Пул кор кардан дар интернет Осон
Hi, Guest!
Home
Login
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Нонро гармиаш хубу, суханро ростиаш.
НАШ Viber Чат OKTJ.RU
Мо дар TELEGRAMM
Library | Таджикистан / Точикистон | Точикон-китоби Бобочон Ғафуров аз 1 то 4боб
<< 1 ... 3 4 5 6 7 ... 50 >>
дар давраи палео-лити поин як роҳи умумии таърихиро тай кардааст. Чунон ки аз мадракҳои геологӣ маълум мешавад, аҳли ма-данияти қайроқсанг дар давраи пиряхҳои нахуст ва ях-бандии рис, яъне дар давраи плейстотсени миёна, беш аз 200 ҳазор сол қабл аз ин зиндагӣ ба сар бурдаанд. Он вақтҳо чунин ҳайвонот, аз қабили ҷинсҳои қадимаи фил, асп, мамонт ва бизонҳои шохдароз, намудҳои гуногуни каркадан вуҷуд доштаанд. Аз рeи баъзе далелҳо, одам дар он замон хеле кам будааст.
Олати навъи дигар дастколаҳои сангӣ, ки барои палео-лити поини Европа бисёр характернок аст, фақат дар қисмати ғарби мамлакат – дар Туркманистон пайдо гар-дид.
Баъзе олимон изҳори шубҳа мекарданд, ки Осиёи Миёна ин қадар барвақт маскани одам шуда будааст, зеро нишонаҳои зиндагии инсон дар ин маҳал аввало, ки хеле кам, дар баъзе ҷойҳо, алоҳида-алоҳида ёфт мешуданд ва сонӣ, аслан дар қабатҳои аз ҳама болоии заминҳои соҳили дарёҳо ба назар мерасиданд. Вале инак соли 1973 дар мағзи зардхоки Қаротоғи Ёвон ва сипас, дар ҳафт ҷои ҷануби Тоҷикистон дар мағзи хокҳое, ки дар чуқурии 50–65 метр воқеъ мебошанд, олоти сангӣ ба даст омад. Ҳафриёти ду бошишгоҳ – бошишгоҳи Қаротоғи 1 ва Лоҳутӣ-1 нишон дод, ки дар ин ҷо нишонаҳои бошишгоҳи нав, осори маданияти то ба ҳол номаълуме ҳастанд, ки он «маданияти Қаротоғ» ном гирифт. Таърихи ин қабати археологӣ 200–150 ҳазор сол аст, ки инро бо мадракоти геологӣ муайян карда, баъд бо усули термолюминистсенсия аниқ намуданд. Маданияти Қаротоғ аз ҷиҳати тавсифоти худ ба маданияти қайроқсанг мансуб аст ва аз маданияти суонии нимҷазираи Ҳиндустон, ки дар боло номбар шуда буд, ягон фарқи казоӣ надорад. Баъди ин кашфиёт ҷои шубҳа нест, ки дар Тоҷикистон ва Осиёи Миёна сараввал тоифаҳое маскун шуданд, ки ба давраҳои маданияти қайроқсанг тааллуқ доштанд .
Осори палеолити миёна
Дар Осиёи Миёна аз марҳилаи баъди ҳаёти башари ав-валия – палеолити миёна ёдгориҳои фаровон боқӣ монда-аст. Ин замони нашъунамои маданияти мусте, замони мавҷудияти неандерталҳо буд, ки дар ҳудуди палеолити миёна ва боло аз онҳо инсони навъи имрeза ташаккул ёф-тааст.
