Привет, Гость!
На главную
Вход
Интернет магазин в Таджикистане
Купить Качественные Смартфоны по низким ценам
Библиотека | Таджикистан / Точикистон
1 2 3 ... 11 >>

Оилаи солим – асоси пешравии ҷомеа

Тэги:точики | маълумот | оилаи солим | точикистон
Добавил:Admin (23.04.2015 / 13:46)
Рейтинг:rating 89 article (0)
Прочтений:3854
Комментарии:0
Оилаи солим – асоси пешравии ҷомеа
Оила –ин асоси давлат ба ҳисоб рафта,бе он давлат ,ҷамъият вуҷуд дошта наметавонанд .Оила чун асоси ҷамъият ,дар ҷомеаи мутамаддин мақоми хосса дорад .Пойдорӣ ва солимии он пойдорӣ ва солимии миллат аст .Бо ибораи дигар Президенти кишвар Э.Раҳмонов-«Оила –ояндаи миллат аст ».Аз ин рӯ давлат , нисбати рушду нумӯъ ва костагию харобии оила бетараф буда наметавонад.
Дар ҳақиқат ,оилаи солим ин ҷомеаи солим аст .Оилае ,ки дар он сулҳу субот ,якдигарфаҳмӣ ,дастгирии ҳамдигар ҷой дорад ,оилаи пойдор ва солим аст .Гузаштагон беҳуда нагуфтаанд : Дар бунёди оила пастиву баландӣ ,ҳамвориву нишебҳо ҳастанд ,ки онро сарбаландона гузаштан масъулият ва сабру таҳаммулро тақозо мекунад .Бинобар ин гуфтаҳо ,дар ҳақиқат барои пойдории оила бисёр душвориҳоро паси сар кардан муҳим аст .Оилае ,ки носолим аст ,ба тарбияи фарзанд халал меорад .Дар ҚҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд » бисёр вазифаҳо ба дӯши волидайн гузошта шудаанд .Дар ин Қонун чунин оварда шудааст : «Эҳтирому меҳрубонии мутақобила ва риояи ҳуқуқи ҳамдигар аз ҷониби падару модар дар зеҳни фарзанд эҳтиром ба инсон ва эҳтиром ба ҷамъиятро парвариш мекунад».
Аз ин рӯ ,шарти нахустини тарбияи фарзанди солеҳ ,мавҷудияти сафою покизагӣ ,раҳму шафоқат ва дӯстиву дӯстдорӣ миёни падару модар ва муҳити хонавода аст .Дар ин бобат Унсурмаолии Кайковус низ мефармояд : «Ва падару модарро ҳам тавон аст ва ҳам фармон Аммо тавон аст ба парвардани ту ва фармон аст ба хубӣ омӯхтан ».Пас аз ин рӯ ,муҳити оила ,муносибати волидайн ,кору рафтори онҳо ба тарбияи фарзанд таъсирбахш аст .Чуноне,ки маълум аст ,имрӯз шумораи оилаҳои ҷавони барҳам хӯрда дар миқёси ҷумҳурӣ зиёд гардидаанд .Зеро пешрафти ҷомеа ба оилаҳои солим вобастагии калон дорад .Президенти кишвар Э,Раҳмон .дар баромади худ зикр намудаанд ,ки дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ фанни «Маърифати оиладорӣ » ба барномаи таълимӣ ворид карда шавад ,ки қобили дасгирӣ ва таҳсин аст .Ҷавонон дар доираи омӯзиши фанни мазкур одоби оиладорӣ ,муошират муносибати байниҳамдигарӣ ,рӯзгордорӣ ва дигар масъалаҳои муҳими оиладориро аз худ менамоянд .Ҳамчунин зарур аст,ки ба муҳити оила ,муаммоҳои байни ҷавонон –маҳалла ,намунавии ҷомеа ,шахсони пуртаҷриба ,раисони кумитаҳои маҳалла ,хешу таборон ва умуман ҷамъият бетараф набошанд .Зеро ин шахсон метавонанд ,дар ҳалли муаммои оилавӣ ,хусусан ба навхонадорон кӯмаки амалии худро расонанд ва минбаъд барои пойдор гардидани оилаҳои ҷавон сабабгор гарданд .Инчунин ,муоинаи тиббии ҷавонон бояд зери назорати қатъӣ қарор гирад ,зеро солимии ҷомеа ба он муносибати қавӣ дорад .
Оила хишти хонае мебошад,ки каҷ ё нодуруст гузаштани он боиси ноустувории ин бино мегардад .Аз ин лиҳоз ,моро зарур аст ,ки барои зиёд гардидани оилаҳои пойдор ,намунавӣ ва пешқадам кӯшиш намуда ,баҳри рушди ҷомеаи мутамаддин ва солиму пешрафта саҳмгузор бошем .
Оила асоси пойдорӣ ва рушду камоли миллат аст .Мардҳо ва занҳо ,ки ба синни никоҳ расидаанд ,ҳуқуқ доранд ,бе ягон мамоният ,озодона ба ақди никоҳ дароянд .Дар ақди никоҳ ,оиладорӣ ва бекор кардани никоҳ зану шавҳар баробарҳуқуқанд. Оила дар паноҳи давлат аст .
