Hi, Guest!
Home
Login
Загрузка...
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Аз мардум рӯй нагардон ва бо онҳо беэътино набош!
НАШ Viber Чат OKTJ.RU
Мо дар TELEGRAMM
Library | Шеърхо Рубоихо Табрикот баромадхои таёр

Шеърхо Наврӯз шеърхо дар васфи навруз точики

Tags:шери навруз | шеърхо барои навруз точики | навоуз муборак | 2018 | наврӯз тоҷикистон | наврузи ачам | навруз 2016 | шеърхо барои навруз | навруз шер | байтхо навруз | сухан дар бораи навруз | шеърхои наврузи | шеърхои наврузи бо забони точики | маълумот дар бораи иди навруз | иди навруз иншо | шеърхои наврузи 2018 | чашни навруз иншо | шеъри наврузи 2017
Added:Admin (08.03.2016 / 09:05)
Rating:rating 233 article (0)
Reads:44555
Comments:8
шеър дар бораи навруз
шеър дар васфи навруз
иди навруз иншо
шеърхои наврузи бо забони точики
шеърхо дар васфи забони точики

Ту биё, ба ҷашни Наврӯз!
Зи ғамат дубора имшаб ба ғазал паноҳ бурдам,
Ту бубин, ки ин шикоят ба суроғи моҳ бурдам.
Чу ғамат ба хонаи дил ба зиёди танг омад,
Мани беҳунар ту бингар ба ҳиҷои оҳ бурдам.

Ман аз ин ситоразорон, ки ба шаб ҳамекунад ноз,
Ба якин расидам охир, ки маҳам ба чоҳ бурдам.

Ба ҳамон нигоҳи аввал, ки ба шаҳри ишк мебурд,
Ки ба умри хеш онро чу дуои роҳ бурдам.

Ту бигӯ зи хилвати мо, ки садои тик-тикашро,
Ба садои ҳик-ҳики худ ба чӣ иштибоҳ бурдам.

Ту гарам ба ишкбозӣ дили худ баранда донӣ,
Магарам хабар надорӣ ки гаҳеву гоҳ бурдам?

Ту биё ба ҷашни Наврӯз, зи ғурури хеш бигзар,
Ва бигӯ, ки аклу ҳушро ба ҳамин нигоҳ бурдам.


иди навруз омаду олам мунавар мешавад
зинати руи замин аз сабзаи тар мешавад

Эй субхи ватан муждаи навруз муборак .
Эй субхи чаман накхати фируз муборак.

БАХОРО БО КАДАМХОИ МУБОРАК
ТАБИАТРО ТУ ЗЕБО МЕНАМОИ
ЗИ НАВ БЕДОР КАРДА ОЛАМИ ХОБ
НУМУЬ БАХШИДА ЭХЁ МЕНАМОИ

Муборак бод Навруз бар точику бар точикистонй,

Азизони дилу дида, муборак иди орёнй,

Расидем боз бар Навруз, ба соли нав, ба рузи нав,

Дар ин дунёи берахму дар ин дунёи сарсонй,


Дар васфи Навруз

Наврузи Бузург омад ороиши олам,
Мерос ба наздики мулуки Ачам аз ч ам.
Наврузатон фируз бод,
Ҳар рeзатон Навруз бод!
Булбул ба васфи Навруз гуяд чунин тарона,
Идат муборак эй дуст, бишнав ту ин фасона,
Аз рeзгориЧамшед то ин замони имруз,
Ҳар рози ту чу Навруз, идат бувад баҳона!
Ба фарри каёни яке тахт сохт,
Чи моя бад-у гавхар андар нишохт.
Ки чун хости дев бардошти,
Зи Хомун ба гардун барафрошти.
Чу хуршеди тобон миёни хаво,
Нишаста бар у шох фармонраво Чахон анчуман шуд бар он тахти уй, Шигифти фурумонда аз бахти уй.
Ба Чамшед бар гавхар афроштанд,
Мар он рузро рузи нав хонданд.
Сари соли нав Хурмузи Фарвардин,
Баросуда аз ранч – тан, дил зи кин,
Бузургон ба шоди биёростанд,
Маю чому ромишгарон хостанд.
Чунин чашни фаррух аз он рузгор,
Ба мо монад з – он хусравон ёдгор.
Абулкосим Фирдавси Зи куи ёр меояд насими боди наврузи,
Аз ин бод, ар мадад хохи, чароги дил барафрузи.
Сухан дар парда мегуям, чу гул аз гунча берун ой,
Ки беш аз панч рузе нест хукми мири наврузи.
Чу гул гар хурдае дори, худоро, сарфи ишрат кун,
Ки Корунро галатхо дод савдои зарандузи.
Зи чоми гул дигар булбул чунон масти маи лаъл аст,
Ки зад бар чархи фируза сафири тахти фирузи.
Тарики комбахши чист, – тарки коми худ гуфтан,
Кулохи сарвари он аст к-аз ин тарк бардузи.
Ба учби илм натвон шуд зи асбоби тараб махрум,
Биё соки, ки чохилро зиёда мерасад рузи.
Майе дорам чу чон софею суфи мекунад айбаш,
Худоё, хеч окилро мабодо бахти бадрузи!
Надонам нахваи кумри ба тарфи чуйборон чист,
Магар у низ хамчун ман гаме дорад шабонрузи,
Чудо шуд ёри ширинат, кунун танхо нишин, эй шамъ,
Ки хукми осмон ин аст, агар сози в-агар сузи.
Ба бустон рав, ки аз булбул рамузи ишк гири ёд,
Ба мачлис ой, к-аз Хофиз газал гуфтан биёмузи.
(Хофиз)


Новруз Байрам 2016 2017 — поздравления и стихи ( шеърхои наврузи бо забони руси )



Праздник равноденствия,

Весеннего благоденствия —

Навруз — по-тюркски новый день,

И объяснить теперь не лень,
Download txt | fb2
Home
Loading...
0 / 15

OkTj.ru тестхо саволу чавоб калиди тестхо шеърхо китобхои Точики tj 2019 Таджикистан Точикистон скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики Худжанд Душанбе Куляб

Statok.net Яндекс.Метрика
© oktj.ru 2014-2019 Соглошеня сайта