Hi, Guest!
Home
Login
Загрузка...
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Об ба куҷое, ки ҷорӣ мешавад, моҳӣ ҳам ба ҳамон тараф шино мекунад.
НАШ Viber Чат OKTJ.RU
Мо дар TELEGRAMM
Library | Таджикистан / Точикистон | Точикон китоби Бобочон Ғафуров Кисми 5
<< 1 2 3 4 ... 51 >>
Маҳмудро хеле мустаҳкам намуд. Дар соли 1002 Маҳмуд Систонро ишғол кард.
Аввалҳо дарёи Аму ҳамчун сарҳади байни Ғазнавиён ва Қарохониён муқаррар гардида буд. Соли 1008 дар ноҳияи Балх муҳорибаи шадиде дар миёни қeшунҳои ғазнавӣ ва қарохонӣ ба амал омада, бо ғалабаи комили Маҳмуд анҷом ёфт. Ин ҳолат мавқеи Маҳмудро дар тамоми Хуросон мустаҳкам намуд.
Дар айёми ҳукуматдории Маҳмуд (998–1030) давлати ғазнавӣ ба иқтидори бузурге соҳиб гардид.
Султон Маҳмуди Ғазнавӣ аз соли 1002 то соли 1026 беш аз 15 маротиба ба Ҳиндустон лашкар кашид. Асли мақсад аз ин ҷангҳое, ки дар таҳти шиори «ғазовот» бурда мешу-данд, фақат ғорат кардани Ҳиндустон ва ба даст даровар-дани сарватҳои ин сарзамин буд.
Ҳамаи ин лашкаркашиҳои Маҳмуди Ғазнавӣ барои халқи Ҳиндустон харобӣ ва бадбахтиҳои аз ҳад зиёде овард. Сарбозони e аҳолиро тороҷ мекарданд, ёдгориҳои гаронбаҳои таърихиро несту нобуд менамуданд. Маҳмуд на танҳо шаҳрҳоро вайрон карда ба яғмо мебурд, балки нисбат ба аҳолӣ низ аз ҳеҷ гуна ваҳшоният рeй намегар-донид. Масалан, e дар соли 1019, пас аз ишғол кардани қалъаи Маҳован (ё худ Моҳобон), ба сабаби он ки ҳокими қалъа пеш аз омадани вай гурехтааст, тамоми сокинони онро қатли ом намуда буд.
Султон Маҳмуд дар лашкаркашии соли 1019 илова бар ҷавоҳирот ва дигар сарвати фаровон 350 фил ва 57 ҳазор ғулом ба Ғазнин овард. Чунон ки сарчашмаҳои таърихӣ қайд мекунанд, миқдори асирони овардаи Маҳмуд то да-раҷае зиёд буд, ки биноҳои мавҷудаи шаҳр кифоя накард ва барои ҷойгир кардани онҳо ба сохтмони биноҳои мах-сус шурeъ намуданд.
Дар солҳои 1010–1011 Султон Маҳмуд ба сарзамини Ғур (вилояте дар Афғонистони кунунӣ) ҳуҷум оварда, ба ивази додани талафоти зиёд як қисмати онро ишғол кард. E дар соли 1017 аз кушта шудани Маъмуни Хоразмшоҳ истифода бурда, Хоразмро забт кард ва онро низ ба давлати худ ҳамроҳ намуд. Инчунин дар соли 1024 бо лашкари зиёд ба Балх омад ва бо баҳонаи ин, ки мехоҳад зулми Алитегини Қарохониро аз сари аҳолии Мова-роуннаҳр дур кунад, аз дарёи Аму гузашта Чағониён, Қабодиён, Хатлон ва баъзе ҷойҳои дигарро ба даст даровард. Илова бар ин, дар соли 1029 Райро ишғол намуда, ҳокими онро ба ҳабс гирифт ва ғаниматҳои дарёфт кардаашро ба Ғазнин фиристонид. Ба ин тариқа, аз қисматҳои шимолӣ ва шимоли ғарбии Ҳиндустон сар карда, то Чағониёну Хоразм ва дар ҳудуди Эрони имрeза то Исфаҳон ва Рай вилоятҳои сершумор ба давлати Маҳмуди Ғазнавӣ дохил гардиданд.
