Привет, Гость!
На главную
Вход
Библиотека | Книги / Китобхо
1 2 3 ... 42 >>

Китоби Мирбобоев фалсафа

Тэги:китоби мирбобоев фалсафа | фалсафа | китоб | кныга
Добавил:Admin (16.04.2015 / 07:35)
Рейтинг:rating 84 article (1)
Прочтений:9645
Комментарии:0
Дастури мазкур ба Соли
маориф ва фарҳанги
техникц бахшида мешавад.

Пешгуфтор

Фалсафа масъалаҳои ниҳоят муҳим, аз ҷумла чӣ тавр дуруст фикрронӣ кардан, чӣ гуна шоиставу зебо зиндагӣ доштанро меомӯзонад. Асрори ҳастии оламу одам, падидаҳои табиату ҷомеа, мақому вазифаи инсон дар ҷаҳон ҳамеша моро ба фикру андеша водор месозанд. Ҳастц чист, ҷавҳари он аз чӣ иборат, инсон чц гуна мавҷуди олам аст, чаро вай пайваста андешидану фалсафидан дорад? Ин саволу масъалаҳо ва бисёр дигар мавзӯъҳо дар фалсафа аз қадим то имрӯз мавриди таққиқ, баҳсу мунозира қарор доранд.
Барҳақ, фақат ва маҳз инсон, ки соҳиби неъмати оливу нодиртарин ақлу хирад аст, қобили андешидану фалсафидан мебошад. Вай, ба гуфти Абӯалй ибни Сино, «аз қаъри гили сияҳ, то авҷи Зуҳал», бо амри зарур асрори оламро пайваста меомӯзад, мушкилоти онро ҳаллу фасл менамояд.
Фалсафа (муродифаш ба тоҷикц ҳикмат) ҳамчун илми қадиму муқаддам ва ҷавҳари фарҳанг чашми хираду хирадмандиро мепарварад, барои камоли маънавӣ ва саодати аслии инсон хидмат менамояд. Инсон ба туфайли илми фалсафа худшиносиву худогоҳӣ, бартарии мақоми худро аз гардун дарк намуда, аз фазилати волотарин одамият ва рисолату вазифаи худ дар олам бохабар мегардад. Инсон ба шарафи ҳикмату илм болу пари тавоно ёфта, иарвозҳои баландро ноил мешавад. Вай бо худсозию бозсозц аз худ ҳакиму абармард, инсони комил офарида, ниҳоят фалакро сақф бишкофта, олами наверо бунёд месозад. Фалсафа илми бузургу бунёдист, ки аз маҷмӯи мафҳуму мақулаҳои муҷаррад, усулу қонунҳои куллӣ, ақидаву таълимоти мухталиф, баҳсу мунозираҳои доманадор, ҳазору як саволу ҷавоб, радду бадалҳои бепоён иборат аст. Касе метавонад онро аз бар созад, ки агар аз роҳи пурпечутоб ва пурмашаққати илм натарсад. Агар вай пайваставу суботкорона омӯзад, китоб хонад, меҳнату ранҷ кашад, ба озодию зебоӣ, доноию тавоноӣ, ба фатҳи қуллаҳои баланди ҳикмату фарҳанг мерасад.
Илм ҳамон аст ба таҳқиқу бас
В-аз раҳи таҳқиқ барорӣ нафас.
Донишгоҳҳои ҷумҳуриамон зина ба зина ба низоми кредитии таҳсил гузашта истодаанд. Ин низом нисбати эҷоди китобхои дарсй талаботи сифатан навро ба миён мегузорад. Китоби мазкур матни лексияҳоро доир ба фалсафа, инчунин силлабус (барномаи амалии таълими фалсафа), саволҳои санҷиши дониш, мавзӯъҳои дарси амалӣ, супоришҳои кори мустақилона, тестҳо ва схемаи ашёҳои аёниро фаро мегирад. Инро якҷоя метавон маҷмӯи маводи таълим аз илми фалсафа номид.
Дастури омӯзиш ва тартиби таълиму тарбия дар низоми кредитии таҳсил хусусиятҳои худро доранд. Матнҳои лексия, сарфи назар аз мухтасар будан, аз ҷиҳати мантиқу илмият комил, пурмазмун ва моҳияту тарафҳои муҳимтарини ҳар як мавзӯву масъаларо бояд дар бар гиранд. Забони онҳо (ҳар як илм дорои забони худ ва низоми истилоҳу мақулахои махсус аст) бояд суфтаву зебо, фаҳмову мушаххас бошад.
Дар таҳсили кредита миқдори соати дарсҳои назарӣ ва амалй нисбатан кам буда, вале соатҳои кори мустақилонаи донишҷӯён зиёд мебошанд. Аз ин рӯ, талабот нисбати ҳам дарсҳои назарӣ, ҳам амалӣ ва ҳам корҳои мустақилона махсус аст. Вазифаи устод дар машғулиятҳои назарц ва амалӣ мазмуну моҳияти асосии маводи таълимро ба таври мӯъҷазу мушаххас баён кардан ва мавзӯву масъалаҳои умдатарин, мураккабу халталаби фалсафаро баррасӣ намудан аст. Омӯзгор дар раванди дарси фалсафа бештар ба технологияҳои нави таълим, воситаҳои ҷадиди алоқа такя намуда, метавонад аз усулҳои анъанавӣ: фаҳмондадиьц, саволу ҷавоб, проблемагузорӣ низ истифода барад.
Низоми кредитии таҳсил эҷодкорӣ: ҳам таҳқиқи амиқтари фанни таълим, ҳам такмили дарсҳои назарӣ, ҳам ҷӯстуҷӯи шаклу усулҳои нави машғулиятҳои амалӣ (семинарӣ)-ро талаб менамояд. Дар раванди дарсҳои амалӣ бо мақсади таҳкиму такмили донишҳои дар лексия андӯхта, шаклҳои гуногуни ташкили машғулиятҳо, аз ҷумла, машварат-мусоҳиба (мусоҳибаи гурӯҳӣ), машварат-мусоҳиба, мизи мудаввар, кейс-метод низ истифода мешаванд.
Аз вазифаҳои муҳими устод ин аст, ки шогирдонро пайваста ба роҳи мустақилона, амиқу мукаммалтар омӯхтани мавзӯъҳои фанни таълим ҳидоят мекунад. Аз онҳо иҷрои кору супоришҳои берун аз дарсро ҳамеша талаб ва назорат менамояд. Донишҷӯенро ба мутолиаи доимии адабиёти дарсӣ, иловагӣ, сарчашмаҳо, мақолаву монографияҳои нав одат мекунонад, ба онҳо конспекти китоб, навиштани маърӯзаҳои илмӣ, реферат, сохтани лугати тафсириро аз рӯи мафҳумҳои асосии ҳар як мавзӯъ меомӯзонад.
Муаллифон дар таълифи ин дастури таълим ба китобҳои Шерзод Абдуллозода ("Муқаддимаи фалсафа". Душанбе, 2004); Рахимов А., Расулов Қ. ("Асосҳои фалсафа". Душанбе, 2003); Осимӣ М. ("Ташаккул ватакомули афкори фалсафӣ". Душанбе, 1981); Диноршоев М. ("Аз таърихи фалсафаи тоҷик". Душанбе, 1988); Богоутдинов A.M. ("Очерки по истории таджикской философии".//Избранние произ-ведения. Душанбе, 1980); "Фалсафа" (иборат аз 2 ҷилд, Душанбе, 1997), Спиркин А. ("Асосҳои фалсафа". Душанбе, 1991); Моисеева Н. А... ("Философия", М., Санкт-Петербург 2008) ва дигар осори муаллифони ватанӣ ва хориҷӣ такя намуданд.
Дастури мазкур яке аз аввалин кӯшишҳо дар эҷоди китоби дарсӣ мутобиқи талаботи низоми нави таҳсил аст. Табиист, ки он аз камбудиҳо орц нест.
Аз устодон ва шогирдон, кулли дӯстдорони ҳикмат эҳтиромона хоҳонем, ки андешаҳои худро нисбати ин китоб ба кафедраи ҷомеашиносии Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ лутфан ирсол намоянд.
Мардумони бихрад андар ьар замон,
Роьи донишро ба ьар гуна забон,
Гирд карданду гиромц доштанд,
То ба санг андар ьаме бингоштанд.
Абӯабдуллои Рӯдакц

