Привет, Гость!
На главную
Вход
Библиотека | Великие Люды
1 2 >>

Абуали ибни Сино Маълумоти умуми

Тэги:абуали ибни сино
Добавил:Admin (23.04.2015 / 13:44)
Рейтинг:rating 88 article (0)
Прочтений:2717
Комментарии:0
Маълумоти умуми дар бораи Абуали ибни Сино
Абуали Хусайн ибни Абдуллох ибни Хасан ибни Али (16 октябри соли 980 дар дехаи Афшанаи Бухоро) файласуф, табиб ва адиби бузурги точик ба хисоб меравад. Падараш Абдуллох аслан аз Балх буда, дар замони салтанати Нух ибни Мансури Сомони ба дехаи Хармайсани Бухоро меояд ва ба кори девон машгул мегардад. Ибни Сино ба Бухоро омузиши илми худро огоз намуд. Дар дахсолагиаш сарфу нахв ва илми адабро хуб омухт. И.С дар назди Абуабдуллохи Нотили ва Исмоили Зохид асосхои мантик, фалсафа, фикх ва риёзиётро аз бар кард. Дар охир ба омузиши тиб шуруъ намуда, ин илмро ба хуби биомухт, «Руз ба руз – навишта буд у, - дархои дониш ба руям боз мешуд. Он гох руй ба илми тиб овардам ва ба мутолиаи кутуби тиб пардохтам. Чун тиб чандон душвор набуд, дар андак замоне пояи махоратам дар ин фан ба андозае боло рафт, ки бисёре аз атиббои вакт барои омухтани тиб назми манн зону мезаданд». Чунон ки аз хуччатхои мавчуда, аз чумла аз мукотиба ва мунозираи Ибни Сино ва Беруни бармеояд, ки у дар сини 17 – солаги чун олими баркамол ба воя расида будааст. Соли 1023 И.С ба Исфахон омада, асархои машхураш «Китоб-ун-начот», «Ишорот ва танбехот» ва «Донишнома»-ро дар инчо навиштааст.
Осори Ибни Сино нихоят зиёд аст: вай бештар аз чорсад асар навиштааст, ки баъзеашон, аз чумла «Китоб-ул-инсоф» аз байн рафтааст. Аз асархои махфузи Ибни Сино, алалхусус «Китоб-уш-шифо», «Китоб – ун – начот», «Ал-хосил ва-л-махсул», «Ишорот ва танбехот», «Донишнома», «Ал-Конун фи-т-тиб» ва гайра ахамияти бузурги таърихи, мадани ва илми доранд.
Ибни Сино намояндаи бузурги фалсафаи машшоъ аст. Дар осори фалсафии у масъалахои таносуби худо ва табиат, моддаву сурат, нафсу тан, сабабият ва донистани олами модди харчониба тадкик шудаанд. Масъалаи таносуби худо ва табиат тарзи ифодаи асримиёнагии масъалаи асосии фалсафа аст, ки дар он замон «бар касди калисо чунин шакли тезу тундро ба худ гирифт: оё оламро худо офаридааст, ё ки олам аз азал вучуд дорад?» Ибни Сино бо далелу бурхон исбот мекард, ки таносуби худо ва табиат на таносуби холику (худо) махлук (табиат), балки таносуби сабабу натича аст. Робитаи сабабу натича бошад, робитаи зарурист. Бинобар ин худо оламро на аз руи иродаи мухтори худ, балки аз руи зарурат офаридааст. У ба хамин маъни навишта буд: «Харч и аз иллате ояд, ба вочиб ояд». Ибни Сино дар ин мулохизахояш аз лоихаи идеализм берун набаромада бошад хам, ихтиёри худоро бар хилофи дин ва фалсафаи калом махдуд намуда, онро ба амри зарурат тобеъ кардааст. Ин назариёт И.Синоро ба суи деизм ва ба воситаи он ба материализми табии-илми рахсипор намудааст, ки дар таълимоти у оид ба геология ва табииёт равшан зохир мегардад. Мантики мухокимахои боло И. Синоро ба хулоса меоварад, ки «олам кадим ба замон аст, зеро биззот мутааххир аз вучуди вочиб ва маълули он аст. Лекин тааххури он аз сонеъ, тааххури зехни аст, зеро вучуди иллат заруратан ва бидуни фосилаи замони муктазои вучуди маълул аст.»
Дар системаи фалсафии И. Сино ба тахлили масъалаи мохияти харакат, замон ва макон диккати зиёд дода шудааст. Харакат аз назари Ибни Сино чой иваз кардани чисм, тагйироти микдори ва табдили холати он аст. Ибни Сино хангоми тахлили мохияти харакат ду фикри аз чихати илми мухимро баён кардааст. Якеи онхо тасаввуроти вай дар бораи «майл» аст. «Майл - кувватест, - навишта буд у, - ки аз чисми мутахаррик мегузарад ва чисм то тамом шудани он харакат мекунад.» Дар ин акида гояи инерсия ифода ёфтааст, ки онро танхо дар асри 17 Галилей кашф намуд. Дуюм ин, ки Ибни Сино суръати «харакати макони»-ро ба муковимати чисмхои дигар ва вазни хоси чисми мутахаррик вобаста медонист. У назарияи баъзе мутафаккиронро танкид карда навишта буд, ки мувофики акидаи онхо «харч и хурдтар буди тезтар чунбиди ва харч и бузургтар буди дертар чунбиди. Ва кор ба хилофи ин аст». Ин гумони у ба хулосахои илми хозира комилан мутобик аст.
