Привет, Гость!
На главную
Вход
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Шароби бепулро ҳам қозӣ мехӯрад
Библиотека | Книги / Китобхо
1 2 3 ... 15 >>

Маќсад ва вазифањои фанни «Психологияи одам»

Тэги:китоб | скачать | психология | одам
Добавил:Admin (23.04.2015 / 13:37)
Рейтинг:rating 85 article (0)
Прочтений:5108
Комментарии:1
Маќсад ва вазифањои фанни «Психологияи одам»
1. Маќсади таълими фанни «Психологияи одам»
Дар ваќти омўхтани курси психологияи одам донишљў бояд дар бораи мундариљаи сохт, вазифа ва усулњои курси «Психология» маълумот пайдо кунад, бо равандњои маърифати хусусиятњои фардї-психологии шахс ва њолатњои эњсоси (эмотсионалї) иродавии ў шинос гардад, усулњои маърифаткуниро аз худ намояд.
2. Вазифаи фанни «Психологияи одам»
Дар љараёни азхудкунии фанни «Психологияи одам» донишљўён бояд ќонуниятњои асосии фаъолияти психикии одам ва роњњои инкишофи онро аз худ кунад, механизмњои асосии фаъолияти психикаи одам ва дигаргунињои асосиеро, ки дар рафти ин фаъолият ба амал меояд, омўзад, идоракунии фаъолияти психикаи одамро ёд гирад.
Њамин тавр, курси «Психологияи одам» њамчун курси умумии психология – илм дар бораи одам омўхта мешавад.
Лексияи 1. Муќаддимаи психология (равоншиносї)
Маќсад: Дар бораи психология њамчун илм, ќонуниятњои асосии он маълумот додан, шинос намудан бо механизмњои зоњиршави ва амалкунии психикаи одам, фањмондани даврањои асосии таърихи психология ва мавќеи он дар системаи илмњо. Маълумот додан дар бораи инкишофи психика дар олами њайвонот ва љамъияти инсонї, фарќи психикаи инсон ва њайвон.
Мафњуми асосї: психология, психика (руњ) механизмњои психикї, рефлексњо, системаи сигналї, системаи асаб, шуур, худ - шуурнокї, тропизм, филогенез, онтогенез.
НАЌША:
1. Психология њамчун фан.
2. Сохти системаи асаб ва руњ.
3. Мавќеи психология дар системаи илмњо.
4. Сохт ва принсипњои асосии психология.
5. Пайдоиш ва инкишофи психика дар филогенез.
6. Шуур ва тавсифи психологии он.
«Психология» - аз калимаи юнонц гирифта шуда, «псюхе» - руњ ва «логос» - таълимот аст.
Объектњои илмии омўзиши фанни психология инњоянд:
1. Далелњои мушаххаси њаёти психикї, ки миќдоран ва сифатан ташхис карда мешаванд.
2. Ќонуниятњои психологї.
3. Маханизмњои фаъолияти психикї (руњ)
Умуман, объекти асосии омўзиши фанни психология руњ буда, психология њамчун фан ќонуниятњо, механизмњои инкишофи психикї, љоришавии равандњои маърифатї, њолатњои эњсоси – иродави хусусиятњои инфиродии шахсро меомўзад.
I. Сохти системаи асаб ва руњ.
Руњ мањсули маѓзи сар, натиљаи фаъолияти мураккаби он аст. Љузъиёти асосии системаи асаб бофтањои асаб ва нейронњоанд. Вазифаи онњо аз гузаронидани њаяљон иборат аст.
Ќисмњои системаи асаб инњоанд:
1.Системаи асаби периферї;
2.Системаи асаби вегетативї;
3.Системаи асаби марказї.
Системаи марказии асаб аз 2 ќисм иборат аст:
1. Майнаи сар.
2. Њароммагз.
Ќисмњои асосии майнаи сар - майнаи аќиб, майнаи миёна, майнаи мобайнї ва майнаи пеш мебошанд.
Ќисмњои муњимтарини майнаи аќиб, майнаи дарозрўя ва майнача мебошанд.
Майнаи дарозрўя давоми њароммаѓзи буда, њароммаѓз дар ковокии сутунмўњра љойгир шудааст.
Тамоми ќисмњои майна бо њамдигар алокаманд буда, фаъолияти онњо психикаи њайвонњои олї ва одамро идора мекунанд.
Аз ин љо, психикаи њайвонот ва одамро људо мекунанд.
Алоќа ва мавќеи психология дар системаи илмњо.
Психология дар системаи илмњо мавќеи мустањками худро дорад. Он њамчун фанни мустаќил бо фанњои фалсафа, табиатшиносї, пешрафти илму – техника, педагогика ва дигар илмњо алока дорад ва онхо дар тараќќиёту пешрафти илми психология сањми худро гузоштаанд.

