Hi, Guest!
Home
Login
Загрузка...
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Виҷдон қонуни қонунҳост.
НАШ Viber Чат OKTJ.RU
Наш TELEGRAMM Канал
Library | Таджикистан / Точикистон | Точикон китоби Бобочон Ғафуров Кисми 6
<< 1 ... 66 67 68
аморат, дараҷаи ниҳоят пасти саноат боиси он мегардид, ки деҳқонон пролетар не, балки паупер мешуданд. Пауперизм бениҳоят вусъат меёфт. Деҳқонон аз як порча замини худ маҳрум шуда, барои аз гушнагӣ намурдан ба корхонаҳои саноатӣ рафта кор мекарданд ва ҳамин тавр аввалин кадрҳои пролетариати маҳаллӣ ба вуҷуд меомад. Ин коргарон дар конҳои мутлақо беҷиҳози ангишту маъдану намак ва ғайра меҳнат мекарданду шароити кори онҳо, бемуболиға, аз шароити ҷаҳаннам бадтар буд.
Дар арафаи соли 1905 дар Осиёи Миёна то 32 ҳазор нафар коргарон буданд, ки 77 фоизи онҳоро коргарони миллатҳои маҳаллӣ ташкил медоданд. Дар вилояти Фарғона, ки саноаташ бештар тараққӣ ёфта буд, то 40 фо-изи корхонаҳои тамоми кишвар воқеъ гашта, дар онҳо зи-ёда аз 8 ҳазор нафар коргарон кор мекарданд, дар вилояти Самарқанд 2800 нафар коргарон буданд.
Аввалин кадрҳои пролетариати маҳаллӣ аз ҷумлаи деҳқонони бенавогашта ташкил меёфтанд, ки онҳо дар ҷустуҷeи кор ба шаҳр равона мешуданд. Қисми асосии пролетарҳои аввалини тоҷик мардикорон, коргарони мавсимӣ ба ҳисоб мерафтанд ва онҳо дар конҳо, корхо-наҳои вилояти Самарқанд, заводҳои пахтаи Фарғона, дар сохтмони роҳи оҳан корҳои вазнини зeрталабро ба ҷо меоварданд. Дар рубоӣ ва таронаҳои ғарибӣ, ки то ба за-мони мо омада расидаанд, аз рeзи сиёҳи мардикорони тоҷик ва ғарибмазор шудани онҳо сухан меравад:

Дар ғарибӣ гашта-гашта, ранги зард овардаам,
Ранги зардамро ба пеши аҳли дард овардаам.
Ранги зардамро бубину аз хазонам ёд кун!
Дар сари қабрам нишину як даме фарёд кун!

Дар айни замон аз деҳот барои мардикорӣ ба шаҳрҳо баромада рафтани аҳолӣ «ҳодисаи прогрессивӣ мебошад. Вай аҳолиро аз ҷойҳои дурафтода, пасмонда, таърих фа-ромeшкарда берун меорад ва ба гирдоби ҳаёти ҳозираи ҷамъиятӣ мекашад» . Ин хулосаи В.И.Ленин, ки нисбат ба деҳқонони рус баровардааст, нисбат ба деҳқонони тоҷик ҳам комилан татбиқпазир аст.
Мардикорони тоҷик аз диёри худ баромада, ба корга-рони рус вомехeрданд ва бо ҳамроҳии онон тамоми азобу азияти истисмори капиталис¬тиро аз сар мегузаронданд. Робита бо пролетариати рус дар ҷараёни ташаккули про-летариати тоҷик роли калони револютсионӣ бозида буд.
Дар байни аввалин пролетарҳои тоҷик баъзан ба муқобили золимон исёнҳои номуташаккил сар мезаданд. Исёне, ки соли 1885 дар конҳои ангишти Завронкиштут ба амал омада буд, ба ин мисол шуда метавонад. Коргарон назоратчиёнро дошта зада, таҷҳизотро вайрон карданд ва устои кону назоратчиёнро гирифта, ба Панҷакент равона шуданд, ки барои муомилаи бераҳмона ба ҳукуматдорон шикоят кунанд. Дар исён 80 кас иштирок карда буд. Дар Панҷакент се нафар аз исёнгаронро ҳабс мекунанд, шикоят беоқибат мемонад, ошeби коргарон фурe нишонда мешавад.
Дар бораи дигар ошeбҳои коргарони кироя, ки алалху-сус дар ибтидои асри ХХ тез-тез ба вуқeъ меомаданд, маълумоти ноқис боқӣ мондааст. Ин ошeбу шeришҳои меҳнаткашон алалхусус дар ибтидои асри ХХ ниҳоят ву-съат ёфтанд, вале дар он давра онҳо роҳбарияти проле-тарӣ надоштанд ва дошта ҳам наметавонистанд. Бинобар ин, ғазаби халқ танҳо дар шакли шeру ошeбҳои ҷудогона-ву стихиявӣ зоҳир мегардид. Ҳамаи ин шeру ошeбҳоро ҳукумати подшоҳӣ ва ҳукуматдорони маҳаллии Турки-стон бераҳмона пахш мекарданд.
Download txt | fb2
<< 1 ... 66 67 68
Home
Loading...
0 / 8

OkTj.ru тестхо саволу чавоб калиди тестхо шеърхо китобхои Точики tj 2019 Таджикистан Точикистон скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики Худжанд Душанбе Куляб

Statok.net Яндекс.Метрика
© oktj.ru 2014-2019 Соглошеня сайта