Масъалаи танаввуъ ва рангорангии ходисаю ашёи олам дар фалсафаи Ибни Сино дар шакли таълимоти моддаву сурат баён шудааст. Вай ягонагии моддаву суратро таъкид карда, тамоюлоти материалистии фалсафиашро танкият додаст. Вале гояи у дар хусуси он ки дихандаи сурат, ки навъхои табииро меофарад, берун аз табиат аст, бешубха мазмуни идеалисти дорад. Масъалаи нафсу танро, ки зотан масъалаи пайдоишу инкишофи шаклхои хаёт ва таносуби моддиёту рухониёт аст, Ибни Сино аз як мавкеи муайяни гояви шарх надодааст.
Фасли нихоят мухими фалсафаи Ибни Синоро масъалахои назарияи маърифат ва мантик ташкил медихад. И.Сино боварии комил дошт, ки дониш танхо дар натичаи таъсири олами беруна ба хиссу акли инсон пайдо мешавад. «Ба акидаи манн, - навишта буд у, - маънои «чизи хоричиро эхсос кардам», ин аст, ки он чиз дар хисси ман мутамассил гашт. Ва маънии ин, ки чизеро дар нафси худ эхсос кардам, ин аст, ки худи сурати чисм дар чони ман мутамассил гашт». Ба хамин маъни назарияи маърифати Ибни Синоро хамчун назарияи инъикос эзох додан мумкин аст, ки он зотан маънии материалисти дошта, ба мукобили назарияи тазаккури Афлотун ва идеализми субъективии инодия равона карда шудааст.
Таълимоти И.С оид ба мантик давоми назарияи маърифати уст. Зеро муътакид аст, ки «илми мантик он аст, ки андар вай падид шавад холи дониста шудани нодониста ба дониста, ки кадом бувад, ки ба хакикат бувад ва кадом бувад, ки наздик ба хакикат бувад ва кадом бувад, ки галат бувад». Аз ин чо маълум мешавад, ки мантик дар назари у методологияи донистани хакикат аст. Дар процессии донистани хакикат шаклхои тафаккури мантики – лафз, казия, киёс ва бурхон (исбот) накши бузург доранд. Бинобар ин Ибни Сино ба тахлили онхо диккати зиёд зохир карда, таълимоти Арастуро инкишоф дод: вай алокаи байни казияхои хамлию шартиро тадкик карда, казияхои таркибию инкориро, ки дар мантики риёзии имруза бо формулаи (p →q) = (p √q) ифода мешавад, ихтироъ намуд, киёсхоеро пешниход кард, ки баъзеашон аз казияхои хамли, баъзеашон аз казияхои шарти тартиб ёфта буданд. Арасту мантикро ихтироъ намуда, таъкид карда буд, он илмест, ки тарзи бунёд кардани киёсро меомузад. Аз назари И.Сино мантик илмест, ки хам мафхум, хам казия ва хам тарзи бунёди киёсро меомузад. Ибни Сино забонро рамзи фикр дониста, ин масъаларо мавриди тадкики махсус карор дода буд, ки дар осори Арасту ба назар намерасад.
Баъзе мухаккикон даъво доранд, ки И.С дар охири умраш аз фалсафаи машшоъ ру гардонида, фалсафаи хоси худ – хикмати машрикияро таъсис кардааст. Ибни Сино дар мукаддимаи «Мантик-ул-машрикийин» нокис будани фалсафаи Арастуро кайд карда менависад, ки «чун хол бад-ин руй буд, шоик шудем то китобе ховии уммахоти илми хакики гирд оварем ва он истинботи кассе аст, ки бисёр андеша карда ва дуруст тааммул намуда ва аз чудати хадс низ дурр набудааст». Вале ин далели комили он шуда наметавонад, ки гуё И.С аз фалсафаи машшоъ тамоман ру гардонидааст. Аз руи ин мукаддима маънии «Хикмат-ул-машрикийин» фалсафаи шарк аст, на фалсафаи ишрок, зеро И.С ин ибораро хамчун мутазоди ибораи «фалсафаи Юнон истифода кардааст: «Басок и аз манобеи гайриюнони низ илм омухтем…
Скачать txt | fb2
1 2 >>
На главную
0 / 33

OkTj.ru тест тестхои саволу чавоб точики калид китобхои Точики китобхонаи милли tj 2015 2016 2017 Одноклассники Таджикистан Точикистон Душанбе Хучанд Худжанд Куляб Хоруғ скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики

Statok.net
©