Привет, Гость!
На главную
Вход
Загрузка...
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Аз ҷав ҷав рӯяду, аз гандум гандум.
Библиотека | Китобхои Мактаби / Книги школникам | МАВОДИ АТТЕСТATСИЯИ ХАТМ A3 ФАННИ Забони модари накли хатти 2018
<< 1 2 3 4 5 >>
нисфи ҷаҳон дар тасарруфи ӯст, ӯ ҳеҷ гоҳ пастӣ намекунад, ки ту мекунй.
- Савганд ба Худо, ки Искандар манам. Нонатро зудтар бидеҳ, ки ёрои гуфтор надорам...
(435 калима) Ривояти халқӣ Айнй
Ман аввалин бор Садриддин Айниро тирамохи соли 1928 дар конференсияи забоншиносӣ дидаам. Дар он вақт ман дар курси охирини дорулмуаллимин мехондам ва бо ҳамроҳии як гурӯҳи талабагон дар конференсия иштирок кардам. Конференсия дар бинои нави дорулмуаллимин, дар зали бошукӯҳе, ки тирезаҳои баландаш ба бот кушода мешуданд, барпо шуда, лоиҳаи алифбои нав ва масъалаҳои забони адабии тоҷикро муҳокима мекард.
Ба конференсия аз Душанбе, Хуҷанд, Самарканд, Бухоро ва шаҳрҳои дигар олимон, адибон, ходимони матубот ва нашриёт, муаллимон омада буданд.
Гуфтанд, ки Айнй ҳам меояд. Ҳама дар зал ҷамъ шуда буданд, мо, талабагон бошем, дахдезҳоро пур карда бо омадани Айнй интизорй мекашидем.
Ниҳоят, Айнй ҳамрохд якчанд вакилон, дар ҳолате, ки бо як нафари онҳо гарму ҷӯшон гуфтугӯ мекард, ба бино дохил шуд. Вай одами миёнақади босалобате буда, риши кӯтоҳи мошубиринҷ дошт ва ба сараш тоқии чустй, ба танаш палтои сабуки сиёҳ пӯшида буд.
Мо ӯро аз рӯи сурати дар «Намунаи адабиёти тоҷик» дарҷшудааш зудшинохта, дар баробари намоён шудани ӯ қарсак задем. Зоҳиран, устод мунтазир набудааст, ки ӯро чунин истиқбол хоҳанд кард, бинобар ин аввал ба кй ва баро чй қарсак задани моро нафаҳмида андак саросема шуда монд, аммо вақте ки ба худаш нисбат доштани қарсакҳои моро донист, ба ҳаяҷон омада, даст ба сина гузошта ва сар ҷунбонида изҳори ташаккур намуд.
Конференсия сар шуд. Айнй дар президиум нишаста буд, мо аз вай чашм накандем. Дар қиёфаи ӯ, дар муомилаи ӯ бо дигарон ҳеҷ гуна осори такаббури «бузургворона» мушохдца карда намешуд ва ҳол он ки мо, хонандагони китобҳои Айнй, ӯро одами бокарруфар ва «сипоҳ» тасаввур менамудем. Чашмони зираки вай ба ҳама кас ва ҳама чиз диққаткорона нигоҳ мекардам.
Дар вақти танаффус мо, як гурӯҳ талабагони дорулмуаллимин, Айниро миёнагир карда, барои асарҳои аҷоиби вай, ки ҳамаи мо онҳоро бо шавқу ҳаваси калон хонда будем, ба вай миннатдории худро изҳор намудем.
Он рӯз Айнй бо мо суҳбат кард.
Ду - се моҳ пас аз мулоқот дар конференсияи забоншиносй ман боре ба хондани чанд сатре дар бораи худам дар як мактуби Айнй мушарраф ва мустаид гардидам. Он сатрҳо гуфтан мумкин, ба ман дар интихоби касб ҳам мададе кардаанд.
Вожатии мо - Таня боре дар ҷамъомади пионерҳо хдкояти нависанда М.А. Алексеев «Сам ва Дик» - ро хонд. Он ҳикоят дар бораи дӯстии Дики сафедпӯст ва Сами зангй - ду сарбози ҷанги гражданин солҳои 1881-1882 дар ШМА мебошад, дӯстие, ки дар имтиҳонҳои сахт обутоб хўрдааст.
Ҳикоя ба ман бисёр таъсир кард ва пас аз ду сол, чун китобча, боз ба дастам ғалтид, барои озмоиш онро бо ёрии як нафар ошнои русам - студента университет ба тоҷикй шурӯъ ба тарҷима кардан намудам. Дар вохӯрии дигар вай: «Дастнависатро ба мудир додам»,- гуфт. Дере нагузашта он мудири шуъбаи нашриёт аз кор холӣ шуда, ба куҷое рафту ба ҷояш каси дигар таъйин шуд, ки аз тарҷумаи ман хабар надошт. Хулоса, дар ин мобайн дастнавис гум шуд... (457 калима) Сотам Улуғзода
НАВРӮЗИ АҶАМ
Ба муносибати Наврӯз, ки иди умеду орзуҳо ва ҷашни файзу баракат мебошад, мардум бисёр суруду таронаҳо бофтаанд. Дар ин бофтаҳои хаёлии мардум бо зебой ва лаҳни ниҳоят содаву самимона тасвири баҳор, ишқу ошиқй, рамзҳою базмҳои баҳорй, ранҷу шодиҳои одамон падидор мегарданд.
