Привет, Гость!
На главную
Вход
Загрузка...
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Фейсбукро бастан осон асту даҳони мардумро, мушкил
Библиотека | Китобхои Мактаби / Книги школникам | МАВОДИ АТТЕСТATСИЯИ ХАТМ A3 ФАННИ Забони модари накли хатти 2018
<< 1 2 3 4 5 >>
- Чаро нархи гилемро напурсида, гилембофро пурсидед?— мегӯянд ба ӯ.—Ангурро хӯреду богашро напурсед.
- Ба ман бофтааш маъқул,-мегӯяд харидор.
- Маъқул шуда бошад гиред.
- Бо як шарт,-мегӯяд ҷавон,- таърифи гилембофро ба ман гӯед.
- Бофандааш як духтари начандон зебо, кирои дидан не,-мегӯянд ба ӯ.
- Зебогии духтар дар дӯхтаи ӯ нақш бастааст. Ман ба ӯ ошиқ шудам,- шӯхиомез мегӯяд, ҷавон ва гилемро бо нархи баланд мехарад.
Рўзи дуюм ба хонаи ин духтар аз тарафи ҷавон хостгорҳо меоянд. Мебинанд, ки воқеан духтари начандон зебо будааст. Ҷавон гапи хостгорҳоро шунида мегӯяд:
- Бо чашми ман нигоҳ кардан лозим буд. Дере нагузашта духтар ба хонадони ин ҷавон арӯс шуда омад. Ҳоло онҳо хушбахту хушҳол зиндагй мекунанд.
(442 калима. Сулаймон Эрматов)
«Рав, некй кун...»
...Ҷанги шаҳрвандй идома дошт. Ҳама аз хурд то бузург, аз ҷавон то пир, занону бонувон муҳтоҷи як пора нон буданд ва дар ҷустуҷӯю талаби рӯзй худро ба ҳар кӯй мезаданд. Вазъият мураккаб, дилҳо моломоли ғаму андуҳ, оянда торику норӯшан. Дар деҳаи Моинкаҷ як - ду нафар осиёби обй сохтаву ба орд кардани сабӯсу ҷуворимакка машғул гардиданд. Бо пуршиддат гардидани вазъи сиёсй ва доман пахд кардани оташи ҷангҳо оқибат сабӯсу кунҷора ҳам камчину нодир шуд. Аҳвол тоқатфарсо ва умеди раҳоӣ аз ин бадбахтӣ хонаи дилҳоро тарк карда буд. Осиёбҳо аз набудани гандуму сабӯс ва ҷуворимакка аз кор монда, соҳибони онҳо рӯ ба Русия оварданд. Дар чунин як айёми ғамангез амаки Ҷонмаҳмад (равонаш шод бод!) бо мадади писаронаш осиёби худро бунёд кард. Амаки Ҷонмаҳмад зиндагии беҳтарин дошт ва бо даромаде, ки писаронаш аз тиҷорату савдо ба даст меоварданд, як миқцор гандум харида, дар осиёбаш орд мекард ва ба ҳамдеҳагон бо нархи нисбатан сабуктар мефурӯхт. Онҳое, ки бо вуҷуди мураккабии айём ва ҳукмронии гуруснагию беморӣ ҷое кор карда, пул дарёфт мекарданд, ба осиёби амак омада, орд мехариданд ва рӯзгорашонро саришта менамуданд. Аммо
8
қисмати зиёди мардуми деҳ пул надоштанд, хусусан устодону омӯзгорон, ки моҳҳо рӯйи маошро надида буданд. Боре як нафар аз омӯзгорони деҳа дар ҳолати ноумедию дилшикастагӣ роҳи хонаи амаки Ҷонмаҳмадро пеш гирифт. Ба амак арзи матлаб ва дарди дил кард. «Ба насия додан ордро насия медиҳам, лекин пулашро кай меорӣ?» - суоломез пурсид амаки Ҷонмаҳмад аз муаллим.
«Ростӣ, намедонам, - нигоҳашро гурезонда посух дод омӯзгор ва пас аз лаҳзае афзуд: - Маошро ки доданд, ҳисобй мекунем, албатта».
Аммо ба ҳамагон рӯз барин равшану маълум буд, ки омӯзгорон рӯзу МОХ.ҲОИ наздик маош намегиранд ва чунин имконият монанди орзуи дарёфти об дар биёбон асту халос. Амаки Ҷонмаҳмад пораи картонеро гирифта, ба он номи муаллимро навишт ва аз чй бошад, дурудароз ба дарёи андеша ғарқ гардид. Вай дар бораи он фикр мекард, ки як муаллим ба чунин аҳвол афтодааст, ҳоли дигар ҳамдеҳагон, ки ҷое кор намекунанду танҳо дар андешаи зинда мондану тарси ҷон гирифтор шудаанд, чй тавр мешуда бошад? Хабари ба таври насия аз хонаи амаки Ҷонмаҳмад орд овардани он муаллим ба гўши ҳаққу ҳамсояҳо расид, аз даҳон ба даҳон гузашт ва оқибат овоза шуд. Дигар мардум дар айвони амаки Ҷонмаҳмад навбат пойида орд мегирифтанд. Амак номи онҳоро ба дафтар сабт мекард ва рах,маш боло гирифтаю дилаш сӯхта изҳор медошт, кайе, ки пул ба даст овардед, омада ҳисобӣ мекунед. Бад ин тариқ, ҳамдеҳагон солҳои зиёде аз амаки дасткушоду хайрхоҳ ордро қарз мегирифтанду шиками худу фарзандонашонро сер мекарданд...
