Кор барои мактаббача $$$
Hi, Guest!
Home
Login
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Девона чу девона бубинад, хушаш ояд
НАШ Viber Чат OKTJ.RU
Мо дар TELEGRAMM
Library | Гуногун,Хархела /Разное | КОДЕКСИ АНДОЗИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 2020
<< 1 ... 85 86 87
аз 3 соли тақвимии пай дар пайи қаблӣ тибқи низоми умумии андозбандӣ фаъолият доштанд, бояд то 1-уми январи соли 2013 ба яке аз низомҳои махсуси андозбандӣ гузаранд ва бақайдгирии худро барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда бекор кунанд;
-андозсупорандагоне, ки бо бизнеси бозӣ машғуланд, ўҳдадоранд аз 1-уми январи соли 2013 ба низоми махсуси андозбандӣ барои субъектҳои бизнесибозӣ гузаранд. То қабули қарорҳои Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳрҳо (ноҳияҳо) доир ба маблағи андоз аз бизнесибозӣ, маблағи андоз аз бизнеси бозӣ барои шахсони мазкур дар ҳаҷми миёнаи моҳонаи ҳамаи андозҳои аз фаъолияти онҳо дар соли 2012 ҳисоб карда шуда, бо истифодаи коэффисенти баландкунандаи 1,5 муайян карда мешавад;
-то қабули қарорҳои Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳрҳо (ноҳияҳо) доир ба андозҳои маҳаллӣ, ҳисоб ва пардохти андозҳои маҳаллӣ тибқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ анҷом дода мешаванд.

Моддаи 328. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2004 қабул карда шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №12, қ. 1, мод. 688;мод. 689; с.2005, №12, мод. 629; с. 2006, №7, мод. 341; №12, мод. 543; с. 2007, №3, мод. 172; №7, мод. 668; с. 2008, №3, мод. 195; №6, мод. 455; с. 2009, №3, мод. 86; №5, мод. 332; №12, мод. 823; с.2010, №7, мод.559; с. 2012, №4; мод. 263;№7, мод.702) аз 1 январи соли 2013 аз эътибор соқит дониста шавад.

Моддаи 329. Мавриди амал қарор додани Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2013 мавриди амал қарор дода шавад.


Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,
17 сентябри соли 2012
№901
Download txt | fb2
<< 1 ... 85 86 87
Home
Loading...
0 / 12

OkTj.ru тестхо саволу чавоб калиди тестхо шеърхо китобхои Точики tj 2020 Таджикистан Точикистон скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики Худжанд Душанбе Куляб

Statok.net Яндекс.Метрика
© oktj.ru 2014-2020 Соглашения сайта