Привет, Гость!
На главную
Вход
Загрузка...
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Намозро ҳамон гуна, ки шоиста аст ба ҷо ор.
Библиотека | Китобхои Мактаби / Книги школникам | Китоби ҳуқуқшиносӣ
<< 1 2 3 4 ... 35 >>
медињанд (ИМА с. 1781-1787).
Нишонањои конфедератсия:
 дорои маќомоти умумии ќонунгузор , иљроия ва судї (ба мисли федератсия) нестанд;
 артиши ягона, системаи ягонаи андоз, буљети ягонаи давлатиро надоранд;
 мављудияти шањрвандии танњо субъекти конфедератсия таъмин шуда, шањрвандии давлати конфедеративї мављуд нест;
 давлатњои аъзои конфедератсия метавонанд дар бораи системаи ягонаи пулї, ќоидањои ягонаи гумрукї ва дигар масъалањо созишномањо ба имзо расонида онњоро амалї намоянд.
3. Режими сиёсї (давлатї).
Режими сиёсї – Маљмўи воситањо ва тарзњои амалї намудани њокимияти давлатї мебошад. Намудњои режими сиёсї: 1) демократї, 2) ѓайридемократї (режими авторитарї, режими тоталитарї)
1) Режими демократї
Режими демократї – аз калимаи юнонии demos – халќ, cratos – њокимият гирифта шуда, маънояш њокимияти халќ мебошад. Режими демократї таърихї тўлони дошта, њоло чун арзиши умуми инсонї, шакли давлатдории муосир эътироф гашта,кафолатњои њуќуќњои инсонро, иштироки васеи онњоро дар идоракунии давлат ва њаёти сиёсї, гуногунии сиёсї ва мафкуравиро, фаъолияти озодо наи њизбу созмонњои зиёди љомеаро, худидоракунии мањаллиро, раъйпурсї, низоми шаффофи инти хоботро,ошкорбаёниро таъмин мекунад.
2) Режими авторитарї
Режими авторитарї – (Калимаи фаронсавии autoritare – њокимиятї ва лотинии autoritas –њокимият таъсир) – шакли режими сиёсї буда, маънои онро дорад, ки њокимияти давлатї аз љониби гурўњи идоракунандаи сиёсї новобаста аз иродаи ќисми зиёди халќ ташкил карда мешавад. Њангоми идораи авторитарї њокимият ба як маќоми давлатї ё ин ки ба дасти як лидери сиёсї мегузарад. Масалан, президент, диктатор ва ѓайра.
3) Режими тоталитарї
Режими тоталитарї–(Калимаи лотинии totalitas – куллї, пурра, тамомият) – шакли режими сиёсї аст, ки дар он назорати пурраи давлат нисбати њаёти љамъиятї љой дорад. Хусусиятњояш давлатику нонии тамоми соњањои њаёти љомеа, ваколатњои номањдуди њокимияти давлатї, мањдудсозї ё манъи њуќуќу озодињо ва ѓайра мебошад.


§3.Самтњои асосии давлат (функсияњои давлат)

Функсияи давлат – самтњои асосии фаъолияти давлат мебошад, ки барои њалли вазифањои он татбиќ мешаванд.
Самтњои фаъолияти давлат, ки барои амалї гардонидани вазифањои иќтисодї, иљтимої, сиёсї ва идеологї равона карда шудаанд, функсияи давлатро ташкил медињанд.
Намудњои функсияњои давлат:
-1.Дохилї
-2.Берунї
1.Функсияҳои дохилии давлат:
1)Сиёсї - Фаъолияти давлат дар соњаҳои: иштироки шањрвандон, њизбњо ва њаракатњои сиёсї дар идоракунии давлат.
2)Иќтисодї - Фаъолияти давлат дар соњахои иќтисодї; банаќшагирї; тањияи барномањои иќтисодї; муќаррар намудани асосњои њуќуќии иќтисоди бозорї ва фаъолияти озоди иќтисодї, њифзи моликият, њуќуќи истеъмолкунандагон ва ѓ.
3)Иљтимої - Фаъолияти давлат дар соњаи иљтимої: таъмини шароит барои њаёти арзанда ва инки шофи озодонаи инсон ба воситаи кафолатњои иљтимоие, ки аз љониби давлат дода мешаванд. (таъмини нафаќа, дастгирии оилањои камбизоат, маъюбон, бепарасторон ва дигарњо).
4)Экологї - Таъмини муњити зарурии зист барои инсон, њифзи экология ва ѓ.
5)Њифзи њуќуќу озодињои инсон, сохтори конститутсионї, ќонуният ва тартиботи њуќуќї -кафолат ва таъмини арзишњои номбурда аз љониби давлат.
2.Функсияњои берунии давлат:
1)Мудофиа - Нигоњ доштани сатњи зарурии иќтидории мудофиавии мамлакат
2)Нигоњ доштани тартиботи мављудаи љањонї - Дар арсаи љањонї нигоњ доштани сулњ, пешгирї ва аз байн бурдани љанг, яроќпартої, барњам задании яроќи ќатли ом, њамкорињои байналмилалї дар мубориза алайњи љинояткории муташаккил,терроризм ва экстримизм, маводи мухаддир ва дигарњо.
3)Њамроњ шудан ба иќтисодиёти байналмилалї - Барои пешравии иќтисодии давлат њамроњ шудан ба созмонњои байналмилалї ва минтаќавии иќтисодї (Созмони байналмилалии савдо, Фонди байналмилалии асъор, Бонки умумиљањонї, Бонки Осиёии рушд ва дигарњо).
4)Њамкорї бо дигар давлатњо дар њалли масъалањои умумиљањонї - Љустучў ва дарёфти њалли масъалањои байналмилалї: демографї, экологї, кайњон ва дигарњо.


