Пул кор кардан дар интернет Осон
Hi, Guest!
Home
Login
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Ба кӯрпаат нигоҳ карда, пой дароз кун.
НАШ Viber Чат OKTJ.RU
Мо дар TELEGRAMM
Library | Таджикистан / Точикистон | Точикон-китоби Бобочон Ғафуров аз 1 то 4боб
<< 1 2 3 4 5 6 ... 50 >>
наве, ки илми советӣ дар давоми зиёда аз ду даҳсолаи охир дар ин соҳа ноил гардидааст, нигаронида мешавад. Дар ин ҷо, пеш аз ҳама, тадқиқи тараққиёти қув-ваҳои истеҳсолкунанда ва муносибатҳои истеҳсолӣ, қону-ниятҳои ҳаёти иқтисодӣ ва падидаҳои муайяни он дар назар дошта шудааст.
Дар китоб ба ошкор намудани хусусиятҳои хоси ҳар як давра ва тадқиқи ҷараёни инкишофи созмонҳои ҷудогонаи иҷтимоию сиёсӣ диққати махсус дода шуд. Му-аллиф аз маълумоти риштаҳои гуногуни илм ва сарчашмаҳо ба таври васеъ истифода бурд, ки онҳо қабл аз ин чи дар тасвири манзараи умумии таърих ва чи дар тавсифи тараққиёти ҷамъияти Осиёи Миёнаи асримиёнагӣ ниҳоят кам ё тамоман мавриди истифода воқеъ нашуда буданд. Маданияти асримиёнагии халқи тоҷик мухтасар, вале бо фаро гирифтани тамоми ҷабҳаҳои он: адабиёт, илм, санъат, ҳунари меъморӣ ва маданияти моддӣ баён ёфт.
Муаллиф ҷараёни пайдоиши қавму нажодҳоро низ ба тадқиқ гирифта, барои нишон додани роҳи ташаккули халқи тоҷик ба ҷамъ ва таҳлили ҳамаи мадракҳои ба илми имрeза маълуми манбаъҳои хаттӣ, забоншиносӣ, палеоантропологӣ ва антропологӣ, этнографӣ ва адабиётшиносӣ саъю кeшиш намуд. Ба ташаккули халқи eзбек ҳам қисмати махсус бахшида шуд – дар ин ҷо, мисли дигар қисматҳои китоб, натиҷаҳои тадқиқоти ҳамкасбони eзбекамон, ки мабдаи қадимаи пайдоиши қавми eзбек, дараҷаи баланд ва бикрияти маданияти халқи eзбекро ба таври қонеъкунанда нишон додаанд, мавриди истифодаи васеъ қарор гирифт.
Дар асар шарҳу тафсири оқибати ба давлати ҳахома-нишӣ, империяи юнону мақдунӣ ва хилофати араб ҳам-роҳ карда шудани Осиёи Миёна, ки дар адабиёти илмии мо, аз ҷумла, дар таълифоти худи муаллиф мавҷуд буданд, то андозае вусъат пайдо намуд. Бояд гуфт, ки дар ин бобат ду навъ шарҳу тафсир маъмул аст: яке – ситоиши истилогарон ва паст задани савияи маданияти халқҳои Осиёи Миёна, ки хоси илми буржуазист; дигаре – таҳқиқу тавзеҳи дар илми советӣ муқарраршуда аст, ки дар он аз рeи инсоф диққати асосӣ ба муборизаи озодихоҳонаи халқҳои Осиёи Миёна бар зидди истилогарон ва нишон додани махсусият ва савияи баланди маданияти маҳаллии ин сарзамин нигаронида мешавад. Пештар муборизаи зидди ақидаҳои буржуазӣ ва ба онҳо муқобил гузоштани шарҳу тафсири марксистӣ фақат як қисми ин масъаларо – асосан воқеаҳои сиёсиро фаро мегирифт. Аммо ҷиҳатҳои иҷтимоию иқтисодии масъала дар канор монда, ғайрикофӣ тадқиқ мешуд ё нодуруст баён меёфт. Муаллиф кeшиш намуд, ки ба тадқиқи ҳамаҷонибаи ин масъала пардохта, онро бо материалҳои оид ба муносибат ва робитаҳои иқтисодӣ ва таърихию мадании халқҳо ва синтези маданӣ пурратар созад.
