Привет, Гость!
На главную
Вход
Загрузка...
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Аз бадон интизори некӣ ва мардонагӣ надошта бош!
Библиотека | Реферат Иншо Кори курси | МАФҲУМ ВА АҲАМИЯТИ АЗ НАВ ОҒОЗ КАРДАНИ МУРОФИА БО САБАБИ ОШКОР ШУДАНИ ҲОЛАТҲОИ НАВ
<< 1 2 3 4 5 ... 7 >>
фаъолияти мақомотҳои ваколатдори давлатӣ.
4. Мақомотҳое, ки ҳуқуқи оғози парвандаи ҷиноятиро доранд.


















Моҳияти мурофиаи љиноятї ҳам дар он ифода меёбад, ки хусусияти расмї-ҳуќуќї дорад, яъне фаъолият ва амалҳои тамоми иштирокчиёни мурофиаи љиноятиро, аз љумла тамоми муносибатҳои љамъиятиро, ки дар ҳама марҳилаҳои мурофиаи љиноятї ба миён меоянд, меъёрҳои ҳуќуќї ба танзим медароранд.
Низоми марҳилаҳои мурофиаи љиноятї ин маљмўи ќисмҳои нисбатан мустаќили мурофиаи љиноятї мебошанд, ки бо вазифа ва принсипҳои ягонаи адолати судї бо ҳам алоќаманданд. Марҳилаҳои мурофиаи љиноятї бо тартиби муќарраркардаи ќонун, бо пайдарҳамї баъди анҷоми амалҳои муайян, тартиб дода шудани санадҳои дахлдори мурофиавӣ ва иҷрои вазифаҳои хосаи мурофиавӣ ҳамдигарро иваз менамоянд.
Марҳилаҳои асосии (ҳатмии) мурофиаи љиноятї марҳилаи оѓози парвандаи љиноятї, марҳилаи тафтишоти пешакї ва марҳилаи омодасозї ва тайёрї ба муҳокимаи судї марҳилаҳои то судӣ низ номида мешаванд.
Дар ин марҳила масъалаи нисбатан маҳдуди мурофиавии ҷиноятӣ танҳо ошкор ё муайян кардани аломати ҷиноят дар ҳодисаи рухдода ҳал карда мешавад. Ҳалии ин масъала боиси оғози парвандаи ҷиноятӣ ё рад кардани оғози парвандаи ҷиноятӣ мегарданд. Дар сурати ошкор шудани аломати ҷиноят дар ҳодисаи рухдода мақомоти ваколатдори давлатӣ дар бораи оғози парвандаи ҷиноятӣ қарори дахлдор қабул мекунад ва ба тафтишоти он шурӯъ мекунад. Баракс, агар баъди санҷиши мурофиавии ариза ё маълумот аломатҳои ҷиноят муайян нашаванд, оғози парвандаи ҷиноятӣ рад карда мешавад. Оид ба рад карда шудани оғози парвандаи ҷиноятӣ низ қарори дахлдор қабул мешавад.
Оғози парвандаи ҷиноятӣ маҷмӯъи амалҳои мурофиавии мақомоти ваколатдори давлатиро дарбар мегирад, ки тибқи коидаҳо ва тартиби муқаррракардаи қонун амалӣ мешаванд. Бинобар ин, оғози парвандаи ҷиноятиро шакли фаъолияти мақомоти ваколатдори давлатӣ ҳам номидан мункин аст.
Ҳамин тариқ, оғози парвандаи ҷиноятӣ ҳамчун шакли фаъолияти мақомотҳои ваколатдори давлатӣ моҳияти ҳуқуқӣ дорад. Чунки ҳуқуқу ӯҳдадориҳои субъектони ин марҳила ва шакли мурофиавии амалҳоеро, ки анҷом дода мешаванд, меъёрҳои КМҶ ҶТ пешбинӣ кардаанд.
Оғози парвандаи ҷиноятӣ марҳилаи аввалини мурофиаи ҷиноятӣ аст, ки дар ҷараёни он мақомотҳои ваколатдори давлатӣ маълумот дар бораи ҷинояти содиршуда ё содиршавандаро мавриди санҷиш қарор дода, мавҷуд будан ё набудани асосҳои оғози пешбурди парвандаи ҷиноятиро муқаррар мекунанд, ва мувофиқан доир ба он қарорҳои мурофиавӣ қабул мекунанд. Саривақт оғоз карда шудани парвандаи ҷиноятӣ иҷрои вазифаҳои мурофиавии ҷиноятиро таъмин мекунад, ба пешгирии дигар ҷиноятҳо ва оқибатҳои ба ҷамъит хавфнок, тартиботи ҳуқуқӣ ва умуман таъмини ба амалбарории адолати судӣ мусоидат мекунад.
Дар марҳилаи оғози парвандаи ҷиноятӣ вазифаҳои муайяни мурофиавии ҷиноятӣ, ки аз вазифаҳои умумии мурофиаи ҷиноятӣ (м.2 КМҶ ҶТ) сарчашма мегиранд, дар мӯҳлати муайян кардаи қонун бояд иҷро шаванд. Вазифаҳои ин марҳиларо ба тариқи зайл ифода кардан мункин аст:
- саривақт қабул кардан, ба қайд гирифтан ва санҷиши маълумот дар бораи ҷиноят;
- ҷамъоварии маълумот ва мавриди омӯзиш қарор додани онҳо;
- саривақт ошкор ва муайян кардани аломатҳои ҷиноят дар ҳодисаи рухдода;
- ба таври таъҷилӣ андешидани чораҳо оиди ошкор кардани аломати ҷиноят (азназаргузаронии ҷойи ҳодиса, дастгир кардани гумонбаршуда, талаб кардани маълумотҳо, гирифтани баёнот, муайян кардани шахсият ва ғайраҳо);
- қабули қарори дахлдори мурофиавӣ;
- муайян кардани самти минбаъдаи пешбурди парвандаи ҷиноятӣ.
