Пул кор кардан дар интернет Осон
Hi, Guest!
Home
Login
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Меҳмонро бар ҳеҷ коре дастур надеҳ!
НАШ Viber Чат OKTJ.RU
Мо дар TELEGRAMM
Library | Таджикистан / Точикистон | Точикон-китоби Бобочон Ғафуров аз 1 то 4боб
<< 1 2 3 4 5 ... 50 >>
анта-гонистӣ мебошад. Аз ин рe, шeру ошeбҳои халқӣ ҳар гоҳ ҷамъияти осиёимиёнагиро ба ларза меоварданд. К.Маркс ва Ф.Энгелс навиштаанд: «Озод ва ғулом, патритсий ва плебей, помешик ва крепостной, усто ва шогирд - хулоса, золим ва мазлум нисбат ба якдигар дар антагонизми до-имӣ буданд, муборизаи пай дар паи гоҳ пинҳонӣ ва гоҳ ошкор мебурданд, ки ин мубориза ҳамеша бо азнавсозии револютсионии тамоми бинои ҷамъиятӣ ё бо ҳалокати умумии синфҳои муборизакунанда анҷом меёфт» . Барои таърихшиносон чунин нишондоди В.И.Ленин бағоят муҳим аст, ки марксизм ба кашф кардани қонунияти ин ҳодисаҳое, ки «ба назар печдарпеч ва ҳарҷумарҷ менамо-янд», роҳ нишон дод, яъне вай назарияи муборизаи син-фиро кашф кард . Илми таърихшиносии советӣ гузаштаи халқи тоҷик ва дигар халқҳои Осиёи Миёнаро маҳз аз ҳамин нуқтаи назар таҳқиқ менамояд.
Ҳанeз солҳои 20-ум роҷеъ ба масъалаҳои ҷудогонаи таърихи маданӣ ва сиёсии Осиёи Миёна тадқиқоти зиёде ба миён омад. Очеркҳои В.В.Бартолд оид ба таърихи тоҷикон, қирғизҳо ва туркманҳо, асари умдаи e «Таърихи ҳаёти мадании Туркистон», беҳтарин асарҳои таърихӣ ва адабиётшиносии асосгузори адабиёти советии тоҷик устод Садриддин Айнӣ, инчунин як идда тадқиқоти А.А.Семёнов ва М.С.Андреев маҳз дар ҳамон вақт таълиф ва нашр гардида буданд.
Дар солҳои 30-юм методологияи марксистӣ дар тадқиқоти таърихшиносон мавқеи асосиро ишғол мена-мояд. Донишмандони таърих мадракҳои илмии пештар бадастомадаро аз дидгоҳи материализми таърихӣ дубора аз назар мегузаронанд (дар ин маврид махсусан хидмати А.Ю.Якубовскийро бояд хотиррасон кард), маъхазҳои нав пайдо мешаванд, дар ҳудуди Тоҷикистон нахустин экспе-дитсияҳои археологӣ ба кор шурeъ карданд.
Солҳои пас аз ҷанг давраи бозёфтҳои хеле зиёди маъхазҳои мухталиф ва пуранвои таърихӣ ба шумор ме-равад. Дар ин давра архивҳои қадима, санадҳои асримиё-нагӣ, материалҳои оид ба сиккашиносӣ, археология, па-леоантропология, забоншиносӣ ва ғайра ба даст меоянд. Ҳамаи ин ба амиқтар гардидани тадқиқот ва пурратар омeхтани қонунияти протсесси таърихӣ имконият фа-роҳам меоварад. Дар баробари тадқиқи баъзе масъалаҳои алоҳида таърихчиён ба таълифи баъзе асарҳои калони монографӣ ва маҷмeаҳо сар карданд.
Дар соли 1947 муаллифи ин сатрҳо асари ҷамъбастку-нандаи «Таърихи мухтасари халқи тоҷик»-ро таълиф намуда, худи ҳамон сол ба забони тоҷикӣ ва сипас, се ма-ротиба (охирин бор дар соли 1955) ба забони русӣ чоп карда буд, ки ҳар дафъа бо тасҳеҳу иловаҳо аз нав таҳрир меёфт. Ин асар дар асоси таҳлили марксистӣ тараққиёти таърихии халқи тоҷикро аз давраҳои қадимтарин то соли 1917 ба таври мухтасар баён менамояд. Илова бар ин муа-ллиф дар таълиф ва таҳрири асари сеҷилдаи коллективии «Таърихи халқи тоҷик», ки солҳои 1963–1965 дар Москва аз тарафи Академияи фанҳои Тоҷикистон нашр гардид, бе-восита иштирок дошт. Дар солҳои баъд e кори худро дар тадқиқи проблемаҳои таърих ва маданияти халқи тоҷик давом дод. Материалҳои фаровони бадастомада танзим ва таҳлилу ҷамъбасти худро тақозо мекарданд.
Ин асар, ки бо унвони «Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим ва асри миёна» ба диққати хонанда пешниҳод мешавад, аз ду китоб иборат буда, давраи тeлониро аз замони пайдоиши ҷамоаи инсонӣ дар сарзамини Осиёи Миёна то ғалабаи Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр дар бар мегирад.
