Привет, Гость!
На главную
Вход
Дешево купить товаров с Китая в Таджикистан
Купить Качественные Смартфоны по низким ценам
Библиотека | Шеърхо Рубоихо Табрикот баромадхои таёр
1 2 >>

Шеърхои Ишки Ошики точики

Тэги:ишқ | шеърхои точики | ошики | точики | шеърҳо | шеърхои ошикона барои чавонон | шеърхои мирсаид али хамадони | шеърхои ошики барои духтаро | суханхои ошики | шеърхои ошикона 2015 | шеърхои лоик шерали дар васфи модар | толеънома точики | толеънома 2015
Добавил:Admin (02.05.2015 / 10:12)
Рейтинг:rating 97 article (1)
Прочтений:28987
Комментарии:0
ШЕЪРХОИ ОШИКИ
Ошу нонат чун адо шуд, ошноят меравад.
Аз наво чун бозмондӣ, ҳамнавоят меравад.
Шоҳиди ранги муҳаббат ҳар нафас аз боғи дил,
Гул наёрӣ, дилбари гулгунқабоят меравад.
***********************************
Рафти зи барам эй гули раънои бахорам.
Монди ту ба дил догу аламхо ба канорам.
Чун муи сиёхат хама рузам намуди шаб.
Чун зулфи парешони ту гум гашт карорам.
*********************************
Туро гуфтам, ки ман ёри ту мешам,
Дар ин олам харидори ту мешам.
Агар дасти паризоде бигирам.
Якин донам, ки ман зори ту мешам.
*******************************
Ту рафти олами хасти дигар шуд.
Дили девонаям девонатар шуд.
Чунон аз дарди хичронат гиристам.
Замин дар зери по аз гиря тар шуд.
****************************
Дар сабзаи рӯ гулоб мепошӣ ту,
Дар барги лаб атри ноб мепошӣ ту.
Борони баҳори сунбулат аз атр аст,
Атре,ки ба мисли об мепошӣ ту.
****************************
Дилам хохад хамеша мунису гамхори ман боши.
Тасаллои дили хунгаштаи афгори ман боши
Ба зери хоки пои ту кунам чонро нисор эй гул.
Агар боре табиби синаи бемори ман боши.
*******************************
Ин зулфи мусалсалат балои дили ман,
Ин холи лабат укдакушои дили ман.
Ман дил ба ту додам,барои дили ту,
Ту дил ба касе мадех,барои дили ман.
*****************************
Марав аз ман ки бо ту меравад дунёи рангинам,
Марав аз ман ки бо ту меравад дунёи ширинам.
*******************************
Дилам аз ишки ту афгор гашта.
Чу кохе бар тани девор гашта.
Зи сели ашки ман девори богат.
Фитода дар замин хамвор гашта.
**************************
Ёри ман хуб асту аммо расму оинаш бад аст.
Бо бадон хуб асту бо некон бад аст инаш бад аст.
Менишинад маслихатро бо ракибон мекунад.
Маслихат хуб асту аммо маслихатчиаш бад аст.
*******************************
Ман гиёхи навбахорам шамси тобонам кучост?
Булбули шурида хастам богу бустонам кучост?
Лоласон дар калби ман доги гароне хуфтааст.
То бишуяд доги дил он абри найсонам кучост?
*********************************
То чон дорам аз ту чудои накунам,
Чуз гайри ту бо кас ошнои накунам
Бо ваъдаву пайгоми ту шинам сад сол
Сад соли дигар аз ту чудои накунам.
*************************
Омадам то лахзае чашмам ба чашмонат занад.
Лаб ба лаб бигзораму мижгон ба мижгонат занад.
Бекарор аз чашми мастат ин дили девонаам.
Себи фикрам афтаду дар чохи домонат занад
******************************
Точикдухтар,чи гуна чашмон дори,
Пайваста ба даври у чи мичгон дори.
Чашмат охусту абруят тиру камон,
Сайде паи сайд ба сомон дори.
********************
То рахна ба мулки дилрабои накуни,
Касро ба висол худнамои накуни.
Чун хуи фаришта дорию шакли пари,
Бояд,ки ба мардум ошнои накуни.
*****************************
Ин рози нихониро ту гуфтиву ман гуфтам.
Ин дурри маъониро ту суфтиву ман суфтам.
Акси хама гамхоро чун доги дилозори
Аз дида ба сад хори ту руфтиву ман руфтам.
**********************************
Он қадар хоҳам бароят сӯхтан
чун чароғони шабони иди ту,
то биафзоям зи шеъри оташин
Шуълае бар оташи ҷовиди ту.
************************
Умре, ки вафо кардам бар чабру чафои ту,
Дигар, ки чи хохам кард бар кисмати пешони.
Дар ишки ту дидам ман гавгои киёматро,
Чоне, ки ба лаб ома д кай рафт ба осони.
**************************
Ин коса,ки ман бо лаби ту меорам,
Не аз паи шодию тараб меорам.
Чашми сияхи ту рузи ман кард сиёх,
Рузи сияхи хеш ба шаб меорам.
***********************
Мерасад рузе маро ёдам куни.
Хар кучо биншаста фарёдам куни.
Бо ду се байте, ки гуфтам бахри ту,
Хар замоне хонию шодам куни.
*********************
Ошикон аз дидаи дилдор хушнуданду лек
Даври хушкомии онхо он кадар бисёр нест.
Кимати моро шикасти бо хазор озори хеш.
Гарчи моро нисбати ту заррае озор нест.
***********************
Ман руи туро ба мохи тобон надихам,
лаьли лаби ту ба дурру марчон надихам.
лаьли лаби ту агар ба дастам ояд,
киммат хараму бахои арзон надихам.
****************************
Мешавам хушхол гар бинам туро.
Чехраи гулбарги тар бинам туро .
Пеш аз он чун гунчае медидамат.
Хохам аз ин бехтар бинам туро.
**************************
Дигар ишку вафоятро нахохам ман начуям ман.
Гули бебуи богатро нахохам ман, набуям ман,
Сухан гуфтам зи бахри ту, аз ишки навчавониям,
Бароят шеъри ишкамро, нахохам ман нагуям ман.
************************
туи дармони дардам, эй гули ман,
Давои ранги зардам, эй гули ман.
агар ои ба пеши гурам, эй мох,
Ба буят зинда гардам, эй гули ман.
************************
Бароям мехрубоният кучо шуд?
Мухббатхои чоният кучо шуд?
Зи чашму руи ман, эй чони ширин,
Ду чашми осмоният кучо шуд?
*******************
Мухаббат ин кадар хорам намуди.
Бо як дидори у зорам намуди.
Надонисти муносиб ишки уро.
Чаро бар калби зорам чо намуди?
*********************
Дил дар хами зулфи дилбарон аст хануз,
Афсонаи ишк дар миён аст хануз.
Гуфтем,ки мову дил яке пир шавем,
Мо пир шудему дил чавон аст хануз.
*********************
Эй дил ки давидию давиди бас кун
Аз муи сарат сафеди диди бас кун
Хар чанд ки давиди аз паи лоларухон
Аз лоларухон чизе надиди бас кун
*******************
Агар дар хоб медидам гами рузи чудоиро
Хавас асло намекардам дар олам ишкбозиро
****************
Алло ёрчон каду бастат маро кушт
Алло ёрчон каду бастат маро кушт
илохо дар шаби хобам дарояд.
ишора кардани чашмат маро кушт!
**************************
Агар сад сол ҳам ҷӯӣ, маро дигар намеёбӣ,
Шабу рӯзон худо гӯӣ, маро дигар намеёбӣ.
Ба роҳи ман чу пойандози махмал ҳар саҳаргоҳе
Ба сони сабза ҳам рӯӣ, маро дигар намеёбӣ.
****************************
Дил гадои дигареву ман гадои дигаре,
Дил адои дигареву ман адои дигаре.

