Привет, Гость!
На главную
Вход
Библиотека | Книги / Китобхо
1 2 3 ... 8 >>

Технологияхои иттилоотӣ ва кисмхои компютер

Тэги:технологияхои иттилоотӣ ва кисмхои компютер | китоб
Добавил:Admin (23.04.2015 / 14:04)
Рейтинг:rating 91 article (0)
Прочтений:2785
Комментарии:1
Рузи №1
Технологияхои иттилоотӣ
ва кисмхои компютер
Информатика чист?
Истилоҳи "информатсия" яке аз категорияи умуми илмӣ буда, аз калимаи лотинии information гирифта шудааст. Инсон доимо бо информатсия сару кор дошта, дар тамоми фаъолияташ истифода мебарад. Вай барои қабули информатсия намудҳои гуногуни ҳиссиёташ – гӯш, бинӣ, чашм, забон ва дасту пойро истифода мебарад.
Информатика
Истилоҳи информатсия яке аз мафҳумҳои фундаменталии информатикаро ифода карда, таърифи аниқи илмӣ надорад. Чунин истилоҳҳо дар математика ҳам, ба монанди нуқта, маҷмуъ вуҷуд доранд. Дар ин маврид истилоҳдор бо ёрии мафҳумҳо ифода мекунанд. Дар зери истилохи информатсия хабар, маълумот, ахборотро фаҳмидан мумкин аст. Дар илму техника информатсия гуфта маълумотеро фаҳмидан лозим аст, ки вайро ташкил додан мумкин аст; интикол додан мумкин аст; нигоҳ доштан мумкин аст; коркард кардан мумкин аст.
 Истилоҳи "информатика" дар ибтидои солҳои 60- уми асри XX дар Фаронса пайдо шуда, аз якчоякунии ду калимаи "информатсия" ва "автоматика" ҳосил шудааст. Аз калимаи якум - инфор ва дуюм - матика гирифта шудааст.
 Мафҳуми пештараи информатика бо тарзхои автоматии коркарди информатсияхо алокаманд буд. Мафҳуми ҳозираи информатика хеле васеътар мебошад. Аз як тараф ҳамаи паҳлуҳои назаряи информатсияхо - соф фанни математикаи назариявӣ, ки конуниятхои протсессори информатсионӣ, сохтор ва хосиятхои умумии информатсияхои илмиро дарбар гирад, аз тарафи дигар як қатор масъалахои дороӣ характери амалӣ дошта, ба монанди коркарди технологияхо информатсиониро дарбар мегирад.
 Информатика илме, ки масъалаҳои ба ҷустуҷӯ, ҷамъкунӣ, нигохдорӣ, табдилдиҳӣ ва истифодаи информатсия алоқамандро дар доираи гуногуни фаъолияти инсонӣ меомӯзад. Дар Англия ва ИМА фанни информатикаро computer science меноманд.
 Асоси назариявии информатикаро илмҳои фундаменталӣ, аз қабили математика ва кибернетика ташкил медиханд.
 Ядрои информатикаро технологияи информатсионӣ ҳамчун маҷмӯи воситахои техники ва программавии конкретӣ, ки бо ёрии онҳо амалҳои гуногуншаклро бо коркарди информатсия дар тамоми доираи фаъолият иҷро мекунем, ташкил медиҳанд. Дар баъзе мавридхо онро технологияи компутерӣ меноманд. Калимаи технология дар луғати юнони вомехӯрад, ки тарҷумааш маҳорат тайёркунии чизҳо аст.
 Технологияи сохти моддӣ гуфта протсессеро меноманд, ки бо маҷмӯи восита ва методҳои коркард, тайёркунӣ, тағирёбии ҳолат, хосиятҳо, шакли масолех муайян карда мешавад. Технология сифат ё ҳолати аввалаи материяро бо мақсади ҳосилкунии махсулоти моддӣ тағйир медиҳад. Дар замони мо инсоният аз сари худ инкилоби илмӣ - техники, ки асосашро техникаи компутерӣ ташкил медиҳад, мегузаронад. Дар базаи ин техника намуди нави технологияи информатсионй пайдо шудааст. Ба онҳо протсессҳое мансубанд, ки коркард ва маҳсулоташон информатсия мебошад.
Ченаки микдори информатсияҳо
 Эхтиёҷоти миқдори ченкунии информатсияҳо дар протсесси коркарди компутер ва хатҳои алоқа ба муайянкуни статистикии миқдори информатсияро оварда расонд. Соли 1948 К. Шеннон дар кори «Назарияи математикии алоқа» истилоҳи математикии микдори информатсияро дохил кард ва бо ин ба ибтидои назарияи информатсия ҳамчун фанни техники ва математики саҳм гузошт. Микдори информатсия, мувофиқи назарияи К. Шеннон, аз рӯи формулаи зерин муайян карда шавад:
Н= Р* п
 дар ин чо n-миқдори ҳодисаҳои имконпазир; Р.-эҳтимолиятҳои ходисаҳои алоҳида; ба сифати асоси логарифм одатан адади дуро мегиранд. Дар асоси ин формула воҳиди ченкунии миқдори информатсияҳо 1 бит ҷорӣ карда мешавад, яъне 1 бит миқдори минималии информатсияҳо буда, нишон медиҳад, ки яке аз ду ҳодисаи эҳтимолияташон якхела ба вуқуь омадааст:
