Привет, Гость!
На главную
Вход
10 Млн товары на Tajmarket.tj недорого прямая доставка с Китая в Таджикистан
Купить Качественные Смартфоны по низким ценам
Библиотека | Тестхо Саволу чавоб,Тесты,Вопросы и ответы
1 2 3 ... 7 >>

Тест мувофиқат аз фалсафа

Тэги:тест | ответы
Добавил:Admin (03.04.2015 / 14:49)
Рейтинг:rating 9 article (0)
Прочтений:3446
Комментарии:1
Қонунҳо ва мафҳумҳо аз фалсафа

1. Фалсафа - философия – калимаи юнонӣ буда, маънояш ҳикматдӯстӣ мебошад.
2. Фанни ҷомеашиносӣ буда, қонуниятҳои умумитарини табиат ва ҷомеаро меомӯзад.
2.Љањонбинû – маҷмуаи нуқтаи назарҳо, эътиқодҳо, арзёбию меъёрҳо, ва ормонҳост, ки муносибати инсонро ба Ҳастӣ – Ҷаҳон (ба худо) муайян намуда, раҳнамои зиндагии ҳаррӯзаи вай мебошад.
3. Идеализм – ҷараёни фалсафиест, ки аввал будани идея –маънавиётро тарғиб мекунд.Ин ҷараёнро маънавигароӣ низ меноманд.
4. Материализм – чараёни фалсафиест, ки аввал будани материя – моддаро тарғиб карда, моддагароӣ меноманд.
5. Метафизика – маънояш баъди физика буда, ходисоти оламро дар алоҳидагӣ беалокамандии ҳамдигар меомӯзад.
6. Космосетризм – ҷараёни фалсафиест, ки кайҳон дар маркази омӯзиши он меистад.
7. Теосентризм – ҷараенест, ки дар маркази омӯзиши он худо меистад ва мувофиқи таълимоти он ҳама чизро худо офаридааст.
8. Ратсионализм ҷараёнест, ки дар маркази омӯзиши он ақл қарор дошта, ақлгароӣ меноманд.
9. Онтология - соҳаи илми фалсафа буда, маънояш илм дар бораи ҳастӣ ё ҳастишиносӣ аст.
10.Ҳастӣ – категорияи фалсафӣ буда, мавҷудияти ҳамаро фарогиранда мебошад.
11.Шаклҳои ҳастӣ – ҳастии олам ва ҳастӣ дар олам, ҳастии билфеъл(вокеият) ва билқувва(имконият), ҳастии инсон , ҳастии ҷомеа, ҳастии моддӣ ва маънавӣ .
12. Ҳастии билфеъл - ҳастии имконӣ – хастии табиат ва инсонро дар бар мегирад.
13. Материя- маънояш модда буда, реалияти объективиест, ки новобаста аз шуури мо вучуд дошта, бо воситаи эҳсосот дарк мешавад.Материя категорияи фалсафӣ ва яке аз тарафҳои масъалаи асосии фалсафа мебошад.
14. Ҳаракат - шакли мавҷудияти материя буда, инкишоф ва тагйирёбиро мефаҳмонад.
15. Фазо- шакли мавҷудияти материя буда, пайи ҳам ҷойгиршавии ҷисмхо, чизҳо ва предметҳоро мефахмонад.Ба он бар, қад, баландӣ хос аст.
16.Вақт- шакли мавҷудияти материя буда, пайи ҳам гузаштани ходисаю воқеаҳоро мефаҳмонад.
17. Диалектика – диалектика (юн. dialektike) - санъати мусоҳиба, мунозира, ҷадал, аз dialegomai – мубоҳиса ва мунозира мекунам, таълимот дар бораи конунхои куллии тараққиёти табиат, ҷамъият ва тафаккур, назария ва методӣ маърифати воқеият аст. Диалектика аз замони Г. Гегель ба метафизика муқобил гузошта мешавад.
18. Категория - маънояш мафҳум буда, хусуси ва умумӣ мешавад. Категорияҳои диалектика характери универсалӣ дошта, дар ҳама ҷо ҳам дар табиат ва ҳам дар ҷамъият истифода мешаванд.
19. Сабаб – ҳодиса ва воқеаест,ки пеш аз ягон воқеа омада, боиси ба вуҷуд омадани дигар воқеаю ҳодисаҳо мешавад.
20. Қонун чист? Қонун вобастагӣ, робита ва алоқамандиҳои айнӣ, зарурӣ, куллӣ ва доимо такроршаванда, пайдоишу тағйирёбии падидаҳои моддӣ, маънавӣ ва иҷтимоӣ буда, ниҳоят муайянкунандаи шаклу такомули онҳост.
21. Қонунҳои диалектика – қонунҳои диалектика характери универалӣ дошта, дар табиат ва ҷомеа ба кор меоянд. Онҳо се тоанд: қонуни гузариши миқдор ба сифат,
Ягонагӣ ва муборизаи ба ҳам зидҳо ва инкори инкор мебошанд.
22. Мафҳуми инсон – мавҷудоти нодири табиат буда, бо шуур ва қобилияти дигаргунсозию дарки олам фарқ мекунад. Бо ҳастии инсон, ҳастии табиати дуюм, ҳастии маънавӣ, ҳастии иҷтимоӣ вобаста аст.
23. Антропология - илм дар бораи инсон ё инсоншиносӣ мебошад
24. Антропогенез – пайдоиши инсон
25. Антропосотсиогенез – пайдоиши инсон ва ҷомеа аст.
26. Шуур - категорияи фалсафӣ, маҳсули материяи олиташкил хосияти мағзи сари инсон, инъикос ва мулоҳизаи олами беруна буда, бо нутқ вобастагии зич дорад.
27. Маърифат - категории фалсафӣ буда,маънояш донистан дарк кардани олами
атроф мебошад. Назарияи маърифатро гносеология меноманд.
28. Ҳақиқат- чизест, ки дурустии онро амалия исбот кардааст.Донишест,ки бо
олами беруна мутобиқат ва мувофиқат дошта, аз шуури инсон вобастагӣ
надорад.
29. Агноститсизм - ҷараёни фалсафиест, ки донисташавандагии оламро рад
мекунад.
30. Гносеология – илм дар бораи дониш, назарияи маърифат буда, донисташавандагии оламро тарафдорӣ мекунад.
31. Ҷамъият- ин низоми таърихан ташаккул ёфтаи фаъолият ва муносибатҳои иҷтимоии одамон мебошад.
32. Фаҳмиши материалистии таърих-аввалин маротиба К.Маркс ва Ф.Энгельс бо кашфи материяҳои иҷтимоӣ ҳастии ҷамъиятӣ, шуури ҷамъиятӣ ба фахмиши материалистонаи таърих муваффақ шуда, таърихро аз нигоҳи материалистӣ шарҳ додаанд.
33. Ҳастии ҷамъияти – он чӣ, ки дар чамъият мавҷуд аст ва асоси шуури ҷамъиятиро ташкил медиҳад.
34.Қувваҳои истеҳсолкунанда – онро олоти меҳнат, предмети меҳнат, воситаи меҳнат ва қувваи инсон ташкил медиҳад.

