Привет, Гость!
На главную
Вход
Загрузка...
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Агар дар боғ гул набошад булбул ҳам намесарояд.
НАШ Viber Чат OKTJ.RU
Библиотека | Тестхо Саволу чавоб,Тесты,Вопросы и ответы | ТЕСТҲО АЗ ФАННИ КОДЕКСИ ГУМРУКИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
<< 1 2 3 4 ... 21 >>
якуми моҳи сеюми семоҳаи баъд аз семоҳаи интишори расмии онҳо эътибори қонунӣ пайдо мекунанд.
в) агар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ дар давоми моҳи сеюми семоҳа нашр шуда бошанд, онҳо аз рўзи якуми моҳи дуюми семоҳаи баъд аз семоҳаи интишори расмии онҳо эътибори қонунӣ пайдо мекунанд.
21. Меъёрҳои муқарраркунанда ё вазнинкунандаи ҷавобгарӣ ё вогузорандаи ўҳдадориҳои иловагӣ ба зиммаи субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқии гумрукӣ:
а) қувваи бозгашт доранд
б) қувваи бозгашт надоранд
в) қувваи надоранд
22. Меъёрҳои сабуккунандаи ҷавобгарии иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқии гумрукӣ:
а) қувваи бозгашт доранд
б) қувваи бозгашт надоранд
в) қувваи надоранд
23. Нисбати санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ кадом талаботҳо муқаррар карда шудааст?
а) онҳо бояд чунон баён гарданд, ки ҳар як шахс ҳуқуқ ва вазифаҳои худро дақиқ донад
б) онҳо бояд чунон баён гарданд, ки ҳар як шахс ҳангоми интиқоли мол ва воситаҳои нақлиёт аз сарҳади гумрукӣ иҷрои кадом амал, кай ва тартиби иҷрои онро дақиқ донад
в) ҷавобҳо дурустанд
24. Ҳеҷ кас барои вайрон кардани қоидаҳои гумрукӣ ба ҷавобгарӣ кашида намешавад, ба шарте ки:
а) ин вайронкунӣ аз сабаби вазнин будани шароити оилавӣ ва ё зарурияти ниҳоӣ, ки дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии фаъолияти гумрукӣ мавҷуда ба миён омада бошад
б) ин вайронкунӣ аз сабаби носаҳеҳӣ ва гуногунфаҳмии меъёрҳои ҳуқуқии дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии фаъолияти гумрукӣ мавҷуда ба миён омада бошад
в) ин вайронкунӣ аз сабаби дидаю дониста ва дарк намудани меъёрҳои ҳуқуқии дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии фаъолияти гумрукӣ мавҷуда ба миён омада бошад
МАВЗӮИ 3. МАҚОМОТИ ГУМРУКИИ ҶТ ВА СОХТОРИ ОН
25. Мақомоти гумрук чӣ гуна мақомот мебошад?
а) ташкилоти ҷамъиятӣ мебошад, ки манфиатҳои иштирокчиёни ФИХ – ро ҳифз мекунад
б) мақомоти давлатии ҳифзи ҳуқуқ буда, манфиатҳои давлат ва иштирокчиёни ФИХ – ро ҳифз мекунад
в) мақомоти қонунгузор мебошад, ки дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ санадҳои ҳуқуқӣ таҳия мекунад
26. Мақомоти гумрук мақомоти давлатии ҳифзи ҳуқуқ буда:
а) ҳимояи манфиатҳои шахсии аъзоёни Ҳукумати ҶТ, Президенти ҶТ, риояи ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро таъмин менамоянд
б) ҳимояи истиқлолият, амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро дар доираи салоҳияти худ таъмин менамоянд
в) ҳимояи истиқлолият, амнияти иқтисодии ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дини, риояи ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро таъмин менамоянд
27. Мақомоти гумрук мақомоти давлатии ҳифзи ҳуқуқ буда, ҳимояи истиқлолият, амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро__________ таъмин мекунад.
а) ҳангоми интиқол додани мол ва воситаҳои нақлиёт аз сарҳади гумрукӣ
б) ҳангоми истеҳсол ва истифодаи мол дар қаламрави гумрукӣ
в) ҳангоми нигоҳдории мол ва воситаҳои нақлиёт дар анборҳои гумрукӣ
28. Кадом сохтори давлати мақомоти ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ба ҳисоб меравад?
а) Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд
б) Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
в) Дидбонгоҳи гумрукии Панҷи поён
29. Кадом сохтори давлати мақомоти ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ба ҳисоб меравад?
