Hi, Guest!
Home
Login
Загрузка...
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Мурғи ваҳширо ба косаи заррин ҳам хӯрок диҳӣ, ба беша гурехта меравад.
НАШ Viber Чат OKTJ.RU
Наш TELEGRAMM Канал
Library | Тестхо Саволу чавоб,Тесты,Вопросы и ответы
1 2 3 ... 26 >>

Тест аз фанни Геология 2018 6

Tags:тест аз фанни геология 2018 | тестхо | тести геология | тест аз геология 2018 | соли 2018 | 2018 | геология тест бо калид | тести геология бо ҷавобҳо | одди | бисёрҷавоба | ҳа не | мувофиқовари
Added:Admin (18.07.2018 / 11:26)
Rating:rating 441 article (0)
Reads:1420
Comments:0
1. Тести оддӣ
Фанни геологияи таърихӣ чиро меомўзад?
A) Таърихи геологии материкҳо, пайдоиш ва тарақиёти ҳаётро дар онҳо, инчунин қонуниятҳои тараққиёти уқёнусҳо ва ҳаётро дар онҳо меомўзад
B) Таърихи таҳшин ҷамъшавии Замин, пайдоиш ва тарақиёти ҳаётро дар Замин, инчунин эволютсияи Замин ва ҳаётро дар Замин меомўзад
C) Таърихи геологии Замин, пайдоиш ва тарақиёти ҳаётро дар Замин, инчунин қонуниятҳои тараққиёти геологии Замин ва қонуниятҳои тарақиёти ҳаётро дар Замин меомўзад
D) Таърихи геологии Замин, пайдоиш ва геосинклиналҳоро дар Замин, инчунин қонуниятҳои тарақиёти платформаҳоро ва қонуниятҳои тарақиёти ҳаётро дар Замин меомўзад
2. Тести оддӣ
Вазифаҳои асосии геологияи таърихиро номбар кунед?
A) Муқаррар кардани сини флора, муайян кардани ҳосилшавии ҷинсҳои рустаниҳо, аз нав барқарор кардани ҳаракатҳои тектоникӣ ва таърихи тарақиёти рустаниҳо, ба куллӣ муайян кардани қонуниятҳои тарақиёти геологии қишри Замин
B) Муқаррар кардани сини организмҳо, муайян кардани ҳосилшавии намудҳои ҳайвонот, аз нав барқарор кардани ҳаракатҳои тектоникӣ ва таърихи тарақиёти ҳайвонот, ба куллӣ муайян кардани қонуниятҳои тарақиёти сатҳи Замин
C) Муқаррар кардани аз нав барқарор кардани ҳаракатҳои тектоникӣ ва ба куллӣ муайян кардани қонуниятҳои геологии қишри Замин
D) Муқаррар кардани сини ҷинсҳои кўҳӣ, муайян кардани шароити ҳосилшавии ҷинсҳои кўҳии қадим, аз нав барқарор кардани ҳаракатҳои тектоникӣ ва таърихи тарақиёти структураҳои қишри Замин, ба куллӣ муайян кардани қонуниятҳои тарақиёти геологии қишри Замин
3. Тести оддӣ
Ҳуҷҷати асосии «Геологияи таърихӣ» чист?
A) Ҷинсҳои кўҳӣ базалтӣ ва боқимондаҳои флораи дар онҳо нигоҳдошташуда мебошад, ки ҳамаи ҳодисаҳои замонҳои ҳозира навишта мешаванд Ядрои Замин ин солномаи сангини он аст
B) Ҷинсҳои кўҳӣ магмавӣ ва боқимондаҳои фаунаи дар онҳо нигоҳдошташуда мебошад, ки ҳамаи ҳодисаҳои замонҳои гузашта навишта мешаванд Мантияи Замин аст
C) Ҷинсҳои кўҳӣ ва боқимондаҳои органикии дар онҳо нигоҳдодашуда мебошад, ки ҳамаи ҳодисаҳои замонҳои гузашта навишта мешаванд Қишри Замин ин солномаи сангини он аст
D) Ҷинсҳои кўҳӣ гранитӣ ва боқимондаҳои флораи дар онҳо нигоҳдошташуда мебошад Ядрои Замин ин солномаи сангини он аст
4. Тести оддӣ
Вобастагии геологияи таърихиро бо дигар илмҳо нишон диҳед?