Байни мову дил ҳамеша ҳарбузарби шавқҳост,
Дил фидои дигареву ман фидои дигаре.
****************************
Азизи ман биё беморам имшаб
Ситора дар само мешморам имшаб.
Ман ки мурдам зи гам парво надори.
Туро ман бар худо меспорам имшаб.
************************
Туро бар сина чо кардам ба чонам ошно кардам.
Маро аз худ бадар карди худо хофиз.
Ало ай рахнамои дил маро афканда пой бар гил.
Рахи худро дигар карди худо хофиз.
0
76 Гуфрон (27.10.2011 12:57)
Замоне мешави хомуш, маро дигар намечуи,
Замоне мерави охир бари он ёри дилчуе..
Кашида интизорият, нишинам ман шабони тор,
Вале дигар намеои - бари он ёри дилчуи..
На як харфу на овозе, сукути бесару анчом,
Кашам фаред зи хомуши, ки ту дигар намеои!
Дуро ман дуст медоштам, вале афсус, намегуфтам,
Замони роз мечустам, туро бинам ба танхои.
Кунун рафти ба сахрое, бигашти сабзаи боге,
Рабуди гунчаи мехрам, равам ман суи расвои..

...............................................................
Бари он ёри дилчуи, маро дигар намечуи,
Туро ман дуст медоштам, чи суд, дигар намеои...

0
75 мумтоз (26.10.2011 20:15)
Я тебя укрою нежно,
Потому что ты любима,
Потому что я твой ангел,
Ну а ты моя судьба.
Скачать txt | fb2
1 2 >>
НАШ ПАБЛИК ЧАТ В ВАЙБЕРЕ
На главную
0 / 41

OkTj.ru тест тестхои саволу чавоб точики калид китобхои Точики китобхонаи милли tj 2015 2016 2017 Одноклассники Таджикистан Точикистон Душанбе Хучанд Худжанд Куляб Хоруғ скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики

Statok.net
©