а) Бонки миллии Тоҷикистон
б) Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
в) Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
30. Хадамоти гумрукии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна мақомот мебошад?
а) ташкилоти ҷамъиятӣ мебошад, ки манфиатҳои иштирокчиёни ФИХ – ро ҳифз мекунад
б) мақомоти давлатии ҳифзи ҳуқуқ буда, манфиатҳои давлат ва иштирокчиёни ФИХ – ро ҳифз мекунад
в) мақомоти қонунгузор мебошад, ки дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ санадҳои ҳуқуқӣ таҳия мекунад
31. Хадамоти гумрукии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна мақомот мебошад?
а) мақомоти давлатии ҳокимияти иҷроия
б) мақомоти давлатии қонунгузор
в) мақомоти судӣ
32. Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Хадамот) мақомоти ваколатдори ҳифзи ҳуқуқии ҳокимияти иҷроия оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ буда:
а) татбиқи мустақими вазифаҳоро дар соҳаи фаъолияти андоз таъмин менамояд.
б) татбиқи мустақими вазифаҳоро дар соҳаи фаъолияти алоқа таъмин менамояд.
в) татбиқи мустақими вазифаҳоро дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ таъмин менамояд.
33. Роҳбарии умумии фаъолияти Хадамоти гумрукии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро кадом сохтор амалӣ менамояд?
а) мақоми ваколатор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ
б) Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
в) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
34. Хадамоти гумрукии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси кадом санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амал мекунад?
а) Конститутсияи ҶТ, Кодекси гумрукии ҶТ, қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи ҶТ
б) Низомномаи СММ, Низомномаи ИДМ, Низомномаи ЮНКТАД, Низомномаи СҲШ, Низомномаи ГРИНПИС ва Салиби Сурх
в) Кодекси гумрукии Иттиҳоди гумрукӣ, Тарифи ягонаи гумрукии Иттиҳоди гумрукӣ ва дигар санадҳое, ки Комиссияи Иттиҳоди гумрукӣ қабул мекунад
35. Хадамот ва мақомоти тобеи он ______________ ташкил медиҳад.
а) системаи ягонаи мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистонро
б) системаи ягонаи мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистонро
в) системаи ягонаи мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро
36. Хадамот фаъолияти худро _____________ анҷом медиҳад
а) мустақиман ва дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти ҳокимияти қонунгузор
б) мустақиман ва дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти ҳокимияти иҷроия
в) мустақиман ва дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти ҳокимияти судӣ
37. Сохтори мақомоти гумрукӣ чунин мебошад:
а) мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ, идораҳои минтақавии гумрукӣ, гумрукҳо, дидбонгоҳҳои гумрукӣ;
б) лобороторияи гумрукии марказӣ, донишкадаи такмили ихтисос, хадамоти тиббию ҳарбӣ
в) анборҳои гумрукии кушода ва пӯшида, анборҳои озод, анборҳои нигоҳдории муваққатӣ
39. Сохторҳои ёрирасони Хадамоти гумрукиро номбар кунед:
а) мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ, идораҳои минтақавии гумрукӣ, гумрукҳо, дидбонгоҳҳои гумрукӣ;
б) лобороторияи гумрукии марказӣ, донишкадаи такмили ихтисос, хадамоти тиббию ҳарбӣ
в) анборҳои гумрукии кушода ва пӯшида, анборҳои озод, анборҳои нигоҳдории муваққатӣ
40. Ташкилдиҳии идораҳои минтақавии гумрук аз тарафи кӣ анҷом дода мешавад?
а) аз тарафи Хадамоти гумрукӣ бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
б) аз тарафи Маҷлиси олӣ бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
в) аз тарафи Суди олӣ бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
41. Азнавташкилдиҳии идораҳои минтақавии гумрук аз тарафи кӣ анҷом дода мешавад?
а) аз тарафи Хадамоти гумрукӣ бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
б) аз тарафи Маҷлиси олӣ бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
в) аз тарафи Суди олӣ бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
42. Барҳамдиҳии идораҳои минтақавии гумрук аз тарафи кӣ анҷом дода мешавад?
а) аз тарафи Хадамоти гумрукӣ бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати
Скачать txt | fb2
<< 1 2 3 4 ... 21 >>
На главную
Загрузка...
0 / 42

OkTj.ru тестхо саволу чавоб калиди тестхо шеърхо китобхои Точики tj 2017 2018 Таджикистан Точикистон скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики Худжанд Душанбе Куляб

Statok.net Яндекс.Метрика
© Правообладателям и Соглашения сайта oktj.ru