БОБИ I. ТАЪРИХИ ФАЛСАФА
Андешаи инсон оиди ҳастии хеш ва олам














МАВЗӮИ 1. МАВЗӮЪ, ВАЗИФА ВА НАЫШИ ФАЛСАФА ДАР ЖОМЕА

Мақсад: дар шогирдон ташаккул додани дониши мукаммал оид ба фалсафа ҳамчун илм дар бораи ҳастӣ, ҷаҳонбинӣ, қонунҳои тараққиёти табиат, ҷамъият, тафаккури инсон ва аҳамияти он барои дигар фанҳою ҷамъият.
Мафҳумҳои асосӣ: фалсафа, ҳикмат, ҳаким, ҷаҳонбинӣ, дин, асотир, илм, материализм (моддагароӣ), идеализм (ғоягароц), дуализм (санавия), монизм (ваҳдония), скептитсизм (шаккокия), оптимизм (хушбинц), онтология (ҳастишиносӣ), гносеология (маърифатшиносӣ), антропо¬логия (инсоншиносӣ), аксиология (арзишшиносӣ), праксеология, методология, метафизика (мобаъдуттабиа).

Нақша
1. Истилоҳи фалсафа, таърифи фанни фалсафа
2. Масъалаи асосии фалсафа ва ҷаҳонбинц
3. Сохтори илми фалсафа
4. Мақом ва вазифаҳои фалсафа




1. ИСТИЛОҲИ ФАЛСАФА, ТАЪРИФИ ФАННИ ФАЛСАФА
Фалсафа таърихи кадим дошта, дар ибтидо тамоми донишҳои инсониро фаро мегирифт. Баробари пешравии тамаддуни инсон аз дохили он дигар илмҳо тадрижан ҷудо гаштаанд. Истилоҳи фалсафа ҳамчун илм такрибан 2500 сол пеш дар Юнони қадим пайдо шудааст. Фалсафа калимаи юнонц буда, аз ду таркиб: "филео" - дӯст доштан, муҳаббат ва "софия" - ҳикмат иборат аст, ки муҳаббат ба ҳикмат, ё ҳикматдӯстӣ тарҷума мешавад. Муродифоти фалсафа, файласуф дар забони тоҷикц ҳикмат, ҳаким маҳсуб меёбанд.
Фалсафаро ҳакимони Юнони қадим Суқрот ва Афлотун ҳамчун «дониш дар бораи ҳақиқат, ё ҷустуҷӯи ҳақиқат», Арасту чун илм «дар бораи сабабҳо ва ощозҳо» донистаанд. Ниёгони мо бошанд, аз ҷумла, Ибни Сино ва Насириддини
Скачать txt | fb2
1 2 3 ... 42 >>
На главную
0 / 34

OkTj.ru тест тестхои саволу чавоб точики калид китобхои Точики китобхонаи милли tj 2015 2016 2017 Одноклассники Таджикистан Точикистон Душанбе Хучанд Худжанд Куляб Хоруғ скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики

Statok.net
©