Hi, Guest!
Home
Login
Загрузка...
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Обро ба ҷое рез, ки хушк бошад, ханро дар ҷое гӯй, ки лозим бошад.
НАШ Viber Чат OKTJ.RU
Library | Китобхои Мактаби / Книги школникам | МАВОДИ АТТЕСТATСИЯ синфи 9 аз фанни Забони давлатӣ (диктант) 2018
<< 1 2
кишвари мо бунёд меёбад. Он дорой чорчарха буда, солона барқи зиёду арзон тавлид мекунад. Бо истифода дода шудани ин неругоҳи бузурги барқй Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз
кишварҳои муқтадири энергетики: табдил меёбад.
Тоҷикистон барқи иловаро ба кишварҳои ҳамсоя содирот намуда, аз ин ҳисоб иқтисоди мо рушд мекунад.
Ҳоло дар ин сохтори бузурги аср ҳазорҳо одамон меҳнат мекунанд. Аксари онҳо муҳандисон ва челонгарони ҳунарманд буда, корҳои бисёр мураккабро иҷро мекунанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллй- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон борҳо ба шаҳри Роғун сафар карда, бо кору бори онҳое, ки дар ин ҷо заҳмат макашанд, аз наздик шинос шудааст. (105 калима)
Булбул
Булбул парандаи хушхон аст. Булбул минқори борик, думу болҳои кӯтоҳ, чашмҳои сиёҳтоб дорад. Дар рӯйи олам даҳ намуди булбул ҳаст. Чор хелаш-шоҳбулбул, чаманбулбул, андалеб ва ҳазордастон дар кишвари мо Тоҷикистон вомехӯранд. Манзилу хислати онҳо аз якдигар фарқ мекунад. Шоҳбулбулро сохдли дарёчаи кӯҳию дарахтзорон писанд аст. Вай қариб шабу рӯз чаҳ - чаҳ мезанад. Макони чаманбулбул баландкӯҳҳои арчазор ва нишебиҳои чашмасор аст. Андалеб дар гардан нақш дорад. Вай лонаашро дар буттазор чунон моҳирона месозад, ки ёфтанаш бисёр мушкил аст. Тахтапушти ҳазордастон хокистарранги тира буда, дар гулӯяш нақши сафед дорад.
Булбулон асосан ба Тоҷикистон баҳорон меоянд. Аввали тирамоҳ барои зимистонгузаронӣ ба Африқо ва Арабистон мераванд. Булбул парандаи зебо ва хушсадо аст.
(109 калима)
Download txt | fb2
<< 1 2
Home
Loading...
0 / 27

OkTj.ru тестхо саволу чавоб калиди тестхо шеърхо китобхои Точики tj 2019 Таджикистан Точикистон скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики Худжанд Душанбе Куляб

Statok.net Яндекс.Метрика
© oktj.ru 2014-2019 Соглошеня сайта