Вақте зане ашк дар бари рухсор ба хонаи осиёббон меомад, вай наметавонист баҳона пеш ораду халтаи дасти ўро холй баргардонад. Ҳангоме ки пирамарде ларзида - ларзида асозанон то осиёби амак қадам ранҷа мекард, амак ба қомати хамзада ва чашмони обрави ӯ бингариста, ниёзи мӯйсафедро иҷро мекард...
...Оҳиста - оҳиста бо фаро расидани рӯзҳои неку саодатбахш ва сулҳу суботу оромӣ зиндагӣ рӯ ба беҳбудй ниҳод. Ба чеҳраҳои одамон хун давид, лабҳо чун гули гелос аз табассуму шодмонй шукуфон, чашмҳо пурнуру дурахшон. Ҳикоят мекунанд, ки одамон пасу пеш бо дарёфти маблаги зарурй пули халтаҳои орди гирифтаашонро ҳисобй мекарданд. Аммо дар байн ҳамдеҳагоне ҳам буданд, ки ба сабаби тангии рӯзгор ва аз даст до дани наздикону пайвандонашон наметавонистанд, ки пули халтаҳои орди амакро баргардонанд. Амак қарзи ин гурӯҳро бахшида гаҳ - гаҳ иброз медошт, ки дар ин дунё некй кардан қарзи имонии ман аст. Хайр кардй, хайр мебинй, некй кардй, яқин дар ивазаш некй мебинй.
(461 калима)
Шодй Раҷабзод, «Омўзгор»
Қадри нон
Ривояте, ки дар байни халқҳои Осиёи Миёна ва махсусан тоҷикон васеъ паҳн шудааст, аз қадри баланди нон шаҳодат медиҳад.
Искандари Зулқарнайн пас аз истилои пойтахти Сугд - Мароқанд (Самарқанди имрӯза) ба Устурушана (сарзамини атрофи Истаравшани имрӯза) лашкар кашид. Дар Шаҳристон ба муқобилияти шадиди бошандагони он дучор шуд. Дар майдони ҳарбу зарб аз лашкари пиёдаву савора як лак талаф дода, муқобилияти мардони шуҷои Шаҳристонро шикает. Онҳо ақиб нишаста, дар кӯҳистон паноҳ ва камин гирифтанд. Дар ин ҳарб Искандар маҷрӯҳ шуд. Аз гояти ғазаб пирони қоматхамида, занони муштипару оҷиз, тифлони маъсуму номуродро ба дами шамшер кашид. Ба боғҳои дилкушою хушҳаво, киштзорҳои серҳосил оташ зада, қасрҳои назаррабои тавонгарон, кулбаҳои вайронаи беваю бечорагонро ба замин яксон кард.
Чун ғазаби Искандар фурӯ нишаст, табиби хосаашро дархост, ба мулозимон фармуд, ки асбоби маишат ҳозир намоянд. Нӯкарон ба такудав афтоданд, аммо барон оростани дастархон ва пур кардани меъдаи холин шоҳ чизе пайдо накарданд. Ҳангоми задухўрди хунин байни лашкари соҳибқирон ва бошандагони Шаҳристон, гурӯҳи фидоиён посбононро нест карда, 40 аробаи пур аз анвои хӯрданӣ барон шоҳаншоҳ ва қути лоямути лашкарро ба кӯҳистон ронда буданд.
Искандар бо исрор таом металабид, нӯкарон моту маҳбут. Нӯкаре ҷон ба каф ниҳода арзи ҳол кард. Искандар ба шӯр омада, атрофиёнро нафрин кард ва аз мулозимон 10 танро қатл фармуд.
- Зуд наволае пайдо кунед, дигар тоқати гуруснагй намонд, - бонг зад Искандар.
Нӯкарон ба ҳар сӯ асп ронданд, вале мурод ҳосил нагардид. Ҳама бо дасти холй баргаштанд. Мулозимон аз бими ҷон, ларзону ҳаросон монданд. Шоҳаншоҳ чун гурги гурусна худро ба ҳар сӯ мезад, лобаю зорй мекард, ки барояш ақаллан порае нон пайдо кунанд. Вале ҳайҳот! Касе ба доди сохдбқирон намерасид. Нӯкаре тозон ба хайма даромада, ба шоҳаншоҳ арз кард:
- Сохибқирон, аз қатраи хунам даргузар, дар Шаҳристон ба ҷуз пирамард ҷонзоде намондааст, ки чизе биситонем ва баҳри ту муҳайё созем. Он пирамарди фартут ба ҷуз ду қурси нон хӯрдание надорад.
- Пирамардро зуд ҳозир кунед!
Пирамардро оварданд. Искандар гуфт:
- Ту кисти, чикорай, дар бар чй дорй?
-Зодаи хдмин Шаҳристони фалакзада, кишоварзам ба ҷуз ду қурси нон чизе надорам.
- Ҳар чӣ дорӣ, ба мо деҳ.
- Муносиби ту нест.
- Чаро муносиби мо нест?
- Аз гуфтору ваҷоҳатат тахмин дорам, ки ту аз мулозимони Искандарӣ... Нони фахфара, ки муносиби Искандариён нест.
Искандар дар ғазаб шуд, вале худдорӣ карда гуфт:
- Фарз намо, ки ман Искандарам. Ҳамон Искандари Мақдунй, ҳамон Искандари сохибқирон.
- Қасам ба нони фахфара, ки Искандар муҳтоҷи нон нест, зеро
Скачать txt | fb2
<< 1 2 3 4 5 >>
На главную
Загрузка...
0 / 17

OkTj.ru тестхо саволу чавоб калиди тестхо шеърхо китобхои Точики tj 2017 2018 Таджикистан Точикистон скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики Худжанд Душанбе Куляб

Statok.net Яндекс.Метрика
© Правообладателям и Соглашения сайта oktj.ru