Привет, Гость!
На главную
Вход
лучший интернет-магазин в Таджикистан
Купить Качественные Смартфоны по низким ценам
Библиотека | Таджикистан / Точикистон

Нерӯгоҳҳои обии Тоҷикистон

Тэги:нерӯгоҳҳои обии тоҷикистон | нерӯгоҳи тоҷикистон | гесхои тоҷикистон | гэс тоҷикистон | рефератхо | мавзӯъ гэс | роғун |
Добавил:Admin (18.11.2016 / 16:51)
Рейтинг:rating 241 article (1)
Прочтений:66
Комментарии:0
Тоҷикистон аз захираҳои гидроэлектроэнергетикӣ бой аст.Табиат ба он имконоти зиёдеро дар соҳаи истифодаи ин захираҳо фароҳам овардааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои тамомнашавандаи гидроэнергетикӣ буда, дар ҷаҳон аз рӯи ҳаҷми онҳо ҷои ҳаштум ва нисбат ба сари аҳолӣ ҷойҳои якум – дуюмро ишғол мекунад. Захираи умумии потенсиалии манобеъҳои гидроэнергетикии ҷумҳурӣ беш аз 527 млрд.кВт мебошанд.

Дар айни ҳол дар Тоҷикистон нерӯгоҳҳои зерин фаъолият мекунанд ё сохта шуда истодаанд:

Нерӯгоҳи обии Қайроққум
Нерӯгоҳи обии Қайроққум дар дарёи Сирдарё бо иқтидори умумии 126 МВт фаъолият мекунад.

Нерӯгоҳи обии Роғун
Нерӯгоҳи барқии обии Роғун (НБО Роғун) - нерӯгоҳи барқии обии калонтарин дар дарёи Вахш мебошад, ки сохтмонаш давом ёфта истодааст.

Таърих Вироиш

Сохтмони нерӯгоҳи барқии обии дар Осиёи Марказӣ калонтарин – Роғун соли 1976 сар шуда буд. Иқтидори лоиҳавии Нерӯгоҳи барқии обии Роғун ба 3600 МВт баробар буда, он аз 6 агрегати 600 МВт ва баландии сарбанди он 335 метр муайян шуда буд. Ин нерӯгоҳ дар ҳолати пурра ба кор даромаданаш дар як сол метавонад 13,1 млрд. кВт-соат нерӯи барқ ҳосил кунад.
Оид ба сохтани Нерӯгоҳи барқии обии Роғун соли 2005 байни Тоҷикистон ва Компанияи «Русский алюминий» («Русал»)-и Федератсияи Русия шартномае имзо шуд, вале он амалӣ нагардид. Тоҷикистон 29 августи соли 2007 он шартномаро бо компанияи «Русал» бекор карда, азм кард, ки ин нерўгоҳро бо маблағи худ месозад. Бо ҳамин мақсад ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Нерӯгоҳи барқии обии Роғун» таъсис ва оинномааш 15 апрели соли 2008, бо сармояи 116 млн. сомонӣ тасдиқ гардид. Соли 2009 ҳадди ин сармоя ба 6 млрд сомонӣ расонида шуд.

Дар шароити ҳозира пеш аз ҳама сохтмони ду агрегат дар НБО Роғун пешбинӣ шудааст.

Бунёди сарбанд Вироиш

Дар таърихи 29 октябри соли 2016 Эмомалӣ Раҳмон худ савори булдозери вазнин аз соати 10-и субҳ то 11:30 расо якуним соат бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро баста ба бунёди сарбанди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ҳусни оғоз бахшид[1].

Эзоҳ Вироиш

↑ Оғози бунёди сарбанди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун // PRESIDENT.TJ — 29 октябри 2016, 12:29
Скачать txt | fb2
НАШ ПАБЛИК ЧАТ В ВАЙБЕРЕ
На главную
0 / 24

OkTj.ru тест тестхои саволу чавоб точики калид китобхои Точики китобхонаи милли tj 2015 2016 2017 Одноклассники Таджикистан Точикистон Душанбе Хучанд Худжанд Куляб Хоруғ скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики

Statok.net
©