Hi, Guest!
Home
Login
Загрузка...
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Оҳанро дар гармиаш мекубанд.
НАШ Viber Чат OKTJ.RU
Наш TELEGRAMM Канал
Library | Реферат Иншо Кори курси | дар Мавзуи: Чавонон
<< 1 2 3 >>
ки умуман хатари созмонҳои ифротиро барои миллати тоҷик, ҷомеаи тоҷик, давлати Тоҷикистон ва умуман аҳли башар бисёр ҷиддӣ буда, бетарафӣ ва бепарво будан нисбат ба ин падида оқибатҳои ниҳоят бад дорад. Хосатан бо дарназардошти фарҳангу анъана, шакли диндорӣ, шароити иҷтимову иқтисодӣ, сиёсиву геополитикӣ, мушкилоту хатарҳои минтақаи Осиёи Марказӣ паҳн гардидани ифротгароии динӣ мушкилоти зиёдро ба миён меорад. Бо ҳамин маънӣ, пешниҳоди Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оиди соли 2016-ро эълон намудани «Соли ҷавонон» дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай бисёр бамаврид ва муҳим мебошад. Имрӯз дар ҳақиқат вақти он расидааст, ки ба ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардад, то ин қишри ҷомеа ба самти созандагӣ, бунёдкорӣ, суботофарӣ ва рушди ҷомеа сафарбар бишаванд ва ба сӯи харобкорӣ, ифротгароиву тундгароӣ ва терроризм майл намудани онҳо пешгирӣ карда шавад. Барои ин кор, албатта заҳмату кӯшиши бештар, барномаи таълимӣ-маърифатии пухтаву санҷида ва сармоягузории зиёд лозим мебошад. Бояд қайд намуд, ки масъалаву мушкилоти ҷавонони кишварро ба таври умумӣ дар якҷоягӣ хулоса ва баҳогузорӣ кардан душвор ва нодуруст аст. Зеро, имрӯз ҷавонони тоҷик ҳамонҳое ҳастанд, ки дар мактаб мехонанд, дар донишгоҳ таҳсил мекунанд, дар соҳаҳо ва сохторҳои давлатию ғайридавлатӣ кор мекунанд ва ниҳоят, дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд. Ин тақсимбандиҳо аз як тараф зинаҳои алоҳидаи камолоти ҷавонон буда, ҳар яки ин бахшҳо масъалаҳо ва мушкилоти худро доранд, ки ҳаллу баррасии ҷудогонаро мехоҳанд.
Зимнан, ҳалли мушкилоти як соҳа бевосита ё бавосита таъсири худро ба соҳаҳои дигар мерасонад. Агар мушкилоти ҷавонон имрӯз қадам ба қадам ҳалли худро наёбанд, ҳукумат ба он диққат надиҳад, баъди чанд сол метавонад он ба сари ҷомеа мушкилоту масъалаҳои сангинро ба миён орад. Зеро ҷавонон ва умуман инсонҳо, маъмулан вақте дар зиндагӣ муваффақ шуданд, дар бештари ҳолат худро сабабгор медонанд ва агар рафту соҳиби зиндагии хуб нашуданд, на худро, балки ҳукумату давлатро сабабгор мешуморанд ва қаҳру ғазаби худро бо роҳҳои гуногуни қонуниву ғаёриқонунӣ ифода мекунанд.
Ҷавонон ва маориф

Дар масъалаи таълиму тарбия дар мактабҳои миёна ва донишгоҳҳои олӣ ба хотири беҳтар шудан ё баланд бардоштани саводу маърифати насли ҷавон муқаррар намудани талаботи сахт ва ба роҳ мондани низоми нав аз корҳои муҳимтарину аввалиндараҷа ба назар мерасад. Зеро бе роҳандозии низоми нав, раванди таълими имрӯза натиҷаҳои нек ба бор нахоҳад овард ва заҳматҳои чандинсола барбод хоҳад рафт. Ҳамзамон хизмати ҳарбии ҳатмӣ дар муддати як сол бо ҷорӣ намудани хизмати алтернативӣ (хизмат дар соҳаҳои хоҷагии қишлоқ, сохтмон, ободу зебокунии ин ё он минтақаи кишвар ва ғ.) барои ҷавонон баъди хатми мактаби миёна метавонад, боиси рушди солимии камолоти ҷисмиву руҳӣ ва ватандӯстии онҳо гардад.
Имрӯз яке аз мушкилоти асосии ҷавонони тоҷик сатҳи пасти дониш, бемарифатӣ буда, боқӣ дигар мушкилиҳо ба он сахт вобастагӣ дорад ва роҳи ҳаллӣ ин соҳа аз чӣ гуна идома ёфтани раванди таълиму тарбия дар мактабу донишгоҳҳо бисёр вобаста аст. Вале баробари ин ҳоло як қисми ҷавононе, ки соҳиби донишу саводи баланд ҳастанд, дар кишвар кори арзанда пайдо намекунанд ва ё аз сабаби паст будани маош дар ҷое адои вазифа намекунанд. Бояд гуфт, ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи хеш бисёр бамаврид таъкид намуданд, ки Ҳукумату давлат барои рушди соҳаи маориф чизеро дареғ намедорад. Ва агар нигоҳ кунед, солҳои охир дар воқеъ сиёсати давлат дар соҳаи маориф беҳтару хубтар шуда истодааст. Тибқи маълумот дар замони шӯравӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, аз ҷумла як донишгоҳ ва 12 донишкада фаъолият дошт, ки дар онҳо ҳамагӣ аз рӯи 82 ихтисос мутахассис тайёр карда мешуд. Ҳоло дар мамлакат 36 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи 300 ихтисос мутахассис омода месозад. Шумораи умумии донишҷӯёни мактабҳои олӣ зиёда аз 156 ҳазор нафар буда, ҳар сол муассисаҳои таҳсилоти олии кишварро беш аз 30 ҳазор нафар хатм мекунанд.

