Кор барои мактаббача $$$
Hi, Guest!
Home
Login
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Одамро аз рӯйи либосаш пешвоз мегиранд ва аз ҷиҳати ақлу хирадаш гусел мекунанд.
НАШ Viber Чат OKTJ.RU
Мо дар TELEGRAMM
Library | Таджикистан / Точикистон | Точикон-китоби Бобочон Ғафуров аз 1 то 4боб
<< 1 ... 48 49 50
дар ҷараёни мобайни он воқеъ буданд, дар даштҳои ҷануби Қазоқистон, шимоли Қирғизистон, дар канораҳои водии Фарғона, қисман дар ноҳияҳои дохилии Фарғона ва дар Помири шарқӣ маскун мешуданд. Онҳо бо ноҳияҳои аслии муқиминишин робитаҳои мустаҳками иқтисодӣ, сиёсӣ ва маданӣ доштанд, дар айни ҳол, онҳо як қисми он баҳри беканори қабилаҳои кeчманчӣ буданд, ки аз Муғулистон то даштҳои ҷануби Рус мавҷ мезад.
Мо фақат тарҳи умумии таърихи асрҳои III–II пеш аз милоди Осиёи Миёнаро медонем ва он акнун як шакли муайян гирифта буд. Гап на танҳо дар он аст, ки ҳоди-саҳои он давра чун лавҳаҳои ҷудо-ҷудо ва гусистаи як ки-нои азбайнрафта дар пеши назари мо ҷилвагар мешаван-ду зимнан иртиботи сабабии воқеаҳо, чун қоида, ко-милан номаълум аст. Таърихи сиёсии Юнону Бохтар то ба ҳол барои мо торик ва мавҳум мебошад. Пеш бисёр кeшиш карда мешуд, ки номҳои аз тангаҳо маълуми ҳокимони Юнону Бохтар «ба навъҳо» тақсим карда шавад. Шарқшиноси рус В.В.Григорйев расо 100 сол пеш ин кeшишҳоро танқид карда, бо алам навишта буд, ки «бо ин найрангбозиҳо илми таърих як қадам ҳам пеш намеравад» . Дар ин сад соли охир шумораи тангаҳои ёфтшудаи Юнону Бохтарӣ хеле афзуд. Шарҳу тавзеҳоти нави таърихи Юнону Бохтар пайдо шуд, ки нисбат ба шарҳу тавзеҳоти сиккашиносони нимаи аввали асри ХIХ хеле ҷасурона буд. Вале ин ҷасорат, алалхусус ҷасорати В.В.Тарн, ба ягон факти аниқ муқарраршуда асос наёфтааст, балки асоси ин ҷасорат ҳамин, ки В.В.Тарн бе ҳеҷ далел байни ашхоси таърихӣ робитаву риштаҳои хешу ақрабоӣ кашида, аз рeи расми тангаҳо онҳоро ба ҳам наздик мекунад ва маъхазҳоро бениҳоят озодона тавсиф менамояд. Ғояти субъективизми В.Тарн боиси он гардид, ки вай манзараи аз ҳақиқат дури таърихи Юнону Бохтарро ба вуҷуд овард. Мо ҳаргиз ният надорем, ки аҳамияти асари ин муаррихи барҷастаи англисро паст кунем. Ин асар аз мушоҳида ва материалҳои пурқимат моломол аст.
Мо фақат ҳаминро гуфтанӣ, ки ҳадде ҳасту аз он ҳад гузаштани таърихшинос мумкин нест, зеро агар вай аз ин ҳад гузарад, на ин ки таърихшинос, балки қиссапардоз мешавад. В.В.Тарн маҳз ба ҳамин аҳвол афтодааст.
Дар айни ҳол ба туфайли кашфиёти археологҳо ва ну-мизматҳо тавсифи иқтисодӣ ва мадании Юнону Бохтар як шакли ба таври лозима конкрет ва муайяне гирифта-аст.
Боз дар як масъала таваққуф кардан лозим меояд. Дар адабиёти ғарб рол ва аҳамияти маданияти эллину юнонӣ дар инкишофи Осиёи Миёна беҳад болобардор карда ме-шавад. Баъзе олимон иддао мекунанд, ки кулли инки-шофи иҷтимоию иқтисодии Осиёи Миёна дар давраи баъди истилои юнону мақдунӣ фақат натиҷаи таъсири юнониён аст ва шаҳрҳо, аз ҷумла, истеҳкомҳо фақат баъди омадани юнониён сохта шудаанд ва ғ. ва ҳоказо.
Дар асарҳои олимони советӣ, аз ҷумла, дар асари муал-лифи ин сатрҳо, ки пеш чоп шудаанд, ин ақида сахт танқид шудааст. Сабабгории узвии протсессҳои дохилии иҷтимоию иқтисодӣ – ин аст он қувваи асосие, ки инки-шофи ҷамъияти Осиёи Миёнаро муайян мекард. Кашфи-ётҳои археологӣ дар айни ҳол муқаррар намуданд, ки бо-хтариҳо, хоразмиҳо, суғдиён ва дигар халқҳои Осиёи Миё-на маданияти ба худ хос доштанд.
