Привет, Гость!
На главную
Вход
Загрузка...
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Умрро барои амалу ибодат ва покию парҳезкорӣ ғанимат бидон!
НАШ Viber Чат OKTJ.RU
Библиотека | Реферат Иншо Кори курси | Истиқлолият неъмати бебаҳост
<< 1 2 3 4
шуд. Сохтмони нақби Шаҳристон бо суръат ҷараён гирифта, охири моҳи сентябр ба истифода дода мешавад.
Дар баробари истифода аз сармояи хориҷӣ, аз р=и имкониятҳои мавҷуда аз буҷети вилоят низ барои таҷдиди роҳҳои қаламрави вилоят маблағҳои зарурӣ ҷудо шуда истодааст. Соли 2008 барои таъмири роҳи автомобилгарди «Хуҷанд-Ғафуров» – 6,2 млн. сомонӣ, соли 2009 барои роҳҳои автомобилгарди шаҳри Чкалов – 7,0 млн сомонӣ, соли 2010- барои роҳҳои автомобилгарди шаҳри Хуҷанд – 8 млн. сомонӣ ҷудо карда шуданд.
Дар ин давра дар вилоят сохтмон ва таъмиру тармими садҳо иншоотҳои истеҳсолӣ, маданию маишӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва барқароркунии роҳҳою к=прукҳо, иншоотҳои мавриди истифода ба роҳ монда шуданд, аз ҷумла варзишгоҳ барои 25 ҳазор нафар, муҷассамаҳои Аб=абдулло Р=дакӣ ва Исмоили Сомонӣ беморхонаҳои эндокринологӣ ва гемотологии бачагона, маркази вилоятии солимгардонии шараёни дил, хонаи истиқоматӣ дар шаҳри Хуҷанд, чойхонаи миллӣ дар “Боғи Ваҳдат”-и ноҳияи Б.Ғафуров, литсеи Президентӣ дар шаҳри Чкалов, мактабҳо дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят ва ғайраҳо вусъат ёфтанд.
Ба муносибати ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иншоотҳои ҳаётан муҳим, ба мисли “Ҳавзи шиноварӣ”, “Кохи матбуот”, хиёбони Исмоили Сомонӣ дар шаҳри Хуҷанд ва Муассисаи истироҳатию солимгардонӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов мавриди истифода қарор дода шуд.
Имсол низ бахшида ба санаи таърихӣ дар қаламрави вилоят бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтани беш аз 200 иншоот дар назар аст. Дар роҳи иҷрои яке аз самтҳҳои муҳими сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон – аз бумубасти коммунакатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар нақби Шаҳристон дар моҳи сентябр мавриди истифода қарор хоҳад гирифт, ки иҷрои ин амал дар беҳбудии сатҳи зиндагии мардуми кишвар таъсири мусбӣ хоҳад гузошт. Ҳамчунин оғози корҳои таъмиру азнавсозии роҳи нақлиётгарди Айнӣ – Панҷакент идомаи ин самти муҳими сиёсӣ ба шумор меравад, ки иҷрои ин корҳо танҳо бо шарофати оромии кишвар ва меҳнати бунёдгаронаи ҳар сокини диёр ба мо насиб гаштааст. Сокинони вилоят хуб медонанд, ки таъмири азнавсозии қасри сулҳовари «Арбоб» дар арафаи анҷомёбист ва он симои худро куллан дигаргун намуда, ба як маркази муҳими фарҳангию фароғатӣ ва худшиносии миллӣ табдил ёфтааст. Дар подоши ғамхорию дастгириҳое, ки дар Паёми навбатии Сарвари давлат нисбати соҳибкорон иброз гардида буд, соҳибкорони бонангу ор ва бо саховату бунёдкори вилоят ба чанд иқдоми наҷиб аз қабили бунёди корхонаҳои саноатӣ, марказҳои фароғатӣ, муассисаҳои таълимию тиббӣ, варзишгоҳҳо, мағозаву марказҳои савдо машғул шудаанд, ки иҷрои ин амалҳо дар баробари симои маҳал ва марказҳои аҳолнишинро дигаргун намуданд, барои таъмини аҳолӣ бо ҷои кор ва фаровонии маҳсулот мусоидат хоҳад кард. Мардуми вилоят тасмим гирифтаанд 20-солагии баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Ш=рои Олии Тоҷикистонро низ бо дастовардҳои назарраси меҳнатӣ ва таъмини нақшаю =ҳдадориҳои меҳнатӣ сазовор таҷлил намоянд. Бо эътимоди комил метавон гуфт, ки ибтидои қарни ХХ1 ва ҳазорсолаи сеюм барои мо шоҳроҳи таҳкими истиқлолияти кишвар, пойдории сулҳу субот, рушду нумўи давлатдории миллӣ ва кишвари соҳибистиқлолро ба сўи ояндаи неку осуда, зиндагии сарбаландона ва давлати мутамаддини ҷаҳонӣ хоҳад кушод. Аз ин лиҳоз бо чунин орзуҳо гуфтанием:
Бигузор иди муқаддаси Истиқлолият барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбию кушоишҳо оварад! Поянда бод ваҳдати миллӣ ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон!
Скачать txt | fb2
<< 1 2 3 4
На главную
Загрузка...
0 / 43

OkTj.ru тестхо саволу чавоб калиди тестхо шеърхо китобхои Точики tj 2017 2018 Таджикистан Точикистон скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики Худжанд Душанбе Куляб

Statok.net Яндекс.Метрика
© Правообладателям и Соглашения сайта oktj.ru