Привет, Гость!
На главную
Вход
Загрузка...
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Окибат гургзода гург шавад, Гарчи бо одамон бузург шавад
Библиотека | Тестхо Саволу чавоб,Тесты,Вопросы и ответы | 350 Тест аз фанни Забони Точики Модари 2018 3
<< 1 ... 7 8 9
г) Фарҳангнигорӣ ва лексикография

318. Маърӯза, рисола ба кадом шохаи услубӣ мансуб ҳастанд?
а) услуби рӯзноманигорӣ
б) услуби бадеӣ
в) услуби гуфтугӯӣ
г) услуби илмӣ

319. Сохтори маърӯза аз кадом қисматҳои асосӣ иборат аст?
а) муқаддима, хулоса, рӯйхати адабиёт
б) нақшаи кор, муқаддима, хулоса
в) муқаддима, моҳияти масъалаи илмӣ ва хулоса
г) номи мавзӯъ, нақшаи кор, хулоса

320. Хатогии имловӣ чист?
а) вайрон кардани мантиқи сухан
б) ноҷоя гузоштани аломатҳои китобӣ
в) навишти нодурусти калимаҳо
г) вайрони навиштани фикр

321. Қонуни забони давлатӣ, ки охирин маротиба қабул шуд, аз чанд қисмат иборат аст?
а) 7 боб ва 28 модда
б)7 боб ва 39 модда
в) 9 боб ва 37 модда
г)10 боб ва 36 модда

322. Аломатҳои китобатӣ дар кадом қисмати забоншиносӣ омӯхта мешаванд?
а) фонетика
б) морфология
в) пунктуатсия
г) синтаксис

323.Тарҷумаи ҳолро кӣ менависад?
а) сардори муассиса
б) соҳиби ҳуҷҷат
в) котиби идора
г) раиси иттифоқи касаба
324. Зада ба куҷо намеафтад?
а) ба пайвандаки пайвасткунандаи –у (-ю)
б) ба ҳиҷои охирин
в) ба пешванди феълии ме-, би-
г) ба пасвандҳои калимасоз

325. Ҳуҷҷатнигорӣ ба кадом шохаи услубӣ мансуб аст?
а) услуби бадеӣ
б) услуби публисистӣ
в) услуби расмӣ-коргузорӣ
г) услуби илмӣ

326. Аломати нохунак бо чӣ мақсад гузошта мешавад?
а) барои таъкиди маънои калима
б) барои ҷудо кардани калимаҳои туфайлӣ
в) барои ҷудо кардани сухани муаллиф ва қаҳрамони асар
г) барои ҷудо кардани сухани иқтибосӣ

327. Аломати тире ҷои кадом воситаи грамматикиро гирифта метавонад?
а) пайвандаки «ки»
б) пасоянди «-ро»
в) бандаки хабарии «аст»
г) пешоянди «барои»

328. Калимаи луғат чи гуна маъноҳо дорад?
а) Шарҳ ва тафсир
б) Калима ва фарҳанг
в) Ҷумла ва матн
г) Калима ва ибора

329. Ихтисораҳое, ки аз ҳарфҳои аввали калимаю ибораҳо сохта шудаанд, чӣ тавр навишта мешаванд?
a) калон
в) хурд
б) ҳам калон, ҳам хурд
г) ҳарфи аввал калон

330. Дар навишти ибораи сифатӣ имлои кадоме дуруст аст?
a) боақлу фаросат
в) боақл-у фаросат
б) бо ақлу фаросат
г) бо ақлу фар-осат

