас он дер мешавад, дигар тарбияи дурустро ба худ қабул намекунад.
Ҳангоме, ки модар фарзандро ба дунё меорад, бо як меҳру муҳаббат, самимият, бо як ҷаҳон шодию умед ҷигарбандашро бузург менамояд. Падару модар ҳар ду дар тарбияти фарзанд нақш доранд, аммо чун дар даврони кӯдакӣ вобастагии фарзанд ба модар бештар аз падар аст, нақши модар дар тарбияи фарзанд, таъсири бештаре дорад. Нисфи зиёди тарбияи кӯдак аз модар вобаста аст, агар модар худ тарбиятдида ва босавод бошад фарзандашро низ дар ин руҳия тарбия карда метавонад. Ба кӯдакон муҳит низ таъсир мерасонад. Кӯдакон бо якдигар бозию шодӣ мекунанд, онҳо бехабар аз дунёанд, намедонанд дар куҷо чӣ гап асту, чӣ хабар, ба ҷуз бозии хеш ба касею чизе коре намегиранд. Дунёи кӯдаки аҷаб дунёи зебост, фориғ аз дарду ранҷи зиндагӣ. Лекин ба назар мерасад, ки калонсолон ё ин ки баъзе волидон дар назди фарзандонашон суханҳои қабеҳу ноҷо дашномҳои гушнорасро баланд садо мекунанд, ки ин ба тарбияи кӯдакон таъсири мусбат мерасонад.
Бархеи дигар бошад, дар назди кӯдакон ҷангу ҷидол менамоянд, фикр намекунанд ки кӯдак аз ҷанҷоли онҳо метарсад, ба асабҳояш таъсир мерасонад. Ҳангоме, ки кӯдак чунин амалро дид, чунин суханҳоро шунид, ӯ низ шояд бо ҳамин роҳ равад, тарбияаш дигаргун шавад. Вақте ки кӯдакон бо ҳамдигар ҷанҷол мекунанд, суханҳои ноҷоро ба забон меоранд, баъзеи волидон бошад, мегӯянд ”Эй кӯдак аст, ҳеҷ гап не, ҳеҷ кор намекунад” Кӯдак аст, бале кӯдак, лекин ӯро дар ҳамин лаҳзаҳаю дақиқаҳо, нагӯем ки дашном нагӯ, насиҳат нанамоем дар дигар вақт гуфтанаш ғайри имкон. Панду андарз ва насиҳат пас он ҳеҷ фоидае надорад. Чуноне мегӯянд: ”Оҳанро дар гармияш мекӯбанд”, Фарзандро дар хурдсолиаш тарбия мекунанд”.
Кӯдакон аҷаб олами рангину зебо доранд. Олами кӯдакӣ чӣ ширин асту гуворо. Дар онҷое, ки кӯдак аст, онҷо ҳамеша шодию сурур аст, доимо ханда ҳувайдост.
Кӯдакон як хислати хело аҷиб доранд, агар ба онҳо чизеро ваъда додӣ, ваъдаи додаатро иҷро накардӣ, дигар ба ту бовар намекунанд. Он чизеро, ки дидаанду шунидаанд чизи дидаю шунидаи хешро мегӯянд, асло дурӯғ намегӯянд. Чуноне:”Агар сухане ё хабареро росташро шунидан хоҳӣ аз кӯдак бипурс мегӯянд”, зеро кӯдак ҳақиқатро пинҳон намекунад, ҳақиқатро ошкоро мегӯяд. . . . . . . .
Дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки “фарзанд азиз одобаш аз вай азизтар”. Равандҳои пуртазоди вақтҳои охир водор менамояд, ки падару модарон, омӯзгорон, калонсолон барои оне, ки фарзандонашон ба амалҳои номатлуб ва кирдорҳои ношоиста даст назананд, боз ҳам масъулияти ҷиддитар ҳис намоянду нагузоранд, ки фарзандашон ба ҳар гуна амалҳои номатлуб даст бизананд.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ барои ҷалби ҷомеа, бахусус падару модарро зарур мебояд, наслеро тарбия намоянду ба воя расонанд,ки аз нигоҳи одоб, ақлу заковат, илму донишу маърифат, худшиносиву ҷаҳонбинӣ ба равандҳои ҷаҳони муосир мувофиқ бошад.
Баъзан волидоне ҳаст, намегузоранд, ки фарзандаш таҳсил намояду барои ояндаи хеш касберо интихоб намояд. Корҳоеро, ки муваққатӣ ҳастанд ба фарзандашон супориш медиҳанд то ин ки он корҳоро иҷро намояд. Ҳеҷ андеша наменамоянд, ки ояндаи ҷигарбандаш чӣ мешуда бошад ва ӯ дар оянда ки мешаваду чӣ кореро ба сомон расонида метавонад. Фарзанд мехоҳад, ки таҳсил намояд,орзую омол дорад, ки касби пуршараферо интихоб намояду обрую нуфузи худро дар ҷомеа пайдо намояд, аммо волидонаш боре ҳам сари ин масъала андешаю мулоҳиза намеронанд. Агар падару модар худ босавод бошад ҳеҷ намегузорад, ки фарзандаш ба кӯҳи гумроҳӣ қадам ранҷа намояду аз илму дониш бебаҳра бимонад.
Бархе волидони дигар ҳастанд, ки барои фарзандонашон тамоми шароитҳоро муҳайё месозанд. Он чизе, ки бахости дили фарзандаш ҳаст ҳамонро иҷро мекунад. Ҳамеша саъю кӯшиш менамояд, ки фарзандаш чизеро аз худ намояд, ояндаи некӣ фарзандашро дидан мехоҳад. Аммо баъзан нафароне ба назар мерасад,ки ба қадри чунин заҳматҳои волидонашон намерасанд. Маблағҳое, ки падару модар барои таҳсил ба онҳо, мефиристонанд падару модарро фиреб дода, он маблағҳоро дар корҳои беҳуда сарф менамоянд, боре ҳам андеша наменамоянд, ки волидонашон умеди онеро доранд, ки фарзанди ӯ таҳсил намуда истодааст. Бехабар аз он ки чизи қимматарини хешро дар корҳои беҳуда сарфа намуда истодааст. Ба қадри заҳматҳои волидонашон намерасанд. Ояндаи хешро фикр намекунанд. Аз илму дониш бенасиб мемонанд. Мешавад рӯзе, ки аз корҳои кардаи худ ангушти ҳайрат мегазанд, пушаймон мешаванд, лекин пушаймониашон дигар суде намебахшад. Бинобар ин модаронро мебояд ба нақш ва таъсири худ боварӣ дошта бошанд ва дар тарбияти фарзандони азизи худ аз ҳеҷ талоше дареғ наварзанд:
Кӯдак ҳар он чӣ дорад аз оғӯши модар аст,
Гар зишт бошад ва агар некахтар аст
Дар дафтари муаллиму омӯзгор нест,
Он тарбият,ки зодаи домони модар аст.
Пас, падару модарро мебояд, ки ба тарбияи фарзанд аҳамияти ҷиддӣ диҳанд одобу ахлоқ ва илму маърифат омӯзанд ва нагузоранд, ки фарзандҳояшон аз таълиму тарбия ва илму дониш бебаҳра бимонанд.
Download txt | fb2
Home
0 / 19

OkTj.ru durahshon.tj тестхо саволу чавоб калиди тестхо шеърхо китобхои Точики tj 2022 Таджикистан Точикистон скачать mp3 сайти точики Хуҷанд Душанбе

Яндекс.Метрика
© oktj.ru 2014-2022 Соглашения сайта