Hi, Guest!
Home
Login
Загрузка...
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Некӣ, тарраҳум – он чизест, ки кар мебинад ва нобино мешунавад.
НАШ Viber Чат OKTJ.RU
Мо дар TELEGRAMM
Library | Реферат Иншо Кори курси | РЕФЕРАТ Нақши соҳибкории хурду миёна дар Ҷумҳурӣ.
<< 1 2 3 >>
муомила карданро ёд гирад, бо шахсиятхое, ки бо раванди мубодила мустаќим ё ѓайримустаќим алоќаманди дорад, махсусан бо меросхўрони рох ва бозор, хисобу китобро баробар намояд, аз хисоби даромад хиссачудо-кунихои заруриро (андоз, патент, литсензия...) пардохта тавонад, мизочонро бо роххои гуногун ба тарафи худ чалб намояд ва бо нарххои мувофиќу дилхох бо онхо гуфтугў карда молхои худро фурўшад.
Аз ин нигохи одди хулоса бармеояд, ки доираи фаъолияти бизнес хамчун натичаи фаъолияти субъектхои иќтисоди бехудуд аст. Ба он нафарони бешуморе, ки ќобилият ва имконият доранд (талаба, донишчў, фардхои алохида, оила, фирма, давлат...) машѓул шуда метавонанд.
Бизнес хамчун фаъолият бо маќсади ба даст овардани даромад (фоида) истифода карда мешавад. Аз ин лихоз, дар адабиёти иќтисоди, тахти бизнес - масъулияти шахсхои алохида, оила, гу-рўх, ташкилот ва давлат, ки дар асоси чавобгарии шахси, хавас-мандии иќтисоди, таваккалии молу чиз, воситахои пули, истифо-даи сарвату неъматхои табиат барои тавлиди махсулот, хизмат-расони ба маќсади ба даст овардани фоида нигаронида шуда бошад, фахмида мешавад. Аз ин тавсифот хулоса бармеояд, ки бизнес хамчун тадбир ва фаъолият фаќат дар чорчўбаи моликияти хусуси, мавчуд будани фишангхои озоди тичорат - муста-ќилият, хавасманди, манфиат, ангезаи мехнати, худтаъминкуни, ташаббус, чустучў, таваккали ва ѓайра имконпазир аст.
Ахамият ва афзалияти бизнес дар он аст, ки:
- ба он хар нафаре, ки майлу раѓбат ва шавќу хавас дорад (берун аз ваќти кори) шуѓл варзида метавонад;
- хар як шахс ба ягон намуди кор ё фаъолияте банд мешавад. Барои ин маќсад ягон чои кории илова талаб карда намешавад;
- барои ашхосони шуѓлварзида, он хамчун манобеъи иловагию доимии даромад хизмат мекунад;
- эхтиёч ва ниёзи мардум ба баъзе неъматхову хизматхое, ки (таъмир, маводхои хўрока...) тавлид ва адои онхо аз чониби кор-хонахои махсусгардондашуда начандон ќулай мебошад, аз тара-фи нафарони алохида таъчилан дар як давраи кўтох, бо сифати нисбатан баланд ичро карда мешаванд.
Бояд тазаккур дод, ки бизнес - ќобилият аст ва хар як шахси хохишманд ба он шуѓл варзида наметавонад. Барои он пеш аз хама истеъдоди табии (худодод), тафаккури иќтисодии махсус, яъне фавќулќобилият заруранд.
Барои бизнесмени хаќиќи будан шароитхои воќеи: интихоби озоди доираи фаъолият; мулохизаи кори; мустаќилияти иќти-соди; оптимизм (зиндадили) ва ѓайра заруранд.
Аз ин чо хулоса бармеояд, ки бизнес ва сохибкори гўё аз бисёр чанба - хусусият, принсип, омил, шароиту сабабхои ташкил ба хам мусоидат менамоянд.
Дар адабиёти иќтисоди оиди ин масъала фикру андешахои гуногун чой доранд. Баъзехо махсус ёдовар мешаванд, ки бизнес (сохибкори) - умуман, ба доираи фаъолияти давлат мансуб нест, гарчанде, охирон хам ба фаъолияти сохибкорию фоидагири банд мебошад. Асоси бизнесро танхо бо мавчуд будани молики-яти хусуси мебинанд, чунки фармоишхои давлати дар доираи ин корхонахо ичро карда мешаванд. Аз ин лихоз, меъёри муайяну мушаххас байни бизнесу сохибкор, байни мояи ѓизодихандаи онхо - шакли моликият ва фаъолият ягонаги дида намешавад.
Ба сифати аломатхои фарќкунандаи сохибкори, ки онро аз дигар намудхои фаъолият чудо месозад, инхоро номбар мекунанд: мустаќилият, чавобгари, ташаббус, таваккали, доимият, чустучўи фаъолона дар халли масоилхои умдаи иќтисод ва ѓай-ра. Аз ин лихоз, дар адабиёти иќтисоди фарќ дар байни онхо гузошта намешавад. Баъзехо гумон доранд, ки вожаи бизнес дар Ѓарб ва сохибкори хамчун синоними он дар мамлакатхои собиќ сотсиалисти истифода карда мешавад ва дар ин мазмун метавон байни онхо аломати баробари гузошт.
