Привет, Гость!
На главную
Вход
Загрузка...
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Дар вақти торикӣ ҳама гурбаҳо якранг метобанд.
Библиотека | Реферат Иншо Кори курси | Истиқлолият неъмати бебаҳост
<< 1 2 3 4 >>
бузургдошти шахсиятҳои барҷаста дар тарбияи маънавии халқ, бахусус насли наврасу ҷавон аҳамияти калон доранд. Аз ин лиҳоз ҳар иду маросим ҳадафҳои махсуси худро дорост ва бешубҳа ба ягонагии рўҳию маънавии ҷомеа, дасти мадад дароз кардан ба ниёзмандон, наҷобати хайрхоҳию ҳамдигарфаҳмӣ, дўстию рафоқати одамони касбу кори гуногун бетаъсир нахоҳад монд.
Бо вуҷуди ҳамаи дастовардҳои бесобиқаву беназири худ инсон ҳанўз ба ормону орзуҳои деринааш, яъне эҷоди як зиндагии поку пурсаодат, орому осуда ва озод аз хушунату ихтилофҳо дастёб нашудааст. Баръакс, имрўз инсоният бо хатарҳои нав ва мушкилоти сангинтар рў ба рў гашта, гирифтори ихтилофҳои мафкуравию мазҳабӣ ва бархўрди манфиатҳои сиёсиву иқтисодии ҷаҳонӣ мебошад.
Сарвари давлати тоҷикон ҳамеша таъкид мекунанд: «Вазъи имрўзаи сайёра моро водор месозад, ки на аз зиддияти мафкураҳо, бархўрди манфиатҳо ва ихтилофи тамаддунҳо, балки аз робитаҳои дўстона, ҳамзистии мусолиматомез ва гуфтугўи тамаддунҳо ҳарф занем.
Мо вазифадорем, ки ҳама гуна амалҳои ба зиндагии осоиштаи башарият таҳдидкунандаро маҳкум ва пешгирӣ карда, талошҳои созанда, дастовардҳои фарҳанг ва дину оинҳои халқу миллатҳои гуногунро ҳамчун ҷузъҳои таркиби тамаддуни башарӣ эътироф намоем ва ба онҳо эҳтиром гузорем.
Ҷумҳурии Тоҷикистон чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ табиист, ки аз равандҳои ҷаҳонишавӣ берун буда наметавонад. Муносибатҳои мо ба кишварҳо ва минтақаҳои гуногуни олам торафт вусъат ёфта, мо ҳарчи бештар вориди муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарии байналмилалӣ мегардем.
Дар чунин шароит амиқ дарк кардани мақсад ва ҳадафҳои худ, таҳкими дастовардҳои таърихӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллии Ватани азизамон дар арсаи байналмилалӣ амри зарурист».
Барои амалӣ гардидани ин ҳадафҳо муносибатҳои баробарҳуқуқ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо кишварҳои минтақа ва мамолики пешрафтаи олам аҳамияти махсус доранд. Дар робита ба ин бояд гуфт, ки дар натиҷаи пешбурди сиёсати «дарҳои кушода» чунин муносиботу ҳамкориҳо рўз аз рўз таҳкиму густариш меёбанд.
Ҳадафи аслии мо эъмори давлати мустақили ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва фароҳам овардани шароит барои зиндагии шоистаи инсон аст.
Дар ҷараёни татбиқи ин ҳадаф дар Тоҷикистони соҳибистиқлол дар фосилаи на чандон тўлонӣ арзишҳои демократӣ ҳамчун ҷузъи фарҳанги давлатдории навин пазируфта шуданд ва онҳо ба таҳкими дастовардҳои истиқлолият, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва институтҳои он, инчунин ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидати фаъол намуданд.
Мақсади асосии низоми демократӣ дар ҷомеаи мо, пеш аз ҳама таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, фароҳам овардани шароит барои меҳнат ва зиндагии осуда, волоияти қонун, пойдории адолат ва иштироки фаъоли мардум дар идоракунии давлат мебошад, ки ба анъанаву суннатҳои давлатдории миллӣ, арзишҳои ахлоқиву фарҳан-гии миллат ва дастовардҳои тамаддуни башарӣ такя мекунанд.
Иҷрои тадбирҳои зикршуда дар навбати аввал аз сатҳи рушди иқтисодии кишвар вобаста аст. Бо назардошти ин, мо роҳи густариши муносибатҳои бозорӣ ва рушди устувори иқтисоди миллиро пеш гирифта, дар ин самт тадриҷан ба комёбиҳои назаррас ноил шуда истодаем.
Ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии иқтисодиёт, иқтидори содиротии кишвар ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ тибқи барномаҳои махсуси давлатӣ оид ба коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, нахи пахта ва дигар соҳаҳои истеҳсолӣ як қатор корхонаҳои саноатӣ ба кор даромаданд ва ҳоло мувофиқи стандартҳои ҷаҳонӣ маҳсулоти худро ба фурўш мебароранд. Дар ноҳияҳои Зафаробод, Спитамен, Мастчоҳ корхонаҳои азими коркарди пахта фаъолияти худро сар карданд. Дар назди ин корхонаҳо коргоҳҳои бофандагӣ, нассоҷӣ низ амал мекунанд, ки барои натиҷаи ниҳоӣ шароит фароҳам меоваранд.
Татбиқи Стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 ва Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007 – 2009 имкон доданд, ки густариши ислоҳоти иқтисодӣ, рушди устувори иқтисоди миллӣ ва сатҳи баланди зиндагии мардумро тадриҷан таъмин гардонем.
Дар соҳаҳои илму маориф, тиб, фарҳанг ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ як силсила ҳадафҳои стратегӣ ва афзалиятнок муайян карда шудаанд. Ҳоло бо боварӣ гуфта метавонем, ки дар натиҷаи ба рушди соҳаҳои иҷтимоӣ равона кардани беш аз 50%- и буҷети давлатӣ дар доираи татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ доир ба бунёд, таъмир ва аз навсозии инфраструктураи иҷтимоии соҳа пешравиҳои назаррас мушоҳида карда мешаванд.
Ба хотири баланд бардоштани сифат ва сатҳи зиндагии мардуми кишвар, ки дар роҳи он маъракаву маросимҳои серхароҷот монеаҳои ҷиддӣ эҷод мекарданд, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» уфуқҳои тозаро дурахшон кард. Бо ин иқдом мо барои то андозае сабук гардонидани бори зиндагии халқамон шароити мусоид фароҳам овардем. Дар айни замон зарур аст, ки дар доираи татбиқ ва риояи қатъии конуни мазкур расму ойинҳо ва маъракаороиҳо ба тартибу низом ва меъёри муқарраршуда дароварда шаванд.
Мо бо амалӣ намудани сиёсати рушди устувори иқтисодӣ мақсад дорем, ки ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ, тадриҷан беҳтар шудани сифат ва сатҳи зиндагии мардум муваффақ шавем. Бовар дорем, ки дар давоми чанд соли наздик ба ҳалли ин масъалаҳо ноил мегардем.
Дар раванди таҳкими сулҳу субот ва давлатсозиву давлатдории навини худ баҳрабардорӣ аз арзишҳои волои таърихиву фарҳангӣ, таблиғи ҳувияти милливу ифтихори ватандорӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ба шоҳроҳи созандагиву ободонии сарзамини аҷдодӣ раҳнамоӣ кардан ва сафарбар намудани мардумро воқеан ҳам дар маркази сиёсати давлатӣ қарор додем.
Бо орзую умедҳои нек гуфтанӣ ҳастем, ки дар остонаи 21-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи фарзандони бонангу номуси миллати мо рисолату асолати давлатдории миллӣ ва қарзи муқаддаси шаҳрвандиашонро дарк намуда, барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, пуштибонии амнияти милливу давлатӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат ва суботи сиёсӣ, таъмини рушди иқтисодиёт ва пешрафти Ватани азиз нерўю дониши худро дареғ намедоранд.
Соли 2009 бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Президенти кишварамон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хатти баландшиддати интиқоли барқии 500 кВт “Ҷануб – Шимол” сохта, ба истифода супорида шуд, ки дар таъмин гардидани истиқлолияти энергетикии вилоят басо роли муҳим мебозад. Дар баробари ин сохтмони хатти баландшиддати интиқоли барқии 220 кВт “Хуҷанд – Айнӣ” натиҷаҳои хуб дод. Дар доираи Барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи нер=гоҳҳои хурди барқӣ дар давраи солҳои 2009-2020 даҳҳо нерeгоҳи обии хурд сохта ба истифода дода шуд. Вобаста ба иҷрои супориши Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати сохта ба истифода додани корхонаи истеҳсоли лампаҳои каммасраф тадбирҳо андешида шуда, дар ҶСШК “Чароғ”-и шаҳри Исфара ва коргоҳи “Сомон”-и шаҳри Чкалов соли 2010 истеҳсоли лампаҳои каммасраф ба роҳ монда шуда, дар маҷмeъ 120 ҷойҳои кории нав таъсис гардонид. Соли 2006 таҷдиди роҳи автомобилгарди «Душанбе-Хуҷанд-Б=стон-Чаноқ» ва сохтмони нақби Шаҳристон бо арзиши 296 млн. доллари ИМА оғоз гардида, дар масофаи 354,1 км ба анҷом расонида
Скачать txt | fb2
<< 1 2 3 4 >>
На главную
Загрузка...
0 / 82

OkTj.ru тестхо саволу чавоб калиди тестхо шеърхо китобхои Точики tj 2017 2018 Таджикистан Точикистон скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики Худжанд Душанбе Куляб

Statok.net Яндекс.Метрика
© Правообладателям и Соглашения сайта oktj.ru