Вале баъзеҳо ақидаҳои беасоси буржуазиро ҳаққонӣ танқид карда истода, ба ифрот роҳ медиҳанду аҳамият ва самараи робитаи иҷтимоию иқтисодӣ ва мадании байни олами юнону эллинӣ ва Осиёи Миёнаро дуруст акс наме-намоянд, дар Осиёи Миёна мавҷуд будани бошишгоҳҳои калони юнониро рад мекунанд.
Юнониён ба Осиёи Миёна ҳамчун истилогар омаданд, вале баъдҳо юнониён на танҳо дар ҳайъати дастаҳои ҳарбӣ монданд. Дар байни юнониёне, ки дар Осиёи Миё-на, Афғонистон ва шимоли Ҳиндустон зиндагӣ мекарданд, косибу савдогар, артисту ҳайкалтарош, духтуру машшоқ ва ғ. мавҷуд буданд. Ба муносибати робитаи зич бо олами эллинӣ инкишофи сохти ғуломдорӣ як такони зeре гирифт. Шаҳрҳо аз таъсири шаҳру бошишгоҳҳои юнониён, ки дар Осиёи Миёна барпо шуда буданд, берун монда наметавонистанд.
Таъсири юнониён ба маданияти маҳаллӣ, ҳам мадани-яти маънавию ҳам моддӣ, аз ин ҳам зeртар буд. Фақат як мисол меорем: хати юнонӣ баъди истилои Искандари Мақдунӣ дар муддати ҳазор сол дар Бохтар навъи асосии хат буд. Дар санъати меъморӣ, ҳайкалтарошӣ, заргарӣ ва ғ. таъсири тарафайни маданияти эллинӣ ва маҳаллӣ ба назар мерасид. Самараи ин таъсири мута-қобила дар асрҳои минбаъда ҳам равнақу ривоҷ ёфтанд. Вале бар хи-лофи даъ-вои бисёр муҳаққиқони ғарб, дар ин ваҳдат ма-данияти Осиёи Миёна аъзои ко-милҳуқуқ ва ҳатто аъзои асосии пешбаранда буд. Забони юнониён, ки дар қатори аҳолии маҳаллӣ зиндагӣ мекарданд, батадриҷ бо забони мардуми таҳ-ҷоии мамлакат омехта мешуд. Маданияти онҳо низ соҳиби хусусияти синкретӣ мегардид. Муовизаи байналхалқии мол, кeчи мардум дар натиҷаи савдо, ҷанг, муҳоҷират ва ғ. боиси он гардид, ки беҳтарин комёбиҳои маданияти маънавӣ ва моддии Осиёи Миёна дар ғарб ва-сеъ интишор ёфт. Бинобар ҳамин маданияти эллинӣ зо-даи бисёр халқҳо: эллинҳо, мардуми Шарқи Наздику Миёна, халқҳои Осиёи Миёна ва Ҳиндустон мебошад.
Боз як масъала: В.В.Тарн мегeяд, ки Юнону Бохтар қисми олами эллинӣ, яке аз давлатҳои эллинӣ мебошад . А.К.Нарайн ин ақидаро танқид карда, тамоми таърихи Юнону Бохтарро таърихи «ҳинду юнонӣ» меномаду мегeяд: «Таърихи Юнону Бохтар як қисми таърихи Ҳин-дустон аст, на давлатҳои эллинӣ. Эллинҳо омаданд, ди-данд, вале Ҳиндустон онҳоро тасхир намуд» .
Ҳар ду ақида ҳам аз ҳақиқат дур аст. Албатта, таърихи Юнону Бохтарро берун аз доираи таърихи Селевкиён омeхтан мумкин нест. Албатта, набояд шубҳа кард, ки нимаи дувуми таърихи Юнону Бохтар бо Ҳиндустон иртибот дорад. Вале сарчашмаи таърихи давлати Юнону Бохтар дар Осиёи Миёна аст, он дар ҳамин ҷо пайдо шуд, дар ҳамин ҷо (дар Афғонистон ҳам) қувват гирифт. Маҳз ширкати унсурҳои бохтарию эллинӣ он қувваеро ба миён оварданд, ки Ҳиндустонро тасхир намуд. Пас, Юнону Бо-хтар, пеш аз ҳама, Осиёи Миёна ва Афғонистон аст, инчу-нин Ҳиндустон ва олами эллинӣ.
Download txt | fb2
<< 1 ... 48 49 50
Home
Loading...
0 / 42

OkTj.ru тестхо саволу чавоб калиди тестхо шеърхо китобхои Точики tj 2020 Таджикистан Точикистон скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики Худжанд Душанбе Куляб

Statok.net Яндекс.Метрика
© oktj.ru 2014-2020 Соглашения сайта