Инсоният маҳз ба тавассути ривоҷи истеҳсолот ва ма-даният, мубодилаи комёбӣ, дониш ва таҷрибаҳои амалӣ ба пешрафти худ ноил гардидааст. Муборизаи мутта-фиқонаи халқҳо, ки дар ҷараёни он дeстӣ ва бародарии онҳо ба вуҷуд омада, беш аз пеш устувор мешуд, дар муқобили тохтутозҳои харобиовар ва ғоратгаронаи eр-дуҳои Искандари Мақдунӣ, Чингизхон, Темур ва дигар ис-тилогарон монеаи сахте гардида буд. Ҳамкорӣ дар роҳи пешрафти иҷтимоӣ, алоқаҳои мусолиматомези тиҷора-тию иқтисодӣ ба инкишофи синтези маданӣ мусоидат менамуд. Ба ин маънӣ санъати Юнони Қадим, санъати Қандаҳор, ки дар худ беҳтарин офаридаҳои мардуми Ҳин-дустон, Осиёи Миёна, Порт ва Юнонро пайвастааст ва адабиёти арабизабонро бо фазилатҳои байналмилалии он метавон хотиррасон кард. Иртиботи наздик ва ғанӣ сохтани маданияти якдигар боиси тавлиди сарватҳои муштараки маданӣ гардид. Дар айни замон анъанаҳои маҳаллӣ, хусусият ва ҷиҳатҳои ба худ хоси маданияти халқҳо, аз он ҷумла аҳолии давраҳои қадим ва асри миё-наи Тоҷикистон ва умуман халқҳои Осиёи Миёна, ки ма-данияти олӣ ва ба дараҷаи баланди тараққиёт расидаро ба вуҷуд овардаанд, маҳфуз монд.
Харитаҳои таърихӣ аз китоби «Таърихи халқи тоҷик (ҷ. I– II, М., 1963–1964) иқтибос шудаанд. Тасвирҳоро Эрмитажи давлатӣ, Институти санъатшиносии РСС Ўзбекистон, Институти таърихи ба номи Аҳмади Дониши Академияи фанҳои РСС Тоҷикистон, музеи Британия, ташкилоти бостоншиносии Франсия дар Афғонистон ва дигар муассисаҳои илмии советӣ ва хориҷӣ ва инчунин донишмандони ҷудогона лутфан дар ихтиёри муаллиф гузоштанд.
Таълифи асар дар соли 1970 анҷом ёфта буд. Бинобар ин, дар он асосан ҳамон манбаъҳо ва тадқиқотҳое, ки то охири соли 1969 ва аввали соли 1970 дастраси муаллиф бу-данд, мавриди истифода қарор гирифтанд. Он чӣ ки баъдтар, то аввали соли 1977, ба даст омад, дар нашри тоҷикии асар қисман истифода шуд.
Нашри русии китобро олимони советӣ ва хориҷӣ ба некӣ истиқбол карданд ва тақризҳои зиёд далели ин аст. Вале баъди нашри русии китоб аллакай панҷ сол гузашт, ки ин дар айёми инкишофи босуръати илм муддати кам нест. Дар ин солҳо маъхазҳои мухталиф ва пуранвои таърихӣ пайдо шуд, археологҳо ҳам ба бисёр кашфиётҳои беҳамто ноил шуданд. Оид ба давраҳои гуногун бисёр асарҳои илмии тадқиқотӣ интишор гардиданд. Худи муаллиф низ тадқиқи ҳаматарафаи масъалаҳоеро, ки дар китоб дарҷ шуданд, идома дода, ҳудуди хронологии онро аз нимаи аввали асри ХVIII то ғалабаи Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр расонид. Дар натиҷа зарурат пеш омад, ки баъзе нуктаҳои асар тағйир дода шуда, баъзе ҷойҳои он мукаммал ва баъзе фаслҳои он муфассалтар карда шавад. Вале гуфтан даркор, ки бандубасти асар тағйир наёфт ва фақат ба сабаби афзудани ҳаҷм китоб ба ду қисм ҷудо карда шуд.