ҳар як наврас аст .Дар оила шахс тарбия меёбад ,меъёрҳои ахлоқиро аз худ мекунад ва ба ҳаёти мустақил омада гашта ба камол мерасад . Оилаи на Оила –мурабби аввалин ,роҳнамои ҳаёт ,асосгузори феълу атвори ояндаи вташкили имрӯза аксаран дар асоси муҳаббати тарафайн ба вуҷуд меояд .Муносибати зану шавҳар дар асоси баробарҳуқуқии пурра ба роҳ монда мешавад .Муносибати зану шавҳар ,дигар аъзоёни калонсоли оила ва фарзандон дар асоси иззату эҳтиром ,самимият ва ғамхору дилсӯз будан ба ҳамдигар ташаккул меёбад .Байни зану шавҳар бояд муҳаббат ,ғамхорӣ ,хайрхоҳӣ арзи вуҷуд намояд .
Мувофиқи анъана ,дар оилаҳои калон шахси мӯҳтараму калонсол сарвари оила дониста мешавад .Оилаҳое дучор меоянд,ки дар он се насл ,яъне падар бо фарзанду набераҳояш аҳлона зиндаги мекунанд .Чунин оилаҳо дар Тоҷикистони мо ҳанӯз бисёр дучор меоянд .Одатан падару модари пиронсол пас аз хонадор кардан барои фарзандон хона сохта ,онҳоро аз худ ҷудо мекунанд ва худ ҳамроҳи писари хурдию келин умр ба сар мебаранд.
Мувофиқи анъанаҳои қадима ва одобу ахлоқи ҳамида ,гарчанде падар пир асту ба ягон коре шуғл надорад ,вале ӯро ҳамчун бузургвор сарвари оила медонанд .Писар ,ки акнун худ соҳиби фарзандони бисёр аст ,иззату эҳтироми падари пирро ба ҷо меорад ва дар ҳар коре аз ӯ маслиҳат ё розигӣ мепурсад .Муносибати неки писар ба падари пиронсол намунаи ибрат аст .Чи тавре Ахмади Дониш фармудаанд :
Солҳо бар ту бигзарад ,ки гоҳе ,
Накунӣ ёди турбати падарат .
Ту ба ҷои падар чӣ кардӣ хайр ?
Ки ҳамон чашмдорӣ аз писарат .
Оила асоси ҷамъият аст .Чӣ тавре ,ки иморат аз хиштҳо бунёд меёбад , ҷамъият ҳам аз оилаҳо ташкил мегардад.Бинобар ин вазъияти оила ба ҳаёти ҷамъиятии давлат таъсири бевосита мерасонад .Оила дар назди ҷамъият вазифадор аст .Таъсири оила ба ҳаёти ҷамъиятии давлат ба воситаи чӣ тавр иҷро намудани вазифаҳояш сурат мегирад .
Яке аз вазифаҳои муҳими оила дар назди ҷамъият ин таҷдидӣ аҳолӣ мебошад .Дар бештари ҷамоҳири қисми аврупоии Иттиҳоди Шӯравӣ тавлиди фарзанд мунтазам паст мегардад .Масалан дар бештари оилаҳои Руссия ,Украина ,ҷумҳуриҳои назди Балтик оилаҳо соҳиби 1ё2 фарзанданду халос .Барои зиёд намудани шумораи аҳолӣ ва ҳатто барои нигоҳ доштани сатҳи аҳоли ин миқдор аҳолӣ кофӣ нест . Дар Тоҷикистон бошад афзудани аҳолӣ сабаби зиёд гаштани бекорон ,нарасидани ҷой дар кӯдакистонҳо ,душвории таъминоти озуқаворӣ ва ғайра мегардад .Бинобар ин ҳар оила бояд шумораи тавлиди фарзандро танзим намоянд .
Вазифаи дигарие ,ки дар назди ҳар оила меистад ин тарбияи хоҷагидорӣ ва меҳнатдӯстии фарзандон мебошад .Муҳаббат ба меҳнат аз овони кӯдакӣ тарбия карда мешавад .Муносибати софдилонаи аъзоёни калонсоли оила ба меҳнат ба баччаҳо таъсири мусбӣ мерасонанд .Қадамҳои нахустини роҳи меҳнатдӯстиро бояд аз падару модарон омӯзанд .
Оила –иттифоқи ихтиёрӣ баробарҳуқуқии ашхосонест,ки байни якдигар бо ҳуқуқу вазифаҳои аз никоҳ ,хешу таборӣ ,ба фарзандӣ қабул кардан ва ба тарбия гирифтани кӯдак пайдо шуда алоқаманданд .Дар оила ,ки муносибатҳои ёрию дастгирии байниҳамдигарӣ ,коллективӣ ,меҳру муҳаббат ,дӯстӣ ,иззату эҳтиром ва боварии тарафҳо ба он хос мебошад ,муносибати байни падару модар ва фарзандон яке аз қисмҳои муҳимтарини муносибатҳои оилавӣ аст .
Президент Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кард, ки соли 2015 “Соли оила” эълон карда шавад.
Ӯ зимни ироаи Паёми солонааш ба Маҷлиси Олӣ гуфт, ки “ҷомеаи солим аз оилаи солим ва насли солим ташаккул меёбад. Вобаста ба ин, пешниҳод менамоям, ки соли 2015 дар кишвар “Соли оила” эълон карда шавад”.
Президент таъкид кард, ки “масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аз ҷумлаи проблемаҳое мебошанд, ки диққати доимии тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои
Скачать txt | fb2
1 2 3 ... 11 >>
НАШ ПАБЛИК ЧАТ В ВАЙБЕРЕ
На главную
0 / 43

OkTj.ru тест тестхои саволу чавоб точики калид китобхои Точики китобхонаи милли tj 2015 2016 2017 Одноклассники Таджикистан Точикистон Душанбе Хучанд Худжанд Куляб Хоруғ скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики

Statok.net
©