Дар ин давр қувваҳои истеҳсолкунандаи ҷамъият нис-бат ба давраи палеолити поин тезтар ба дигаргунӣ рe ниҳоданд: техникаи тайёр кардани олот зудтар такмил ёфт, шакли олатҳо нав ва вазифаи онҳо гуногун гардид. Одамон натанҳо нигоҳ доштани оташ, балки гирондани онро ёд гирифтанд. Навтарин усулҳои статистикӣ имкон медиҳад, ки дар ноҳияҳои мухталиф, аз ҷумла дар Осиёи Миёна чанд маҳалли маскуни асрисангии миёна, ки мум-кин аст мавҷудияти ягон иттиҳодияи калони ҷамоатиро инъикос гардонанд, ошкор карда шавад.
Масканҳои саркушода ва ғори мустйе дар бисёр ҷойҳои Осиёи Миёна, чи дар қисмҳои кeҳсор ва чи дар дашту воҳаҳо ёфт шуданд. Чунончи, ин қабил иқомат-гоҳҳо дар Туркманистон – дар нимҷазираи Красноводск ва Кeпетдоғи Марказӣ, ғорҳои қадима дар Ўзбекистон – дар наздикии Тошканд ва Самарқанд, масканҳои сарку-шодаи зиёд дар Тоҷикистон – дар Фарғонаи ғарбӣ, ноҳияи Ўротеппа, водиҳои Ҳисор ва Вахш, ноҳияи Данғара ва ниҳоят, дар солҳои охир осори маданияти мустйе дар Қирғизистони шимолӣ низ кашф гардиданд.
Мағоки Тешиктош дар Иттифоқи Советӣ ва хориҷа шeҳрати зиёд пайдо намуд . Вай дар наздикии шаҳри Тирмиз, дар воҳаи Тургондарё, дар кeҳсори Бойсун воқеъ гардидааст. Дар ин мағок панҷ табақаи маскун, ки неан-дерталҳои чандин бор ба манзили кeҳнаи худ бозгашт намуда боқӣ гузоштаанд, мушоҳида шудааст. Аз ин ҷо қа-риб 3 ҳазор маснуоти сангӣ пайдо гардид, ки 339-тои он олоти комия мебошад. Дар байни онҳо ду навъи олоти хеле маъмул – корд ва белчаи сангӣ мавҷуд аст. Корд ҳам-чун олоти бурранда ва силоҳи шикорӣ хизмат мекард. Белчаро барои сохту пардохти дарахт, пeст истифода ме-намуданд. Олатҳои дигар хеле каманд. Сайди асосии шикорчиёни тешиктошӣ бузи кeҳии сибирӣ буд, ки дар кeҳистони Осиёи Миёна бисёр дучор меомад. Ғайр аз ин гавазн, хирс, паланг ва дигар ҳайвонҳои хурдтарро низ шикор мекарданд.
Тасодуфан пайдо шудани ҷасади одами аҳди мустйе – писарбачаи 8–9-сола воқеаи дорои аҳамияти ҷаҳонӣ гар-дид. Аз вақти ин бозёфт наздик чил сол гузашта бошад ҳам, бостоншиносон ба ёфтани дигар косаи сари одами неандертал муваффақ нашудаанд, ҳарчанд ки ҳоло дар мамлакати мо даҳҳо макони мустеӣ маълум аст. Дар гирди ҷасад (косаи сар ва баъзе устухонҳои скелети писарбача) шохҳои бузи кeҳӣ ба шакли ҳалқа гузошта шудаанд, ки аз ин метавон бо нияти муайян ба хок супурда шудани онро тахмин кард.
Коллексияи олоти сангии Тешиктош бо осори дигар мағораҳо пурратар гардид. Аз байни онҳо мағоки ба қа-рибӣ ёфташудаи Обираҳматро, ки дар масофаи 100 км дуртар аз Тошканд воқеъ аст, ном бурдан мумкин аст. Ма-териалҳои ҳафриёти ин ёдгории хеле ҷолиб ҳанeз муфассалан интишор наёфтааст. Аз ин мағок бештар аз 30 ҳазор маснуоти давраи мустйе пайдо шуд.
