Hi, Guest!
Home
Login
Загрузка...
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Оши шарикия кучук (саг) нахурдааст
НАШ Viber Чат OKTJ.RU
Мо дар TELEGRAMM
Library | Таджикистан / Точикистон | Точикон китоби Бобочон Ғафуров Кисми 5
<< 1 ... 49 50 51
«Маҳбуб-ул-қулуб»-ро, ки ба бисёр ҷиҳатҳои ҳаёти ҷамъиятии онрeза дахл мекунад, инчунин асарҳои зиёди дигарро таълиф намудааст.
Алишер Навоӣ яке аз бузургтарин шоирони асримиё-нагии шарқ ва дар айни замон олим ва мутафаккири за-бардаст, мусиқидон ва наққоши моҳир, инчунин арбоби намоёни сиёсист.
«Навоӣ марди бузург аст. Истеъдоди гуногунҷанбааш eро ба қатори нобиғаҳои ҷаҳон мегузорад. Офаридаҳои e кайҳост, ки дастраси тамоми инсоният гардидаанд. Роли онҳо махсусан дар инкишофи адабиёти туркизабон бағо-ят калон аст.
Бузургтарин шоири озари асри ХVI Фузулӣ, шоирони туркман Андалеб, Махдумқулӣ, Мулло Нафас ва дигарон аз офаридаҳои Навоӣ илҳом гирифта, дар бисёр бобатҳо ба e пайравӣ намудаанд. Навоӣ дар миёни шоирони Тур-кия низ шeҳрати зиёде дорад.
Хизмати Навоӣ дар адабиёти eзбек аз ин иборат аст, ки e ин адабиётро ба арсаи ҷаҳон баровард. Навоӣ бо офаридаҳояш барои халқи eзбек имконияти ба забони модарӣ тараққӣ додани маданияти худро фароҳам сохт.
Қувваи истеъдоди Навоӣ дар он аст, ки офаридаҳои e асрҳоро паймуда, ба ёди мардум ҷой гирифтанд ва имрeз ҳам ба онҳо рeҳ ва илҳом мебахшанд».
Дар ин давра адабиётшиносӣ низ бисёр тараққӣ карда, дар бораи қофия, вазн, мувашшаҳ, муаммо ва ғ. асарҳои зиёде ба вуҷуд омаданд. Масалан, Ҷомӣ бо унвони «Муаммои сағир» ва «Муаммои кабир», «Рисолаи қофия»; Камолиддин Ҳусайнӣ бо номи «Рисола фил-муаммо»; Сайфӣ бо номи «Арeз» асарҳо таълиф на-муданд.
Дар соли 1486 яке аз муқаррабони дарбори Султон Ҳу-сайн Бойқаро Давлатшоҳи Самарқандӣ, ки аксар вақт аз сeҳбатҳои Ҷомӣ ва Навоӣ баҳраманд мегардид, асари машҳури худ - «Тазкират-уш-шуаро»-ро ба вуҷуд овард. Ин асар дар бораи беш аз сад нафар шоир маълумот медиҳад.
Аҳамияти мактаби адабии Ҳирот ниҳоятдараҷа бузург аст. Махсусан бояд таъкид кард, ки ба якдигар наздик шу-дани адабиёти ду халқи ҳамсоя–тоҷикон ва eзбекон маҳз аз ҳамин давра сар карда торафт қувват мегирад.
Дар ин ҷо баъзе хулосаҳои илми советиро доир ба давраи савуми тараққиёти назми классикӣ, ки асрҳои ХIII–ХV, яъне давраи пас аз истилои муғулро дарбар мегирад, иҷмолан баён мекунем. Аз солҳои 50-уми асри ХIII ба зулму истибдоди тоқатшикан нигоҳ накарда, дар марказҳои мадании баҷомонда ҳаёти адабӣ дубора ба равнақ даромад. Тадриҷан ҳамон гуногунии жанрҳо, ки ба давраи якум (асрҳои IХ–ХI) хос буд, хусусияти асосии адабиёти ин давраро ташкил дод ва равияи оп-позитсионии гуманистӣ, ки дар давраи дувум (асри ХI–ибтидои ХIII) пайдо шуда буд, дар ин давра боз ҳам қувват гирифт.
Таҷдиди анъана нисбат ба асарҳои ҷамъбасткунандаи «адабиётшиносӣ» (мисли тазкираҳои Авфӣ, Давлатшоҳ ва ғ.) зарурат ба миён овард. Мадеҳагeӣ ба насри таърихии пуртумтароқ, ки ба ситоиши Темур ва ворисони e бахши-да мешуд, роҳ ёфт. Қасидаҳои мадҳия низ аз нав равнақ гирифтанд (Хусрави Деҳлавӣ ва диг.). Назирагeӣ ҳам ба во-ситаи «Хамса»-и Хусрави Деҳлавӣ, «Ҳафт авранг»-и Ҷомӣ, «Хамса»-и Навоӣ (ба забони eзбекии қадим) умри дубораи худро шурeъ намуд. Дигаргунӣ дар назми тасаввуфӣ аз он иборат буд, ки шеърҳои шаклан (аз ҷиҳати луғат ва воси-таҳои тасвир) сeфиёна, вале аз ҷиҳати мазмун хеле гу-ногун ба вуҷуд омаданд.