35. Конуни мувофикат - қонунест, ки дар асоси он пешрафти ҷомеа ба вуҷуд меояд. Ин мувофиқати муносибатҳои истеҳсолиро ба характер ва дараҷаи тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунанда мефаҳмонад.
36.Мафҳуми маданият – ниҳоят маънои васеъ дорад. Маънои лугавиаш – шахрдорӣ аст. Маънои муродифи русиаш – культура кишт кардан мебошад. Маданият таъсири инсон ба табиат дигаргунсозии он мебошад.
37. Мафҳуми тамаддун – муҳити иҷтимоӣ маданиест, ки дар давраи ғуломдорӣ дар ин ё он муҳит ба вуҷуд омада, аз байн меравад.
38. Илм - шакли фаъолияти зеҳнии инсон буда, раванди дарки олами беруна ва ба вуҷуд овардани тахмину назарияҳои нав ва татбиқи онро дар бар мегирад.



Тест аз фанни «ФАЛСАФА»
Мавзӯи 1. Фалсафа ва мақоми рн дар ҷомеа
1. Фалсафа ва моҳияти он

1
а
Табиат ва коинот
2 б Одамдӯстӣ
3 Фалсафа чӣ гуна илм аст? с Ҷомеашиносӣ
4 Маънои луғавии истилоҳи фалсафа чист? д Ҳикматдӯстӣ
5 Фалсафа чиро меомӯзад? е Қонунҳои умумитарини табиат ва ҷамъиятро
6 Масъалаи асосии фалсафа кадом аст? ж Муносибати тафаккур ба ҳастӣ, шуур ва материя
2. Ҷаҳонбинӣ ва намудҳои он
1. космосентризм
2. теосетризм
3. Ҷаҳонбинӣ чист? Тарзи тафаккури як шахс, мактаби фалсафӣ ё мазҳабӣ дар бораи ҳастӣ ва инсон ҷаҳонбинӣ номида мешавад.
4. Хелҳои ҷаҳонбинӣ? Мифологи, динӣ, фалсафӣ,
5. Аввалин намуди ҷаҳонбинӣ Мифологӣ
6. Ҷаҳонбинии динӣ кай ба вуҷуд омад? Дар замони ҷамъияти ибтидоӣ

3. Сохтори фалсафа
1


сотсиология

2 Фарҳанг
3 Онтология чист?

Қисмати фалсафа буда, маънояш ҳастишиносӣ аст.
4 Гносеология чист? Дониш дар бораи дониш, назарияи маърифат
5 Антропология Инсоншиносӣ
6 Ҷадал Диалектика

4.
Хусусиятҳои ҷаҳонбинӣ
1. Хусусияти ҷаҳонбинии мифологӣ ва динӣ аз чӣ иборат аст? Ҳодисаю воқеаҳои оламро ба таври хаёлӣ, ба таври ваҳйи, рамзу ривоятҳо ва ҳикоятҳои таърихӣ ифода мекунад.
2. Ҷаҳонбинии фалсафӣ чӣ гуна аст? Оламро бо воситаи санаду далелҳои мӯъ тамад маънидод мекунад.
3. Гносеология чиро таълим медиҳад? Донисташавандагии
Скачать txt | fb2
1 2 3 ... 7 >>
НАШ ПАБЛИК ЧАТ В ВАЙБЕРЕ
На главную
0 / 30

OkTj.ru тест тестхои саволу чавоб точики калид китобхои Точики китобхонаи милли tj 2015 2016 2017 Одноклассники Таджикистан Точикистон Душанбе Хучанд Худжанд Куляб Хоруғ скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики

Statok.net
©