Новобаста ба ин хислату аломатхои умуми байни онхо фар-ќият низ вучуд дорад. Доираи фаъолияти бизнес васеъ ва доираи фаъолияти сохибкори махдуд буда, охирон хам-чун унсури мухимтарини бизнес ќадр карда мешавад. Фаъолияти сохибкори дар холати махсус ќайд кардани тарафхои эчодо-наю навоварии фаъолияти бизнес, ки ќодир аст натичахои баландро таъмин намояд, истифода карда мешавад.
Фаъолияти фирма дар бозор, алоќамандии он ба бозори омилхои истехсолот, ќонунгузорихои зидди монополи, дастрас кардани воситахои молияви, ташкил кардани фондхои молиявию суѓуртави, сармоягузори, истифодаи фишангхои пулию асъ-ори дар чараёни тавлид ва фурўши неъматхои иќтисоди, ногузир ба ташаккули мухити бизнес оварда мерасонад. Ташкили дохилии мухити бизнес хамчун вохиди хочаги сурат мегирад. Он аз ду нуќтаи назар: а) хочагию хуќуќи ва б) шакли ташкили иќти-содии хулќ ва рафтори одамон тавсиф карда мешавад.
Ба ѓайр аз он, ки бизнес хамчун фаъолияти иќтисоди, яъне чалб кардан ва истифода кардани воситахои худи дар асоси чавобгари ва таваккали тасаввур карда мешавад, боз масъалаи аз нуќтаи назари хуќуќ, ташкил кардани шаклхои иќтисодии рафтори одамон низ зарур мебошад.
Бизнес на танхо раванди тавлид ва ташкили он (планкаши, таъминот), на фаќат фаъолияти маркетинги (таблиѓ, сиёсати нархи), идораи фирма (менечмент) ва таъминоти молияви, балки кулли он фаъолиятро дар бар мегирад. Аз ин нигах, он нисбат ба унсурхои таркибиаш чизи дигар аст. Вай мачмўи муносибат-хоро оиди чавобгарии сохибкорон перомуни натичахои фаъолияти бизнес - алоќамандии он бо масъалахои махсулот, тавлид, маркетинг, менечмент, андўхту сармоягузори... ифода мекунад.
Азбаски сохибкори хамчун унсури фаъолтарини бизнес мебошад, аз ин нигох шакл ва намудхои сохибкори (ниг. саволи дуввўм) низ ќисматхои асосии бизнес мебошанд.
Дар адабиёти иќтисоди тибќи аломатхои хачми фирма - бизнеси хурд, бизнеси миёна ва калонро тафриќа месозанд.
Дар иќтисодиёти муосири мамлакатхои Ѓарб бизнеси хурд аз чумлаи бахши бузургтарини иќтисод ќадр карда мешавад. Масалан, танхо дар ИМА зиёда аз 15 млн. бизнеси хурд вучуд дорад. Он шакли фаъолияти бизнесе мебошад, ки дар асоси ба хам муттахид кардани сармояи 2-4 нафар ва принсипи хамкории хочагидори ташкил карда мешавад. Онхо дар шакли маѓозахои хурд, корхонахои сохаи хизматрасони, фирмахо, фаъолияти профессионалии духтурон, муаллимон, хуќуќшиносон ва ѓайра ташкил карда мешаванд. Аз нуќтаи назари хуќуќ бизнеси хурд - шахсияти хуќуќи намебошад.
Дар мамлакатхои инкишофёфтаи Ѓарб бо таври васеъ хамчун шакли нисбатан маъмули бизнеси хурд системаи (низоми) франчайзинг (franchise - имтиёзнок) ва сохибкории венчури (аз venture - таваккал кардан) истифода карда мешавад.
Франчайзинг - низоми корхонахои хурде мебошад, ки барои дар як мавзеъ ва давраи муайян истифода кардани тамѓаи (маркаи) фабрикавии корхонахои бузургтаринро дар фаъолияти худ ташкил мекунанд. Ба онхо имконияти тахфиф (гузашткуни-хо) дар нарх, дар боркашонию таъминот бо молхо, ба даст овардани тачхизот, ќарз ва ѓайра бештар дода мешавад.
Аксар ваќт фирмахои хурд хамчун фурўшандаи молхои чаканаи ширкатхои бузург хизмат мекунанд. Охирон, дар асоси ќарордодхо ба корхонахои хурд имконияти истифодаи хифз, ќарз, минтаќаи савдоро таъмин намуда, бо хамин масрифоти худро оид ба фурўш кам мекунанд.
Фирмахои венчури - хамчун шакли ташкилотхои тичорати барои коркард ва навоварихои техникию технологи, тахлилу тадќиќи илми, инкишоф ва такмил додани
Download txt | fb2
<< 1 2 3 >>
Home
Loading...
0 / 43

OkTj.ru тестхо саволу чавоб калиди тестхо шеърхо китобхои Точики tj 2019 Таджикистан Точикистон скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики Худжанд Душанбе Куляб

Statok.net Яндекс.Метрика
© oktj.ru 2014-2019 Соглошеня сайта