Привет, Гость!
На главную
Вход
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Дар ҷое, ки сухан эътибор дорад, кор пеш меравад.
Библиотека | Китобхои Мактаби / Книги школникам
1 2 3 ... 13 >>

МАВОДИ АТТЕСТАТСИЯИ ХАТМИ СИНФИ 9 (бо забонхои точики, руси ва ўзбеки)

Тэги:тест | атестатсия забони точики | забони точики | тестхо бо чавоб | мактаб
Добавил:Admin (21.05.2015 / 14:07)
Рейтинг:rating 101 article (0)
Прочтений:12900
Комментарии:11
ЗАБОНИ ТОЉИКИ
синфи 9
(накли хатти)

ДОСТОНИ ВОСЕЪ
Мардум Восеъро миёнагир карда табрик менамуданд, бо хоким далерона гап заданашро писандида офарин мехонданд. Љувозкаши дараимухтори имруз кахрамони ин халк шуда буд. Чойхоначи, ки одатан оби дарёро хам ба касе бепул намедод, хозир дар болои кат дастархони хотамонае аз чойю нони худ ороста, Восеъ ва ёрони уро мехмондори кард. Чун дар поёни ин зиёфат, Назир аз хамёнаш чанд танга бароварда пули нону чойро додани шуд, чойхоначи хатто нею нестон кард. Баъд ду–се нафар балљувонихои ношинос хам: “лозим нест, додарон, пули нону чойро худамон додем”,- гуфта пули Назирро гардонданд, Восеъ ва шариконаш ба тараддуди бозгашт афтода буданд, ки чойхоначи: “шаб дар хамин љо ба хамаатон љойгах андохта медихам, хоб карда пагох меравед”,-гуфта, онхоро монондани шуд; дигар балљувонихои ношинос бошанд, онхоро барои шабхоби ба хавлихои худашон таклиф менамуданд. Аммо мехмонон ба онхо ташаккур намуда, вакти гуруби офтоб бошад хам, бархоста рохи Ховалингро пеш гирифтанд. Намехостанд, ки дар деха аёлу фарзандонашон аз онхо хавотир кашанд.
Косим аспро ба Восеъ дода, худаш ба паси Нозим савор шуд.
Восеъ дар пахлуи Муллосафар асп ронда ба вай мегуфт:
– Домулло, шумо каромат карда будаед. Гапи дар Самарканд гуфтагиатонро ба ёд доред? Гуфта будед, ки Мирзоакрамбой ба мансаби калон мерасад, хакикатан гуфтаи шумо шуд. Намедонам, боз аз барои чи Худо ба мо мардуми бечора газаб кард, ки ин нокасро ба сари мо хоким карда фиристод.
– Худо не, амир,–гуфт Муллосафар. – Ба амирон бояд инсоф дихем, ки хакикатан одамшинос хастанд, ба кихо мансабу мартаба доданашонро медонанд.
Хабари ром кардани Восеъ аспи ба хоким пешкаш кардаи Оллоёри лакайро ва бадин восита халос кардани у худро аз банду зиндон, нотарсона гап задани у бо хокими Балљувон дар бораи љабру зулми амалдорон, бо як тезии хайратангез дар кухистони Балљувон, Кулоб ва хатто дар вилоятхои хамсоя – Каротегин, Дарвоз, Хисор, пахн шуд. Гуё, ки ин хабарро шамолхои кухистон ва оби дарёчахои тезљараёни он ба хар љониб мебурданд. Дар як–ду хафта достоне ба вуљуд омад, ки он дар бозорхо, роххо, чойхонахо, сари хирманхо вирди забони халк гардид. Достон аз забон ба забон накл меёфт, ба худ љомахои нав ба нав мепушид ва ба рангхои тоза ба тоза љилва менамуд. Хаёлот ва кувваи эљодии хар як нокилу рови ба достон хар навъ банду басте медод, фаслхои наве ба он илова мекард. Баъзе нотикони хуштабъ хатто Хизри афсонавиро хам дар вокеа иштирок кунонда буданд: гуё вакте ки аспи саркаш Восеъро гирифта мегурезад, дар наздикии дехаи Хуроб љарие аз пеш мебарояд ва дар дами халокати ногузир ба ногох як пирамарди нурони асо ба даст пайдо шуда аз љилави асп мегираду онро дар лаби љари нигох медорад ва ба Восеъ мегуяд: “Бачам, бирав, хар дарде, ки дар дил дори, ба хоким бигу ва натарс, у туро хељ кор карда наметавонад.”Гуё пирамард инро гуфта, боз гоиб гашта бошад ва он гох Восеъ фахмида бошад, ки наљотдихандаи у Хољаи Хизр будааст.(С.У.)


