Hi, Guest!
Home
Login
Загрузка...
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Барои доништалаб то Бағдод як қадам роҳ аст.
НАШ Viber Чат OKTJ.RU
Наш TELEGRAMM Канал
Library | Таджикистан / Точикистон | Точикон китоби Бобочон Ғафуров Кисми 5
<< 1 2 3 4 5 ... 51 >>
Маҳмуд ҳатто аз паси фарзандони худ ва аз он ҷумла Масъуд, ки валиаҳди салтанат буд, ҷосус мегузошт.
Султон Маҳмуди Ғазнавӣ ба қeшуни сершумори хуб ташкил ва мусаллаҳшуда такя мекард. Дар ихтиёри e би-сёр филҳои ҷангӣ, барои муҳосираи қалъа мошинҳои сангандоз, барои убури дарё пулҳои шиновар мавҷуд бу-данд. Нафароти зиёди қeшуни султонро ғуломони зархарид ва таълими ҷангигирифта ташкил медоданд. Дастаҳои сарбозони ғулом аз туркҳо ва ҷанговарони дигар халқҳо фароҳам меомад, ки дар байни онҳо тоҷикон кам набуданд.
Султон Маҳмуд ҳаққо, ки сарлашкари бузург ва ҳокими ғаюру соҳибиродае буд. E дар бораи ҳашмат ва шавкати зоҳирии давлати худ ғамхорӣ карда, биноҳои зебову муҷаллал месохт, ба шоирону уламои дарбор сарпарастӣ менамуд. Аммо вай дар роҳи тараққиёти хоҷагии қишлоқ ягон коре накард. Дар аҳди e зироат ба харобӣ рe оварда, равобити иқтисодии байни вилоятҳои ҷудогонаи мамлакат заиф гардид. Ноустувории давлати барпокардаи султон Маҳмуд, хусусан пас аз вафоти e (с. 1030), боз ҳам равшантар зоҳир шуд.
Салҷуқиҳо ва суқути давлати Ғазнавиён
Як гурeҳ амалдорони олимақоми дарбори ғазнавӣ бо сардории ҳоҷиб ба васияти султон Маҳмуд амал намуда, писари хурди e - Муҳаммадро ба тахт нишонданд. Вале писари бузурги вай - Масъуд аз ин ҳол бохабар шуда, ба муқобили Муҳаммад сар бардошт. Масъуд ба чашмони Муҳаммад мил кашида, eро бо фарзандонаш дар қалъае ҳабс кард ва салтанатро ба дасти худ гирифт.
Дар давраи ҳукуматдории Масъуд (1030–1041), ки дар ҳарисӣ ва хасисӣ аз падари худ монданӣ надошт, тороҷ гардидани аҳолӣ аз ҳад гузашт. Ҳокимони вилоятҳои ҷудогона ба воситаи ришвагирӣ ва андозҳои ғайриқонунӣ халқро тамоман хонахароб менамуданд. Азбаски як қисми сарвати бо ин роҳҳо ғуншуда ба тариқи тeҳфа ва пешкаш ба султон дода мешуд, e на ин ки бар зидди ин қабил беадолатиҳо мубориза намебурд, балки онро бо ҳар васила пуштибонӣ мекард.
Масъуд нисбат ба Қарохониҳо ҳамон сиёсати падари худро давом медод ва кeшиш менамуд, ки ҳама вақт бо онҳо муносибати дeстонаи ҳамсоявӣ дошта бошад, зеро дар чунин шароите ки шeришҳои халқ ва задухeрдҳои до-хили мамлакат қувват мегирифт, равияи душманона до-штани Қарохониҳо барои давлати ғазнавӣ хеле хавфовар буд. Мактуби зерини Хоразмшоҳ Олтунтош, ки дар соли 1030 ба Масъуд навиштааст, моҳияти ин муносибатро равшан нишон медиҳад: «Ошкор аст, ки амири марҳум (Маҳмуди Ғазнавӣ) барои ба тахти хонӣ нишастани Қоди-рхони Қарохонӣ кeшиши зиёде намуда, сарвати бе-андозае ҳам дар ин роҳ сарф кард. Ҳоло зарур аст, ки eро ҳимоя кунем, то ки дeстии байни мо ва e мустаҳкам гар-дад. Онҳо (Қарохониҳо) дeстони ҳақиқии мо нахоҳанд шуд, вале дар ҳар сурат дар зоҳир муносибати дeстии худ-ро бо мо нигоҳ дошта истода, дигаронро бар зидди давлати ғазнавӣ нахоҳанд шeронид».
