Привет, Гость!
На главную
Вход
Загрузка...
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Хато кардӣ, аз ислоҳаш сар мапеч.
Библиотека | Китобхои Мактаби / Книги школникам | МАВОДИ АТТЕСТATСИЯИ ХАТМ A3 ФАННИ Забони модари накли хатти 2018
<< 1 ... 3 4 5
Раҳмон барои баланд бардоштани сатхд зиндагии аҳолии деҳот ва таъмини шароити мусоид, бахусус манбаъҳои обёрикунанда барои ривоҷи соҳаи кишоварзй хеле назаррас мебошад.
(422 калима)
Аз китоби «Ҳунари иншонависй» -и А.Мулло, М. Рустам
Шӯриши Восеъ
Дар водии Кӯлоб ва Балҷувон якчанд сол пай дар пай хушксолй шуда, аҳволи деҳқонони камбағалро ниҳоят дараҷа бад кард. Илова бар ин ҳосили соли 1884 аз ҳуҷуми малах, ки аз Афғонистон омада буд, тамоман нобуд шуд. Аммо, вақте ки дар соли 1885 ҳосили бисёр нағз шуд, одамони амир аз деҳқонон талаб карданд, ки аз ҳосили имсола андози солҳои гузаштаро ҳам диҳанд. Ин талабот ҳаминро ифода мекард, ки аҳолӣ бояд тамоми ҳосили худро ба амир ва одамони ӯ супорад. Ин ҳолат оташи ғазаби деҳқонони меҳнаткашро шуълавар намуд ва онҳо аз ин гуна андоз саркашй карданд. Дар натиҷа дар байни деҳқонон ва одамони ҳоким задухӯрд ба вуҷуд омад. Ба деҳқонон марди далер Восеъ роҳбарй мекард. Шӯришчиён Ховалингро ишғол карда, бо даъвати Восеъ тамоми деҳконони Балҷувон ба назди ҳокими амир мераванд, ки бо ӯ гуфтушунид карда, масъаларо беҷанҷол ҳал кунанд. Вақте ки шӯришчиён вакилони худро ба қалъаи Балҷувон фиристоданд, ҳоким вакилонро дастгир намуд ва ба назди шӯришчиён, ки дар беруни қалъа мунтазири ҷавоб буданд, чанд рӯҳониро фиристод. Муллоҳо деҳқононро «насиҳат» карда, маслиҳат доданд, ки масъалаи андозро ба «адолати» худи ҳоким ҳавола намуда, ҳар кадом ба хонаи худ баргарданд. Аммо деҳконон гапи онҳоро гўш накарданд ва бозгашти вакилони худро интизорӣ кашида, ба дарвозаи қалъа наздик шудан гирифтанд. Дар ҳамин вақт якбора дарвоза кушода шуда, сарбозони яроқноки қоким ба шӯришчиён ҳуҷум намуданд.
Бо ин ҳуҷуми ногаҳонӣ ҳокими Балҷувон мехост, ки шӯришчиёнро тамоман торумор кунад. Лекин ӯ ба ин мақсади худ муваффақ нагардид. Шӯришчиён бо сардории Восеъ сарбозонро пароканда намуда, ба қалъа дохил шуданд. Ҳоким дигар чорае наёфта гурехт ва базӯр худашро аз дасти шӯришчиён халос кард.
Шӯришчиён ба қалъа соҳиб шуданд ва вакилони худро, ки ҳоким азоб дода тамоман маҷрӯҳ карда буд, аз ҳабс озод намуда, аз қӯрхонаи калъа тамоми аслиқа ва асбоби ҷангиро гирифтанд. Аммо ҳокими Балҷувон дар Кангурт дубора қувва ҷамъ карда, ба қалъаи Балҷувон ҳуҷум намуд ва онро гирифт. Восеъ бошад, каме ақибнишинӣ карда, деҳқонони атрофи Кангурт ва Қизилмазорро ҷамъ намуд ва боз Балҷувонро ишғол кард. Акнун тамоми Балчувон, Ховалинг ва Кангурт дар дасти шӯришчиён буд.
Лекин дар ҳамин вақт ба ҳокими Балҷувон аз Ҳисор сарбози бисёре ба ёрй омад. Восеъ аз ин ҳол хабардор шуда, зуд одамони худро аз Кангурт ва Балҷувон ақиб кашида, дар Сарипул ном қишлоқи кӯҳсор, ки дар шимоли шарқии Ховалинг воқеъ шуда буд, барои мудофиа ва муқобилат нишон додан хеле қулай буд, мавқеъ гирифт. Вале ин чорабиниҳо натиҷаи матлуб надод. Сарбозон ва амалдорони мусаллахд ҳукумати амирӣ шӯришро хобондан гирифтанд ва бо як тарзи ваҳшиёна ба таъқиб намудани иштироккунандагони он шурўъ намуданд. Восеъ дар кӯҳҳо пинҳон шуда истода, боз якчанд дафъа ба сарбозони ҳокими Балҷувон ҳуҷум кард...