Аммо, баробари ин то замоне агар мо низоми таълиму тарбияро ҷиддӣ ва сахт нагирем, ҳамаи ин меҳнатҳо натиҷаю самараи хуб ба бор намеорад, яъне масъулини соҳаи маориф ва устодони азиз бояд содиқона меҳнат намуда, вазифаи муқаддаси хешро дар назди насли имрӯзу фардои ватан иҷро намоянд. Албатта, аз як нигоҳ ба роҳ мондани низоми нав кори бисёр душвор ва дар шароити кунунӣ номуносиб ба чашм мерасад, вале баъди амалӣ кардани он, натиҷаи кори низоми нав ҳатман ба манфиати давлату ҷомеа хоҳад буд. Ва ғайри он, дигар роҳҳо танҳо аз даст додани вақт, нодида гирифтани мушкилоти таълиму тарбияи насли наврасу ҷавони кишвар дар шароити торафт доман пахн намудани ҷаҳонишавӣ мебошад. Дар шароити кунунии иҷтимоию иқтисодӣ, дастгирии маънавӣ ва муносибати содиқонаи давлат, аҳли ҷомеа, волидайн ба ҷавонон ин камтарин хизмат ба ин насл буда метавонад. Дар ин маврид таъкиди Президенти кишвар дар Паёми имсола худ оиди дастгирии шогирдон (ҷавонон) аз ҷониби устодон ва насли калони ҷомеа бисёр нуқтаи бомаврид ва саривақтист ва меарзад, ки насли бузургсол аз ин гуфтаҳо хулосаҳое дуруст бароварда бошанд, то насли имрӯза дар оянда бо некӣ аз гузаштагони худ ёд бикунанд.
Мутаассифона, яке аз мушкилоти мо ин аст, ки баъзе падару модарон ба ҷои он ки ҳоло захираҳои молӣ ва моликияти худро барои рушди ҷисмиву маънавии фарзандони хеш сарф бикунанд, баръакс молу мулки худро солҳо ҷамъ намуда, баъдан вақте фарзандонашон ба камол расиданд, онро барои оиладории онҳо, ба донишгоҳҳо дохил кардан ва ё барои хариди мошину манзил сарф мекунанд. Шояд камтар фикри онро мекунанд, ки вақте имрӯз кӯдакону наврасон дар раванди сабзишу ба камол расидан таълиму тарбияи дуруст нагиранд, баъдан дар вақти бузург шудан, онҳо қобилияти соҳиб будан ба мошину манзил ва ё ба донишгоҳ дохил шуданро пайдо нахоҳанд кард, чунки натиҷаи рушди рӯҳиву равонӣ ва маънавии онҳо омодаи соҳиби моликият ва таҳсил карданро намедиҳад. Вале, баръакс, агар имрӯз падару модарон, ҳукумату давлат моликияту захираҳои иқтисодии лозимаро дар вақти зарурӣ дар раванди ба воя расидани наврасон сарф намоянд, дар оянда онҳо худ омодаи пайдо намудани ҳамаи он моликият мегарданд. Яъне, дар як ҳолат ояндаву шароит омода шудааст, вале ҷавон аз лиҳози рӯҳиву маънавӣ ва ахлоқӣ мутобиқ ба он шароит нест. Дар ҳолати дуввум ҷавони соҳиби маърифати баланду ҳушманд ҳам аз лиҳози рӯҳиву равонӣ омодаи шароиту воқеият ҳаст ва бештар аз он, худ ба таври мустақилона дунболи орзуву мақсадҳояш меравад. Чунонки яке аз собиқ президентҳои ИМА Франклин Рузвелт дар ин маврид фармудааст: «Мо наметавонем ҳама вақт барои ҷавононамон ояндаеро бунёд кунем, вале метавонем ҳамеша онҳоро барои оянда омода созем». Аз ҳамин нуқтаи назар, беҳтар ва хубтар он аст, ки имрӯз давлат, ҷомеа, падару модарон имкониятҳои иқтисодии хешро барои рушди маънавию ҷисмонии насли наврасу ҷавон сарф намоянд, то онҳо барои замони оянда ҳамчун парчамбардори миллат омода бошанду зиндагии хешро мутобиқ ба диду назар, хоставу ормони хеш бунёд намуда, обрӯву эътибори Ватани худ - Тоҷикистони
Download txt | fb2
<< 1 2 3 >>
Home
Loading...
0 / 6

OkTj.ru тестхо саволу чавоб калиди тестхо шеърхо китобхои Точики tj 2019 Таджикистан Точикистон скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики Худжанд Душанбе Куляб

Statok.net Яндекс.Метрика
© oktj.ru 2014-2019 Соглошеня сайта