ВАФОТИ КАХРАМОН
Саворон Темурмаликро бурда, ба хонаи сиёхе даро-варданд. Дар пешгохи ин хонаи сиёх Катагануглон љой гирифта буд ва дар гирдогирди хона кадре поёнтар аз сардор сархангони мугул менишастанд, ки хамаашон му-саллах буда, дар пеши хар кас камон ба як тиркаши пур-тир гузошта шуда буд.
Ясавул аз бозуи Темурмалик дошта, ба у фармуд, ки бо одати мугул зону зада ба Катагануглон, ки сардори лашкар буд, таъзим ва эхтиром намояд.
Темурмалик ба як љунбиши далерона бозуи худро аз панљаи ясавул бароварда гуфт:
– Ман дар дунё ба касе таъзим нахохам кард.
Ясавул бо нигохи пурсиш ба Катагануглон чашм духт, ки сардор дар хакки ин «беодоб» чи мефармуда бошад. Катагануглон ба ясавул нигох карда гуфт:
– Зону заданаш лозим нест. Бигзор монанди як одами шубханок ба пурсишхо рост истода љавоб дихад.
Темурмалик мунтазири сухани ясавул нашуда рост ба Катагануглон нигох карда гуфт:
– Ман хељ гох мисли як одами шубханок ё гунахкор рост истода ба пурсишхо љавоб намедихам. Агар ту аз ман чизеро пурсидан ва ба пурсишхои худ аз ман љавоб гирифтани хохи, рох дех ман дар љое нишинам, ки ба ман муносиб бошад. Баъд аз ман хар чи мепурсида боши, пур-сидан гир.
– Хуб, -гуфт Катагануглон, -хар љо,ки мехохи, бини-шин, лекин ба пурсишхо рост ва дуруст љавоб дех.
– Ман дар умри худ дуруг нагуфтаам,-гуфт Темурма-лик ва рафта ба пахлуи Катагануглон, ки сархангон барои эхтироми сардори худ он љоро холи гузошта буданд, ни-шаст ва ба у нигох карда гуфт:
– Пурсидан гир.
– Ту Темурмалик нести? – Катагануглон ба чашми Те-мурмалик чашм духта пурсид, Темурмалик инкор кардан-ро ба шаъну шарафи худ муносиб надида:
– Оре, ман хамон Темурмалики хуљандиам, ки яккаву танхо хазорхо шумо-чингизиёни хунхорро, чунон ки саги газандаро кушанд, куштам! – гуфт.
Мугулхо бо шунидани ин сухани Темурмалик ба љунбиш омаданд ва хамаашон шамшерхояшонро аз ги-лофхо кашида ба Катагануглон нигох карда, мунтазири фармони у шуда истоданд.
Катагануглон бо чашмоне, ки оташи газаби вахшиё-нааш шуълавар шуда буд, ба Темурмалик нигох карда меистод. У дар љавоби ин сухани Темурмалик ягон љавоби кахролуд ёфта, баъд ба катлаш фармон додани буд. Аммо дар мукобили ин сухани бељавоби кахрамони халки тољик ягон чизе ба хотири вахми ин дарранда намерасид.
Дар хамин вакт касе аз поёни хонаи сиёх овоз баро-вард. Ин кас як мугули пирсаги якчашма буд. У ба Темур-малик хитоб карда гуфт:
– Вакте ки дар майдони љанг озод буди ва бо як тири бепайкон чашми маро зада кур карди, ин гуна лофзанихо ба ту мезебид. Акнун, ки ба дасти мо асир афтодаи, дасту поят аз замину осмон канда шудааст, ба чи магрур шуда калонгапи ва даъвои баходури мекуни?
Темурмалик бо шунидани ин суханхо чолокона камо-ну тирро аз пеши Катагануглон гирифта синаи он мугулро, ки чандин сол пеш аз ин чашми уро бароварда буд, нишон гирифт:
– Бар холати асири хам метавонам монанди ту чандин саги разилро ба љаханнам фиристонам! –гуён тирро аз шаст рахо кард ва мугули якчашма ба замин яксон шуд. (С. Айни).
Накшаи накли хаттиро мустакилона тартиб дихед.

ШУХРАТИ ИБНИ СИНО

Абуали ибни Сино бо вуљуди кутохии умри худ, ки як кисми зиёди он баъд аз хиљрат кардан аз Ватан дар овораги, мусофират, таъкибкунии душманонаш, хабс ва гирифторихои хизмати дарбори мегузашт, тавонист барои насли ояндаи инсони мероси илми ва адабии хеле бо сарвате аз худ боки гузорад. Хамон навъе, ки шогирди у Абуубайди Љузљони дар хотирахои худ менависад ва хамон навъе, ки Ибни Абиусай ва дигарон алокамандона бо тарљумаи холи Ибни Сино зикр кардаанд, ин марди таърихи дар сохаи фалсафа, тиб ва дигар кисматхои до-ниш зиёда аз 120 асари илми аз худ боки гузоштааст. Агар маълумоти дар ин соха дода гузаштаи тадкикотчиёни даврахои охирро ба назар гирем, осори бокигузоштаи Ибни Сино зиёда аз 200 адад мебошад, ки кисми зиёди онхо дар китобхонахои љахони нигох дошта мешаванд.
Хар гох ба сайри таърихии маданияти љахони назар карда мешавад, хеле кам мардони таърихи дучор меоянд, ки хамчун Ибни Сино бо махсули илми ва адабии худ, мо-нанди «Ал-конун», «Аш-шифо», «Ан-наљот», «Хай-бинни Якзон», «Рисолаи ишк» асрхо Шарки исломи
Скачать txt | fb2
1 2 3 ... 13 >>
На главную
0 / 37

OkTj.ru тест тестхои саволу чавоб точики калид китобхои Точики китобхонаи милли tj 2015 2016 2017 Одноклассники Таджикистан Точикистон Душанбе Хучанд Худжанд Куляб Хоруғ скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики

Statok.net
© Провообладателям и Соглашения сайта oktj.ru