Пул кор кардан дар интернет Осон
Hi, Guest!
Home
Login
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Чизе, ки худо надод мулло намедиҳад.
НАШ Viber Чат OKTJ.RU
Мо дар TELEGRAMM
Library | Гуногун,Хархела /Разное | КОДЕКСИ МУРОФИАИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 2020
<< 1 ... 38 39 40 41 42 >>
№ 1263)


Моддаи 230. Ба охир расидани пешбурди иҷрои қарор оид ба татбиқи ҷазои маъмурӣ дар намуди ҷарима


Қарор оид ба татбиқи ҷазои маъмурӣ, ки аз рӯи он ситонидани ҷаримаи маъмурӣ пурра амалӣ гардидааст, бо қайди иҷрои он ба суд ё мақоми ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор), ки ин қарорро қабул кардааст, баргардонида мешавад.



Моддаи 231. Иҷрои қарори боздошти маъмурии амали иҷозатнома барои машғул шудан ба намудҳои муайяни фаъолият


Қарор оид ба боздошти маъмурии амали иҷозатнома барои машғул шудан ба намудҳои муайяни фаъолият аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор) иҷро карда мешавад, ки ӯ мутобиқи қонун ҳуқуқ дорад, барои ҳамин намуди фаъолият иҷозатнома диҳад.
Қарор оид ба боздошти маъмурии амали иҷозатнома барои машғул шудан ба намудҳои муайяни фаъолият дар мӯҳлати даҳ шабонарӯз бо роҳи бозхонди ин иҷозатнома ба мӯҳлати боздошти амали он иҷро карда мешавад.


Моддаи 232. Иҷрои қарор оид ба маҳрум кардан аз иҷозатнома барои машғул шудан ба намудҳои муайяни фаъолият


Қарори қабулгардида оид ба бекор кардани иҷозатнома барои машғул шудан ба намудҳои муайяни фаъолият дар мӯҳлати даҳ шабонарӯз аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) бо роҳи бозпас гирифтани иҷозатнома иҷро карда мешавад.



Моддаи 233. Иҷрои қарор оид ба маҳрум кардани шахси воқеӣ аз ҳуқуқи махсус


Қарори судя дар бораи маҳрум кардани шахси воқеӣ аз ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт аз тарафи шахсони мансабдори ваколатдори мақомоти дахлдори корҳои дохилӣ иҷро карда мешавад.
Қарори судя дар бораи маҳрум кардани шахси воқеӣ аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёти техникӣ (трактор, мошинаҳои худгард ва дигар намудҳои техникаи кишоварзӣ) аз ҷониби шахсони мансабдори ваколатдори мақомоти назорати давлатии ҳолати техникӣ иҷро карда мешавад.
Қарори судя дар бораи маҳрум кардани шахси воқеӣ аз ҳуқуқи идораи киштиҳои хурдҳаҷм аз тарафи шахсони мансабдори мақомоти ваколатдори давлатӣ ба иҷро расонида мешавад.
Қарори судя дар бораи маҳрум кардани шахси воқеӣ аз ҳуқуқи истифодаи воситаҳои радиоэлектронӣ ё таҷҳизоти баландбасомад аз тарафи шахсони мансабдори ваколатдори мақомоти анҷомдиҳандаи назорати давлатии соҳаи алоқа иҷро карда мешавад.
Қарори судя дар бораи маҳрум кардани шахси воқеӣ аз ҳуқуқи шикор аз тарафи шахсони мансабдори мақомоти ваколатдори назорати давлатии риояи қоидаҳои шикор иҷро карда мешавад.


Моддаи 234. Тартиби иҷрои қарори маҳрум кардани шахси воқеӣ аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт


Қарори маҳрум кардани шахси воқеӣ аз ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёти намуди дахлдор ё дигар намудҳои техника мувофиқан бо роҳи гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ё шаҳодатномаи ҳуқуқи идораи киштиҳои хурдҳаҷм ё шаҳодатномаи тракторчӣ-мошинист иҷро карда мешавад, агар ронанда, киштирон ё тракторист-мошинист аз ҳуқуқи идораи ҳамаи намуди воситаҳои нақлиёт, киштиҳои хурдҳаҷм ва техникаи дигар маҳрум карда шуда бошад. Агар ронанда аз ҳуқуқи идораи на ҳамаи намуди воситаҳои нақлиёт маҳрум карда шуда бошад, дар шаҳодатномаи ронандагӣ қайд карда мешавад, ки ӯ аз ҳуқуқи идораи кадом намуди воситаи нақлиёт маҳрум карда шудааст ва шаҳодатномаи ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт баргардонида мешавад.
Қарори маҳрум кардани шахси воқеӣ аз ҳуқуқи истифодаи воситаҳои радиоэлектронӣ ё таҷҳизоти баландбасомад бо роҳи гирифтани иҷозатномаи махсус барои истифодаи воситаҳои радиоэлектронӣ ё таҷҳизоти баландбасомад иҷро карда мешавад. Тартиби гирифтани иҷозатномаи махсус барои истифодаи воситаҳои радиоэлектронӣ ё таҷҳизоти баландбасомад аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ, ки назорати давлатии соҳаи алоқаро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зимма доранд, муқаррар карда мешавад.
Қарори маҳрум кардани шахси воқеӣ аз ҳуқуқи шикор бо роҳи гирифтани шаҳодатномаи шикорчӣ иҷро карда мешавад.
Баъди ба охир расидани мӯҳлати ҷазои маҳрум кардани шахси воқеӣ аз ҳуқуқи махсус ҳуҷҷатҳое, ки аз шахси ба ин намуди ҷазои маъмурӣ ба ҷавобгарӣ кашидашуда гирифта шуда буданд, ба ӯ баргардонида мешаванд.


