Привет, Гость!
На главную
Вход
Загрузка...
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Некӣ, тарраҳум – он чизест, ки кар мебинад ва нобино мешунавад.
Библиотека | Тестхо Саволу чавоб,Тесты,Вопросы и ответы
1 2 3 ... 9 >>

350 Тест аз фанни Забони Точики Модари 2018 3

Тэги:забони точики | забони модари | 2017 тестхои 2017 | тест бо чавоб | тестхо бо калидашон | тестхои точики | тести для сдачи первого рубежного контроля по предмету стратегический менеджмент | тестхо аз фанни забони англиси | тестхо аз фанни забони точики | тестхо барои дохилшави | тестхо аз фанни таърих ва хукук | тестхо аз фанни информатика | саволу чавоб аз фанни забони англиси | саволу чавоб аз фанни забони точики | саволхои тести аз фанни информатика | тестхои 2017 | тестхо барои дохилшави ба лонишгох | саволу чавоб | саволу чавоб ьо калид | тест бо калид | тестхои нихои | тестхои одди аз фанни | тестхо бо забони точики | тестхои ммт | тести идм | тест барои таёри | тестхои точикистон
Добавил:Admin (12.01.2018 / 10:30)
Рейтинг:rating 373 article (0)
Прочтений:1118
Комментарии:0
1. Имло ҳамчун шохаи ёридиҳандаи забони адабии тоҷик кадом вазифаро адо мекунад?
а) ҷорӣ кардани меъёри талаффуз
б) чорӣ намудани меъёри ягонаи нутқи хаттӣ
в) омӯхтани таркиби луғавии забон
г) омӯхтани чиҳати овозии забон
2. Имлои забони тоҷикӣ ба кадом қонунҳо такя мекунад?
а) исмӣ, сифатӣ, феълӣ
б) содда, сохта, мураккаб
в) фонетикӣ, морфологӣ, таърихию анъанавӣ
г) хабарӣ, амрӣ, эҳтимолӣ
3. Қонунҳои фонетикии имло ҳангоми навиштан, чиро ба асос мегирад?
а) шакли аслии калимаро
б) вазифаи синтаксисии калимаро
в) ҷиҳати семантикии онро
г) вазифаи морфологии калимаро
4 Миқдори ҳарфу овозҳои калимаи «дарё»-ро муайян кунед.
а) 4 ҳарфу 4 овоз
б) 4 ҳарфу 6 овоз
в) 4 ҳарфу 5 овоз
г) 4 ҳарфу 3 овоз

5. Имло чиро меомўзад?
а) ҳиссаҳои нутқро меомўзад
б)қоидаҳои дуруст навиштани калимаҳо ва шаклҳои грамматикиро меомўзад
в) ибора ва љумларо меомўзад
г) љиҳати овозии забонро меомўзад

6. Дар ин байт калимаи ишоратшуда кадом ҳиссаи нутқ аст?
Сухан санљидагўй, то дўстро душман нагардонї,
Зи ҳарфи бетаҳаммул ошно бегона мегардад.
а) исм
б) сифат
в) шумора
г) љонишин

7. Кадоме аз ин калимаҳо сифатҳои аслї мебошанд?
а) раҳмдил, қаҳваранг, сангфарш
б) гарм, равшан, соф
в) хизмати маданї-маишї
г) калимаҳои як, ягон, артикли –е, ким–кадом

8 . Истилоҳот аломати барҷастаи кадом навъи шохаи услубӣ аст?
а) гуфтугӯӣ
б) бадеӣ
в) расмӣ
г) илмӣ

9. Тарҷумаи ҳолро кӣ менависад?
а) сардори муассиса
б) соҳиби ҳуҷҷат
в) котиби идора
г) раиси иттифоқи касаба
10. Калимаи ишоратшуда кадом ҳиссаи нутқ аст?
Одоб зуҳуротест, ки миллат дар тўли ҳазорсолаҳо онро ташаккул дода, ба насл мерос мегузорад.
а) исм
б) сифат
в) шумора
г) зарф
11. Талаботи қонуни морфологии имло кадом аст?
а) маънои калима
б) хосияти услубии он
в) талаффузи маҳаллӣ
г) шакли аслӣ ва дурусти калима

12. Калимаҳои “принсип” дар истилоҳи “принсипҳои имло” чӣ маъно дорад?
а) намуна
б) шарт
в) нақша
г) асос

13. Ҳангоми навиштани калимаҳои хона, дона, лона, рав, мон, гӯй кадом принсипи имло ба эътибор гирифта мешавад?
а) принсипи морфологӣ
б) принсипи шартӣ
в) принсипи фонетикӣ
г) принсипи анъанавӣ – таърихӣ

14. Дар кадом гурӯҳи ҷавобҳо калимаҳое омадаанд, ки дар заминаи принсипи анъанавӣ - таърихӣ эзоҳ, дода мешаванд?
а) бадр, васса, гиря,
б) гӯсфанд, хокистар, гиребон
в) маллоҳ, меъёр, муайян
г) ситабр, тавъам, шамъ

15. Калима чиро ифода мекунад?
а) маъниро
б) мафҳумро
в) муносибатро
г) фикри томро

16.Ибора чиро ифода мекунад?
а) муносибатро
б) ҳолатро
в) сифатро
г) мафҳуми мураккабро

17. Дар кадоме аз ҷавобҳо шакли дурусти вожаҳо зикр ёфтаанд?
а) аввал, бадеҳа, исрор, мизоҷ
б) ҳасат, шуо, тифл, рано
в) йор, зийо, комёб, нойил
г) аҷоиб, бедиққат, ваз, дака