A) Бо геологияи динамикӣ, геохимия, ландшафтшиносӣ, илм дар бораи канданиҳои фоиданок
B) Бо палеонтология, литология, геологияи муҳандисӣ, геотектоника
C) Бо минералогия, петрография, илм дар бораи маъданҳои фоиданок, геологияи минтақавӣ (регионалӣ), палеонтология
D) Бо минералогия, литология, геологияи муҳандисӣ, гидрогеология, фатсия, геотектоника
5. Тести оддӣ
Фанни палеонтолигия ҳамчун илми мустақил кай пайдо шуд? Асосгузори онро номбар кунед
A) Дар ҳудуди асри ХІХ - ХХ Ж Сент-Илер, У Смит, Д Геттон, Ж Кюве
B) Дар ҳудуди асри ХVІІІ - ХІХ Ж Кюве, Ж Б Ламарк, А Броняр, К М Штеренберг
C) Дар ҳудуди асри ХV - ХVІ А Броняр, Э Зюсс, К ЙФ Руле, Д Геттон, Н М Страхов
D) Дар ҳудуди асри ХVІ - ХVІІ Ж Кюве, Ч Дарвин, Н Стено, Ч Лайел
6. Тести оддӣ
Дар тарақиёти илми палеонтология кадом олимон саҳми арзанда гузоштаанд?
A) Ж Кюве, Д Геттон, М В Ломоносов, А Вернер, Н Стено, Ч Лайел
B) К Линней, Ч Дарвин, К Ф Руле, Ж Сент-Илер, Ж Б Ламарк, В О Ковалевский
C) К Линней, Д Геттон, Н М Страхов, Д В Наливкин, Д Дана, А А Барисяк
D) Э Зюсс, А П Корпинский, Д В Наливкин, Н М Страхов, А Броняр
7. Тести оддӣ
Фанни геологияи таърихӣ ҳамчун илми мустақил кай пайдо шуд ва бо кадом усул вобаста аст?
A) Дар ибтидои асри ХІХ ва вобаста аст бо усули палеонтологӣ, муайян кардани синни ҷинсҳои кўҳӣ
B) Дар охири асри ХVІІІ ва вобаста аст бо усули стратиграфӣ муайяни ҷинси кўҳӣ
C) Дар охири асри ХVІІІ ва вобаста аст бо усули геофизикӣ муайян кардани синни ҷинсҳои кўҳӣ
D) Дар ибтидои асри ХХ ва вобаста аст бо усули муайян кардани сини мутлақи ҷинсҳои таҳшинӣ
8. Тести оддӣ
Усули палеонтологӣ муайян кардани сини ҷинсҳои кўҳиро киҳо, кай пешниҳод ва истифода кардаанд?
A) Дар охири асри ХVІІІ ва ибтидои асри ХІХ У Смит, Ж Кюве, А Броняр пешниҳод ва истифода кардаанд ва асосгузори геологияи таърихӣ меҳисобанд
B) Дар охири асри ХVІІ ва ибтидои асри ХVІІІ К Линней, Ж Б Ламарк, Ж Кюве пешниҳод ва истифода кардаанд ва асосгузори геологияи таърихӣ меҳисобанд
C) Дар охири асри ХVІ ва ибтидои асри ХVІІ Э Ог, Д Дана, А Броняр пешниҳод ва истифода кардаанд ва асосгузори геологияи таърихӣ меҳисобанд
D) Дар охири асри ХІХ ва ибтидои асри ХХ Ч Лайел, Н Стено, У Смит пешниҳод ва истифода кардаанд ва асосгузори геологияи таърихӣ меҳисобанд
9. Тести оддӣ
Аввалин ҷадвалҳои геохронологии ҷамъбастӣ дар куҷо сохта шудаанд?