Наврӯзи хуҷистафол- ин қосиди муждарасони баҳори дилангез, таҷассуми «Гулгардонй» (ин маросимро дар маҳалҳои гуногун бо номҳои «Бойчечак» «Бойкандак», «Булбулхонй» низ ёдовар мешаванд), «Суманакпазй», «Ҷуфтбаророн», «Алавпарак», «Иди борон», «Чоршанбеи сурй» барин оинҳои бисёр зебои миллӣ мебошанд ва яқин аст, ки ҳамзамон бо чунин оинҳои гуногуни наврӯзй ҳар ноҳия таронаҳои наврӯзии хоси худро дорост. Наврӯзиҳои халқӣ бо рангорангй, мазмуну латофати худ моро мафтун мегардонанд. Онҳо гоҳо ғамангез, гоҳо диловез, ба умеди рӯзгори хушу осуда баланд садо медиҳанд. Тавассути наврӯзиҳои халқӣ мардум ба ҳамдигар бахту саодат, ҳаёти хуш таманно мекунанд.
Наврӯзро ҳазорҳо сол ин ҷониб ҷашн мегиранд. Наврӯзиҳои халқӣ низ ҷилову сайқал ёфта, аср ба аср ғанитар мегарданд. Дар бисёр сурудҳои наврӯзй орзуҳои ширини мардум ба ҳамдигар, эҳтироми шогирдони дабистонҳо ба волидону устодон, садоқати ошиқон ба дилбарон ифода ёфтаанд. Баъзе наврӯзиҳое низ ҳастанд, ки шояд, ба қалами ягон шоир мутааллиқ бошанд. Азбаски чунин наврӯзиҳо рӯҳияи мардуми заҳматкашро ифода кардаанд, бо самимияту бадеият ва ифодаи худ байни халқ паҳн шуда, ба моли халқ табдил ёфтаанд.
Наврӯзиҳои халқй бештар дар рубой, дубайтй, тарона барин шаклҳои шеърӣ гуфта шудаанд. Онҳо ҳама дар ситоиши баҳори сабзпӯш, гулу булбул, ишқу ошиқӣ буда, кайфияту рӯҳияи халқи меҳнатқаринро ифода кардаанд. Наврӯз иди хотироти нек, ёдоварии азизону гузаштагон аст ва дар чунин рӯзи муборак аз суннатҳои хуби ниёгон- наврӯзиҳои халқӣ ёдовар шудан ба назар бисёр шоиста менамояд. Дар ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо Наврӯзро бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷашни ниёгон, ҷашни миллӣ, мардум бо шукӯҳу шаҳомати беандоза қайд мекунанд. Дар солҳои Ҳокимияти Шуравӣ қариб, ки ин мероси гузаштагони мо аз байн рафта буд. Хушбахтона, бо назари нек ва дурбинонаи Сарвари давлатамон, Президента кишвар Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз яке аз ҷашнҳои бонуфуз ва аз ҳама қадими мардуми тоҷик мақоми ҷаҳонӣ гирифту се-чор рӯз қайд карда мешавад. Ба ҷашни Наврӯз бо даъвати Президента кишвар намояндагони ҷумҳуриҳои дигар ва давлатҳои ҳамсоя ташриф оварда, расму суннат ва урфу одати халқи тоҷикро аз наздик мебинанд. Ҷашни Наврӯзи мардуми Афғонистон, Эрон, Узбекистан, Қирғизистон, Қазоқистон ба мо бисёр наздик мебошад, зеро урфу одат, рафтору кирдор, дину мазҳаб ва забонамон хеле наздик мебошад.
Хулоса, Наврӯз ҷашни ниёгони мардуми тоҷик буда, дар ҳамаи давру замон ботантана ва бо шукӯҳи хоса қайд карда мешавад. Вазифаи ҳар яки мо аз он иборат аст, ки урфу одати гузаштагони худро ҳурмату эҳтиром намуда, онҳоро омӯзем, то ки наели ояндаи мо аз онҳо бохабар бошад. Агар мо гузаштаи худро надонем, имрӯзаро низ дуруст омӯхта наметавонем
(Т. Миров. 428 калима).
Як пора нони хушк
Сайфулло, ки аз кӯча гурусна монда омада буд, ба хона даромада, даррав нондонро кофт. Нондон холй буд. Ў аз модаркалонаш нон пурсид. Модаркалон фаҳмонд, ки дар дастархон як пора нони боқимонда ҳаст. Аз хурма ҷурғотро гирифта, нонро дар он реза карда хӯрад. Як дам пас хамир мерасад.
Сайфулло аз хурма ҷурғот гирифта, ба рӯи миз оварда монд. Сонй дастархонро кушода, нонро гирифта дид, ки обаш андак гурехтааст.
- Ин нони хушк-ку. Намехӯрам, мулоимашро ёфта диҳед. - Ҷабин чин кард ӯ.
- Нон хушкй надорад, писарам. Ба ҷурғот ки реза кардй, мулоим мешавад, - гуфт модаркалон ва дарзашро ба як сӯ монда, ба назди Сайфулло омад, пораи нонро ба коса реза кардан гирифт.
Модаркалон нонро ба ҷургот резакунон беихтиёр азоби рӯзҳои гузаштаро пеши назар овард ва як лаҳзаи онро ба наберааш нақл намуд:
- Ҷанги хонумонсўз давом мекард. Мардумро ба домаш фурӯ мебурд. Бобоят ба фронт рафта буд.
Скачать txt | fb2
<< 1 2 3 4 5 >>
На главную
Загрузка...
0 / 41

OkTj.ru тестхо саволу чавоб калиди тестхо шеърхо китобхои Точики tj 2017 2018 Таджикистан Точикистон скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики Худжанд Душанбе Куляб

Statok.net Яндекс.Метрика
© Правообладателям и Соглашения сайта oktj.ru