Кор барои мактаббача $$$
Hi, Guest!
Home
Login
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Кори ҳар буз нест хирман кӯфтан
НАШ Viber Чат OKTJ.RU
Наш TELEGRAMM Канал
Library | Шеърхо Рубоихо Табрикот баромадхои таёр

Иди Арафа Саиди Фитр муборак табрикнома

Tags:табрикоти иди саиди фитр | табрикномаи иди арафа | иди арафа | иди саиди фитр | ид муборак | табрикот ба иди саиди фитр арафа | табрикот 2021 | 2022 | табрикоти ид точики
Added:Admin (12.05.2021 / 11:14)
Rating:rating 490 article (0)
Reads:1931
Comments:0
screenАссалому алейкум.Бо Камоли Адаб, эхтиром, муҳаббат ва самимияти хос Шуморо ва аҳли пайвандонатонро бо омад омади ИДИ САИДИ ФИТР табрик намуда, бароятон дар ин лаҳзаҳои муборак талабу ниятхои неки дустонаро аз даргоҳи Яздони пок таманно дорам.
Илоҳо ба ризкатон баракот,
ба ҳуснатон нури Илоҳи,
ба зиндагиатон офият,
ба хонадонатон осоиш,
ба ишқатон субот,
ба меҳратон вафо,
ба умратон иззат,
ба аҳдатон сидқ ва
ба вуҷудатон сиҳати
ато фармояд. Бигузор Худованд аз меҳрубониҳояш сарфароз гардонад, бароятон хушбахтии ҳарду оламро насибатон гардонад.
ИДАТОН МУБОРАК БОШАД!


МУБОРАКБОДӢ. Инак як моҳи шарифи Рамазон гузашт. Чунон тез гузашт,ки гӯё хобеву хаёле буд. Дар ин моҳ ҳар кас ба қадри ҳиммату имонаш парҳез кард,ниёиш намуд.тавба кард,дасти саховату хайр боз кард,дасту забонро аз маъсияту дурӯғ дур нигаҳ дошт.Хуш ба ҳоли онҳое.ки дар ин моҳ мукаммал рӯза доштанду пайваста рӯй ба даргоҳаш ниёиш намуданд.Хуш ба ҳоли онҳое,ки дар ин моҳ дасти хайру саховаташон фарохтар буду ҳоҷати ниёзмандеро бароварданд.Хуш ба ҳоли касе,ки аз ҳар лаҳзаи ин моҳ истифодат намуду аз китоби муқаддас ва кутуби дигари илмиву таърихӣ бардоште кард. Ва ҳамчунон хуш ба ҳоли оне,ки ҳарчанд натавонист кулли аркони ин моҳро иҷро кунад вале ба эҳтироми ин моҳ дар назди рӯзадоро таом нахӯрд,касеро ғайбат накард,хидмате ба рӯзадорон намуд, аз корҳои ношоиста эҳтироз кард. Дар ин моҳ ки дарҳои биҳишт боз аст Худованд дуоҳои моро мустаҷоб карда бошад,дар ин моҳ онҳоеро,ки ин ҷаҳонро падруд гуфтанд Худованд дар ҷавори раҳаматаш ҷой дода бошад,дар ин моҳ ҳар касе,ки хайроте кард Худованд қабул фармуда бошад ва ба файзу баракоти ин моҳ Илоҳо 11 моҳи дигар зиндагиамон ҳамеша орому осуда,пур аз нуру сафо дар фазои муҳаббату самимият бошад. Иди Саиди Фитр муборак бошад.


Омад омади Арафаи Иди Рамазон муборак бошад! Ба хонадони Шумо баракот, дастурхонатон нозу неъмат ба ҳар яки наздиконатон иқболи нав орад! Саратон бедард, дастатон камиро набинад ба ҳар яки Шумо аз даргоҳи Яздони пок ҳама хушиҳои зиндагиро талаб дорам. Рӯзаи гирифтаатон, Намози хондаатонро Иллохо Худованд ба даргоҳаш қабул фармуда бошад. Гузаштагони ҳар яки моро тариқаи раҳмат шоистаи ҷаннат гардонад. Омин! ????????????



Ассалому алейкум хамкорони азиз, Шумо ва аҳли хонадону пайвандонатонро ба муносибати фарорасии Иди Саиди Фитр муборак гуфта, аз Аллоҳи мутаъол баҳри Шумо пеш аз ҳама имони комил ва дили софу холи аз гуноҳҳо, тани сиҳату хушбахтиҳо таманно дорам! Худованд руза ва намозҳои шуморо ба даргоҳаш кабул фармояд! Худованд то Рамазони дигар ҳамаи моро сиҳату солим ва солиҳ нигоҳ дорад!




Бо Камоли Адаб, эхтиром, муҳаббат ва самимияти хос Шуморо ва аҳли пайвандонатонро бо омад омади ИДИ САИДИ ФИТР табрик намуда, бароятон дар ин лаҳзаҳои муборак талабу ниятхои неки дустонаро аз даргоҳи Яздони пок таманно дорам.
Илоҳо ба ризкатон баракот,
ба ҳуснатон нури Илоҳи,
ба зиндагиатон офият,
ба хонадонатон осоиш,
ба ишқатон субот,
ба меҳратон вафо,
ба умратон иззат,
ба аҳдатон сидқ ва
ба вуҷудатон сиҳати
ато фармояд. Бигузор Худованд аз меҳрубониҳояш сарфароз гардонад, бароятон хушбахтии ҳарду оламро насибатон гардонад.
ИДАТОН МУБОРАК БОШАД!
Download txt | fb2
Home
0 / 22

OkTj.ru тестхо саволу чавоб калиди тестхо шеърхо китобхои Точики tj 2021 Таджикистан Точикистон скачать mp3 сайти точики Хуҷанд Душанбе durakhshon.tj

Statok.net Яндекс.Метрика
© oktj.ru 2014-2020 Соглашения сайта