Привет, Гость!
На главную
Вход
Загрузка...
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Дуруғгӯ ба фиреби дигарон шурӯъ мекунад ва ба фиреби худаш поён меёбад.
Библиотека | Кори Дипломи курси илми | РИСОЛАИ ДИПЛОМӢ Самтҳои асосии танзим ва идораи қарзҳои дохилӣ ва хориҷии давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷик
<< 1 2 3 4 ... 15 >>
қарз гардонида шавад. Мӯҳлати қарз ин давраи дар ихтиёри қарзгиранда будани маблаѓи он аст. Усули таъминкунии қарз қаблан ба таври маҳдуд амал мекард, яъне фақат таъминнокии моддии қарз ба ҳисоб гирифта мешуду халос. Ин маънои онро дорад, ки қарз фақат аз рӯи ашёи мушаххас дода мешавад. Ин ашё сарчашмаи асосии бозгардонии қарз ба шумор меравад. Мақсади асосии гирифтани қарз дар лаҳзаи амалиёти он муайян карда мешавад, аз ҷумла барои бартараф намудани касри буҷет, барои сохтмон, барои ба дастовардани техника ва техналогияи ҳозиразамон барои таъмири асосӣ ва ѓайраҳо.
Усули музднокии қарз ин аст, ки қарзгиранда барои истифодаи муваққатӣ маблаѓи қарзи гирифааш музд медиҳад. Дар шароити имрӯза фоизи қарз одатан дар асоси талаботу таклифот муаяйн карда мешавад.
Даҳсолаи охир дар ҷаҳони муосир бо мақсади мададу ёрмандӣ ба мамлакатҳои қафомонда қарзҳои имтиёзнок пешкаш карда мешавад. Баъзе ёрмандиҳои беѓаразона, маблаѓҳои бебозгашт барои барқарор кардани иқтисодиёти мамлакатҳои харобшуда низ истифода мешаванд. Мамлакатҳои тараққикардаи ҷаҳон ин гуна чораҳоро нисбат ба мамлакатҳову халқҳои зарардида истифода мебаранд. Дар бештари ҳолатҳо қарзро бо мақсади барпо кардани корхонаву муассисот, навсозии онҳо, харидани молу хизматҳо, баробар кардани ҳисобҳои ҷорӣ, пурқадрии пули миллӣ, аз худ кардани техника ва техналогияи нав, сохтмонҳои азиму асрина ва монанди инҳо истифода мебаранд. Қарзро одатан ба қарзи бонкӣ, қарзи лизингӣ, қарзи давлатӣ ва ѓайраҳо ҷудо менамоянд
Қарзгирии давлат аз рӯи манбаҳои ташкилёбиаш ба қарзи дохилӣ ва берунӣ ҷудо мешавад.
Маблаѓҳои қарзгирифта ба ихтиёри мақомоти давлатӣ гузаронида шуда, захираҳои молиявии онро ташкил медиҳад, ки онҳо ба мақсади таъмини раванди такрористеҳсол аз маблаѓҳои озоди хоҷагиҳо ва аҳолӣ истифода карда мешаванд.
Манфиати давлат аз чунин тадбир дар он аст, ки захираҳои молиявии барои ҳалли мушкилот пайдонамударо самаранок истифода бурда, имконият меёбад, ки аз онҳо фоидае ба даст орад, пардохти маблаѓи қарз ва фоизи онро таъмин намояд ва ба худи давлат аз он фоидаи миёна низ боқӣ монад.
Маблаѓи қарзгирифташуда ва фоизи он аз ҳисоби захираҳои буҷети давлатӣ ба қарздиҳандаҳо пардохта мешавад.
Қарз манбаи илолвагии захираҳои молиявӣ буда, бо мақсади мушаххас гирифта мешавад.
Қарз барои баамалбарории такрористеҳсол ё бартараф кардани касри буҷет ва ё ҳалли мушкилоти иҷтимоию иқтисодӣ истифода мешаванд.
Маблаѓи қарз ва фоизи он дар якҷоягӣ ҳаҷми қарзи умумии давлати қарзгирифтаро ташкил медиҳад. Ҳаҷми қарзи давлатӣ ва тамоюлҳои истифодаи вай нишондиҳандаи ҳолати иқтисодию молиявии давлатро тасвир менамояд.
Давлат бо роҳи фурӯши қоѓазҳои қимматнок (вомбаргҳо) аз шахсони ҳуқуқию воқеӣ қарз мегирад.
Дар шароити имрӯза ноҳия ва вилоятҳо барои тадбиқи барномаҳои Рушд (инкишоф) метавонанд мустақилона қарз гиранд. Дар Тоҷикистон чунин таҷриба то ҳол мавриди баҳрабардорӣ қарор нагирифтааст. Аз ин сабаб баъзеи давлатҳо аз қарзи давлатӣ истифода мебаранд.
Моҳияти пурраи қарзи давлатиро пас аз таҳлили вазифаҳои асосии он пурра фаҳмидан мумкин аст, ки он:
1. Таъминкунандагӣ (ҷамъоварии маблаѓҳо).
2. Тақсимкунандагӣ.
3. Назоратӣ шуда метавонад.
Вазифаи таъминкунандагӣ аз он иборат аст, ки барои қонеъ гардонии талабот аз ҷумла барои таъмини маблаѓҳои пулии лоиҳаҳои қабулшуда мусоидат мекунад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол лоиҳаи барномаҳои сармоягузории аз ҳисоби қарзи давлатӣ маблаѓгузоришавандаро қабул месозад ва аз рӯи ин барнома созишномаҳо ё шартномаҳо ба имзо мерасонад.
