Кор барои мактаббача $$$
Hi, Guest!
Home
Login
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Танбал барои кор кардан вақт надорад.
НАШ Viber Чат OKTJ.RU
Наш TELEGRAMM Канал
Library | Таджикистан / Точикистон | Точикон-китоби Бобочон Ғафуров аз 1 то 4боб
<< 1 2 3 4 ... 50 >>
дар мамолики дигар низ пай дар пай чопи он сурат гирифт.
Қимати илмии «Тоҷикон», алҳақ, бениҳоят бузург аст. Бобоҷон Ғафуров бо ин иқдоми нек ва заҳмати пурбаҳо-яш натанҳо саҳифаҳои таърихи рангини миллати тоҷик ва мардуми ҳамзабони мо, балки таърих ва роҳи тайкар-даи халқҳои eзбеку қирғиз ва қазоқу туркманро то андозае ба хонанда ошно сохт. Ин хидмати рустамонаи Бобоҷон Ғафуров шоистаи таҳсин ва офарин аст, зеро осори пурқимати илмиаш чун беҳтарин омeзгор ба мо ва насли оянда сабақ меомeзад.
Имрeз мардуми кишвар ба худшиносӣ ва барқарор кардани хотираи таърихии хеш беш аз пеш ниёз дорад. Мо бояд аз таърихи гузашта сабақ бигирем ва барои ваҳдати комили миллӣ корҳои бузургеро ба анҷом би-расонем. Дар ин роҳи пуршараф чопи осори гаронбаҳои академик Бобоҷон Ғафуров барои барафрeхтани эҳсоси ватандeстӣ ва ифтихори миллӣ мадад хоҳад расонд.