§4.Дастгоњи(механизми)давлатї

Дастгоњи (механизми) давлатї - низоми маќомоти гуногуни давлатї мебошад, ки ба воситаи онњо давлат њокимияти худро амалї менамояд.
Дастгоњи давлат аз маќомоти давлатї ва шахсони мансабдор иборат буда, ба маќсади функсияи њокимияти давлатиро иљро кардан аз тарафи давлат ташкил дода мешавад.
1.Маќомоти давлатї
Маќомоти давлатї - қисми нисбатан мустаќил ва таркибан алоњидаи дастгоњи давлат мебошад, ки дорои салоњияти муайян буда, дар љараёни амалї намудани функсияњои худ ба ќудрати ташкилї, моддї ва маљбуркунии давлатї такя мекунад.
Намудњои маќомоти давлатї:
-1)Маќомоти қонунгузор– Маљлиси Олї (маќомоти олї) ва маљлиси вакилони халќ (маќомоти мањаллї)
-2)Маќомоти идоракунии давлатї (иљроия) – Њукумати ЉТ (маќомоти олї, марказї) ва Њукуматњои вилоят, шањр ва ноњия (маќомоти мањаллии иљроия)
-3)Маќомоти судї-Низоми судии Чумҳурии Точикистон (Суди конститутсиони,Суди Оли,Суди Олии Иқтисоди,Суди Ҳарби.Суди ВМКБ, судҳои вилоятҳо,шаҳри Душанбе,шаҳру ноҳияҳо)
2.Шахси мансабдор-шахсе дар назар дошта шудааст,ки ба таври доими ё муввақати ё бо
ваколати махсус вазифаи намояндаи ҳокимиятро ба чо меоварад ё вазифаи ташкилию маъмури
ҳочагидориро дар мақомоти ҳокимияти давлати,муассисаҳои давлати,мақомоти худидоракунии
давлати анчом медиҳад.


Боби 2.ДАВЛАТИ ЊУЌУЌБУНЁД

§5.Давлати њуќуќбунёд ва нишонаҳои он

Давлати њуќуќбунёд – ин шакли њуќуќии ташкил ва фаъолияти њокимияти сиёсии омма аст.
Давлати њуќуќбунёд – давлатест, ки дар он њуќуќ њукмрон аст.
Нишонањои (аломатњои) давлати њуќуќбунёд:
1)Волоияти ќонун – ташкил ва фаъолияти давлат, маќомоти он, шахсони мансабдори давлатї, ташкилоту шахсони алоњида дар асос ва тибќи ќонун сурат мегиранд.
2)Таљзияи њокимияти давлатї – ба њокимияти ќонунгузор, иљроия ва судї сурат гирифта, омили асо сии манъи худсарии њокимияти давлатї мегардад, фаъолияти байни онњо дар асоси принсипи «худ дорї ва муќовимат» амалї мегардад. Он принсипи бунёдии давлати њуќуќбунёд буда, мустаќилияти њокимияти ќонунгузор, иљроия ва судї ва худнигањдории онњоро дар назар дорад. Таљзияи њокими ят дар моддаи 9 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон баён шудааст.
3)Кафолати њуќуќу озодињои инсон ва шахрванд – давлат на танњо њуќуќу озодињои инсон ва шањр вандро эълон ва эътироф менамояд, инчунин њимоя ва њифзи онњоро бояд таъмин намояд.
4)Масъулияти байнињамдигарии давлат ва шахс – дар давлати њуќуќбунёд давлат ва шањрванд дар назди њамдигар масъулияти (љавобгарии) баланд доранд. Тавре, ки дар ќисми 3 моддаи 5 Консти тутсияи Љумњурии Тољикистон омадааст, давлат на танњо њуќуќу озодињои инсон ва шањрвандонро эътироф мекунад, балки ўњдадор аст, ки онњоро риоя ва њифз намояд. Њамзамон давлат ва њамаи маќомоти он, шахсони мансабдор, шахрвандон ва иттињодияњои онњо вазифадоранд Конститутсия ва ќонунњои кишварро риоя ва иљро намояд. (моддаи 10 Конститутсия)


§6.Љомеаи шањрвандї

Давлати муосири ҳуқуқбунёд ва ичтимои бо мафҳуми «чомеаи
Скачать txt | fb2
<< 1 2 3 4 ... 35 >>
На главную
Загрузка...
0 / 14

OkTj.ru тестхо саволу чавоб калиди тестхо шеърхо китобхои Точики tj 2017 2018 Таджикистан Точикистон скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики Худжанд Душанбе Куляб

Statok.net Яндекс.Метрика
© Правообладателям и Соглашения сайта oktj.ru