18. Дар кадоме аз ҷавобҳо вожаҳои наздикталаффуз паронимҳо омадаанд?
а) гӯш, дӯз, ирода, пайдоиш
б) хон, шунав, бин, фурӯш
в) дард, ранҷ, азоб, беморӣ
г) бӯҳрон, бурҳон, бӯҳтон, бӯрон
19.Дараљаи олии сифат бо ёрии кадом воситаи грамматикї сохта мешавад?
а) пасванди –тар
б) пешоянд ва пасоянд
в) пасванди –тарин
г) бе пасванд.
20.Кадоме аз ин калимаҳо сифатҳои содда мебошанд?
а) раҳмдил, қаҳваранг, сангфарш
б) гарм, равшан, соф
в) хизмати маданї-маишї
г) машқҳои гуногун, либосҳои рангоранг

21. Исм чиро мефањмонад?
а) аломатро
б) њолатро
в) предметро
г) замонро
22. Калимаҳои китоб, китобаш, китобашон аз ҷиҳати сохт чӣ гуна аст?
а) сода
б) мураккаб
в) сохта
г) таркибӣ
23. Мувофиқи қоидаҳои имлои нав ҷои ҳарфи ѓ -ро муайян намоед:
а) баъди я
б) баъди ӯ
в) баъди г
г) баъди х
24. Дар кадоме аз ҷавобҳо калимаҳое омадаанд, ки садоноки и бо тамдиди бештар талаффуз гардидааст?
а) афтӣ, гуфтӣ, хондӣ, мондӣ
б) чубин, шарик, рафиқ, шафиқ
в) шиша, тира, сина, хира,
г) идора, ботин, зоҳир, гирифтан
25. Дар кадоме аз ҷавобҳо гунаи саҳеҳи имлои вожаҳо зикр гардидааст:
а) зеринӣ, деринӣ, хунунӣ, туӣ
б) Тбилисӣ, туфлӣ, Ибарурӣ, таксӣ
в) кинаӣ, зираӣ, ришӣ, музаӣ
г) хонаӣ, нардаӣ, гулӣ, мӯй

26. Аломати тире ҷои кадом воситаи грамматикиро гирифта метавонад?
а) пайвандаки «ки»
б) пасоянди «ро»
в) бандаки хабарӣ «аст»
г) пешоянди «барои»

27. Шакли дурусти калима кадом аст?
а) 50 грамӣ
б) 50-грамӣ
в) 50 грамӣ
г) 50-граммӣ

28. Аз чӣ боис овозҳои садоноки пешоянду пайвандакҳо ихтисор карда мешаванд?
а) меъёри хушбаёнӣ
б) ихчамии баён
в) равшании маъно
г) таќозои вазни шеър

29.Ба гуруҳи лексикаи соҳавӣ чиҳо дохил мешаванд?
а) лаҳҷа, истилоҳот, архаизм ва неологизм
б) луғати китобӣ, шоирона, публисистӣ ва касбӣ
в) истилоҳот, калимаьои касбӣ, арго ва жаргонҳо
г) калимаҳои адабӣ, таърихӣ, неологизм ва лаҳҷаҳо

30. Истилоњот ба доираи кадом навъи луғат мансуб аст?
а) адабӣ ва касбӣ
б) умумихалќӣ ва камистеъмол
в) серистеъмол ва сермаъно
г) камистеъмол ва моносемӣ



31. Имлои кадом калима дуруст аст?
а) Абдуллоҳ, дуруст, орзу
б) тарҷима, хисравонӣ, Хусрав
в) турш, фатҳ, хасм, чарм
г) иллат, миллат, иноят, исроф
32. Кадоме аз садонокҳо бо ду ҳарф ифода мешавад?
а) садоноки ӯ
б) садоноки и
в) садоноки э
г) садоноки о
33. Дар кадом дастаи ҷавобҳо вожаҳое зикр шудаанд, ки дар онҳо садоноки дароз талаффуз мегардад?
а) буз, бунёд, бурз, булӯр
б) гул, зурёт, куҳан, муқаддам
в) дуд, дур, дун, хун
г) рукуъ, табаррук, туппа, хуҷаста

34. Шумораҳои аз чанд то чанд якҷоя навишта мешаванд
а) аз 17 то 25 ва аз 400 то 1000
б) аз 11 то 19 ва аз 200 то 900
в) аз 14 то 19 ва аз 150 то 450
г) аз 19 то 24 ва аз 800 то 1000

35. Кадом пайвандакҳо ҷудо навишта мешавад
а) мураккаб
б) содда
в) таркибӣ
г) такрор

36.Муродифи калимаи луғатнависӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (байналмилалӣ) кадом аст?
а) луғатшиносӣ ва лексикология
б) таъбиршиносӣ ва фразеология
в) иборашиносӣ ва семасиология
г) фарҳангнигорӣ ва лексикография

37. Калимаи «луғат» чӣ гуна маъноҳо дорад?
а) шарҳ ва тафсир
б) тарҷума ва тавсиф
в) калима ва фарҳанг
г) калима ва ибора

38. Ётбарсарҳо чӣ гуна пайдо мешаванд?
а) аз ду садонок
б) аз ду ҳамсадо
в) аз ҳарфи й ва садонокҳои а, у, о, е
г) аз садоноку ҳамсадо

39. Дар забони тоҷикӣ чанд ётбарсар вуҷуд дорад?
а) шаш
б) чор
в) се
г) даҳ
Скачать txt | fb2
1 2 3 ... 9 >>
На главную
Загрузка...
0 / 36

OkTj.ru тестхо саволу чавоб калиди тестхо шеърхо китобхои Точики tj 2017 2018 Таджикистан Точикистон скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики Худжанд Душанбе Куляб

Statok.net Яндекс.Метрика
© Правообладателям и Соглашения сайта oktj.ru