Тибқи қонун таъмини иҷроиши вазифаҳои номбаршуда ба зиммаи мақомотҳои ваколатдори давлатӣ вогузор шудааст, ки дар ин ҷараён мавқеи асосӣ доранд.
Саривақт, қонунӣ ва асоснок оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ иҷроиши вазифаҳои мурофиавии ҷиноятиро таъмин менамоянд.
Дар адабиётҳои таълимию ҳуќyќї доир ба масъалаи оѓози парвандаи љиноятї нуќтаи назари гуногун вуљуд доранд. Тетерин Б. ќайд мекунад, ки оѓози парвандаи љиноятї марҳилаи ибтидої ва мустаќили мурофиаи љиноятї мебошад, ки бо вазифа, доираи субъектон, бо ваколати онҳо, хусусиятҳои мурофиавї, шакли мурофиавї аз дигар марҳилаҳо фарќ мекунад. Ў ќайд кардааст, ки дар љараёни ин марҳила ду вазифа:
1. масъалаи оѓози парвандаи љиноятї;
2. масъалаи рад намудани оѓози парвандаи љиноятї бояд ҳалли худро ёбанд .
Гурўҳи дигари муаллифон тарафдори аќидае мебошанд, ки мувофиќи он оѓози парвандаи љиноятї – ин на танҳо марҳила ё давраи мустаќили мурофиаи љиноятї, балки шакли фаъолияти маќомотҳои ваколатдори давлатї:
 прокуратура;
 маќомоти таҳќиќ;
 маќомоти тафтишоти пешакї ба шумор меравад.
Барои асоснок намудани ин аќида, онҳо ќайд мекунанд, ки мафҳуми «оѓози парвандаи љиноятї» набояд дар шакл ё аз рӯи мазмун ба таври маҳдуд, яъне дар шакли иљро намудани як амал фаҳмида шавад, балки ин мафҳум ифодакунандаи маљмўи амалҳои мурофиавие мебошад, ки дар шароити муайян ба тартиби аз тарафи ќонун муќарраргашта иљро карда мешаванд. Иљро намудани маљмўъи амалҳо танҳо вазифаи маќомотҳои прокуратура, муфаттиш ва шахси таҳќиќбаранда мебошад. Дигар маќомотҳои давлатї, шахсони мансабдор, ташкилот, муассиса ё корхонаҳо ҳуќyќи оѓози парвандаи љиноятиро надоранд. Маълумотҳое, ки онҳо пешниҳод мекунанд ба сифати сабаби оѓози парвандаи љиноятї баромад мекунанд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ доир ба ҳамин масъалаҳо муаммоҳо ҷой доранд. Таљрибаи фаъолияти маќомотҳои ҳифзи ҳуќyќ нишон медиҳад, ки чунин зуҳурот ба монанди аз ҳисоб пинҳон кардани љиноят дар амалия то имрӯз боќї мемонад. Чунончї, дар фармони Прокурори Генералии Љумҳурии Тољикистон № 15 аз 05 ноябри соли 2008 «Дар бораи ташкили назорати прокурорї аз болои тафтишоти пешакї ва таҳќиќ» ќайд карда мешавад, ки бештар ба шахсони аз љиноят зарардида ќабули аризаи онҳо рад карда мешавад, аризаи ќабул шуда бошад ба ќайд гирифта намешавад ва ё баррасӣ намешавад, ё ба кирдорҳои љиноятї ҳамчун кирдори маъмурї баҳогузорї мешаванд, дар ҳолати ошкоро мављуд будани аломатҳои таркибии љиноят ќарори ѓайриќонунї оид ба рад кардан дар оғози парвандаи љиноятї ќабул карда мешавад, дар ҳолатҳои алоҳида ҳуҷҷатҳо сохтакорї карда шуда, маводҳои санљиш ќалбакї сохта мешавад. Бинобар ин, танҳо баъди санљишҳои прокурорї парвандаҳои љиноятї аз нав оѓоз мешавад. Ба замми он, дар амалия ба фаъолияти маќомотҳои ҳифзи ҳуќyќ аз рўи нишондодҳои расмӣ рўякї баҳо дода мешавад, пешакӣ миқдори муайяни ошкор кардани ҷиноят дар марҳилаи муайян ё дар ҳудуди муайян ба нақша гирифта мешавад, ки ин гуна падидаҳо ташвишоваранд ва аз сатҳи пасти масъулиятнокӣ ва маърифати ҳуқуқӣ дарак медиҳанд.
Асос ва сабабҳои оғози парвандаи ҷиноятӣ
Сабабу асосҳои оғози парвандаи ҷиноятӣ - ин маврид, ҳолатҳои дар қонун пешбинишуда аст, ки аз ибтидои пешбурди парвандаи ҷиноятӣ дарак медиҳанд.
Асосҳои оғози парвандаи ҷиноятӣ – ин маълумотҳои воқеъие мебошанд, ки мавҷудияти аломатҳои таркиби ҷиноятро тасдиқ мекунанд. Маълумотҳое, ки аломатҳои ҷиноятро инъикос мекунанд, барои қабул кардани қарори дахлдор кофӣ мебошанд.
Скачать txt | fb2
<< 1 2 3 4 5 ... 7 >>
На главную
Загрузка...
0 / 14

OkTj.ru тестхо саволу чавоб калиди тестхо шеърхо китобхои Точики tj 2017 2018 Таджикистан Точикистон скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики Худжанд Душанбе Куляб

Statok.net Яндекс.Метрика
© Правообладателям и Соглашения сайта oktj.ru