Эмомалӣ Раҳмон
соли 1998







ТОҶИКОН



МУҚАДДИМА

Халқи тоҷик ба иттиҳоди бузурги миллатҳои сотсиа-листӣ, ки Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиали-стиро ташкил додаанд, дохил мешавад. Вай ҳамроҳи баро-дари калони худ – халқи кабири рус ва дигар халқҳои ба-родари мамлакатамон таҳти роҳбарии Партияи Комму-нистии Иттифоқи Советӣ бо қадамҳои устувор ба сeи коммунизм пеш меравад.
Аз қадимулайём риштаҳои гусехтанашавандаи дeстию ҳамкорӣ халқҳои Иттифоқи Советиро ба ҳам пайваста, муборизаи якҷояи зидди золимон ва истилогарон онҳоро муттаҳид сохтааст. Инро дар тимсоли робитаҳои таъри-хии eзбекҳо, тоҷикҳо, туркманҳо, қирғизҳо, қазоқҳо, қарақалпоқҳо ва дигар халқҳои республикаҳои Осиёи Миёна метавон возеҳу равшан мушоҳида намуд.
Тадқиқи таърихи халқи тоҷик барои донистани ман-баъҳои равобити анъанавии халқҳои Осиёи Миёна кeмак хоҳад расонд. Хусусан тоҷикон ва eзбекон, ки ташаккули халқияти онҳо дар асоси умумии нажодӣ қарор гирифта-аст, бо ҳамдигар алоқаи хеле наздик доранд. Чунон ки eзбекон аз сарвати мадании халқи тоҷик баҳраманд ме-гардиданд, ҳамин тариқа, тоҷикон низ аз комёбиҳои ма-данияти халқи eзбек файзёб буданд; хусусияти ма-данияти моддӣ, урфу одат, санъат ва ҳунарҳои халқии тоҷикон ва eзбекон чунон наздиканд, ки гоҳо дар байни онҳо фарқ гузоштан мумкин намешавад. Таърихи давраҳои қадимтарин, қадим ва ҳамчунин давраи асри-миёнагии ин халқҳо хеле шабеҳ ва аксаран яксон буда, илова бар ин сайри тараққиёти он дар як сарзамин ба вуқeъ пайвастааст. Бо вуҷуди ин, ду халқ ташаккул ёфт, ки имрeз ба миллатҳои сотсиалистии тоҷик ва eзбек мубаддал гардидааст.
Бинобар ҳамин ҳам омeзиш ва таҳқиқи таърихи тоҷикон, саҳми ба худ хоси онҳо ба ганҷинаи тамаддуни башарӣ бо омeзиш ва таҳқиқи таърихи ҳамаи халқҳои Осиёи Миёна, бо ошкор намудани он чӣ ки онҳоро мут-таҳид сохтааст, алоқаи ҷудонашаванда дорад. Дар асоси чунин омeзиш решаҳои амиқи таърихии ҳамкории баро-даронаи халқҳои Осиёи Миёнаро муайян кардан имкон-пазир хоҳад шуд.
Чунон ки маълум аст, таърихи тоҷикон, мисли ҳамаи халқҳои Осиёи Миёна, бо таърихи бисёр халқҳои шарқи хориҷӣ, қабл аз ҳама, Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Эрон, кишварҳои араб ва як қатор мамлакатҳои дигар алоқаманд аст. Мо - таърихшиносони советӣ ба роби-таҳои таърихии халқҳои Осиёи Миёна ва шарқи хориҷӣ, ки онҳоро дар мубориза барои сулҳ ва пешрафти иҷти-моӣ муттаҳид месозад, баҳои баланд медиҳем.
Дар асарҳои олимони буржуазӣ гузаштаи халқҳои Шарқ, аз он ҷумла тоҷикон, ҳамчун силсилаи беинтиҳои ҷангу ҷидолҳо ва табаддулоти дарборӣ тасвир ёфта, бештар нақлу ривоятҳо дар бораи подшоҳон, ҳокимон ва сипаҳсолорон оварда мешаванд; гоҳ-гоҳ дар байни ин нақлу ривоятҳо баъзе маълумоти роҷеъ ба таърихи мада-ниятро дучор омадан мумкин аст. Муаррихони буржуазӣ қонунияти таърихиро дар ин ҳолат ё умуман рад меку-нанд ё худ аз нуқтаи назари идеалистӣ тафсир медиҳанд.
Тамоми ҳуҷҷат ва мадракҳои фаровони оид ба таърихи Осиёи Миёна нишон медиҳад, ки кeшишҳои як қатор муаррихони буржуазӣ, аз ҷумла муаллифони ба Ватани советӣ хиёнат карда, ба хизмати империалистон гузашта, ки таърихи халқҳои ин сарзаминро холӣ аз зиддиятҳои синфӣ ва муборизаҳои синфӣ вонамуд карда, онро фақат чун арсаи задухeрд ва низоъҳои ирқу нажодҳои мухталиф ба қалам доданӣ мешаванд, беҳуда ва бенатиҷа аст. Ин қабил муаррихон бар хилофи далелҳои илмӣ ирқро бо халқ айният дода, «назария»-и ҳаннотонаи мумтозии ин ё он ирқи «асил»-ро пеш ме-ронанд. Дар айни замон онҳо ба як типи нажодии помирӣ-фарғонӣ нисбат доштани eзбекон ва тоҷиконро инкор мекунанд. Умуман кeшиши аз нуқтаи назари ирқият тавзеҳ додани таърихи Осиёи Миёна, ҳамчунин дигар кишварҳо, зарарнок ва аз ҷиҳати илмӣ тамоман беасос аст.
Шарҳу баёни ҳақиқатан илмии ҳодисаҳои ҳаёти иҷти-моӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва мадании халқҳои гуногун фақат дар партави таълимоти марксистӣ-ленинӣ доир ба таърихи ҷамъият имконпазир мегардад. К.Маркс механизми тараққиёти ҷамъиятиро доҳиёна муайян намуда, гуфтааст: «Одамон дар истеҳсолоти ҷамъиятии ҳаёти худ ба муносибатҳои муайян ва зарурии ба иродаи худашон вобастанабудае – ба муносибатҳои истеҳсолие дохил мешаванд, ки ин муносибатҳо ба зинаи муайяни инкишофи қувваҳои истеҳсолкунандаи моддии онҳо мувофиқ меоянд. Маҷмeи ин муносибатҳои истеҳсолӣ сохти иқтисодии ҷамъиятро, базиси реалиеро ташкил мекунад, ки бар болои ин базис надстройкаи ҳуқуқӣ ва сиёсӣ пойдор мегардад ва шаклҳои муайяни шуури ҷамъиятӣ ба ин базис мувофиқ меоянд. Тарзи истеҳсолоти ҳаёти моддӣ сабабгори умуман протсессҳои сотсиалӣ, сиёсӣ ва маънавии ҳаёт мегардад. Шуури одамон ҳастии онҳоро муайян намекунад, балки, баръакс, ҳастии ҷамъиятии онҳо шуури онҳоро муайян мекунад. Қувваҳои истеҳсолкунандаи моддии ҷамъият дар зинаи муайяни инкишофи худ ба муносибатҳои ис-теҳсолии мавҷуда ё худ – ки ин фақат ифодаи ҳуқуқии ҳамин муносибатҳо аст – ба муносибатҳои моликият, ки дар дохили ҳамин муносибатҳо он қувваҳо то ҳол инки-шоф меёфтанд, зид меоянд. Ин муносибатҳо, ки пештар шакли инкишофи қувваҳои истеҳсолкунанда буданд, ак-нун кишани онҳо мегарданд. Он гоҳ давраи револютсияи сотсиалӣ фаро мерасад. Бо тағйир ёфтани асоси иқтисодӣ дар тамоми надстройкаи бузург ба таври каму беш тез табаддулот ба амал меояд» . Илми марксистӣ-ленинӣ чунин мавқеи муҳими базис – маҷмeи мураккаби муносибатҳои истеҳсолии ин ё он марҳалаи тараққиёти таърихиро ба асос гирифта, қонуни амали мутақобили базис ва надстройка, роли фаъоли надстройка ва шаклҳои муайяни шуури ҷамъиятии алоқамандии он, маданияти маънавӣ ва моддиро ошкор менамояд. Беҳтарин сарватҳои маданияти маънавӣ ва моддӣ, ки дар давоми ҳазорон сол аз таҷрибаи ҷамъиятию таърихии инсоният рeидаанд, самараи фаъолияти моддӣ, илмӣ ва бадеии ба-шарият, дониши пешқадам, назария ва шаклҳои мута-раққии тафаккури эҷодӣ, яъне мероси маданӣ, бо тамоми маъниҳои умумисотсиологии он чун василаи муқтадир дар таҳаввулоти амиқи ҷамъияти ҳозира хизмат мекунад. Ин аст, ки мо ба омeхтан ва таҳқиқи амалии гузаштаи таърихии ғании халқҳо пардохта ва ба он таҷдиди назар намуда, дар роҳи пешрафти ҳақиқии иҷтимоӣ ва ташак-кули шахсияти мутаносиби коммунистӣ аз он нерeи тозаи маънавӣ ҳосил мекунем.
Чунон ки маълум аст, муборизаи синфӣ қувваи ба ҳаракатоварандаи тараққиёти таърихии ҷамъияти
Download txt | fb2
<< 1 2 3 4 ... 50 >>
Home
Loading...
0 / 13

OkTj.ru тестхо саволу чавоб калиди тестхо шеърхо китобхои Точики tj 2020 Таджикистан Точикистон скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики Худжанд Душанбе Куляб

Statok.net Яндекс.Метрика
© oktj.ru 2014-2020 Соглашения сайта