Халқи тоҷик қаҳрамони худ Восеъро, ки дар роҳи озодӣ мубориза мебурд, ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад кард.
(446 калима)
Файзи ҳурмати нон
Буд-набуд, марде буд, хоксору меҳнатдӯст. Одию гапдаро буд. Вай бо меҳнати ҳалоли худ рӯз мегузаронд. Кору бораш фақат деҳқонӣ буд. Ғалла кошта, ҳосили фаровон мебардошт. Деҳқон як хислати хубе дошт. Нонро бисёр ҳурмат мекард. Нонро дар дастурхон ба қадри даркорй шикаста мемонд. Ба дигарон ҳам тақсим менамуд, ки нонро бисёр пора накунанд. Барои ҳурмат нонро мудом дудаста доранд. Вай ҳангоми хӯрокхӯрӣ аз дастурхон аввал нонрезаҳоро чида мехӯрд. Пеш аз хестан аз сари дастурхон, албатта, рӯйи нонро мепӯшонд, ё дастурхонро печонда ба баландӣ мегузошт.
Он марди деҳқон рӯзе ба назди хирадманде омад. Хирадманд ба ӯ гуфт:
- Саворӣ дорӣ?
- Ҳо! Аспи хуб дорам,-ҷавоб дод деҳқон.
- Асп, ки дошта бошй, ба он савор шаву як пора нонро то ба сари корат хӯрда-хӯрда рав. Пас аз чанде ба назди ман биё, сонй чорае андешида, ба ту мегўям,- гуфт хирадманд.
Деҳқон рӯзи дигар гуфтаи хирадмандро ба ҷо овард. Ба болои асп нишаста нон хӯрда ба сари замин рафт. Х,ар як нонрезаро, ки дар вақти газидани нон ба замин меафтид, аз болои асп фуромада, кофта мегирифт ва ба чашмонаш молида, тоза карда мехӯрд. Пас аз он ба асп савор мешуд. Вақте ки деҳқон ба сари марзаи сералаф расид, аз дасташ нонрезае ба замин афтида, дар байни алафҳо нопадид шуд. Деҳқон аз асп фуромада, ҳарчанд, ки онро кофт, ёфта натавонист. Вай бо каланд ба атрофи он нонреза марза бардошт, то ки ба болои нонреза касе ё ҳайвоне набарояд ба зери по намонад.
Деҳқон ба ҳавлиаш баргашт. Зиндагониаш то рафт беҳтар, чизу чорааш фаровон шудан гирифт. Дар анбораш дигар ҷойи холӣ намонд. Меваҳои боғаш бо фурӯхтан тамом намешуд. Ў боз ба назди хирадманд омад. Хирадманд аз деҳқон пурсид, ки фармудаашро иҷро кард ё не. Деҳқон ҳамаи саргузашташро туфта дод. Хирадманд табассум карда ва ба деҳқон рӯ оварда гуфт:
- Ту, бародар, асло хор намешавй. Барой он ки нонро бисёр азиз медорӣ ва онро ҳурмат мекунй. Боиси афзудани давлати ту файзи хурамии нон аст. Ҳар касе, ки нонро ҳурмат мекунад, ба ҳавлиаш файзу баракат меборад. Агар хоҳй, ки бойи мумсику беобрӯ нашавй, ҳосили меҳнати ҳалолатро ба ёру дӯстонат бин, онро барои хуб хӯронидан ва пӯшонидани фарзандонат сарф кун. Ҳар сари чанд вақт тӯй кун. Ба хешу таборат зиёфат деҳ. Ба мардум ошу нон деҳ.
Деҳқон аз рӯйи гуфтаи хирадманд амал кард. «Нон ҳам нон, нонреза ҳам нон» аслан мақоли деҳқон аст, онҳо қадри нонро медонанд. Ҳаргиз намегузоранд, ки нонреза зери по шавад. Шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки дастурхони деҳқон ҳамеша кушода ва пурнозу неъмат аст. (410 калима)

Барои навиштани нақли хаттӣ нақшаи корӣ аз ҷониби хонандагон мустақилона таҳия мегардад.
Скачать txt | fb2
<< 1 ... 3 4 5
На главную
Загрузка...
0 / 41

OkTj.ru тестхо саволу чавоб калиди тестхо шеърхо китобхои Точики tj 2017 2018 Таджикистан Точикистон скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики Худжанд Душанбе Куляб

Statok.net Яндекс.Метрика
© Правообладателям и Соглашения сайта oktj.ru