II. Психология ва табиатшиносї.
Назарияњои табиатшиносон дар фањмиши механизмњои психикаи инсон пайдоиш ва ташаккули он мавќеи асосиро ишѓол мекунанд.
Назарияи рефлектории И.М. Сеченов, таълимоти ў дар бораи рефлексњои шартї ва коркарди минбаъдаи онњо аз тарафи шогирдонаш, инчунин тадќиќи ин назария аз тарафи А.А.Ухтомский, Н.А.Бернштейн, И.С.Берашвили, назарияи И.П.Павлов дар бораи системаи сигналњо асоси илмии донишњои психологиро гузоштанд.
Умуман, муваффаќиятњо дар тадќиќи системаи мураккаби механизмњои физиологии фаъолияти психики натиљаи алоќаи психология бо фанњои табиї аст. Таълимоти эволютсионии Ч.Дарвин пайдоиш њам рафторњои инстинктї ва њам дар рафти њаёт ба амал ояндаро аз љињати илмї асоснок карданд.
Психологияи тиббї, ки дар натиљаи тараккиёти фанњои психология ва тиб ташаккул ёфт, дастовардњои илми психологияро дар ташхиси беморон, сињатмандии омма ва пешгирии беморињо истифода мебаранд.
III. Шуур, сохтор ва тавсифи психологии он.
Руњ (психика) њамчун инъикоси њаќиќат дар майнаи сари одам якчанд дараља (уровен) дорад.
Дараљаи олии психика шуур аст, ки чунин сохтору тавсифот дорад:
1. Шуур њамчун љамъбасти донишњо дар бораи олами атроф.
2. Худшуурнокї (самосознание) – људо карда тавонистани объект ва субъект. («Ман» ва «Ман не»)
3. Шуур њамчун воситаи ташаккул додани фаъолияти маќсадноки одам.
4. Шуур – ба тартиб овардани системаи муносибатњо.
Шарти асосии ба вуљудої ва ташаккули шуур забон аст.
Дараљаи пасти шуур бешуурї аст.
IV. Сохт ва принсипњои асосии психологияи хозиразамон.
Сохтори психологияи њозиразамонро соњањои он ташкил медињад, ки аз рўи принсипи инкишофи психика дар фаъолият асосан чунин тавсиф дода мешавад:
1. Љихати психологии инкишоф.
2. Љихати психологии муносибати одам бо љамъият.
Принсипњои асосии психологияи њозиразамон инњоанд:
1. Принсипи детерминизм.
2. Принсипи ягонагии шуур ва фаъолият.
3. Принсипи инкишофи психика ва шуур дар фаъолият.
V. Методњои тадќиќотии психологияи њозиразамон.
Методњои психологияи њозиразамонро ба 2 – гурўњ људо мекунанд:
1.Усулњои асосї:
а) мушоњида
б) озмоиш (эксперимент)
2.Методњои ёрирасон:
а) сўњбат
б) пурсиш (анкета)
в) усули генетики
г) тест
д) усули коркарди математикї.
Пайдоиш ва инкишофи шуур дар филогенез.
Психика натиљаи эволютсияи материя ба њисоб рафта, шаклњои психикии инъикос инњоанд:
1) њассосият
2) тропизмњо
3) шаклњои инстинктии рафтор
4) шаклњои рафтори инфироди ба даст омада
5) рафтори окилонаи њайвонот
6) муошират ва «забон»- и њайвонот
7) шуур
Омилњои асосии пайдоиши шуур инњоанд:
а) муњит (таѓйиротњои табиї)
б) мењнат (фаъолияти якчоя)
Саволњо барои мустахкамкунї:
1. Психология чиро меомўзад?
2. Психика чист?
3. Системаи асаб аз кадом ќисмњо иборат аст?
4. Хосияти рефлектории психика чист?
5. Дар бораи системаи сигнали маълумот дињед.
6. Вазифаи системаи марказии асабро нишон дињед.
7. Шуур чист?
8. Таркиби шуурро муайян кунед.
9. Дарачаи пасти шуур чист?
10. Принсипхои асосии психологияи њозиразамонро номбар кунед?
11. Сохти психологияи њозиразамонро кушода дињед.
12. Усулњои асосии фанни психологияро номбар кунед.
13. Усули тести психологиро шарњ дињед.
14. Кадом шаклхои инкишофи психикаро медонед?
15. Омилхои асосии пайдоиши шуурро номбар кунед.

Лексияи 2. Шахсият, гурўњ ва љомеа.
Маќсад: Моњият ва мазмуни назарияњои гуногунро дар фањмиши фаъолнокии шахс кушода додан. Роњњои ташаккулёбии шахсро нишон дода, сохту таркиби муносибатњои байнишахсиро дар гуруњу љомеа муайян кардан.
Мафхумњои асосї: Шахс, фард (индивид), инфиродї, фаъолнокї ва равонагии шахс, талабот, ваљњ (мотив), шавќу раѓбат, љањонбини, ѓоя, дастур (установка), худшуурноки, худбаходихи, гурўњ, љомеа, интихоби
Скачать txt | fb2
1 2 3 ... 15 >>
НАШ ПАБЛИК ЧАТ В ВАЙБЕРЕ
На главную
0 / 23

OkTj.ru тест тестхои саволу чавоб точики калид китобхои Точики китобхонаи милли tj 2015 2016 2017 Одноклассники Таджикистан Точикистон Душанбе Хучанд Худжанд Куляб Хоруғ скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики

Statok.net
©