Лашкаркашиҳои истилогаронаи Маҳмуди Ғазнавӣ, махсусан ҷангҳои дар Ҳиндустон бурдаи e, ки сарчашмаи асосии сарватмандии султон, гвардияи вай ва лашкариё-нашро ташкил менамуданд, дар айни ҳол халқи меҳнати-ро ба муфлисӣ ва маҳрумиятҳо гирифтор мекарданд. Дар арафаи ҳар як лашкаркашӣ аз аҳолии маҳаллӣ андозҳои бисёре ситонида мешуд. Ин тариқа, андозҳо то дараҷае зиёд буд, ки халқи заҳматкаш пас аз адо кардани он, ҳатто аз воситаҳои рeзгузаронии худ низ тамоман ҷудо мегар-дид. Аз ин сабаб хоҷагии мамлакат торафт рe ба вайронӣ ниҳода, воҳаҳои зироатӣ ва наҳрҳои обёрӣ дар аксарияти маҳалҳо аз кор мемонданд.
Дар натиҷаи паст рафтани хоҷагии қишлоқ соли 1011 дар Хуросон қаҳтӣ рeй дод. Барвақт омадани сармои зи-мистон ва камборонии айёми баҳорон ба ниҳоят кам шу-дани ҳосил боис гардид. Ин аҳвол вазъияти душвори аҳо-лиро боз ҳам сахттар кард. Мувофиқи маълумоти воқе-аномаҳои таърихӣ дар як худи Нишопур ҳазорон нафар одамон аз гуруснагӣ ҳалок шудаанд. Бо вуҷуди он ки баъзан дар Нишопур то 400 ман ғалла ба фурeш нарафта, дар бозор мемонд, лекин аҳолӣ то андозае қашшоқ шуда буд, ки барои харидани он иқтидоре надошт. Дар соли қаҳтӣ мардум сагу гурбаҳоро кушта мехeрданд ва дар баъзе ҷойҳо, ҳатто гeшти одамхeрӣ ҳам ба амал омада буд.
Маҳмуди Ғазнавӣ барои аз гуруснагӣ ва марг халос кар-дани аҳолии Хуросон тамоми васила ва имкониятҳоро дошт. Вале дар ин бора ҳеҷ як чораи қатъӣ надид ва фақат барои намуд ба ҳокими Хуросон амр дод, ки ба кам-бағалон як маблағи ночизе кeмаки пулӣ расонад.
Султон Маҳмуд гоҳо баъд аз лашкаркашиҳои навбатии худ ба умрону обод намудани пойтахташ машғул мешуд, ки масҷид ва мадрасаи машҳури Ғазнин аз ҷумлаи бинокориҳои eст. Лекин сохта шудани ҳар як иморат ба сари аҳолӣ маҳрумият ва мусибатҳои зиёде меовард. Тахтасанги мармар ва дигар сангҳои пурқимате, ки дар тоқҳо ва саҳни масҷиди ҷомеи Ғазнин кор фармуда шудаанд, чи навъе ки сарчашмаҳо хабар медиҳанд, ҳама аз ҷойҳои дурдаст бо қувваи халқ кашонида шуда буданд. Ҳатто хароҷоти ҳарсолаи боғи Дилкушои Маҳмуд, ки дар Балх воқеъ гардида буд, комилан аз тарафи аҳолии ин шаҳр адо карда мешуд.
Маҳмуд тамоми аҳолии мамлакатро ба ду гурeҳ – ба қу-вваҳои мусаллаҳ ва халқи оддӣ тақсим мекард .E ба аска-рон моҳона медод ва ба ивази ин аз онҳо талаб менамуд, ки ҳама гуна амри eро бо садоқат иҷро кунанд. Вай барои ин ки гeё халқи мамлакатро бо қувваи аскари худ аз ҳуҷуми душманони хориҷӣ муҳофиза мекунад, аз аҳолии оддии заҳматкаш ҳам талаб мекард, ки ҳар як фармони eро бегуфтугe ба ҷо оранд ва илова бар ин, андозҳои давлатиро адо карда истанд.
