Привет, Гость!
На главную
Вход
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Ба боми кас санг маандоз, ки баргашта ба худат мезанад
Библиотека | Сказки народов мира / Афсонахо халки
1 2 3 ... 8 >>

Афсонахои халки точик / Таджикские народные сказки бо забони точики

Тэги:таджикские | афсонахои халки точик | халки | афсонахои | точик | народные | сказки
Добавил:Admin (07.04.2015 / 14:26)
Рейтинг:rating 79 article (2)
Прочтений:12244
Комментарии:Комментарии закрыты
НАХУТАК
Буд, набуд, дар як дехае дехконе бо занаш зиндагй мекард. Онхо фарзанд надоштанд.
Барои хамин зиндагии онхо бо гаму гусса мегузашт.
Боре дари хавлии онхоро пирамарди ришсафеди ришдарозе так-так мекунад. Дехкон дари
хавлиро кушода пирамардро ба дарун даъват мекунад. Зани дехкон ха-мон замон
дастархони пурнозу неъматро пахн кард. Дар чойники пурнакш чои кабуд овард, пиёлаи
зебо ва кулчаи равганин овард. Дар руи суфа курпачаи мулоим пар-тофта, пирамардро ба
нишастан даъват намуд.
Пирамарди ришсафед чой нушид, нон хурд, ба чолу кампир миннатдорй изхор карду ба
онхо гуфт:
- Худоё, хар нияте, ки дошта бошед амали гардад!
Хамин тавр, вокеан, орзуи деринаи дехкону занаш амали шуда дар хонаи онхо пи¬саре
таваллуд шуд, ки хурдакак буд ва падару модараш уро Нахутак ном ниходанд.
Солхо гузашт ва Нахутак ба корхои хона ба модараш ёри мерасонд. Агар мода¬раш ба об
равад, писарак сатилро аз у пештар гирифта ба чуй медавид. Модараш мастоба пухтан
хохад, Нахутак Давида биринч меорад.
Боре модараш бо гушти кима угро пухта хост, ки ба сахро барои шавхараш барад, хамон
замон Нахутак омаду гуфт:
— Модарчон, ман мебарам!
У табакчаро бо хурок ба сараш гузошту ба сахро рафт. Рохравон суруд мехонд. Мардум
хайрон буданд, ки дар рох гуё сурудхонон табаке медавид! Касе, ки табакро мебарад ба
назар наменамуд.
Нахутак ба сахро расид ва Давида ба назди падараш омада гуфт:
— Бишин падарчон, хурок хур! Ман медаравам!
— Ту досро бардошта наметавони! — табассум кард падараш.
— Метавонам! — чавоб медихад Наху¬так.
То вакте ки падараш хурок хурд, Наху¬так нисфи замини гандумро даравид. Па¬дараш
хушхол шуда, офарин гуфт ба писараш.
Нахутак ба хона баргашт. Дар рох боз суруд мехонд. Ногахон ба у гург рубару шуд. Гург
гурусна буд. Вай писаракро даст гирифт, вале фуру бурда натавонист, Нахутак дар байни
дандонаш банд монд.
Гург аз гуруснаги медавид ва дар рох рамаи гусфандонро дид. Хамин, ки вай гусфандеро
хост дахан занад, Нахутак аз байни дандонхои гург дод зад:
— Эй амаки чупон! Гург гусфанди туро хурдан мехохад!
Чупон ин садоро шунида, гургро ронд.
Гург боз рафтан гирифт. Дар чое дид, ки рамаи бузхо мечаранд. Хамин, ки гург бузичаеро
хурдан мехост Нахутак боз дод гуфт:
— Эй бузхо! Эхтиёт шавед! Гург бузичаро мехурад!
Ин садоро бузи шохдори калон шунида, шоххои худро рост карда ба суи гург давид. Гург
гурехт.
Хар кучо, ки гург медавид ва бо забони тези худ чизе гирифтан мехост, Нахутак аз байни
дандонхои у дод мегуфт.
Гург ба зур медавид. Аз гуруснаги бехол шуд. Вай аз ин писарак безор шуд ва чи тавр
халос шуданашро намедонист. Хост, ки уро аз байни дандонхояш туф кунад, нашуд.
Нахутак дар байни дандонхои гург мустахкам чойгир шуда буд. Гург сарашро мечунбонд,
ки вай ба замин афтад, ин хам нашуд.
Гург боз давид. Аз пеши рохаш як чукури баромад. Гург истод. Кушид, ки писаракро бо
забонаш аз байни дандонаш бароварда ба чукур тела дихад. Нахутак ба чукури афтид.
Гург хам хушхол шуду боз гурехт.
Нахутак дар таги чукури монд ва намедонист, ки аз он чо чи хел барояд. Писарак баланд
садо бароварда аз дигарон ёри хост.
Пас аз фурсате дид, ки дар лаби чукури пирамарди ришсафеде пайдо шуд. Ба дасти у асо
буд. Нахутак хушхол шуду бо садои баланд чег зад:
— Бобочон! Эй бобочон! Асоятонро ба ман дароз кунед! Ман даст гирифта мебароям.
Муйсафеди ришдарози ришсафед, ин хамон сехргаре буд, ки падару модари На¬хутак уро
зиёфат карда буданд. Муйсафед фахмид, ки уро касе чег мезанад. Сехргар ба даруни
чукури нигох, карду писаракро дид. Хамон замон асояшро ба чукури дароз кард.
Нахутак ба асо сахт часпиду зуд ба берун баромад.
Писарак ба пирамарди сехргар ташаккур гуфту ба суи хона давид.
Падару модараш Нахутакро дида би¬сёр хушхол шуданд. Аз шоди барои мардуми деха
зиёфат доданд.
Хама хушхоли карданд: Нахутак боз ба хона баргашт!
Мо хам хамрохи онхо хушхоли мекунем!