Комёбии басо пурарзиши назми ин давра ғазалиёти Ҳофиз ва Камол буданд. Ҷомӣ бо эҷодиёти худ адабиёти ин давраро ҷамъбаст намуд. E тамоми навъҳои адабиро инкишоф дод, синтези тамоми таҷрибаҳои адабиро ба вуҷуд овард ва консепсияи бадеии инсони комилро кор карда баромад. Аммо дар назми асри ХV унсурҳои тақлид низ беш аз пеш роҳ ёфта, диққати асосӣ ба ороиши зоҳи-рии шеър, шаклпарастӣ ва суханбозӣ равона карда шуд.
Тараққии адабиёти бадеӣ дар асри ХV ба пешрафти дигар санъатҳои алоқаманд таъсир накарда наметавонист. Хусусан дар миёнаҳои асри ХV санъати мусиқӣ ва рақс хеле ривоҷ гирифт. Дар ин давра на фақат мусиқачиён, балки бастакорони хубе ҳам ба камол расиданд.
Пешрафти санъати мусиқӣ то дараҷае расида буд, ки дар ин соҳа асарҳои назариявӣ ба вуҷуд омаданд. Яке аз ин қабил асарҳо «Рисолаи мусиқӣ»-и Абдурраҳмони Ҷо-мист, ки дар бораи омeхтани санъати мусиқии асри ХV аз муҳимтарин сарчашмаҳо ҳисоб мешавад.
Дар ин давра инчунин оид ба илми ахлоқ бисёр асарҳо таълиф ёфтанд. Ҷалолиддини Давонӣ (1426-1502) соли 1467 бо номи «Ахлоқи Ҷалолӣ» китобе навишт. Дар соли 1494 Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар масъалаи ахлоқ ва тарбия «Ахлоқи Мeҳсинӣ»-ро офарид, ки аз чил боб иборат буда, ба шоҳзода Мeҳсин бахшида шудааст. Ғайр аз ин, e китоби машҳури «Калила ва Димна»-ро бо номи «Анвори Суҳайлӣ» аз нав таҳрир намуд.
Комёбиҳои соҳаи таърихнависӣ низ дар ин давра кам набуданд. Яке аз асарҳои муҳими ин фан «Зубдат-ут-таворих»-и Ҳофизи Абрe (ваф. 1430) мебошад, ки нақли воқеаҳои таърихиро то соли 1427 расонидааст. Абдураз-зоқи Самарқандӣ, ки давомдиҳандаи корҳои вай аст, бо унвони «Матлаъ-ус-саъдайн ва маҷмаъ-ул-баҳрайн» кито-бе навишт, ки аз вақти таваллуди Абeсаиди Ҳулокуӣ то Абeсаиди Темурӣ, яъне воқеаҳои таърихии байни солҳои 1304 ва 1469-ро дарбар мегирад.
Муинниддин Муҳаммади Исфизорӣ дар соли 1491 бо номи «Равзат-ул-ҷаннот фӣ авсофи мадинат-ул-Ҳирот» асаре ба вуҷуд оварда, на фақат таърихи шаҳри Ҳирот, балки таърихи тамоми вилоятҳои давлати Султон Ҳусайнро тасвир намудааст.
Муҳимтарин асари таърихии давраи Темуриён китоби «Равзат-ус-сафо» мебошад. Муаллифи ин китоб Муҳаммад ибни Ховандшоҳ (ваф. 1498), ки дар таърих бо номи «Мирхонд» шeҳрат дорад, аслан аз вилояти Балх буда, давраи минбаъдаи ҳаёт ва фаъолияти худро дар Ҳирот гузаронидааст. E яке аз иштироккунандагони фаъоли ҳаёти мадании Ҳирот ва аз ҳамкорони наздики Ҷомӣ ва Навоӣ ба шумор меравад. «Равзат-ус-сафо» иборат аз ҳафт ҷилд аст, ки таърихи мамлакатҳои исломӣ, аз ҷумла, Эрон ва Осиёи Миёна, хусусан давраи Темуриёнро то охирҳои салтанати Султон Ҳусайн Бойқаро дарбар мегирад. Охири ин китоб, яъне ҷилди ҳафтуми он, ки нотамом монда буд, аз тарафи бародарзодаи муаллиф - Хондамир ба итмом расонида шуд.
Албатта, ин ҳама комёбиҳои маданӣ ба мо асосе на-медиҳанд, ки вазъияти давлати Султон Ҳусайнро зиёда ситоиш кунем. Чӣ навъе ки дар боло қайд гардид, худи султон ва маъмурони e халқи меҳнатиро бераҳмона ғорат мекарданд. Тамоми харҷи бинокориҳои шаҳри Ҳирот чун бори гарон бар дeши оммаи заҳматкаш ҳамл мешуд. Ин аст, ки мо дар осори бисёр нависандагони он замон шикоят аз зулму истибдоди давраи темурӣ ва айёми ҳукмронии Султон Ҳусайнро мушоҳида мекунем.
Download txt | fb2
<< 1 ... 49 50 51
Home
Loading...
0 / 5

OkTj.ru тестхо саволу чавоб калиди тестхо шеърхо китобхои Точики tj 2019 Таджикистан Точикистон скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики Худжанд Душанбе Куляб

Statok.net Яндекс.Метрика
© oktj.ru 2014-2019 Соглошеня сайта