Привет, Гость!
На главную
Вход
Загрузка...
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Аз одами бераҳм саги вафодор беҳтар аст.
Библиотека | Шеърхо Рубоихо Табрикот баромадхои таёр | Шеърхо дар васфи Ватан Точикистон
<< 1 2
пуробуранг, табиати пур аз роз, замини мубораку пурбор, одамони мушфику мехрубонихост. Хакикатан сулх амниятест, ки чун дар мавриди хоб будани тифлакон модар дар истирохат асту изтироб надорад, дар мавриди сулху осоиштагй низ давлат орому осоишта арзи хастй менамояд. Аз дарду ранч ва фитнаву дасисахо канора мегирад. Пас, сулху осоиштагй ва фарогати давлату миллат худ аз худ ба осонй ба даст намеояд. Барои ба даст овардани сулху дустй, хануз дар солхои давраи Чанги Бузурги Ватанй мардуми мо дар мухорибахои шадиду хунин ва дардафзо иштирок намуда, чони худро дар рохи сулху дустй ва озодии Ватанй хеш дарег надоштаанд. Фарзандону хамсарони мехрубони хешро ба холи худ гузошта, бахри озодии Ватан кушидаанд. Гуруснагихо дида, афсурдагихоро паси сар кардаанд. Натичаи ин захматхои зиёди чунин мардони баномусу нанги миллат имруз моён бо умеду орзу ва озодиву осоиштагй умр ба сар мебарем. Хушбахтем, озоду бофарогат зиндагй мекунем, офтоби гармталъат саховатмандона ба сарамон нуру зиё ва мехру мухаббат эхе намуда, шодиамонро афзун мегардонад. Имруз бо захмати беандозаи Президенти давлатамон Эмомалй Рахмон ва дастгирии миллати бонангу номуси точик Точикистон бо хамаи кишвархои дунё робитаи дустй дорад. Хамаруза чун миллати сулххоху давлати тинчу ором хамкориву хамрайъй намуда, дар бурду бохт ва камию костихои онхо сахмгузор аст. Тамоми давлатхо бо кишвари мо робитахои дустй доранд, ки ин натичаи сулху оромй аст.
Мардуми точикзабонро дахр бишносад кунун,
3-он ки бошанд хар нафас вахдатгарои манзилам.
Толиби сулханд доим мардуми точикзабон,
Такя бар онхо намояд қавми сохибманзилам.
Сулх дар хаёти имрузаи мардуми точик ва фархангдуст бо калимаи «Вахдат» пайванд гардида, мафхуми бештареро фарогир гардид. Акнун дар чумхурии офтобруямон Точикистон рузи 27-июн хамчун рузи Вахдати миллй чаши гирифта мешавад. Мардуми мо ин рузро чун рузи баҳамой, хамгирой, сулху оштипазирй ва вахдату хамфикрй чашн мегиранд.
Сулҳ вахдат ифтихори миллати соҳибдилам,
Васфи онҳоро намояд решай чону дилам.
Дар миёни қавмҳо пайвастагй моро аз он.
Дарҳ бинмояд ситоиш, мардуми барнодилам.
Хулоса, сулҳ армугон ва дастоварди бузургест, ки аз сарвати бисер болотар аст. Хеч як дороиву афзунй ба як лахзаи осоиштагй ва дустиву сулху субот баробар буда наметавонад. Сулх неъмати гарону ноёфтанист, ки миллатро бузургию арзи баланд ва давлатро афзунию шуҳратёр мегардонад.
Скачать txt | fb2
<< 1 2
На главную
Загрузка...
0 / 19

OkTj.ru тестхо саволу чавоб калиди тестхо шеърхо китобхои Точики tj 2017 2018 Таджикистан Точикистон скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики Худжанд Душанбе Куляб

Statok.net Яндекс.Метрика
© Правообладателям и Соглашения сайта oktj.ru