Султон Маҳмуд марди хеле хасис ва дар масъалаи ҷамъ кардани молу сарват бағоят ҳарис буд. E он ҳама сарвате, ки аз Ҳиндустон ва дигар гeшаву канорҳои мамлакат бо роҳҳои гуногун ҷамъ карда буд, дар хазина нигоҳ медошт. Муаррихи асри ХV Мирхонд дар далели хасисӣ ва ҳирсу ози Маҳмуди Ғазнавӣ чунин ҳикояти аҷиберо овардааст: «Гeянд, ки султон ду рeз қабл аз вафоти худ фармон дод, то аз хазина дирам... ва динорҳои сурх ва анвои ҷавоҳири нафис ва ғайраро, ки дар айёми салтанат ҷамъ оварда буд, ҳозир карданд ва дар саҳни сафҳаи ариз (васеъ) ҳамаро бигустурданд ва он саҳн дар назари бинандагон бeстоне менамуд, ки ба гулҳои мулавван аз сурх ва зард ва бунафш ва ғайра ороста бошанд. Султон ба чашми ҳасрат дар онҳо менигарист ва зор-зор мегирист ва баъд аз гиряи зиёд бифармуд, то ҳамаро ба хазина бибурданд ва фулусе аз он ҳама ҷинс ва нақд ба мустаҳиқе надод, бо он ки медонист, ки дар он ду рeз ҷони ширин ба сад талхӣ хоҳад дод».
Маҳмуди Ғазнавӣ дар лашкаркашӣ ва ҷангҳои ғоратга-рона мақсади асосии худро бо шиори ғазовот – ҷанги муқаддаси ислом мепeшонид, ки ба туфайли ин аз тарафи халифа ҳимоят медид ва хеле мусулмонони мутаассиби «ғазоталаб»-ро ба қeшуни худ гирд меовард. Илова бар ин, e худро пайрави мазҳаби суннӣ (ки дар он вақт мазҳаби ҳукмрони ислом буд) эълон намуда, ба муқобили ҳама гу-на норозигиҳо ва ҳаракатҳои зидди тартиботи феодалӣ, ки беш аз ҳама дар сурати ақидаҳои бидъатомези қарма-тиҳо, исмоилиҳо, шииҳо ва аҳли дигар ҷараёнҳо зоҳир мегардиданд, мубориза мебурд. Вай молу мулки тарафдорони ин ҷараёнҳоро мусодира намуда, бо ин роҳ низ сарвати бисёреро ба дасти худ ҷамъ мекард. Ба ин тариқ, эътиқод ва тарафдории садоқатмандонаи Маҳмуд нисбат ба мазҳаби суннӣ фақат як воситае буд, ки бо ин роҳ e мавқеи ҳокимияти худро мустаҳкам мекард ва сарваташро меафзуд.
Маҳмуди Ғазнавӣ ба корҳои таҷассуси давлатӣ ҳам ниҳоятдараҷа аҳамият медод. Ғайр аз ҷосусони махфие, ки дар ҳузури ҳар як ҳоким гузошта мешуданд, дар пеши e маъмури махсус низ бо унвони «мушриф» кор мекард, ки аз вазъияти дохилӣ, кордорӣ ва аҳволи рeҳияи ҳокимон хабар дода меистод. Султон
Download txt | fb2
<< 1 2 3 4 ... 51 >>
Home
Loading...
0 / 4

OkTj.ru тестхо саволу чавоб калиди тестхо шеърхо китобхои Точики tj 2019 Таджикистан Точикистон скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики Худжанд Душанбе Куляб

Statok.net Яндекс.Метрика
© oktj.ru 2014-2019 Соглошеня сайта