Н - log2 2 = 1бит
 Бит аз ибораи англисии Binary digiT гирифта шудааст.
 Ба ҳамин тариқ миқдори информатсияҳо (бо битхо), ки дар калимаи дуӣ мавчуд аст, ба дарозии калима (ба микдори рамзхои дуӣ) баробар аст.
 Барои баҳодиҳии ҳаҷми калони информатсияҳо вохидҳои ҳосилавӣ - килобайту, мегабайтно ва гигабайтхоро истифода мебаранд:
 1Кбайт= 1024 байт 1 Мбайт= 1024 Кбайт 1 Гбайт= 1024 Мбайт
 Дар ҳар як бит рамзи О ё 1 нигоҳ, дошта мешавад. Ин воҳиди хурдтарини тасвири информатсия аст. Дар назари аввал ҳамин тавр менамояд, ки модоме ки 1 байт = 8 бит бошад, он гоҳ информатсия 8 маротиба зиёдтар нигоҳ дошта шуданаш даркор аст. Аммо ин тавр нест, чунки дар байт мавқеи ҷойгиршавии бит муҳим аст. Масалан, байтҳои 10000000 ва 01000000 якхела нестанд, чунки онҳо гарчанде аз комбинатсияи сифр ва воҳид ташкил ёфта бошанд ҳам мавқеи ҷойгиршавиашон гуногунанд.
 Дар вақти кодиронӣ алифбоеро кор мефармоянд, ки танҳо аз ду рамз - сифр ва вохид иборат аст. Бо ёрии 1 байт информатсия 28=256 рамзхои гуногун аз 0 то 255 - ро кодиронӣ кардан мумкин аст. Ба ҳар як рамз пайдарпаии аз сифр ва як иборатбудаи худаш
Сохтори умумии МЭҲ
Ҳар гуна МЭҲ дар таркиби худ қисмҳои зеринро соҳиб аст:
 қисми хотира;
 протсессор, ки вай аз қисмҳои идоракунӣ ва арифметики – мантиқӣ иборат аст;
 қисми дохилкунӣ;
 қисми аз чоп барорӣ.
Ин қисмҳо бо ҳамдигар бо каналҳои алоқа алоқаманданд, ки ба онҳо маълумот гузаронида мешаванд.
 Хотираи МЭҲ барои сабт, нигоҳдорӣ ва интиқоли маълумот кор фармуда мешавад. Хотира ду хел мешавад: хотираи оперативӣ ва хотираи доимӣ. Дар хотираи оперативи программаҳои корӣ ва хидматӣ, маълумоти ибтидоӣ, инчунин натичаҳои мобайнӣ ва интихоӣ, яъне он маълумотҳое, ки барои халли масъалаҳои конкретӣ кор фармуда мешаванд, нигоҳ дошта мешаванд. Ҷудокунии хотира ба хотираи оперативи ва хотираи доимй ба суръати коркарди маълумот алоқаманд аст. Хотираи оперативи онҳоро тезтар, вале доимӣ сусттар кор карда мебарорад. Ба хотираи доимӣ чунин қисмҳо ба монанди андухтҳо дар дискҳо, барабанҳо, лентаҳои магнитӣ мансубанд.
 Одатан дар қисми доимӣ он маълумотхое сабт карда мешаванд, ки дар рафти халли масъала камтар истифода мешаванд.
 Хотираи оперативиро ба воситаи нигохдории маълумотҳо дар майнаамон ва хотираи доимиро ба воситаи нигохдории доимӣ, масалан ба дафтарчаи қайдҳоямон монанд кардан мумкин аст.
 Қисми идоракунӣ таъмини идораи автоматии тамомӣ қисмҳои МЭҲ - ро иҷро мекунад. Вай аз хотира командаи навбатии программа ва ҳамаи ададхое, ки дар он иштирок мекунанд, даъват намуда, ба кисми арифметики – мантиқӣ фиристода, натиҷаи хосилшударо пас ба хотира мефиристад.
 Ба сифати кисми дохилкунӣ одатан клавиатура - ро истифода мебаранд. Агар тугмачаи муайяни дорои ягон рамз бударо пахш кунем, ба МЭҲ пайдарпаии муайяни импулсхои электрики дохил мешавад. Чунон одам як рамзро аз дигараш аз руи расм фарк, мекунад, МЭҲ хам онхоро аз руи пайдарпаихои гуногуни импулсхои электрики фарк, менамояд. Ба хар як рамз пайдарпаии импулсхои электрикии худаш мувофиқ меояд.
 Ба сифати қисми аз чоп барории маълумотҳо дисплейҳоӣ сафеду сиёҳ, ё ранга кор фармуда мешаванд, дар экрани онҳо маълумотҳои ададӣ, матни ё графики фурӯзон мешавад.
Компютер ва қисмхои он
Компютер аз қисмҳои зерин иборат аст:
блоки системави; клавиатура; монитор; мушак.
 Блоки системавй кисми асосии компутер ба ҳисоб меравад.
Скачать txt | fb2
1 2 3 ... 8 >>
На главную
0 / 33

OkTj.ru тест тестхои саволу чавоб точики калид китобхои Точики китобхонаи милли tj 2015 2016 2017 Одноклассники Таджикистан Точикистон Душанбе Хучанд Худжанд Куляб Хоруғ скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики

Statok.net
©