331. Тарзи дурусти навишти калимаи мазкурро нишон диҳед.
а) Пахтаобдиҳӣ
в) Пахтаоб диҳӣ
б) Пахта обдиҳӣ
г) Пахта об диҳӣ
332. Ба гурӯҳи лексикаи соҳавӣ чиҳо дохил мешаванд?
a) Лаҳҷа, истилоҳот, архаизм ва неологизм
б) Луғати китобӣ, шоирона, публисистӣ ва касбӣ
в) Истилоҳот, калимаҳои касбӣ, арго ва жаргонҳо.
г) Калимаҳои адабӣ, таърихӣ, неологизм ва лаҳҷаҳо.
333. Феъли замони ҳозира-оянда чиро мефаҳмонад?
а) амалеро мефаҳмонад, ки пеш аз лаҳзаи нутқ ба вуқӯъ омадааст
б) амали давомдорро ифода мекунад
в) амалеро ифода мекунад, ки дар гузаштаи нисбатан дур воқеъ шудааст
г) амалеро мефаҳмонад, ки он алҳол воқеъ шуда истодааст ё минбаъд ба вуқӯъ хоҳад омад
334. Кадоме аз ин калимаҳо сифати мураккаб аст?
а) гули зебо, донишҷӯи доно, нони гарм
б) ранги сурх, хонанда, тиреза
в) бинои баландошёна, хонандаи ҳозирҷавоб
г) шишаи шикаста, гулҳои шукуфтагӣ
335. Кадоме аз ин феълҳо ба замони гузаштаи нақлии наздик дахл доранд?
а) медидааст, хонда будааст, меомадааст
б) гуфт, хонд, нишаст
в) сохтаам, дидааст, рафтааст
г) рафта буд, хонда буд, дида буд
336. Мубтадо ва хабарро чӣ меноманд?
а) аъзоҳои пайрави ҷумла
б) сараъзоҳои ҷумла
в) баёния
г) ибора
337. Кадом аз ин калимаҳо феъли ҳол мебошанд?
а) гапзанон, таъзимкунон
б) омадан, рафтан, гирифтан
в) хондашуда, навишташуда
г) дид, нишаст, бурд
338. Ҷумлаи мураккаби тобеъ бо кадом гурӯҳи пайвандакҳо сохта мешавад?
а) ва, -у, -ю, аммо
б) ки, вале, лекин
в) балки, ё ки, ё ин ки
г) ки, вақте ки, агарчи, то, зеро
339. Дар ҷумлаи «Ман гуфтанӣ ҳастам, ки дар ин кирдори ӯ чӣ сирре ҳаст» кадом калима ба сиғаи шартӣ-хоҳишмандӣ мансуб аст?
а) кирдор
б) гуфтанӣ
в) ман
г) сирре ҳаст
340. «Баргаштан» аз рӯи сохт чӣ гуна феъл аст?
а) содда б) сохта в) мураккаб г) таркибӣ
341. Дар ин байт калимаи ишоратшуда кадом ҳиссаи нутқ аст?
Сухан санҷида гӯй, то дӯстро душман нагардонӣ,
Зи ҳарфи бетаҳаммул ошно бегона мегардад.
а) исм б) сифат в) шумора г) ҷонишин
342. Дар байти зерин калимаи ишоратшуда кадом аъзои пайрави ҷумла аст?
Мардӣ набувад фитодаро пой задан,
Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ. (Рӯдакӣ)
а) мубтадо б) муайянкунанда в) ҳол г) пуркунанда
343. Дар байти зерин калимаи ишоратшуда ба кадом ҳиссаи нутқ тааллуқ дорад?
Ҷон дар тани марди беадаб ларзон аст,
Сад ҷон бидиҳӣ, адаб харӣ, арзон аст.
а) исм б) ҷонишин в) сифат г) зарф
344. Ҷумлаи зерин аз рӯи оҳанг ва мақсад чӣ гуна ҷумла аст?
Ҷавонони бонангу номуси мо бояд бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ пеш аз ҳама илмҳои муосир, забонҳои хориҷӣ ва технологияи замонавиро омӯзанд.
а) хабарӣ б) саволӣ в) амрӣ г) хитобӣ
345. Дар байти зерин калимаи ишоратшуда аз рӯи сохт чӣ гуна феъл аст?
Умри худ сарфи ҳақиқат карда рафт,
Такя бар панду насиҳат карда рафт.
а) сохта б) содда в) таркибӣ г) мураккаб
346. Дар байти зерин калимаи ишоратшуда ба кадом ҳиссаи нутқ тааллуқ дорад?
Дирӯз баъди борон тирукамон баромад,
Байроқи навбаҳорон партавфишон баромад.
а) исм
б) ҷонишин
в) сифат
г) зарф
347. Шумораи байти зеринро аз ҷиҳати сохт муайян намоед
Омад баҳори хуррам бо рангу бӯи тииб,
Бо сад ҳазор зиннату ороиши аҷиб.
а) тартибӣ б) мураккаб в) касрӣ г) таркибӣ

348. Дараҷаи олии сифат бо ёрии кадом воситаи грамматикӣ сохта мешавад?
а) пасванди –тар б) пешоянд ва пасоянд
в) пасванди –тарин г) бе пасванд.

349. Калимаҳои «поквиҷдон, кӯрсавод, танбал, олиҷаноб» кадом ҳиссаи нутқанд?
а) исм б) сифати феълӣ в) зарф г) сифат

350. Кадоме аз ин калимаҳо сифатҳои содда мебошанд?
а) раҳмдил, қаҳваранг, сангфарш
б) сафед, дароз, баланд
в) хизмати маданӣ-маишӣ
г) машқҳои гуногун, либосҳои рангоранг
Скачать txt | fb2
<< 1 ... 7 8 9
На главную
Загрузка...
0 / 37

OkTj.ru тестхо саволу чавоб калиди тестхо шеърхо китобхои Точики tj 2017 2018 Таджикистан Точикистон скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики Худжанд Душанбе Куляб

Statok.net Яндекс.Метрика
© Правообладателям и Соглашения сайта oktj.ru