Хоразм, ки зоҳиран дар тобеияти Ғазнавиён бошад ҳам, вале амалан ҳамчун давлати мустақиле буд, дар ҳалли тақдири давлати ғазнавӣ роли бағоят калоне бозид. Агар-чанде Масъуд пас аз марги Олтунтош барои кам кардани ҳуқуқи ҳукмрони Хоразм чораҳои лозима дид, аммо мамлакатро боз ба дасти ворисони e боқӣ гузошт. Масъуд унвони «Хоразмшоҳӣ»-ро ба писари худ дода, писари Ол-тунтош Ҳорунро ҳамчун ноибуссалтана ба ҳукмронии Хоразм таъин кард. Албатта, ин рафтори Масъуд ба фар-зандони Олтунтош таъсири бад накарда наметавонист. Ин буд, ки Ҳорун бо Алитегини Қарохонӣ ва салҷуқиҳо муносибати дeстӣ барқарор намуда, дар соли 1034 Хо-размро мустақил эълон кард ва номи султони ғазнавиро аз хутба бардошт. Дар баҳори соли 1035 Ҳорун ба Хуросон лашкар кашид. Фарзандони Алитегин (худи Алитегин дар соли 1034 вафот карда буд) ҳаракати Ҳорунро ҳимоя карда, аз тарафи дигар, ба сарзамини Ғазнавиён ҳуҷум намуданд. Лекин вақте ки Ҳорун дар рeзҳои аввали лашкаркашӣ ба дасти ғуломони худ, ки ба Масъуд фурeхта шуда буданд, қатл гардид, фарзандони Алитегин ба Самарқанд баргаштанд. Масъуд ба музокироти оштӣ бо Қарохониҳо шурeъ намуд, ки ба туфайли ин гуфтугузор дар байни онҳо алоқаи дeстӣ ва хешӣ барқарор гардид. Ба ҳамин тариқ, хавфи ҳуҷуме, ки аз тарафи Хоразм ва Қарохониён ба давлати ғазнавӣ таҳдид мекард, бо роҳи дипломатӣ бартараф карда шуд.
Дар худи ҳамон соли 1035 Масъуд мебоист ба муқобили туркони салҷуқӣ, ки ба Хуросон ҳуҷумовар шуда буданд, лашкар бикашад. Султон Маҳмуд дар давраи мубориза бар зидди Қарохониҳо, ки барои Мовароуннаҳр мебурд, ба як гурeҳи Салҷуқиҳо барои маскан намудан дар шимоли Хуросон ба онҳо рухсат дода буд. Кeшиши озод шудан аз ҷабри андозҳои вазнин ва ба даст овардани замину чарогоҳҳои нав борҳо боиси исён намудани Салҷуқиҳо гардид. Мубориза аввалҳо гоҳ ба фоидаи Салҷуқиёни Хуросон ва гоҳ ба фоидаи ҳукумати ғазнавӣ давом менамуд. Соли 1035 ҳуҷуми нави Салҷуқиён оғоз ёфт. Масъуд аз Нишопур қувваи зиёди ҳарбиро бар зидди салҷуқиҳо ба Нисо равона намуд. Дар ин муҳориба, агарчанде аввал аскарони ғазнавӣ ғалаба ба даст оварданд, лекин салҷуқиҳо ба қароргоҳи онон шабохун зада, ба лашкари Масъуд зарбаи сахт доданд.