Моддаи 235. Ҳисоб кардани мӯҳлатҳои маҳрум кардани шахси воқеӣ аз ҳуқуқи махсус


Давомнокии мӯҳлати маҳрум кардани шахси воқеӣ аз ҳуқуқи махсус аз рӯзи эътибори қонунӣ пайдо кардани қарор дар бораи таъин кардани ҷазои маъмурӣ дар намуди маҳрум кардани шахси воқеӣ аз ҳуқуқи махсуси дахлдор оғоз мегардад.
Дар сурати аз супоридани шаҳодатномаи дахлдор (иҷозати махсус) ё дигар ҳуҷҷатҳо саркашӣ кардани шахси аз ҳуқуқи махсус маҳрумгардида мӯҳлати маҳрум кардан аз ҳуқуқи махсус қатъ мегардад. Давомнокии мӯҳлати маҳрум кардани шахси воқеӣ аз ҳуқуқи махсус аз рӯзи аз ҷониби ин шахс супоридан ё аз ӯ гирифтани шаҳодатномаи дахлдор (иҷозати махсус) ё дигар ҳуҷҷатҳо оғоз мегардад.
Давомнокии мӯҳлати маҳрум кардани шахси воқеӣ аз ҳуқуқи махсус ҳангоми нисбат ба шахси аз ҳуқуқи махсус маҳрумгардида барои бори дигар таъин кардани ҷазои маъмурӣ дар намуди маҳрум кардан аз ҳамон як ҳуқуқи махсус аз рӯзи дигари баъди ба охир расидани мӯҳлати ҷазои маъмурии қаблан татбиқшуда оғоз мегардад.


Моддаи 236. Иҷрои қарори боздошти маъмурии намуди муайяни фаъолият


Қарори боздошти маъмурии намуди муайяни фаъолият баъди қабул гардидани чунин қарор иҷро карда мешавад.
Ҳангоми боздошти маъмурии намуди муайяни фаъолият гузоштани мӯҳру сурғуч ба биною манзил, ҷои нигоҳдории мол ва дигар арзишҳои моддӣ, хазинаҳо, инчунин дигар тадбирҳо доир ба иҷрои чораҳои пешбининамудаи қарори боздошти маъмурии намуди муайяни фаъолият, ки барои иҷрои ҷазои маъмурӣ бо роҳи боздошти маъмурии намуди муайяни фаъолият зарур мебошанд, татбиқ карда мешаванд. Дар сурати ба таври маъмурӣ боздоштани намуди муайяни фаъолият ба татбиқи чораҳое роҳ дода намешавад, ки метавонанд боиси оқибатҳои барқарорнашаванда барои пешбурд, инчунин барои фаъолият ва нигоҳ доштани объектҳои таъминоти ҳаётӣ гарданд.
Агар муқаррар карда шавад, ки ҳолатҳои барои таъини ҷазои маъмурӣ дар намуди боздошти маъмурии намуди муайяни фаъолият асосшуда бартараф гардидаанд, боздошти маъмурии намуди муайяни фаъолият дар асоси дархости шаҳрванди бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ машғулбуда пеш аз мӯҳлат қатъ мегардад.
Баъди тадқиқи ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида мақоми ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор) дар бораи қатъ кардани иҷрои ҷазои маъмурӣ бо роҳи боздошти маъмурии намуди муайяни фаъолият ё рад кардани қонеъгардонии дархост қарор қабул менамояд. Дар қарор дар бораи пеш аз мӯҳлат қатъ кардани боздошти маъмурии намуди муайяни фаъолият маълумоти пешбиникардаи моддаи 141 Кодекси мазкур, инчунин санаи аз нав ба фаъолият оғоз кардани шаҳрванди бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ машғулбуда ё шахси ҳуқуқӣ, филиалҳо, намояндагиҳо, воҳидҳои сохторӣ, қитъаҳои истеҳсолии он, инчунин истифодаи таҷҳизот, объектҳо, бино ва иншоот, анҷом додани намудҳои алоҳидаи фаъолият (кор ва хизматрасонӣ) нишон дода мешаванд.


Моддаи 237. Иҷрои қарори бо подош гирифтани ашёе, ки олоти содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё объекти бевоситаи он мебошад


Қарори судя дар бораи бо подош гирифтани ашёе, ки олоти содир
Download txt | fb2
<< 1 ... 38 39 40 41 42 >>
Home
0 / 70

OkTj.ru тестхо саволу чавоб калиди тестхо шеърхо китобхои Точики tj 2021 Таджикистан Точикистон скачать mp3 сайти точики Хуҷанд Душанбе durakhshon.tj

Statok.net Яндекс.Метрика
© oktj.ru 2014-2022 Соглашения сайта