Китоби якум аз чор фасл иборат аст. Фасли якум ба тавсифи сохти ҷамоати ибтидоӣ дар Осиёи Миёна бахшида шудааст. Дар фасли дувум ҳаёти қавму қабилаҳои мухталиф – аҷдоди тоҷикон дар давраи инкишофи муносибатҳои ғуломдорӣ тавзеҳ меёбад. Дар фасли севум тақдири таърихии Осиёи Миёна дар давраи зуҳури муносибатҳои феодалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Фасли чорум вазъияти Осиёи Миёнаро дар давраи тараққиёт ва барқарории сохти феодалӣ баён мекунад. Китоби дувум фаслҳои панҷум ва шашумро дар бар кардааст: фасли панҷум таърихи халқи тоҷикро аз ибтидои асри ХVI то миёнаи асри ХIХ ва фасли шашум аз ҳамроҳшавии Осиёи Миёна ба Россия ва тараққӣ ёфтани муносибатҳои капиталистиро то ғалабаи Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр тавсиф менамояд. Маълумоти мухтасари манбаъҳои таърихӣ, рeйхати адабиёт ва маъхазҳои иқтибосшуда, феҳристи номҳои тамоми асар дар охири китоби дувум оварда мешавад. Чун дар ин ҷо номи асарҳо ба сурати мукаммал зикр ёфтаанд, дар поварақ фақат ба ихтисораи онҳо ишора хоҳад шуд.
Муаллиф, бешак, ба тадқиқи муфассали ҳамаҷонибаи тамоми масъалаҳои таърихи халқи тоҷик накeшидааст. Асли мақсади вай воқеа ва ҳодисаҳои асосии таърихиро бо тадқиқи проблемаҳои хеле муҳим, мураккаб ва баъзан мубоҳисавӣ пайвастан аст.
Бисёр ҷиҳатҳои таърихи давраҳои қадимтарин, қадим ва аввали асри миёнаи тоҷикон ҳоло чунон ки бояду шояд омeхта нашудааст, аммо материалҳои нав хеле фаровонанд. Аксар вақт масъалаҳои марбут ба ин ҷиҳатҳоро ба таври қатъӣ ҳал кардан имконпазир наме-гардад. Бинобар ин муаллиф баробари шарҳи прагматии фактҳо фарзияҳои ҳамкасбони советӣ ва хориҷиро аз назар гузаронида, мушоҳида ва нуқтаи назари худро сареҳан баён менамояд. Табиист, ки дар ин сурат нақл нисбатан тафсил ёфта, истинод ба сарчашмаҳо ва ишора ба тадқиқоту нашрияҳои таърихшиносӣ, бостоншиносӣ, сиккашиносӣ, забоншиносӣ, катибашиносӣ ва адабиётшиносӣ зиёдтар хоҳад гардид.
Дар ин китоб, ки асосан материалҳои дар осори илмӣ ба дараҷаи кофӣ тавзеҳёфтаро дар бар мегирад, мо ба қадри имкон аз такрори муаллифони дигар худдорӣ намудем. Чунончи, инро дар фасли давраи асри миёна, ки таърихи сиёсӣ ва қисман мадании он тавассути тадқиқоти чанд насли шарқшиносони рус ва советӣ, пеш аз ҳама, В.В.Бартолд, А.Ю.Якубовский, А.А.Семёнов, Е.Э.Бертелс, П.П.Иванов ва дигарон ба таври муфассал омeхта шудааст, метавон мушоҳида намуд. Ба ин сабаб истинод ва ишораҳои поварақи ин фасл нисбат ба фаслҳои дигар маҷмeӣ ва хулосавист.
Баъзе проблемаҳое, ки дар ин китоб мавриди таҳлил қарор гирифтаанд, аз инҳо иборатанд: дараҷаи тараққиё-ти маданият ва иқтисодиёти Осиёи Миёна дар асри би-ринҷӣ ва робита бо қабилаҳои Ҳиндустон, Эрон ва ки-шварҳои дигар; масъалаи ориёӣ ва асоси нажодию забо-нии тоифа ва халқҳои қадимаи Осиёи Миёна, Ҳиндустони шимолӣ, Афғонистон, Эрон ва даштҳои байни Европа ва Осиё; пайдоиш ва инкишофи ҷамъияти синфӣ; зуҳур ва таҳаввули оини зардуштӣ, синтези маданияти Осиёи Миёнаю Эрон, Ҳиндустону Юнони Қадим; пайдоиш, хронология ва маданияти Кушониён. Ба тавсифи сохти иҷтимоию иқтисодии Осиёи Миёнаи қадима боби махсусе бахшида шуда, дар баробари таҳқиқи таърихии ин проблемаи мураккабтарин тамоми материалҳои мавҷуда, ки ҳиссае аз онҳо нахустин бор ба ин муносибат бардошта шудаанд, ба риштаи таҳлил ка-шида мешаванд.
Таърих ва маданияти аввали асримиёнагии Тахористон ва Суғд хеле батафсил тадқиқ шуда, ба тағйироти прогрессивии ҳаёти ҷамъият: тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунанда ва пешрафти фавқулоддаи маданияти бадеӣ боис гардидани пайдоиш ва инкишофи муносибатҳои феодалӣ муқаррар карда мешавад. Дар ҳақиқат ҳам, Осиёи Миёна дар давраҳои кушонӣ, аввали асри миёна ва баъдтар ҳам яке аз муҳимтарин марказҳои мадании шарқ ҳисоб меёфт.
Дар бобҳое, ки ба пойдоршавӣ ва инкишофи муноси-батҳои феодалӣ бахшида шудаанд, диққати асосӣ ба ко-мёбиҳои
Download txt | fb2
<< 1 2 3 4 5 ... 50 >>
Home
Loading...
0 / 16

OkTj.ru тестхо саволу чавоб калиди тестхо шеърхо китобхои Точики tj 2020 Таджикистан Точикистон скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики Худжанд Душанбе Куляб

Statok.net Яндекс.Метрика
© oktj.ru 2014-2020 Соглашения сайта