Молиякунонии барномаҳои қабулшударо аз ҳисоби қарзҳои дохилӣ ё қарзҳои берунӣ буданашро муайян месозад.
Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ин барнома қоѓазҳои қимматнок чоп намуда тавассути бонки Амонатгузорӣ онҳоро ба фурӯш мемонад.
Вазифаи тақсимкунандагӣ, маблаѓҳои таъминшударо барои харидани масолеҳи сохтумонӣ (битон, чӯбу тахта), барои пардохти музди меҳнат барои пардохти хизматҳои алоқа, иҷорапулӣ ва ѓайраҳо тақсим менамояд.
Барои молякунонии иншоотҳои бузург аз ҷумла барои сохтмони нерӯгоҳҳои барқӣ маблаѓҳои муваққатан озоди шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз тарафи давлат ҷамъ карда шуда, дар навбати худ тақсим карда мешаванд.
Вазифаи назоратӣ аз болои маблаѓҳои таъминшаванда ва тақсимшаванда гузаронидашуда баҳри пешгирии қонунвайронкуниҳо аз ҷумла баҳри пешгирии истифодаи маблаѓҳои қарзи давлатӣ бо мақсади дигар, баҳри пешгирии даромади муфт бадастоянда гузаронида мешавад.
Дар баъзе ҳолатҳо субъектони хоҷагидорӣ аз номи давлат баромад карда қарзи давлатӣ ба даст меоранду онро ба мақсади дигар, ки дар созишномаи қарзӣ нишон дода нашудааст истифода менамоянд, ки қонунвайронкунии асосӣ ба шумор меравад.
28 октябри соли 1991 аз номи Иттифоқ ва 8 давлати иттифоқ дар Москва Мемориандум оиди ҳамдигарфаҳмӣ ба имзо расид, ки аз тарафи давлатҳои ҳафтгона ҳамчун шарти зарурӣ барои тадқиқкунонии пакети кӯмаки молиявӣ, ки комплекси асосии он дароз кардани мӯҳлати (ба таъхир андохтан) қарзи берунаи Иттифоқи Советӣ ба ҳисоб меравад шуморида мешуд.
17 декабри соли 1993 қарордоди байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оиди ба танзимдарории масъалҳои гузошта ҳуқуқҳо дар мамлакатҳои қарзи берунаи давлатӣ дошта ва активҳои собиқ Иттифоқи Шӯравӣ ба имзо расид. Ин гуна қарордод ҳамчунин аз тарафи Россия ба даҳ давлати дигари собиқ иттиҳоди шӯравӣ аз қабили: Арменя, Озорбойҷон, Белорусия, Турсия, Қазоқистон, Молдова, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Украина ба имзо расид. Мувофиқи ин қарордод давлатҳои мустақили зикргардида, ӯҳдадориҳояшонро оиди пардохти қарзи давлатии СССР (ИҶШС) ба Федератсияи Россия медиҳанд. Россия бошад дар навбати худ ҳаққи ин давлатҳоро ҳамчун активҳои собиқ Иттиҳоди Шӯрави мегирад (қабул мекунад).
Ҳамаи қарзҳои берунаро ба ӯҳда гирифта, Россия аз рӯи шарти варианти сифрӣ дар як вақт вориси қонунии активҳои молиявии ИҶШС дар хориҷа гашт.
Қарзи умумии давлатҳои сегона (сеюмдараҷа) оид ба кредитҳои давлати собиқ ИҶШС тахминан ба маблаѓи 170 млрд. долл. баҳо дода мешавад. Мувофиқи баъзе баҳодиҳиҳо қисми зиёди ин қарзҳоро метавон ба гурӯҳи қарзҳои барнагарданда дохил кард. Мувофиқи баъзе баҳодиҳиҳои экспертҳои Россия тақрибан аз 15 то 20 млрд. долл. ва ҳамин ҳам дар муддати 20- 25 сол гирифта мешавад.
Қарзи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ тибқи маълумотҳои ҷойдошта дар 1 апрели 2013 22 млн долл. (17,2 млн евро), ки назар ба аввали сол 3,9% камтарро ташкил медиҳад.
Қарзи берунаи Россия санаи 1 апрели соли 2013 49 млрд 803,9 млн долл. (38 млрд 894,1 млн евро) - 1,9% камтар назар ба аввали сол ташкил медиҳад.
Қарзи берунаи Федератсияи Россия санаи 1 янавари соли 2013 50 млрд 769,2 млн долл. (38 млрд 330,9 млн евро) ташкил медиҳад.
Проблемаи қарзи давлатӣ дар Россия.
Проблемаи қарзи беруна назорати доимиро талаб мекунад, зеро ки метавонад таъсири манфии худро ба тараққиёти давлат расонад, фаромӯш набояд кард, ки дар муддати дароз паст будани истеҳсолот маҳс аз расидани мӯҳлати қарзи калони беруна мебошад.
Дар шароити ҳозира сабаби умуман дар бисёр давлатҳо ба вуҷуд омадани касри буҷа ва то ҳамин андоза болоравии қарзи давлатӣ
Скачать txt | fb2
<< 1 2 3 4 ... 15 >>
На главную
Загрузка...
0 / 44

OkTj.ru тестхо саволу чавоб калиди тестхо шеърхо китобхои Точики tj 2017 2018 Таджикистан Точикистон скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики Худжанд Душанбе Куляб

Statok.net Яндекс.Метрика
© Правообладателям и Соглашения сайта oktj.ru