Дар водии Сирдарё, дар байни Ленинобод ва Навкати Қайроққум бисёр материалҳои муҳим ба даст расид. Оло-ти ду марҳилаи давраи мустйе дар ин ноҳия бо бақияи суфаҳои қадимаи Сирдарё алоқаманд аст. Ин олатҳо дар регҳои обшустаи суфаҳо ҷамъ шудаанд. Дар ин ҷо ҳам ба мисли Тешиктош аксари олотро белча ва кордҳои сангӣ ташкил мекунанд, фақат фарқ дар ин аст, ки онҳо на аз оҳаксанги чахмоқии зудшикан, балки аз санги сахти сумоқ (порфирит) сохта шудаанд.
Ҳамаи ин ёдгориҳо мутааллиқи маданияти ба «истилоҳ леваллуаю мустйе» буда, бо ёдгориҳои давраи мустйеи шарқи Наздик шабоҳат доранд .
Вале дар ҷануби Тоҷикистон якчанд ёдгориҳои давраи мустйе пайдо шуданд, ки тамоман хусусияти дигар дошта, бо тамаддуни Ҳиндустон ва соири кишварҳои дар ҷанубу ғарби Тоҷикистон воқеъгардида наздиканд. Калонтарин маҳалли ин навъи осори қадима Қаробeра, воқеъ дар водии Вахш (наздики Ҷилликeл) аз ҷониби В.А. Ранов тадқиқ шудааст. Вай аз силсилаи дунгиҳои на он қадар баланди регӣ иборат аст, ки рeи онҳоро ба ғафсии ду метр сангрезаҳо пeшидаанд. Маснуоти қадима маҳз аз байни ҳамин сангрезаҳо ёфт шудаанд. Ҷолиби диққат аст, ки дар ин маҳал дар қатори олоти муқаррарии мустйе маснуоти махсуси сангӣ – олоти ҳақиқии қайроқсанг – чоппер ва чоппинг низ пайдо гардид, ки бо ҳамин қабил маснуоти давраҳои баъдинаи маданияти Суои Ҳиндустон бисёр монанд аст.
Ҳафриёти майдончаи назди ғори Оғзикичики райони Данғара барои тадқиқи маданияти мустйе материали фа-ровон дод. Аз ин ҷо даҳҳо олатҳои гуногуни сангӣ, аз ҷум-ла, белчаву кордҳои гуногун ба даст омад, ки хеле хуб сохта шудаанд. Инчунин бисёр устухони ҳайвон низ ёфт шуд, ки неандерталиҳо сайд карда будаанд. Дар қатори устухони ҳайвонҳои маълуме, ки то ба ҳол вуҷуд доранд, устухони карки дарозпашм ва асп барин ҳайвонҳое низ ёфт шуданд, ки то ба рeзҳои мо омада нарасидаанд.
Қисми болоии табақаи маскуни (табақаи археологии) ин ҷо дар ҷои дигар вонамехeрад ва иборат аз пораҳои ба лой часпидаи резаи устухони сангпуштҳои даштиву дигар ҳайвонҳо мебошад. Аксари устухонпораҳо сeхтагианд ва ин далолат мекунад, ки мардуми Оғзикичик дар ҳамон давраҳо асосан гeшти сангпуштро истеъмол мекардаанд .
Ба ин тариқа, аз давраи мустйе сар карда, дар мадани-яти асри сангии Осиёи Миёна мушобиҳати ду минтақаи бузурги палеолит – Осиёи шарқӣ ва Миёнаро метавон
Download txt | fb2
<< 1 ... 3 4 5 6 7 ... 50 >>
Home
Loading...
0 / 12

OkTj.ru тестхо саволу чавоб калиди тестхо шеърхо китобхои Точики tj 2020 Таджикистан Точикистон скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики Худжанд Душанбе Куляб

Statok.net Яндекс.Метрика
© oktj.ru 2014-2020 Соглашения сайта