A) Дар Белгия, Руссия, Испания
B) Дар Англия, Фаронса, Руссия
C) Дар Италия, Германия, Белгия
D) Дар Испания, Руссия, Чехия
10. Тести оддӣ
Ч Лайел кадом асарро навишт ва кадом усули омўзиши гузашти Заминро пешниҳод кард?
A) «Ҳаракати континентҳо» (1830 - 1833) ва усули таҳлили фатсиалиро пешниҳод кард
B) «Дар бораи қабатҳои Замин» (1830 - 1833) ва усули актуализм ё принсипи актуализмро пешниҳод кард
C) «Қитъаҳои платформагӣ ва геосинклиналии қишри Замин» (1830 - 1833) ва усули таҳлили фатсиалиро пешниҳод кард
D) «Асосҳои ибтидои геологӣ» (1830 - 1833) ва усули актуализм ё принсипи актуализмро пешниҳод кард
11. Тести оддӣ
Илм оиди платформаҳо ва геосинклинҳоро кӣ кор кард ва асосгузорони он киҳо мебошанд?
A) Д Холл кор кард ва асосгузорон Э Зюсс, Н М Страхов, Н С Шатский мебошанд
B) Э Зюсс кор кард ва асосгузорон Г Штиле, С Бубнов, А Д Архангелский мебошанд
C) Э Ог кор кард ва асосгузорон олимон А П Корпинский, Д Холл ва Д Дана мебошанд
D) А П Карпинский кор кард ва асосгузорон Г Штиле, А А Барисяк, Н М Страхов мебошанд
12. Тести оддӣ
Дар тараққиёти илми геологияи таърихӣ кадом олимон саҳми арзанда гузоштаанд?
A) Г Штилле, А Вегнер, В В Белоусов, Д Ш Морган, П Н Короноткин, Л П Зоненшайн, М Н Страхов, А П Виноградов ва дигарон
B) А П Карпинский, В Вернер, Д Геттон, А В Лейве, А Е Хаин, М В Ломоносов, Б Айзеке, Д Оливер ва дигарон
C) Г Штилле, С Бубнов, А Д Архангелский, Н С Шатский, А А Барисяк, Д В Наливкин, Н М Страхов ва дигарон
D) Г Штилле, Э Ог, Ж Б Ламарк, Ж Кюве, В Вернер ва дигарон
13. Тести оддӣ
Вазифаҳои асосии стратиграфияро номбар кунед
A) 2-то
B) 4-то
C) 5-то
D) 3-то
14. Тести оддӣ
Тадқиқоти геологӣ аз чӣ сар мешавад?
A) Аз омўхтани таркиби таҳнишастҳо ва сохтани буриши геологӣ
B) Аз омўхтани таркиби таҳнишастҳо ва муайян кардани синни онҳо
C) Аз омўхтани таркиби организмҳо ва муайян кардани синни онҳо
D) Аз омўхтани таркиби ҷинсҳо ва сохтани сутуни стратиграфӣ
15. Тести оддӣ
Фанни стратиграфия чиро меомўзад ва объекти омўзиши он чист?
A) Пайдарҳамии қабатҳои ҷинсҳои кўҳӣ метаморфӣ ва синни онҳоро меомўзад Омўзиши он ҷинсҳои кўҳӣ метаморфӣ ва таҳшинӣ мебошад
B) Пайдарҳамии хронологии ҷинсҳои кўҳӣ ва синни онҳоро меомўзад Объекти омўзиши он ҷинсҳои кўҳӣ таҳшинӣ ва вулқоногении бисёрқабат мебошад
C) Пайдарҳамии стратиграфии ҷинсҳои кўҳӣ ва синни онҳоро меомўзад Объекти омўзиши он ҷинсҳои кўҳӣ магмагӣ
Download txt | fb2
1 2 3 ... 26 >>
Home
Loading...
0 / 17

OkTj.ru тестхо саволу чавоб калиди тестхо шеърхо китобхои Точики tj 2019 Таджикистан Точикистон скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики Худжанд Душанбе Куляб

Statok.net Яндекс.Метрика
© oktj.ru 2014-2019 Соглошеня сайта