Муаллиф ба ҳамаи онҳое, ки бо маслиҳат, илова ва қайду эродҳои муфиди худ ба e кeмак карданд, алалхусус ба А.Е. Бертелс, И.С. Брагинский, Э.А. Грантовский, Е.А. Давидович, А.М. Мирзоев, И.М. Оранский, В.А. Ранов, В. А. Ромодин, албатта, ба муҳарири нашри русии китоб Б.А. Литвинский ва муҳаррири нашри тоҷикии китоб А. Мухторов ташаккури самимӣ изҳор менамояд.


ФАСЛИ ЯКУМ
СОХТИ ҶАМОАТИ ИБТИДОӣ
ВА ЗАВОЛИ ОН
ДАР САРЗАМИНИ
ОСИЁИ МИЁНА




Боби якум
ҶАМОАТҲОИ ИБТИДОӣ ДАР ОСИЁИ МИЁНА
1. ПАЛЕОЛИТ. СОХТИ ПЕШАЗҚАБИЛАВӣ. ПАЙДОИШИ ҶАМОАТИ ҚАБИЛАВӣ
Осори палеолити поин
Замони пайдоиши нахустин одамонро дар сарзамини Осиёи Миёна ба таври яқин муайян кардан хеле душвор аст, зеро осори аз ҳама қадимаи ҳаёти онҳо боқӣ намондааст. Ба гумони баъзе олимон, гeё Осиёи Миёна дар дохили минтақаи одамшавии маймун воқеъ гардида будааст . Ҳарчанд ин ақида маъмул ва мақбули умум маҳсуб ёфта наметавонад, бо вуҷуди ин кашфи қадимтарин ёдгориҳои ҳаёти одамиро дар ин сарзамин набояд берун аз имкон донист.
Соли 1953 А.П. Окладников дар рeди Унарчаи наздики дарёи Норини Қирғизистон аз девораи регии суфаи қади-маи плейстотсени миёна қайроқи калони дасти инсон расидаро, ки як тарафи он ба теғи дарози барҷастаи ка-монӣ монанд аст, пайдо намуд. Чунин олат дар илми бо-стоншиносӣ бо номи чоппер – олати қайроқсанг машҳур аст . Пас аз чанд соли бозёфти ин олати қадима дар маҳалҳои мухталифи Осиёи Миёна боз даҳ макони он кашф гардид . Ин гуна олат дар бисёр ноҳияҳои Олами Куҳан ба хубӣ маълум буда, қадимтарин маданияти ин-сонӣ – маданияти қайроқсангро тавсиф менамояд .
Таҳлили типологӣ нишон медиҳад, ки олати қайроқсанги Осиёи Миёна бо маданияти ба истилоҳ су-онии давраи палеолити Ҳиндустон хеле шабоҳат дорад . Аз ин чунин бармеояд, ки ин ду кишвар
Download txt | fb2
<< 1 2 3 4 5 6 ... 50 >>
Home
Loading...
0 / 14

OkTj.ru тестхо саволу чавоб калиди тестхо шеърхо китобхои Точики tj 2020 Таджикистан Точикистон скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики Худжанд Душанбе Куляб

Statok.net Яндекс.Метрика
© oktj.ru 2014-2020 Соглашения сайта