Баъдтар Салҷуқиён ба Ғазнавиён якчанд мартаба зарбаҳои сахт ворид оварда, қисми зиёди Хуросон, аз ҷум-ла, Нишопурро ишғол карданд. Султон Масъуд тамоми қувваҳои аскари худро ҷамъ карда, ба сeи истиқоматгоҳи Салҷуқиҳо ҳаракат намуд. Баҳорони соли 1040 дар назди-кии Дандонақон (Тошработи ҳозира) муҳорибаи ҳалку-нанда ба вуқeъ пайваст.
Дар натиҷаи ин муҳориба (аз рeи маълумоти сарчаш-маҳо мумкин аст онро яке аз хунинтарин ҷангҳо дар таърихи халқҳои Осиёи Миёна донист) салтанати Ғазнавиҳо дар Хуросон ба таври доимӣ хотима ёфт. Дар баробари тамом шудани ҳарбу зарб сардори Салҷуқиҳо - Туғрал дар майдони ҷанг тахте ороста бар он нишаст ва худро ҳокими кулли Хуросон эълон намуд. Бояд қайд кард, ки аъёну ашрофи шаҳрҳои Марву Нишопур, ки манфиатҳои онон аз тарафи Ғазнавиҳо маҳдуд карда шуда буд, ба Салҷуқиҳо кeмаки бузурге расониданд.
Султон Масъуд аз дарёи Марвурруд гузашта, ба Ғазнин омад, вале бо вуҷуди ин, e барои дубора ҷамъ кардани қу-вваи ҳарбӣ бар зидди Салҷуқиҳо ҷуръат накард. Зеро ба вай аён буд, ки дар миёни оммаи васеъ ҳимоят нахоҳад дид. На аъёну ашрофи ба муқобили марказият сар бардо-шта, на аҳолии аз хироҷу андозҳои бешумор муфлисгар-дидаи Хуросону Тахористон, на мардуми гирду атрофи Ғазнин, Систон ва мамлакати кeҳистони Ғур нияти муҳо-физат кардани давлати Ғазнавиёнро надоштанд. Дар муҳорибаи назди Дандонақон аз душман рe ба гурез ниҳодани гурeҳ - гурeҳ аскарон, ки Масъуд бо чашмони худ дида буд, ба ин ҳол хеле равшан гувоҳӣ медод. Аз ин сабаб Масъуд ба қароре омад, ки бояд ҳар чӣ зудтар ба Ҳиндустон рафта, дар он ҷо лашкари пурқувват ҳозир намояд, то ки ба ин восита боздоштани ҳаракати Салҷуқиҳо мумкин гардад.
Чунон ки Байҳақӣ менависад, Масъуд пеш аз ба Ҳиндустон сафар кардани худ ба Арслонхон номае фири-стода, дар муборизаи зидди Салҷуқиҳо аз e кeмак хост. Сипас, вай амр дод, то бародараш Муҳаммадро, ки ҳамроҳи e ба Ҳиндустон рафтанӣ буд, аз ҳабс бароваранд. Тарафдорони Муҳаммад бо ҳам забон як карда, ба Масъуд ҳуҷум намуданд ва eро ба ҳабс гирифта, Муҳаммадро ба султонӣ бардоштанд. Масъуд баъди чанд рeзи дигар ба дасти одамони Муҳаммад кушта шуд (с.1041).
Мавдуд – писари султон
Download txt | fb2
<< 1 2 3 4 5 ... 51 >>
Home
Loading...
0 / 9

OkTj.ru тестхо саволу чавоб калиди тестхо шеърхо китобхои Точики tj 2019 Таджикистан Точикистон скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики Худжанд Душанбе Куляб

Statok.net Яндекс.Метрика
© oktj.ru 2014-2019 Соглошеня сайта