ПОДШОХ ВА ДУХТАРИ ОХАНГАР
Буд, набуд, як подшох буду аз хамаи шахру дехот донишмандон ва пирони хи-радмандро
дар пойтахти мамлакаташ чамъ карда буд ва хар пагох онхоро пеши худ даъват карда,
саволе медоду чавобе мегирифт.
Як сахари подшох дар чорбогаш чанги ду гунчишкро дида монд. Гунчишкон дар шохи
дарахти чанори калон, дар болои лонаашон чурчуркунон ба хамдигар хамла оварда ба
замин афтоданду чанги худро дар руи замин давом доданд.
Подшох ба сари онхо рафта, пояшро тап-тап ба замин зад, аммо гунчишкони саргарми
часпу талош пай набурданд.
Хамон пагох подшох ба донишмандону пирони хирадманд вокеаро накл кар¬ла, савол
дод:
Гунчишкакон чаро чангу чанчол доштанл. онхо ба якдигар чи мегуфтанд?
Донишмандону пирони хирадманд чавоб гуфта натавониста. се руз мухлат талабида, ба
хонахои худ рафтанд.
Дар сари рохи онхо дукони як охангар вокеъ буд. Охангар духтаре дошт, ки номаш
Адолатхон буд. Адолатхон мебинад, ки хар руз донишмандону пирони хирадманд ба
касри подшох мераванду меоянд. Духтар боз онхоро дар хамин холат дид. Дид, ки
донишмандону пирони хирадманд имруз аз пеши подшох бо сари хам, маъюсу гамгин
баргашта истодаанд, аз дукон баромада аз як пирамарди ришсафед пурсид:
— Ба шумо чи шуд бобочон? Хар пагох, шумоен аз пеши подшох шоду хурсанд ме-рафтед, барои чй имруз гамгин баргаштед?
Пирамард охи чукуре кашиду ба духтар гуфт
— Подшох имруз саволе дод, ки чавоб надорад. Ду гунчишк чанг кардаанд, барои чй?
Инро гайр аз худо каси дигар намедонад. Аз мо пурсид, ки сабаби чанги гунчишкон чист
ва онхо ба якдигар чихо мегуфтанд. Мо он гунчишконро надидаем, сабаби чанчолашонро
аз кучо медонем. Подшох се руз мухлат дод, агар дар ин муддат ба саволаш чавоб нагуем,
сари хамаамонро аз танамон чудо мекунад.
Адолатхон ба пирамард гуфт:
— Зик нашавед, бобочон! Агар чавоб ёфта натавонетон, ки чаро гунчишкон бо хам
чангиданд, ман чавобашро ба шумоен мегуям.
Пирамард ранчида гуфт:
- Ту духтари беадаб моро масхара мекуни? Он чизеро, ки мо донишмандону пи¬рон
намедонем ту аз кучо медони!
Донишмандону пирони хирадманд се шабу се руз фикру бахсу мунозира карда чавоби
саволи подшохро ёфта натавонистанд. Ноилоч хамон пирамардро ба пеши духтар
фиристоданд.
Донишманд ба хонаи охангар омаду аз Адолатхон хохиш намуд, ки ба саволи под¬шох
чавоб ГУЯД.
— Назди подшох раведу аз у пурсед: мулки падар ба писар мерасад ё каси дигар хам хак,
дорад? Подшох чавоби худро бояд ба вараке нависад.
Гуфт Адолатхон ва пирамард ичро кард.
Подшох навишта буд: "мулки падар — факат хакки писар".
Духтари охангар номаро хонда, пинхон карда гуфт:
- Он ду гунчишк барои лона мечанганд. Ба яке лона аз падар мондааст, вале дигараш
бегона аст, бо зури лонаро аз сохибаш гирифтан мехохад. Гунчишки аввал мегуфт, ки ин
лонаи ман аст, гунчишки дуюми мегуфт лона аз они зуровар аст.
Донишмандону пирони хирадманд назди подшох рафта, чавоби духтарро аз номи
худашон карда гуфтанд. Вале онхо нагуфтанд, ки ин чавобро барои онхо духтари охангар
гуфт.
— Ин суханхои шумоён не! — гуфт под¬шох. — Агар шумоён медонистед. субх чавоб
Скачать txt | fb2
1 2 3 ... 8 >>
На главную
0 / 37

OkTj.ru тест тестхои саволу чавоб точики калид китобхои Точики китобхонаи милли tj 2015 2016 2017 Одноклассники Таджикистан Точикистон Душанбе Хучанд Худжанд Куляб Хоруғ скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики

Statok.net
© Провообладателям и Соглашения сайта oktj.ru